Куштори бемористони ал-Маъмадонӣ

Аз wikishia

Ин мақола, ё бахше аз он, як рӯйдоди рӯзро дар бар дорад. Бо гузашти замон мумкин аст иттилоот ба суръат тағйир кунад. Ахбори аввалия мумкин аст номуътабар бошад ва охирин барӯзрасониҳои ин мақола шояд ҳамаи иттифоқҳо дар бораи ин рӯйдодро бозтоб надиҳад. Лутфан иқдом ба беҳбуди ин мақола кунед.

Куштори бемористони ал-Маъмадонӣ
Номҳои дигарКуштори бемористони ал-Аҳлӣ ал-арабӣ
Шарҳи моҷароҲамлаи Исроил ба оворагон ва маҷруҳони фаластинӣ дар бемористон
ТарафайнИсроил ва ғайринизомиёни Фаластин
Замон17 октябри 2023
МаконҒазза
Омилҳоартиши Исроил
Талафотбеш аз 500 кушта
Вокунишҳомаҳкумияти ҳамла ва тазоҳурот дар кишварҳо
ДахлдорТӯфон-ул-Ақсо


Куштори бемористони ал-Маъмадонӣ (форсӣ: کشتار بیمارستان المَعْمَدانی), ҳамлаи ҳавоии Исроил дар 17 октябри 2023 ба бемористоне дар Ғазза, ки боиси кушта шудани беш аз 500 ғайринизомӣ шуд.

Куштори ғайринизомиён

Исроил дар 17 октябри 2023 ба маҷруҳону оворагони фаластинӣ, ки дар бемористони ал-Муаммадонӣ ё ал-Аҳлӣ ал-арабии Ғазза[Ёддошт 1] паноҳ гирифта буданд, ҳамлаи ҳавоӣ кард. Дар ин ҳамла беш аз 500 ғайринизомӣ кушта шуданд.[1] Омори куштаҳо 800[2] ва ҳазор нафар[3] низ нақл шудааст. Ба гуфтаи сухангӯии вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза, бештари ин қурбониён зан ва кӯдак буданд.[4] Расонаҳо аз ин ҳамла ба наслкушӣ, ҳолокости воқеӣ ва ҷинояти ҷангӣ таъбир мекунанд.[5]

Сабабҳо ва ҳадафҳо

Ҳамла ба бемористони Ғазза дар вокуниш ба амалиёти Тӯфон-ул-Ақсои нерӯҳои Ҳамос дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин анҷом шуд. Ҳамос дар 7 октябр амалиётеро дар ростои озодсозии Фаластину идомаи ишғолгарии Исроил дар сарзаминҳои ишғолӣ анҷом дод, ки дар навъи худ бесобиқа ва ҷуброннопазир барои Исроил арзёбӣ шудааст.[6] Хабаргузории Рейтерс ҳамла ба бемористони Муаммадониро маргбортарин ҳодиса дар талофии Исроил, дар паии ҳамалоти Ҳамос (Тӯфон-ул-ақсо), хонд.[7] Дар гузориши таҳлилии ал-Олам, эҷоди руъбу тарс барои кӯчондани иҷбории аҳолии Ғазза аз ин шаҳр, наслкушӣ ва поксозии қавмӣ ва ҷуброни шикасти артиши Исроил дар амалиёти Тӯфон-ул-ақсо аз аҳдофи ин ҳамла зикр шудааст.[8]

Вокунишҳо

Нишасти хабарии Вазорати тандурустии Ғазза дар миёни пайкари шаҳидони ҳамлаи террористии Исроил ба бемористони ал-Аҳлӣ ал-арабии Ғазза

Антониу Гутерриш – Дабири кулли СММ, кушта шудани садҳо ғайринизомӣ дар ин ҳамларо ваҳшатнок донист ва онро маҳкум кард.[9] Қарор аст Шӯрои амнияти СММ барои баррасии абъоди ин ҳамла нишасти изтирорӣ баргузор кунад.[10] Давлати Русия низ ин кушторро ҷинояте фаҷеъ, ғайриинсонӣ ва буҳтовар хонд.[11]

Тазоҳуроти зиддсаҳюнистӣ дар манотиқи гуногуни ҷаҳон

Ба гузориши хабаргузории Рейтер, дар вокуниш ба ин ҳамла, мардум дар кишварҳои мухталифи исломию ғайриисломӣ ба хиёбонҳо омаданд ва таҷаммуоту тазоҳуроте шакл гирифт.[12] Дар Урдун сафорати Исроил ба оташ кашида шуд.[13] Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Эрон, Ироқ, Урдун, Фаронса, Арабистон, Испания, Туркия, Миср, Қатар ва Сурия ин ҳамларо маҳкум карданд.[14] Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сомонаи расмияш изҳоротеро дар маҳкумияти ин ҳамла нашр кардааст.[15]

Тазоҳуркунандагон иқдоми мутақобили кишварҳои исломӣ дар ҳимоят аз фаластиниҳо ва муҳокимаи сарони Исроил дар ниҳодҳо ва додгоҳҳои байналмилалиро хостор шуданд.

