Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Мирсаидалии Хамадони)
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Номи комилСайид Алӣ ибни Шаҳобуддин Ҳасани Ҳамадонӣ
Лақаб
  • Шоҳи Ҳамадон
  • Амиркабир
  • Алии Сонӣ
Маҳалли зиндагӣ
НасабАлавӣ аз наводагони Имом Зайнулъобидин (а)
Санаи таваллуд713 ё 714ҳ.қ.
ЗодгоҳҲамадон
Санаи вафот786ҳ.қ.
Шаҳри вафотПохлӣ
Маҳалли дафнШаҳри Кӯлоб дар Тоҷикистон
Устодон
  • Сайид Алоуддин
  • Ахӣ Алидӯстӣ
  • Маҳумуди Маздақонӣ
Шогирдон
  • Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ
  • Нуруддин Ҷаъфари Бадахшӣ
Таълифот"Захират-ул-мулук" ва рисолаҳои дигар ба забони форсӣ ва арабӣ дар мавзуоти ирфонӣ ва ахлоқӣ
ФаолиятҳоАз машоихи тариқаи ирфонии кубравия, сафарҳо тулонӣ барои таблиғи Ислом ва густариши ташайюъ дар Кашмир


Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (714 – 786ҳ.қ. - میر سید علی همدانی) маъруф ба Шоҳи Ҳамадон ва мулаққаб ба Амиркабир, орифи аҳли Ҳамадон буд, ки ба шибҳи қорраи Ҳинд рафт ва дар тарвиҷи Ислом ва ташайюъ дар он ҷо, ба вижа Кашмир нақш дошт. Вай аз машойихи тариқаи кубравия буд ва баъд аз маргаш пайравонашро ҳамадония мехонданд. Дар бораи мазҳаби вай ихтилофи назар вуҷуд дорад. Муҳаббату алоқа ба имомони шиа дар андешаи вайро шоҳиде бар шиа буданаш донистаанд. Ҳамчунин интиқоли фарҳанги эронӣ ва забони форсӣ ба шибҳи қорраи Ҳинд аз натоиҷи сафари ӯ ва ҳамроҳонаш ба Ҳинд дониста шудааст.


Насаб

Сайид Алӣ ибни Шаҳобиддин Ҳасани Ҳамадонӣ, дар соли 713 ё 714ҳ.қ. ҳамзамон бо даврони салтанати Улҷойту (ҳукумат: 703 – 716ҳ.қ.) дар Ҳамадон зода шуд. Насабаш аз ҷониби падар ба Имоми Саҷҷод (а) мерасад.[1] Модараш низ аз алавиён буд.

Сафарҳо

Бахше аз зиндагӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар сафарҳои тӯлонӣ гузаштааст. Сафари ҳаҷ, сафар дар шаҳрҳои Эрон ва сафар ба Мовароуннаҳр ва Ҳиндустону Сайлон аз ҷумла сафарҳои вай аст, ки дар манобеи шарҳиҳолнигорӣ дар бораи онҳо матолибе омадааст.[2]

Хонақоҳи Шоҳи Ҳамадон дар Кашмири Ҳинд

Ҳузур дар Мовароуннаҳр

Мир Саид Алӣ дар миёнаи қарни ҳаштум аз Ҳамадон ба Мовароуннаҳр рафт ва дар Хатлон иқомат кард. Иллати сафари вай ба ин диёрро ҳарҷу мараҷи сиёсӣ ва иҷтимоии солҳои пас аз фурӯпошии ҳукумати Илхонон донистаанд. Вай дар Мовароуннаҳр муридони зиёде пайдо кард. Аз ин рӯ Темури Гурконӣ ки бар Мовароуннаҳр султа ёфта буд аз нуфӯзи ӯ ба ваҳшат афтод.[3]

Мақбара ва мазори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон

Нақл кардаанд гурӯҳе аз уламо, ки аз маҳбубияти Сайид Алӣ озурда буданд қасди ҷонашро карданд ва ба ӯ заҳр хӯронда [4] ва назди султон аз ӯ бадгӯӣ кардаанд. Бархе аз пажӯҳишгарон ин вокунишҳоро бо тамоюлоти шиии Мир Саид Алӣ муртабит медонанд. [5] Мир Сайид Алӣ баъд аз ин ки ба назди Темурланг фарохонда шуд ва бо ӯ дидор кард аз Мовароуннаҳр хориҷ шуд ва ба Кашмир сафар кард.[6]

