Ояти Лайлат-ул-мабит

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Лайлат-ул-фирош)
Ояти Лайлат-ул-мабит
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти лайлат-ул-мабит ё ояти широъ
Воқеъ дар сураиБақара
Шумораи оят207
Ҷузъ1
Шаъни нузулХобидани Имом Алӣ (а) дар бистари Пайғамбар дар Лайлат-ул-мабит
Макони нузулМадина
МавзуъЭътиқодӣ
ДигарАз фазилатҳои Имом Алӣ (а)


Ояти Лайлат-ул-мабит (арабӣ: آية ليلة المبيت) ё ояти Широъ (арабӣ: آية الشراء) (Бақара, ояти 207) дар бораи фидокории ҳазрати Алӣ (а) дар «лайлатул-мабит» нозил шуд, ки барои ҳифзи ҷони Пайғамбари Ислом дар бистари ӯ хобид. Ин оят касонеро сутудааст, ки ҳозиранд ҷони худро дар ивази ба даст овардани ризояти Худованд фидо кунанд.

Матн ва тарҷумаи оят

Ояти 207 сураи Бақара ба "ояти широъ", ё "иштироъ" маъруф аст:

Шаъни нузул

Навиштори аслӣ: Лайлат-ул-мабит

Аллома Таботабоӣ дар тафсири "ал-Мизон" навиштааст: ривоёти бисёре ҳикоят аз ин доранд, ки "ояти Широъ" дар хусуси "лайлат-ул-мабит" нозил шудааст.[1]

Ба гуфтаи Ибни Абилҳадид, олими муътазилии аҳли суннат дар «Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға», ҳамаи муффасирон бар ин боваранд, ки ин оят дар шаъни Имом Алӣ (а) ва дар моҷарои «лайлат-ул-мабит» нозил шудааст.[2] Дар лайлат-ул-мабит мушрикон қасд доштанд дастаҷамъӣ ба хонаи Пайғамбари Ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) дар Макка ҳамла карда, ӯро ба қатл бирасонанд. Дар ин шаб Имом Алӣ (а) барои ҳифзи ҷони Пайғамбар (с) дар бистари ӯ хобид ва ба ин тартиб Пайғамбар аз тавтеа ва нақшаи шуми қатли мушрикон наҷот ёфт.[3]

Албата бархе аз уламои аҳли суннат бо истинод ба ривоёте, ин оятро дар бораи афроде монанди Абӯзар, Суҳайб ибни Синон,[4] Аммор Ёсиру падару модараш, Хаббоб ибни Арат ва Билоли Ҳабашӣ[5] донистаанд. Аммо дар эътибори ин ривоёт тардид шуда ва ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, ин ривоёт аз рӯи таассуб ва бо ангезаи пинҳон кардани фазоили Имом Алӣ (а) ҷаъл шудааст.[6]

Нукоти тафсирӣ

Калимаи «яшрӣ - یشْرِی» дар оят, аз масдари «широъ- شِراء» гирифта шудааст,[7] ки фурӯхтан маъно медиҳад.[8] Ояти широъро дар тавсифи касоне донистаанд, ки дар пайи ризояти Худоянд ва ҳозиранд зиндагии худро барои он бидиҳанд.[9] Ин афрод дар муқобили дастаи дигаре қарор доранд, ки дар оёти 204 то 206 тавсифашон омадааст; яъне афроди худхоҳ, лаҷуҷ, муонид ва мунофиқе, ки худро хайрхоҳ нишон медиҳанд, аммо ҳадафашон фасод аст.[10]

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ сиёқи ин оёт нишон медиҳад, ки мисдоқҳои ин ду гурӯҳ дар замони Пайғамбар (с) вуҷуд доштаанд.[11]

Ҳарчанд бархе аз мутарҷимон, ҷумлаи поёнии оят (валлоҳу рауфун бил-ибод)-ро ба раъфати Илоҳӣ дар ҳаққи ин бандагон (касоне ки дар пайи ризояти Худо ҳастанд) тарҷума кардаанд, вале ба назари Аллома Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ манзур аз ибоде, ки мавриди раъфати Илоҳӣ қарор мегиранд, дигар бандагон ҳастанд, ки ба сабаби фидокории ин гурӯҳ аз мардумон машмули раъфати Илоҳӣ шудаанд ва дар ҳақиқат вуҷуди бандагоне, ки ҷонашонро дар роҳи ризои Худо тақдим мекунанд, худаш раъфати Худои Субҳон дар ҳаққи бандагон аст.[12]

Се навъ широи нафс

Бархе аз муффасирон дар тафсири ояти широъ, широи нафс (фурӯхтани ҷон)-ро ба се дараҷа тақсим кардаанд:

  • широи нафс ба сабаби тарс аз оташи ҷаҳаннам
  • широи нафс ба хотири иштиёқ ба биҳишт
  • широи нафс барои ризои Худо

Инҳо болотарин мартабаи широи нафсро қисми сеюм донистаанд, ки дар он, инсон ҳеҷ чизе дар ивази он намехоҳад ва хобидани Имом Алӣ (а) дар бистари ҳазрати Муҳаммад (с) дар «лайлат-ул-мабит»-ро намунае барои ин қисм шуморидаанд.[13]

Ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ мурод аз фурӯши ҷон барои ризояти Худо, ин аст, ки ин афрод ҳеҷ чиз, ҷуз хушнудии Ӯро талаб намекунанд ва чизеро мехоҳанд, ки Худо мехоҳад на ҳавои нафсашон.[14]

Эзоҳ

  1. Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.100.
  2. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.262.
  3. Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.466.
  4. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.591.
  5. Фахри Розӣ, ат-Тафсир ал-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.350.
  6. Ҳошимӣ, «Баррасии сабаби нузули ояти Иштирои нафас», саҳ.153.
  7. Содиқии Теҳронӣ, ал-Фурқон, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.225.
  8. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.78.
  9. Толиқонӣ, Партаве аз Қуръон, 1362, ҷ.2, саҳ.100.
  10. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.79.
  11. Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.98.
  12. Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.2, саҳ.987, нашри Аъламӣ, Бейрут, 1393ҳ.қ.,
  13. Ниг.: Содиқии Теҳронӣ, ал-Фурқон, 1406ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.225 ва 226.
  14. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.98.

Сарчашма

  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳабатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Иброҳим Муҳаммад Абулфазл, Қум, Мактабату оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404 ҳ.қ.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Фурқон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Фарҳанги исломӣ, 1406 ҳ.қ.
  • Толиқонӣ, Саййидмаҳмуд, Партаве аз Қуръон, Теҳрон, ширкати саҳҳомии интишор, 1362 ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизони фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1390 ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1371 ҳ.ш.
  • Ҳошимӣ, Сайида Марзия, «بررسی سبب نزول آیه اشترای نفس» дар фаслномаи Сафина, №13, 1385 ҳ.ш.