Узайб-ул-ҳиҷонот

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Манзили Узайбул-ҳиҷонот)

Узайб-ул-ҳиҷонот (арабӣ: عُذَیبُ الهِجانات) манзилгоҳест дар наздикии Кӯфа. Дар воқеаи Карбало, Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш дар 28 зилҳаҷҷаи соли 60 қамарӣ, дар он манзил карданд. Дар Узайб-ул-ҳиҷонот чор тан аз кӯфиён ба роҳнамои Тириммоҳ ибни Адӣ ба Имом пайвастанд. Онон хабари шаҳодати Қайс ибни Мусаҳҳари Сайдовӣ ва гузориши авзоъи Кӯфаро ба Имом расонданд. Тириммоҳ дар ҳамин манзил хабари шаҳодати Имом ва ёронашро шунид.

Мавқеият ва далели номгузорӣ

Узайб-ул-ҳиҷонот дар чормилии Қодисия ва сиюду милии Муғиса ва дар масири роҳи Макка ба Кӯфа қарор дорад. Ин минтақа мутааллиқ ба Банӣ Тамим будааст.[1]

Узайб ба арабӣ: عذیب мусағғари азб ба арабӣ: عذب ба маънои оби гуворо аст.[2] Ҳиҷонот ҷамъи ҳиҷон ба маънои шутури наҷибу баргузида аст. Ин макон чарогоҳи шутурони Нуъмон будааст ва ба номи ҳамин шутурон маъруф шудааст.[3] Абӯҳанифаи Динаварӣ номи ин минтақаро Узайб-ул-ҳамомот (Обгоҳи парандагон) забт кардааст.[4]

Воқеаҳо

Имом Ҳусайн (а) бо ёронаш 28 зилҳиҷҷаи соли 60 ҳиҷрӣ дар он манзил карданд. Дар ин манзил хабари шаҳодати Қайс ибни Мусаҳҳари Сайдовӣ ба Имом расид.[5] Масир пас аз Узайб ба Қодисия ва Ҳира ба Кӯфа хатм мешуд, аммо Имом Ҳусайн ба иҷбори Ҳурр ибни Язиди Раёҳӣ, масирро ба самти қасри Банӣ Мақотил тағйир дод.[6]

Дар Узайби ҳиҷонот, Нофеъ ибни Ҳилол, Маҷмаъ ибни Абдуллоҳи Оизӣ, Амр ибни Холиди Сайдовӣ бо роҳнамои Тириммоҳ ибни Адӣ ба Имом Ҳусайн пайвастанд.[7] Ҳурр қасди дастгир кардан, ё бозгардондани ононро дошт, аммо Имом монеъ шуд. Онон аз вахомати авзоъи Кӯфа, кушта шудани Қайс ибни Мусаҳҳари Сайдовӣ ва омода шудани сипоҳи бузург барои ҷанг бо Имом хабар доданд.[8] Маҷмаъ ибни Абдуллоҳи Оизӣ гуфт:

Ашроф ва бузургони Кӯфа ба ҷиҳати ришваҳое, ки гирифтаанд алайҳи шумо ҳастанд, соири мардум, дилашон бо шумо вале шамшерашон алайҳи шумост.[9]

Дар ин манзил байни Имом Ҳусайн (а) ва Тириммоҳ гуфтугӯе сурат гирифт.[10] Тириммоҳ пешниҳодҳое ба он ҳазрат дод, ки мавриди қабули ӯ қарор нагирифт. Тириммоҳ дар ҳамин манзилгоҳ ё наздикии он аз Самоъа ибни Бадр хабари шаҳодати Имомро шунид.[11]

Сайид ибни Товус гуфтааст, дар Узайби ҳиҷонот номаи Ибни Зиёд ба Ҳурр расид, ки фармон ба сахтгирӣ дода буд.[12] Бархе манобеи торихӣ расидани номаи Ибни Зиёд ба Ҳурро дар Найнаво гузориш кардаанд.[13]

Эзоҳ

  1. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.4, саҳ.92.
  2. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.4, саҳ.92.
  3. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.49; нигоҳ кунед ба Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.404.
  4. Динаварӣ, ал-Ахбор-ут-тивол, 1373ҳ.ш., саҳ.250
  5. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.172; Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.50.
  6. Ҷаъфариён, Атлас-уш-шиъа, 1387ҳ.ш., саҳ.66, нақшаи шумораи 35.
  7. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.49; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.172; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.173.
  8. Руҷуъ кунед ба: Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.172; Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.50.
  9. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.174; Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.49.
  10. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.50; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.173; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.174.
  11. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.407; Ибни Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.67.
  12. Ибни Товус, ал-Луҳуф, 1348ҳ.қ., саҳ.78.
  13. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.408; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.83.

Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ҷумал мин ансоб-ил-ашроф, таҳқиқ: Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Дорулфикр, Бейрут, 1417ҳ.қ./1996м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абикарам, ал-Комил фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир, Бейрут, 1385ҳ.қ./1965м.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Дорулфикр, Бейрут, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Мискавайҳ, Абуалӣ Розӣ, Таҷориб-ул-умам, таҳқиқ: Абулқосими Имомӣ, Сурӯш, Теҳрон, 1379ҳ.ш.
  • Ибни Товус, Сайид Алӣ ибни Мусо, ал-Луҳуф, интишороти Ҷаҳон, Теҳрон, 1348ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Дорултурос, Бейрут, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, конгресси Шайхи Муфид, Қум, 1413ҳ.қ.
  • Ҳамавии Бағдодӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Дорусодир, Бейрут, 1995м.
  • Ҷаъфариён, Расул, Атлас-уш-шиъа, интишороти созмони ҷуғрофиёии нерӯҳои мусаллаҳ, Теҳрон, 1387ҳ.ш.