Кутуби золла

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ буда, наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба дигар сарчашмаҳо муроҷиат кунед.

Кутуби золла (арабӣ: کُتُب الضالّه) ё кутуби залол (арабӣ: کُتُب الضَلال) ба маънии китобҳои гумроҳкунанда, навиштаҳое мебошанд, ки хонандагонро гумроҳ мекунанд. Бархе фақеҳон навиштаҳоеро китоби золла ё гумроҳкунанда медонанд, ки илова бар гумроҳкунанда будан, бо нияти гумроҳӣ навишта шуда бошанд. Таъбири китобҳои золла танҳо китобҳоро дарбар намегирад, балки макола, мактуб, газета ва журналро ҳам шомил мешаванд. Ҳамчунин, манзур аз залолу гумроҳӣ, танҳо гумроҳ шудан дар ақида нест, балки аҳкоми шаръиро ҳам дарбар мегирад.

Масъалаи китобҳои золла ва гумроҳкунандаро Шайх Муфид ба фиқҳи шиа ворид кард. Пас аз он, дар китобҳои дигар фақеҳон низ ворид шуд ва ҳукмҳои фиқҳии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи фатвоҳои фақеҳони шиа, нигоҳдорӣ, хариду фурӯш, нусхабардорӣ ва нашр, мутолиа ва таълими китобҳои гумроҳкунанда (золла) ҳаром ва нобуд кардани он навиштаҳо фарз аст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки мазмунашон барои исботи ҳақ ва радди ботил истифода шавад.

Таърифи фиқҳӣ

Кутуби золла ё кутуби залол, дар маънои урфиаш, ба навиштаҳое гуфта мешавад, ки муҷиби гумроҳии хонандагон мешавад,[1] аммо дар китобҳои фиқҳӣ, таърифҳои гуногуне аз он матраҳ шудааст: бархе аз фақеҳон ҳамин маънои урфиро барои он интихоб кардаанд.[2] Ҷамъе гуфтаанд, китобҳое ҳастанд, ки бо нияти гумроҳ кардани мардум навишта мешаванд[3] ва ба назари бархеи дигар кутуби залол китобҳоеанд, ки ҳам бо нияти гумроҳӣ навишта шудаанд ва ҳам сабаби гумроҳӣ мешаванд.[4]

Калимаи «кутуб» дар таъбири кутуби залол, ҳар навиштаеро шомил мешавад; хоҳ китоб ба маънои маъмулиаш бошад, хоҳ мақола ва хоҳ мактуб.[5]

Таърихча ва ҷойгоҳи масъала

Бино ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, таъбири «кутуби залол» нахустин бор тавассути Шайхи Муфид дар китоби ал-Муқниъа[6] бо ду унвони «кутуби куфр» ва «кутуби залол» матраҳ шуд.[7] Баъд аз вай, дигар фақеҳон, аз ҷумла Шайхи Тусӣ,[8] Ибни Барроҷ,[9] Ибни Идрис[10] ва Аллома Ҳиллӣ[11] ин ду унвонро ба кор бурданд.

«Кутуби залол» ва «кутуби золла» ду унвоне ҳастанд, ки ба хотири корбурди бештарашон,[12] ба тадриҷ дар осори фиқҳӣ ва ба вижа осори фиқҳии муосир роҳ ёфтааст.[13]

Дар китобҳои фиқҳӣ, дар бораи кутуби золла ва аҳкоми марбут ба он, ба сурати ҷудогона баҳс нашудааст, балки зимни баҳсҳое дар бобҳои тиҷорат, вақф, иҷора, васият ва ория аз он сухан рафтааст. Шайхи Ансорӣ дар китоби Макосиб, зери унвони «чизҳое, ки ба сабаби ҳаром буданашон, иктисоб бо онҳо ҳаром аст», бахшеро бо унвони «ҳифзи кутуби золла» матраҳ кардааст.[14]

Гумроҳӣ дар чӣ заминае ва барои киҳо?