Ҳузур дар Кашмир

Мир Саид Алӣ дар соли 774ҳ.қ. ба Кашмир сафар кардааст. Ӯ дар номаҳое шоҳони атрофро ба Ислом ва риояти аҳкоми шаръӣ даъват мекард.[7] Вай дар соли 781ҳ.қ. дубора ба Кашмир рафт. Гуфта шуда дар ин сафар 700 тан вайро ҳамроҳӣ мекарданд. Мир Сайид Алӣ дар маҳаллаи Алоуддин пураи Саринигар сокин шуд. [ниёзманди манба] Густариши ташайюъ ва забони форсӣ дар Кашмир аз натоиҷи сафари вай ба Кашмир донистаанд.[8]

Равнақи ҳунарҳо ва саноеъи дастии эронӣ дар ин минтақа аз дигар натоиҷи сафари вай ба Кашмир буд. Ҳамчунин бо вуруди вай санъати шолбофӣ дар Кашмир эҳё шуд.[9] Мир Сайид Алӣ низ аз роҳи кулоҳбофии имрори маош мекард.[10]

Даргузашт

Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 786ҳ.қ. дар ҳоле ки аз Кашмир роҳии Туркистон буд дар Похлӣ (Кунар, шарқи Афғонистони феълӣ) даргузашт. Пайкарашро ба Хатлон бурда ва дар он ҷо ба хок супурданд.[11] Мақбараи вай дар шаҳри Кӯлоб маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон қарор дорад. Бинои мақбара дар боғе қарори гирифта, ки теъдоде аз фарзандон ва наводагонаш низ дар он дафн шудаанд. Ин маҷмуа шомили китобхонае бо китобҳои хаттии қадимӣ аз осори Мир Сайид Алӣ аст.[12]

Дар маҳали фавти Сайид Алӣ дар вилояти Кунари Афғонистон маконе ба номи зиёрати Шоҳи Ҳамадон воқеъ аст.[13] Ҳамчунин дар шаҳри Мансеҳраи иёлати сарҳадии шимоли Покистон низ зиёратгоҳе ба ин ном вуҷуд дорад.[14]

Тариқати ирфонӣ

Сурати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бар рӯи пули даҳсомонии Тоҷикистон

Сайид Алии Ҳамадонӣ аз бузургони тариқаи ирфонии кубравия ба ҳисоб меомад. Ӯро аз урафои муташарреъ донистаанд, ки дар осораш бар пайбандӣ ба шаръ таъкид дошт.[15]

Таълиму парвариш ӯро дар кӯдакӣ тағояш Сайид Алоуддин бар ӯҳда дошта, ки худи Мир Сайид Алӣ ӯро аз авлиёуллоҳ донистааст.[16] Аз муҳимтарин устодони вай Шайх Маҳмуди Маздақонӣ[17] шогирди Алоуддавлаи Симнонӣ ва аз машойихи тариқаи кубравия буд. Ҳамчунин Шайх Алии дӯстии Симнонӣ ва Қутбиддини Нишопурӣ аз дигари устодон вай буданд.

Аз ҷумла шогирдон ва муридони вай ки ҳамроҳаш буданд метавон ба афроди зер ишора кард: Нуриддин Ҷаъфари Растобозории Бадахшӣ (740 – 797ҳ.қ.) ки тазкирае ба номи “Хулосат-ул- маноқиб” дар аҳволи Мир Сайид Алӣ нигоштааст. Хоҷа Исҳоқ ибни Амири Оромшоҳи Алишоҳии Хатлонӣ (731 – 827ҳ.қ.), ки баъд аз Сайид ҷонишини вай шуд. Тариқаи пас аз вай ба ду шоха тақсим шуд: шохае ба номи заҳабия машҳур шуд ва шохаи дигар ки мансуб ба Сайид Муҳаммади Нурбахш буд, нурбахшия лақаб гирифт.[18]

Абдуллоҳ ибни Шайх Рукниддини Шерозӣ, Бурҳониддин ибни Абдуссамад, Қавомиддини Бадахшӣ, Алоуддини Ҳисорӣ, Бобокои Шерозӣ, Шамсиддини Бадахшӣ, Муҳамади Толиқонӣ ва Муҳамади Сароистӣ аз дигари шогирдон вай буданд.[ниёзманди манбаъ]

Ташайюъ

Дар бораи мазҳаби Сайид Алии Ҳамадонӣ ихтилофи назарҳое вуҷуд дорад. Бархе аз шарҳиҳолнигорон бо истинод ба бархе осор ӯ ҳамчун «ал-Маваддату фи-лқурбо ва аҳл-ил-або», ки маҷмуъае аз аҳодис дар фазилати Аҳли Байт (а) аст[19] ӯро дар зумраи шиаён ба ҳисоб овардаанд. Оқобузурги Теҳронӣ дар “аз-Зариъа” ба нақл аз Қозӣ Нуруллои Шуштарӣ китоби «ал-Маваддату фи-лқурбо ва аҳл-ил-або»-ро далеле бар ташайюъи вай донистааст.[20]

