Фотима духтари Имом Ҳасан (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Модари Имом Боқир)

Барои дигари корбурдҳо Фотима (ибҳомзудоӣ)-ро бубинед.

Фотима духтари Ҳасан ибни Алӣ
Нақшровии ҳадис ● ҳузур дар воқеаи Карбало ва асорат
пайвандон
ҲамсарИмом Саҷҷод (а)
ФарзандонИмом Боқир (а)


Фотима духтари Имом Ҳасан (а) (форсӣ: فاطمه دختر امام حسن(ع)) ҳамсари Имом Саҷҷод (а) ва модари Имом Боқир (а) аст. Ӯ аз ровиёни ҳадис аст ва Имом Содиқ (а) нисбат ба ӯ фармуд, ки аз занони муъмина, парҳезкор ва некукор буд ва Худованд некукоронро дӯст медорад. Фотима дар воқеаи Карбало ҳузур дошт ва ба асорат рафт.

Муаррифӣ

Имом Содиқ (а) дар бораи бибияш Уммиабдуллоҳ:
کانَت صِدّیقةً لَم تُدرَک فی آلِ الحَسَنِ امرَأَةٌ مِثلُها

Тарҷума:

Уммуабдуллоҳ чунон шахсияти ростгӯ ва дурусткирдоре буд, ки байни хонадони Имом Ҳасан (а) зане чун ӯ дида нашудааст.

Биҳор-ул-анвор, ҷ.46, саҳ.215; Усули кофӣ, ҷ.2, саҳ.446

Фотима Уммиабдуллоҳ,[1] падараш, Имом Ҳасан (а) ва модараш Уммуисҳоқ духтари Талҳа ибни Убайдуллоҳ ал-Таймӣ аст[2] Уммимуҳаммад,[3] ё Уммуабдиҳ[4] аз дигар куняҳои ӯ аст. Дар ривояте Ҷобир мегӯяд, номи модарони аиммаро дар Саҳифаи Фотима дидааст. Дар ин ривоят, ӯ Уммиабдуллоҳ духтари Ҳасан ибни Алӣ ибни Абитолибро модари Имом Боқир (а) медонад.[5]

Ӯ аз ровиёни ҳадис аст ва дар манобеи ривоӣ, ҳадисе аз Фотима бинти-л-Ҳасан аз падараш Имом Ҳасан (а), нақл шудааст.[6] Имом Содиқ (а) нисбат ба мақоми ӯ фармуд, ки ӯ аз занони муъмина, парҳезкор ва некукор буд ва Худованд некукоронро дӯст медорад.[7] Дар манобеи таърихӣ замони вафот ва макони дафни ӯ мушаххас нест.

Издивоҷ

Фотима Уммиабдуллоҳ бо писарамаки худ, Имом Саҷҷод (а) издивоҷ кард ва ин аввалин издивоҷи як алавӣ бо алавии дигар буд.[8] Ба нақли Носих-ут-таворих, Фотима танҳо ҳамсаре аст, ки ба никоҳи доимии Имом Саҷҷод (а) даромад.[9] Издивоҷи Фотима бо Алӣ ибни ал-Ҳусайн (а) боис шуд, насли онон аз Имом Боқир (а) ба баъд, аз тарафи модар аз Имом Ҳасани Муҷтабо (а) ва аз тарафи падар аз Имом Ҳусайн (а) бошанд. Ин издивоҷ сабаб шуд ба Имом Боқир (а) лақаби ҳошимӣ байна ҳошимийин, алавӣ байна алавийин ё фотими байна фотимийин бидиҳанд.[10]

Самараи ин издивоҷ фарзанди дигаре ба номи Абдуллоҳ буд,[11] ки ба хотири ҳусни ҷамол ва дурахшндагии рухсор «Боҳир» лақаб гирифт.[12] Абдуллоҳ аз бародараш Имом Муҳаммади Боқир (а) калонатр буд ва сарпарасти вақфҳои Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а) буд.[13]

Ҳузур дар воқеаи Карбало

Фотима бинти-л-Ҳасан, дар воқеаи Карбало ҳузур дошт ва ҳамроҳи боқимондагони хонаводаи Имом Ҳусайн (а) ба асорат рафт.[14]

Эзоҳ

  1. Биҳор-ул-анвор, ҷ.46, саҳ.215.
  2. Шайхи Муфид, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, ҷ.2, саҳ.20.
  3. Таъриху мадинати Димишқ, ҷ.70, саҳ.261.
  4. Аъён-уш-шиъа, ҷ.8, саҳ.390.
  5. Биҳор-ул-анвор, ҷ.36, саҳ.194.
  6. Сайид ибни Товус, Фалоҳ-ус-соил ва наҷоҳ-ул-масоил, саҳ.138.
  7. Таворих-ун-набӣ ва-л-ол, аш-Шайх Муҳаммадтақӣ Тустарӣ, саҳ.90.
  8. Табарии Омулӣ, Далоил-ул-имомат, саҳ.217
  9. Носих-ут-таворихи Имом Саҷҷод алайҳис-салом, ҷ.8, саҳ.40.
  10. Аъён-уш-шиъа, ҷ.8, саҳ.390; Биҳор-ул-анвор, ҷ.46, саҳ.215; Мунтаҳа-л-омол, ҷ.2, саҳ.173.
  11. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Таҳзиб-ут-таҳзиб, Дорусодир, ҷ.5, саҳ.325; Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, муассисатул-Хуӣ-л-исломия, ҷ.11, саҳ.283.
  12. Мунтаҳа-л-омол, ҷ.2, саҳ.101; Носих-ут-таворихи Имом Саҷҷод алайҳис-салом, ҷ.8, саҳ.40
  13. Мунтаҳа-л-омол, ҷ.2, саҳ.101; Носих-ут-таворихи Имом Саҷҷод алайҳис-салом, ҷ.8, саҳ.40
  14. Ник: Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.70, саҳ.261.

Сарчашма

  • Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқи Ҳасан Амин, Бейрут, Дорул-таъоруф лилматбуъот, бе то.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, таҳқиқи Алии Ширӣ, Дорул-фикр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Таҳзиб-ут-таҳзиб, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Усули кофӣ, тарҷумаи Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ, Қум, Қоими Оли Муҳаммад, 1387ҳ.ш.
  • Қумӣ, Аббос, Мунтаҳа-л-омол, Қум, муассисаи интишороти Ҳиҷрат.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор (а), тасҳеҳи ҷамъе аз нависандагон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, таҳқиқи муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, Қум, ал-муътамарул-оламӣ ли алфиятиш-Шайхил-Муфид, 1372ҳ.ш.
  • Табарии Омулӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Далоил-ул-имомат, саҳ.217, Қум, Беъсат, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Хуӣ, Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, муассисатул-Хуӣ-л-исломия.