Ба фатвои фақеҳон, залол ё гумроҳӣ ҳам усули панҷгонаи мазҳабро дар бар мегирад, ҳам аҳкоми шаръиро; яъне ҳар китобе чи дар заминаи усули мазҳаб ва чи аҳкоми шаръӣ сабаби гумроҳӣ шавад, китоби золла маҳсуб мешавад.[15] Ҳамчунин Оятуллоҳ Мунтазирӣ навиштааст мурод аз залол, гумроҳии ғолиби хонандагон аст; яъне ин гуна нест, ки агар як кас ҳам бо хондани китобе гумроҳ шуд, он китоб золла бошад; зеро ҳамаи китобҳо ҳатто Қуръон ва китобҳои ҳадисӣ ҳам метавонад барои содалавҳон ё ноогоҳон гумроҳкунанда бошад.[16]

Намунаи золла будан

Дар навиштаҳои фиқҳӣ мисдоқҳое ҳам барои кутуби золла зикр шудааст, аммо дар ин замина, байни фақеҳон ихтилофи назар ҳаст. Барои мисол, Аллома Ҳиллӣ (648 - 726ҳ.қ.) ва Муҳаққиқи Каракӣ (ваф. 940ҳ.қ.) Таврот ва Инҷилро китобҳои залол шуморидаанд; бо ин далел, ки ин китобҳо таҳриф шудаанд.[17] Аммо ба эътиқоди Шайхи Ансорӣ, назди мусулмонон, бадеҳӣ аст, ки ин китобҳо мансух шудаанд. Бинобар ин боиси гумроҳии онҳо намешаванд.[18]

Ҳамчунин Юсуфи Баҳронӣ (1107 - 1186ҳ.қ.) - аз олимони ахбории шиа, таълифоти аҳли суннат дар усули фиқҳ ва ҳамчунин бахше аз таълифоти уламои шиа дар усули фиқҳро, ки аз аҳли суннат пайравӣ кардаанд, мисдоқи кутуби золла донистааст, аммо Сайид Ҷаводи Омилӣ (1160 - 1226ҳ.қ.) - нависандаи китоби Мифтоҳ-ул-каромат, худи ин сухани Баҳрониро мисдоқи гумроҳӣ донистааст.[19]

Шайхи Ансорӣ ҳам навиштааст, далелҳои ҳурмати нигаҳдории китобҳои залол танҳо китобҳоеро шомил мешавад, ки муҷиби гумроҳӣ мешаванд ва бисёре аз китобҳои мухолифони шиа ин гуна нестанд.[20] Ӯ танҳо бархе аз китобҳои аҳли суннатро, ки шомили ақоиде монанди исботи ҷабр ва исботи бартарии хулафо ҳастанд, мисдоқи кутуби золла донистааст.[21] Бархе аз фақеҳон ҳам гуфтаанд, он даста аз китобҳои фалсафӣ ва ирфоние, ки муҷиби гумроҳӣ мешаванд, аз масодиқи кутуби золлаанд; ҳарчанд матолибашон ҳақ бошад.[22]

Гурӯҳе аз мароҷеъи тақлиди муосир монанди Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ ва Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, рӯзнома ва маҷаллотеро, ки дарбардорндаи фаҳшо ва мункар буда ва муҷиби фасоду гумроҳӣ дар ҷомеъа мешаванд, аз масодиқи кутуби золла ба шумор овардаанд.[23]

Аҳком

Тибқи назари фақеҳон, нобуд кардани кутуби золла фарз аст.[24] Мавориди зер ҳам дар хусуси китобҳои золла ҳаром аст:

  • Нигаҳдории кутуби золла ва касби даромад аз он;[25]
  • Нусхабардорӣ ва нашр;[26]
  • Хариду фурӯш;[27]
  • Мутолиа, ёд додан ва ёд гирифтан;[28]
  • Вақфи мол барои нашр ва тарвиҷи кутуби золла;[29]
  • Васият ба сарфи ҳазина барои ин кор;[30]
  • Дарёфти уҷрат барои ҷилд ва саҳҳофӣ кардани ин китобҳо.[31]