Эъломи азои умумӣ ва таътили ҳавзаҳои илмияи шиа

Дар паи маҳкумияти ин куштор, дар Эрон як рӯз[16] ва дар Ироқ[17] ва Сурия[18] се рӯз азои умумӣ эълом шуд. Дар Эрон ранги парчами гунбади ҳарами Имом Ризо (а) ба нишонаи азо ба сиёҳ тағйир кард.[19] Ҳамчунин ҳавзаҳои илмияи саросари Эрон[20] ва ҳавзаи илмияи Наҷаф[21] дар рӯзи 18 октябр таътил шуд. Дар он рӯз талабаҳо ва рӯҳониюн дар Қум алайҳи ҷиноёти зидиинсонии режими саҳюнистӣ ва маҳкумияти ин режим тазоҳурот барпо карданд.[22] Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа сокини Қум, дар паёме ин ҳамларо маҳкум кард ва аз миллатҳои исломӣ ва мардуми Эрон хост аз ҳеҷ кумаке нисбат ба мардуми Ғазза кӯтоҳӣ накунанд.[23]

Ихроҷи сафири Исроил аз Колумбия

Кишвари Колумбия дар вокуниш ба ин ҳамла равобити диплумотик бо Исроилро қатъ карду сафири Исроилро ихроҷ кард.[24] Ҳамчунин вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ, хостори ихроҷи сафирони ин режим аз кишварҳои исломӣ, таҳрими колоҳои Исроилӣ ва таваққуфи содироти нефт ба Исроилро хостор шуд.[25] Ҳамчунин раҳбарони аҳзоби сиёсии саодат ва ояндаи Туркия, хостори қатъи робитаи Анқара бо Тел-Авив ихроҷи сафири Исроил аз Туркия шуданд.[26]

Лағви нишасти раиси ҷумҳури Амрико бо сарони бархе аз кишварҳои арабӣ

Ба гузориши ал-Ҷазира, дар паи ин ҳамла, Урдун нишасти чаҳорҷонибаеро, ки қарор буд бо ҳузури Байден (раиси ҷумҳури Амрико), раиси ҷумҳури Миср ва раиси ташкилоти худгардони Фаластин дар Урдун баргузор шавад, лағв кард.[27]

Истифода аз бомбаи амрикоӣ

Ба гузориши расонаҳо ба нақл аз рӯзномаи амрикоии The Wall Street Исроил дар ин ҳамла аз бомбаи MK-84 амрикоӣ истифода кардааст.[28] Бо ин ҳол мақомоти амрикоӣ ва исроилӣ иддао кардаанд, ки инфиҷори бемористон бар асари амалиёти номуваффақи мушакии Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин будааст.[29] Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ, бо радди иддаои Исроил, инкори ҳамла ба бемористонро ба ҷиҳати адами пазириши масъулияти ин ҷиноят донистааст. Ин ҷумбиш таъкид кардааст, ки Исроил борҳо ин бемористон ва дигар бемористонҳои Ғаззаро таҳдид ба тахлияву бомбаборон карда буд. Ҳамчунин ривоятҳои мутаноқизи онҳо аз ин куштор дурӯғ будани онҳоро собит мекунад.[30] Ба нақл аз шабакаи хабарии NBC, фаластиниҳо силоҳе бо чунин қудрати тахрибу инфиҷор дар ихтиёр надоранд ва Исроил собиқаи дурӯғгӯӣ ва андохтани гуноҳ бар гардани дигаронро дорад.[31] Аз хабарнигори BBC низ нақл шуда ки бо тавваҷуҳ ба шиддати инфиҷор, бисёр сахт аст ки мушакро мушаки ғайриисроилӣ бидонем.[32]