Аз дигар осори мансуб ба ӯ ки эҳтимоли ташайюъи вайро таъйид мекунад рисолаҳои “Инсон-ул-комил” ва “Асрори ваҳй” аст.[21] Аз ин рӯи бархе аз нависандагон тардид дар ташайюъи вайро ҷоиз наме‎донанд.[22]

Осор

Мир Сайид Алӣ осоре дар мавзуоти гуногуни ирфонӣ, эътиқодӣ ва адабӣ нигоштааст. Бештари осори вай ба забон форсӣ аст ва чанд рисола ба забон арабӣ дорад. Бархе аз осори вай иборатанд аз:

Рисолаҳои форсӣ:

  • “Захират-ул-мулук”; муфассалтарин ва машҳуртарин асари ӯ ва сиёсатномаест, ки бештари матолиби он тарҷумаи “Эҳёу улум-ид-дин”-и Ғаззолӣ аст.
  • “Миръот-ут-тоибин”; дар мавзуи тавба
  • “Сияр-ут-толибин”; дар одоби сулуки ирфонӣ
  • “Рисолаи эътиқодия”; дар маърифати Худо
  • “Машориб-ул-азвоқ”; шарҳи “Қасидаи мимия”-и Ибни Форз
  • “Рисолаи даҳ қоида”; роҳҳои расидан ба Худо
  • “Рисолаи маномия”; дар кайфияти хаёл ва маротиби хобу руъё
  • “Рисолаи ҳалли мушкил”; дар мавзуи ирфонӣ
  • “Воридоти амирия”; муноҷот ва калимоти қисор
  • “Рисолаи дарвешия”; дар зарурати сар супурдан ба пир дар тариқати ирфонӣ
  • “Рисолаи футувватия”; дар шарҳи футувват
  • “Рисолаи зикрия”; дар тафсири азкор
  • “Рисолаи ақл”; дар маъно, фазилат ва маротиби ақл
  • “Рисолаи фақрия”; дар бораи авлиё ва аҳволи онон
  • “Асрори ваҳй”; муколимоти Паёмбар бо Худо дар шаби меъроҷ
  • “Чиҳил ҳадис”;
  • “Рисолаи чиҳил мақоми суфия”;
  • “Рисолаи ҳақиқати имон”; матолиби ирфонӣ ва худошиносӣ
  • “Рисолаи мучалака”; дар тавзеҳи ин ҳадис, ки “мо мин ҳарфин мин-ар-Қуръони илло ва лаҳу сутуну алфа фаҳмин”
  • “Рисолаи ҳақ-ул-яқин”; тафсири ояи лиллаҳи мулк-ус-самовоти вал-арзи
  • “Нурия”; дар одоби ирфонӣ
  • “Рисолаи талқиния”; дар бораи тазкияи нафас
  • “Рисолаи ҳамадония”; тавзеҳи масоили ирфонӣ
  • “Рисолаи баҳромшоҳия”; насиҳати Баҳроми Бадахшонӣ
  • “Рисолаи ақабот”; ҳақиқати имон
  • “Вуҷудия”; дар бораи вуҷуди мутлақ
  • “Чиҳил асрор ё ғазалиёт”; шомили маҷмуае аз ғазалиёти Сайид
  • “Минҳоҷ-ул-ъорифин”; панднома

Рисолаҳои арабӣ

  • “Асрор-ун-нуқта”; асрори ҳуруф
  • “Рисола дар боби уламои дин”; дар бораи ақсоми уламо ки асҳоби ҳадис, фуқаҳо ва суфианд
  • “Рисолаи сифат-ул-фуқаро”; дар шарҳи фақр
  • “Арбаини амирия”; чиҳил ҳадис
  • “Зикрияту арабия”; фазилати зикр
  • “Рисолаи инсон-ул-комил”; мабоҳисе дар ваҳдати вуҷуд
  • “Авродия”; дар баёни фазилат ва лузуми авроду азкор
  • “ал-Маваддату фил-қурбо”; аҳодиси паёмбар дар бораи фазилати Аҳли Байт
  • “Ҳалл-ул-фусус”; дар шарҳи “Фусус-ул-ҳикам”[23]

Бузургдошту ҳамоиш

Дар ҳафтсадумин солгарди таваллуди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, номи вай дар тақвими машоҳири соли 2014 – 2015 Юнеско сабт шуд.[24] Ба ҳамин муносибат маросими бузургдоште бо ҳамкории созмони фарҳангу иртибототи исломӣ ва камиссиюни миллии Юнеско ва дигар ниҳодҳо дар 3-юми обони 1393ҳ.ш./25.10.2014 дар музеи миллии Эрон баргузор шуд.[25] Ҳамчунин дар 9–10-уми меҳри соли 1394ҳ.ш./1-2.10.2015 ҳамоиши байналмилалии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Ҳамадон баргузор шуд.[26]