Ба фатвои фақеҳон, мутолиа, ёд додан ва ёд гирифтан барои касе ки аҳлияти онро дошта ва ба воситаи он, ба исботи ҳақ ва нақзи ботил мепардозад, ишкол надорад.[32] Ҳамчунин тибқи фатвои Оятуллоҳ Ваҳиди Хуросонӣ хариду фурӯши кутуби золла дар сурате ҳаром аст, ки эҳтимоли гумроҳӣ диҳем.[33]

Фатвои дигаргуна дар масъала

Оятуллоҳ Мунтазирӣ бар ин бовар аст, ки имрӯза ба хотири пешрафти абзорҳои чопу нашр, нобуд кардани як китоб натанҳо муҷиби маҳв шуданаш намешавад, балки таваҷҷуҳ ва рағбати мардум нисбат ба онро афзоиш медиҳад. Ҳамчунин нигаҳдорӣ ва нашри кутуби золла ба иллати он ки муштамил бар хурофоту мавҳумотанд, худ муҷиби бутлони матолиби ин китобҳо мешавад. Бинобар ин, нигаҳдории онҳо ҳаром набуда ва аз байн бурданашон фарз нест.[34]

Далелҳои фиқҳӣ

Фақеҳон барои истинботи аҳкоми марбут ба кутуби золла ба далелҳои чаҳоргона истинод кардаанд: оёти Қуръон, аз ҷумлаи ояти 6 сураи Луқмон[35] ва ояти 30 сураи Ҳаҷ;[36] ривоёт монанди ривояте аз Имом Содиқ (а) дар Туҳаф-ул-уқул;[37][38] иҷмоъ[39] ва далелҳои ақлие монанди қатъи решаи фасод[40] ва дафъи зарари эҳтимолӣ.[41]

Аз миёни фақеҳон, Юсуф ибни Аҳмади Баҳронӣ (1107 - 1186ҳ.қ.) дар ҳукми ҳаром будани нагаҳдорӣ ва зарурати нобуд кардани кутуби золла, шубҳа ворид кардааст. Ӯ бар ин бовар аст, ки барои ин аҳком далели шаръие вуҷуд надорад.[42]

Кутуби золла ва озодии баён

Бархе аҳкоми фиқҳии марбут ба «кутуби золла»-ро бо озодии баёну андеша ва таҳқиқ муғойир донистаанд.[43] Ин ишколро ин гуна посух додаанд, ки дини Ислом, мардумонро ба ковишгарӣ ва касби дониш ташвиқ карда ва бо озодии андешаву баён мухолифат накардааст, аммо нисбат ба саломати фикрӣ ва эътиқодии ҷомеа низ таваҷҷуҳ дошта ва ба хотири пешгирӣ аз инҳирофоти эътиқодӣ ва ахлоқӣ дар ҷомеъа, қаламрави озодӣ дар ноҳияи андеша ва баёнро муайян кардааст.[44]