Таътилии идораҳои шабакаи ал-Ҷазира дар сарзаминҳои ишғолӣ

Шабакаи ал-Ҷазираи Қатар гузорише видеоӣ аз лаҳзаи ҳадаф қарор додани ин бемористон тавассути Исроил ва радди иттиҳоми онон ба Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ мунташир кард.[33] Пас аз интишори ин гузориш Исроил дастури таваққуфи фаъолияти ин шабака дар сарзаминҳои ишғолӣ ва таътилии дафотири онро содир кард.[34]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. What we know so far about the deadly strike on a Gaza hospital, AlJAZEERA
  2. ««Беш аз 800 шаҳид дар бомбаборони бемористони ал-Муаммадонии Ғазза», хабаргузории Меҳр
  3. «Чаҳоршанбе дар саросари кишвар азои умумӣ аст», хабаргузории Форс
  4. «Вазорати беҳдошти Ғазза: Ағлаби қурбобёни фоҷеъаи бемористони ал-Муаммадонӣ зан ва кӯдак ҳастанд», шабакаи ал-Олам
  5. Барои намуна ниг.: «Ҳолокости воқеӣ ин тасвир аст», хабаргузории Машриқниюз; «Шоки ҷаҳонии баъд аз бомбаборони бемористотни Ғазза/Ҳолокости воқеӣ инҷост», хабаргузории Хабаронлайн
  6. Ниг.: «Маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни Донишгоҳҳои афсарии нерӯҳои мусаллаҳ», Дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ
  7. "Reactions to strike on Gaza hospital killing hundreds", Reuters.
  8. «Фоҷеъаи бомбаборону куштори бемористони ал-Муаммадонии Ғазза; илалу аҳдоф?», ал-Олам
  9. «Нишасти Шӯрои амнияти СММ дар бораи бомбаборони бемористони Ғазза», Садои Олмон (DW)
  10. «Нишасти Шӯрои амнияти СММ дар бораи бомбаборони бемористони Ғазза», Садои Олмон (DW)
  11. «Маскав: Ҳамла ба бемористони Ғазза ҷиноят аст», хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  12. "Reactions to strike on Gaza hospital killing hundreds", Reuters.
  13. «Оташ задани сафорати режими саҳюнистӣ дар Урдун», Хабаронлайн
  14. Ниг.: «Маҳкумияти густардаи бомбаборони бемористони Муаммадонӣ дар Ғазза», вебгоҳи Маркази иттилоърасонии Фаластин
  15. Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  16. «Эъломи азои умумӣ дар саросари кишвар», хабаргузории ИСНО
  17. «Лаҳза ба лаҳза бо дувоздаҳумин рӯзи амалиёти Тӯфон-ул-Ақсо», хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  18. «Сурия се рӯз азои умумӣ эълом кард», хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ
  19. «Парчами азо бар гунбади ҳарами мутаҳҳари разавӣ барафрошта шуд», хабаргузории ИРНО
  20. «Таътилии дарсҳои ҳавзаи илмия дар вокуниш ба ҳамлаи ваҳшиёна ба бемористон дар Ғазза», хабаргузории АБНО
  21. «ал-Ҳавзат-ул-ъилмийяти фи-н-Наҷафи туълину ал-ҳидоди ва таъаттала дурурусҳо», ал-Фуротниюз
  22. Акси роҳпаймоии талабаҳои Қум дар маҳкумияти ҳамла ба бемористони Ғазза, Машриқниюз
  23. «Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ: Сарони кишварҳои исломӣ ба ҷо баёния иқдоми амалӣ кунанд», хабаргузории Форс
  24. «Колумбия сафири режими Исроилро ихроҷ кард», ал-Олам
  25. «Амир Абдуллоҳиён: Хостори таҳрими фаврӣ ва комили режими саҳюнистӣ тавассути кишварҳои исломӣ ҳастем», хабаргузории ИРНО
  26. «Дархости ихроҷи сафири режими саҳюнистӣ аз Туркия», хабаргузории Тасним
  27. «ал-Урдуну юлғи алқамат-ар-рубоията маъа Байден ва ас-Сиси ва Аббос баъда қасфи ал-мусташфо би Ғазза», ал-Ҷазира
  28. Ниг.: وال استریت: بیمارستان المعمدانی غزه با بمب آمریکایی بمباران شد«The Wall Street: Бемористони Маъмадонии Ғазза бо бомбаи амрикоӣ бомбаборон шуд», шабакаи ал-Олам; «Телевизиони Амрико: Исроил дурӯғгӯ аст», хабаргузории Машриқниюз; «Бомбаи инфиҷорӣ дар бемористони Ғазза амрикоӣ буд», хабаргузории Меҳр
  29. «Israel-Hamas WarIsraelis and Palestinians Blame Each Other for Blast at Gaza Hospital That Killed Hundreds»، The New York Times; «What we know about the Gaza hospital blast», nbcnews.
  30. «Ҷиҳоди исломӣ иддаоҳои режими саҳюнистиро рад кард», вебгоҳи Маркази иттилоърасонии Фаластин
  31. «Телевизиони Амрико: Исроил дурӯғгӯ аст», хабаргузории Машриқниюз
  32. «Телевизиони Амрико: Исроил дурӯғгӯ аст», хабаргузории Машриқниюз
  33. «Шоҳид... Лаҳзату истиҳдоф-ул-мусташфо ал-Муаммадонӣ фи Ғаззати би ғорот-ил-исроилийя», ал-Ҷазира
  34. «Дастури таътилии тамоми дафотири шабакаи «ал-Ҷазира» дар Фаластини ишғолӣ», Машриқниюз

Ёддошт

  1. Бемористони ал-Муаммадонӣ, вобаста ба калисои ал-Муаммадонӣ ва яке аз муҳимтарину қадимитарин бемористонҳои Ғазза аст, ки дар ҷануби он шаҳр қарор дорад. («Се рӯз азои умумӣ», хабаргузории Ҷумҳурии исломӣ.)

Сарчашма