Эзоҳ

  1. Ҳамадонӣ, Шоҳи Ҳамадон Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, саҳ. 12
  2. Риёз, Аҳволу осор ва ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, саҳ. 28
  3. Ҳолистер, Ташайюъ дар Ҳинд, саҳ. 163 - 164
  4. Хулосаи ал-Маноқиб, саҳ. 268
  5. Азкоӣ, Мураввиҷи Ислом дар Эрони сағир, саҳ. 78
  6. Хулосаи ал-Маноқиб, саҳ. 369 - 370
  7. Азкоӣ, Мураввиҷи Ислом дар Эрони сағир, саҳ. 46
  8. Ҳолистер, Ташайюъ дар Ҳинд, саҳ. 163
  9. Атоӣ, Нақши Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар тавсеаи ҳунару саноеъи дастӣ дар Кашмир, саҳ. 210 - 211
  10. Атоӣ, Нақши Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар тавсеаи ҳунару саноеъи дастӣ дар Кашмир, саҳ. 210 - 211
  11. Азкоӣ, Мураввиҷи Ислом дар Кашмир, саҳ. 87; Риёз, Аҳволу осору ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, саҳ. 73
  12. «Шоҳи Ҳамадонӣ» шоиру орифи Эронӣ орамида дар Тоҷикистон Хабаргузории Форс
  13. Ҳабибӣ, Насабу зодгоҳи Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ, саҳ. 33, 1355 ш
  14. Ҳабибӣ, насабу зодгоҳи Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ, саҳ. 33, 1355 ш
  15. Азкоӣ, Мураввиҷи Ислом дар Эрони сағир, саҳ. 23 - 24 ва 32
  16. Бадахшӣ, хулосаи ал-Маноқиб, саҳ. 13
  17. Хулосаи ал-Маноқиб, саҳ. 43
  18. Азкоӣ, Мураввиҷи Ислом дар Эрони сағир, саҳ. 20 - 30
  19. Ҳолистер, Ташайюъ дар Ҳинд, саҳ. 164; Анворӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва таҳлили осор ӯ, саҳ. 361 - 362
  20. Теҳронӣ, аз-Зариъаҳ,ҷ.25, саҳ. 255 ва ҷ.10, саҳ. 21
  21. Анворӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва таҳлили осори ӯ, саҳ. 330, 359
  22. Азкоӣ, Мураввиҷи Ислом дар Эрони сағир, саҳ. 25 - 29
  23. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва таҳлили осори ӯ, аз саҳ.203 ба баъд
  24. Celebration of anniversaries in 2014
  25. Сайти камиссиюни миллии юнескои Эрон
  26. Сайти ҳамоиши байналмилалии Мири Сайид Алии Ҳамадонӣ http://www.mirsah.ir/

Сарчашма

  • «Шоҳи Ҳамадонӣ» Шоиру ориф эронӣ орамида дар Тоҷикистон, Хабаргузории Форс, таърихи интишор: 8 мурдоди 1391ҳ.ш.
  • Азкоӣ, Парвиз, Мураввиҷи Ислом дар Эрони сағир, Аҳволу осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба инзимоми рисолаи ҳамадония, Интишороти Донишгоҳи Буъалии Сино бо ҳамкории Интишороти Мусаллами Ҳамадон, 1370ҳ.ш.
  • Анворӣ, Сайид Маҳмуд, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва таҳлили осори ӯ, нашрияи Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Табрез, шумораи 123, пойизи 1356ҳ.ш.
  • Атоӣ, Абдуллоҳ, Нақши Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар тавсеаи ҳунару саноеъи дастӣ дар Кашмир, маҷалла, Оинаи мирос, соли шашум, шумораи чаҳорум, зимистони 1378ҳ.ш.
  • Риёз, Муҳаммад, Аҳволу осор ва ашъори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Исломободи Покистон, маркази таҳқиқоти форсии Эрону Покистон, 1985м.
  • Ҳамадонӣ, Мир Сайид Алӣ, рисолаи эътиқодия, таҳқиқи Эҳсони Фаттоҳии Ардаконӣ, фаслномаи Мисоқи амин, пеши шумораи сеюм, тобистони 1386ҳ.ш.
  • Ҳамадонӣ, Сайид Ҳусайншоҳ, тарҷумаи Муҳамади Риёзхон, Шоҳи Ҳамадон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Исломободи Покистон, маркази таҳқиқоти форсии Эрону Покистон, 1995м.
  • Ҳолистер, Ҷон Нурман, Ташайюъ дар Ҳинд, Озармидухт Машойихи Фариданӣ, Теҳрон, Маркази нашри донишгоҳӣ, 1373ҳ.ш.