Эзоҳ

  1. Гурҷӣ, “Кутуби залол: дидгоҳҳои фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ”, саҳ.45 - 46.
  2. Гурҷӣ, “Кутуби залол: дидгоҳҳои фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ”, саҳ.46; ниг.: Мунтазирӣ, Диросотун фӣ-л-макосиб-ил-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.99; Субҳонӣ, ал-Мавоҳиб, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.443.
  3. Рӯҳонӣ, Минҳоҷ-ул-фақоҳат, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.343.
  4. Хуӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.401.
  5. Гурҷӣ, “Кутуби залол: дидгоҳҳои фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ”, саҳ.46.
  6. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.588 - 589.
  7. Сонеъӣ, “Ҳуррият-ул-аълом-ил-фикр ва-с-сақофӣ: мутолиатун фиқҳия фи-л-мавоқифи мин кутуб-из-залол”, саҳ.59.
  8. Шайхи Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.367.
  9. Ибни Барроҷ, ал-Муҳаззаб, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.314 ва 345.
  10. Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.225.
  11. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.127 ва ҷ.12, саҳ.143; Аллома Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1316ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.1020.
  12. Сонеъӣ, “Ҳуррият-ул-аълом-ил-фикр ва-с-сақофӣ: мутолиатун фиқҳия фи-л-мавоқифи мин кутуб-из-залол”, саҳ.59.
  13. Барои намуна ниг.: Хуӣ, Истифтоъот, Муассисат-ул-Хуӣ алисломия, ҷ.1, саҳ.260; Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.14; Файёз, Минҳоҷ-ус-солеҳин, мактаб самоҳат Оятуллоҳ Ҳоҷи Шайх Муҳаммадисҳоқи Файёз, ҷ.2, саҳ.113; Фозили Ланкаронӣ, Ҷомеъ-ул-масоил, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.592; Таботабоии Қумӣ, Мабонии минҳоҷ-ус-солеҳин, 1426ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.288.
  14. Барои намуна ниг.: Шайхи Ансорӣ, ал-Макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233.
  15. Мунтазирӣ, Диросотун фӣ-л-макосиб-ил-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.99 - 100; Хуӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.401.
  16. Мунтазирӣ, Диросотун фӣ-л-макосиб-ил-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.99.
  17. Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.26.
  18. Шайхи Ансорӣ, ал-Макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.235 - 236.
  19. Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, 1426ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.209.
  20. Шайхи Ансорӣ, ал-Макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.236 - 237.
  21. Шайхи Ансорӣ, ал-Макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.237.
  22. Рӯҳонӣ, Минҳоҷ-ул-фақоҳат, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.343.
  23. Макорими Шерозӣ, Истифтоъот, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.265; Софии Гулпойгонӣ, Ҳидоят-ул-ибод, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.293.
  24. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.127.
  25. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.589; Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.143; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.22, саҳ.56; Шайхи Ансорӣ, ал-Макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233.
  26. Шайхи Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.365; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.127; Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.26; Ҳусайнии Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, 1419ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.204; Муҳаққиқи Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-баён, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.75; Табрезӣ, Сирот-ун-наҷот фӣ аҷвибат-ил-истифтоъот, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.139.
  27. Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, муассисат-ул-Хуӣ ал-исломия, ҷ.2, саҳ.10; Шайхи Ансорӣ, ал-Макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.236.
  28. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.214; Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.503.
  29. Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, муассисаи осорил-имомил-Хуӣ, ҷ.2, саҳ.240.
  30. Хуӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, муассисаи осорул-имомил-Хуӣ, ҷ.2, саҳ.217.
  31. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.588.
  32. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.214; Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.503.
  33. Ваҳиди Хуросонӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Мадрасату ал-Имом Боқирулъулум, ҷ.3, саҳ.15.
  34. Мунтазирӣ, Диросотун фӣ макосиб-ил-муҳаррама, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.104.
  35. Шайхи Ансорӣ, ал-Макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233.
  36. Шайхи Ансорӣ, ал-Макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233.
  37. Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.335.
  38. Шайхи Ансорӣ, ал-Макосиб, ҷ.1, саҳ.233.
  39. Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1412ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.69.
  40. Шайхи Ансорӣ, ал-Макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.233.
  41. Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1412ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.69.
  42. Баҳронӣ, Ҳадоиқ-ун-нозира, муассисаи аннашрул-исломӣ, ҷ.18, саҳ.141.
  43. Макорими Шерозӣ, Посух ба пурсишҳои мазҳабӣ, 1377ҳ.ш., саҳ.337.
  44. Мисбоҳи Яздӣ, Посухи устод ба ҷавонони пурсишгар, 1394ҳ.ш., саҳ.58.

Сарчашма

  • Абрешимии Род, Муҳаммадамин, Шарҳи мабсути қонуни асосӣ, Теҳрон, пажӯҳишкадаи Шӯрои нигаҳбон, 1394ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мунтаҳа-л-матлаб, Машҳад, маҷмаъулбуҳусил-исломия, 1316ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1414ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, Ҳадоиқ-ун-нозира, Қум, муассисаи аннашрул-исломӣ, бе то.
  • Ваҳиди Хуросонӣ, Ҳусайн, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, мадрасатул-Имом Боқирулъулум, бе то.
  • Гурҷӣ, Абулқосим, «Мизигирди Кутуби залол: дидгоҳҳои фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ», китоби моҳ, шумораи 5, урдибиҳишти 1382ҳ.ш.
  • Ибни Барроҷ, Абдулазиз, ал-Муҳаззаб, Қум, муассисаи аннашрул-исломӣ, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Идрис, Муҳаммад ибни Аҳмад, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатовӣ, Қум, муассисаи аннашрул-исломӣ, чопи дуввум, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, Қум, муассисаи аннашрул-исломӣ, 1404ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Истифтоъоти ҷадид, Қум, мадрасаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи дуввум, 1427ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Посух ба пурсишҳои мазҳабӣ, Қум, мадрисаи Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи аввал, 1377ҳ.ш.
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Посухи устод ба ҷавонони пурсишгар, Қум, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ (раҳ), чопи нуҳум, 1394ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Диросотун фӣ-л-макосиб-ил-муҳаррама, Қум, интишороти тафаккур, 1415ҳ.қ.
  • Мутаммими қонуни асосии машрута, мусавваби 1258ҳюш., асли 20.
  • Муҳаққиқи Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, маҷмаъи ал-фоидату ва-л-баён, Қум, муассисаи аннашрул-исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Шайх Нуриддин Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, чопи дуввум, 1414ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Рӯҳонӣ, Сайид Муҳаммадсодиқ, Минҳоҷ-ул-фақоҳат, Қум, анворулҳудо, чопи панҷум, 1429ҳ.қ.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, мактаби Оятуллоҳилъузмо Сайид Систонӣ, 1414ҳ.қ.
  • Сонеъӣ, Юсуф, “Ҳуррият-ул-аълом-ил-фикр ва-с-сақофӣ: мутолиатун фиқҳия фи-л-мавоқифи мин кутуб-из-залол”, дар маҷаллаи ал-Иҷтиҳод ва-т-таҷдид, шумораи 9 ва 10, 1429ҳ.қ.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Ҳидоят-ул-ибод, Қум, Дорул-Қуръонилкарим, 1416ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Мавоҳиб фӣ таҳрири аҳком-ил-макосиб, Қум, муассисаи ал-Имомус-Содиқ (а), 1416ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайидалӣ, Риёз-ул-масоил, Қум, муассисаи аннашрул-исломӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Таботабоии Қумӣ, Сайидтақӣ, Мабонии минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, қаламушшарқ, 1426ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Мирзоҷавод, Сирот-ун-наҷот фӣ аҷвибат-ил-истифтоъот, Қум, интишороти Салмони Форсӣ, 1416ҳ.қ.
  • Файёз, Муҳаммадисҳоқ, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, мактаби самоҳат Оятуллоҳилъузмо ал-Ҳоҷ аш-Шайх Муҳаммадисҳоқ ал-Файёз, бе то.
  • Фозили Ланкаронӣ, Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-масоил, Қум, интишороти Амир, чопи ёздаҳум, 1383ҳ.ш.
  • Хуӣ, Абулқосим, Истифтоъот, Қум, муассисатул-Хуӣ ал-исломия, бе то.
  • Хуӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, Қум, интишороти Ансориён, 1417ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Минҳоҷ-ус-солеҳин, Қум, муассисатул-Хуӣ ал-исломия, бе то.
  • Ҳусайнӣ, Сайид Муҳаммадҷавод, Мифтоҳ-ул-каромат, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо, Макосиб, Қум, маҷмаъи алфикрул-исломӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, муассисаи аннашрул-исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, 1400ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин Муҳаммад ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳия фӣ шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, Қум, мактабул-эъломул-исломӣ, 1410ҳ.қ.