Муъҷами риҷол-ил-ҳадис (китоб)

Аз wikishia
Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис
НависандаСайид Абулқосими Хӯӣ
МавзуъИлми риҷол
ЗабонАрабӣ
Маҷмуа24 ҷилд
НоширМаркази нашри ас-Сақофат-ул-исломийяти фи-л-ъолам
Маҳалли нашр1413ҳ.қ.
Тарҷумаи форсӣ


Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис ва тафсилу табақот-ир-рувот (арабӣ: مُعْجَمُ رجالِ الْحَدیث وَ تَفْصیلُ طَبَقاتِ الرُّواة), китобе аз Сайид Абулқосим Хуӣ бо мавзӯи илми риҷол аст. Ин китоб беш аз 15 ҳазор ровии аҳодиси шиаро бар асоси ҳуруфи алифбо муаррифӣ карда ва дар бораи муътабар будан ё набудани нақли ҳадиси онҳо изҳори назар кардааст.

Дар муқаддимаи китоб, аз шаш мавзуъ дар бораи илми риҷол, ба тафсил, баҳс шудааст; мавзуъоте чун зарурати илми риҷол, меъёрҳои васоқати ровӣ ва эътибори аҳодиси кутуби арбаъаи шиа.

Чор қисми китоб ҳам иборатанд аз: асмо (номҳо), куно (куняҳо), алқоб (лақабҳо) ва нисо (занон). Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис дар 24 ҷилд мунташир шудааст.

Гирдоварии номи ҳамаи ровиёни китобҳои риҷолӣ ба сурати якҷо ва тавваҷуҳ ба масъалаи «таҳриф»-и асомии ровиён ва тасҳеҳи онҳоро аз бартариҳои ин китоб баршумурдаанд.

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Сайид Абулқосим Хуӣ

Сайид Абулқосим Мусавии Хуӣ (1278 - 1371ҳ.ш.) - марҷаъи тақлиди шиа ва аз шогирдони Мирзои Ноинӣ ва Муҳаққиқи Исфаҳонӣ будааст.[1] Ӯ баъд аз вафоти Сайид Муҳсин Таботабоии Ҳаким - марҷаъи тақлиди бартари Ироқ шуд.[2]

Сайид Абулқосим Хуӣ дар фиқҳ, усули фиқҳ, риҷол, калом ва улуми қуръонӣ китоб навиштааст. Осори ӯ дар маҷмӯаи панҷоҳҷилдӣ бо номи «Мавсуъат-ул-Имом-ил-Хуӣ» гирд оварда шудааст.[3]

Ҷойгоҳи китоб

Муъҷаму риҷол-ил-ҳадисро ҷомеътарин ва равишмандтарин китоби риҷолии шиа медонанд ва мегӯянд, ин китоб вижагиҳои мусбате дорад, ки дар дигар китобҳои риҷолӣ нест. Баррасии ровиён аз завоёи мухталиф ва рӯйкарди интиқодӣ ба дидгоҳҳои гузаштагон, ба вижа китобҳои аввалияи риҷолӣ ва бознигарӣ дар он дидгоҳҳо аз он ҷумла аст.[4]

Ҳамчунин ин китобро ба ҷиҳати он ки ровиёнро аз ҷанбаҳои мухталиф баррасӣ карда ва иттилооти фоиданоке дар бораи онҳо ироа додааст, ки дар ҷое ёфт намешавад, ё камтар дида мешавад, аз бартарин китобҳои риҷолӣ шуморидаанд.[5]

Ангеза ва наҳваи таълиф

Ба гуфтаи нависандаи китоб дар муқаддимаи он, илми риҷол аз дер боз мавриди таваҷҷуҳи донишмандону фақеҳон будааст, аммо дар замони ҳозир ба он беэътиноӣ мешавад, дар ҳоле ки иҷтиҳод ва истинботи аҳкоми шаръӣ ба он вобастааст. Аз ин рӯ, тасмим гирифт китоби ҷомеъ ва комиле дар ин замина бинависад, ки тамоми имтиёзот ва хусусиёти ин илмро доро бошад.[6]

Хуӣ дар таълифи Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис дастёроне доштааст, ки дар танзим, истинсох, тасҳеҳ, муқобила ва ирҷоъоти китоб, ба ӯ кумак кардаанд.[7] Ин гурӯҳ иборатанд аз: Муҳаммад Музаффарӣ, Ҳайдаръалии Ҳошимиён, Яҳё Арокӣ, Сайид Муртазо Нахҷавонӣ, Сайид Абдулазиз Таботабоии Яздӣ, Сайид Ҷавод Гулпойгонӣ, Муҳаммадкозим Хонсорӣ, Фахриддин Занҷонӣ, Муҳаммад Табрезӣ, Ғуломризо Раҳмонӣ ва Сайид Муртазо Ҳукмӣ.[8]

Муҳтаво ва сохтори китоб

Китоб аз як муқаддимаи муфассал ва чор бахш ташкил шудааст. Дар муқаддима, аз шаш мавзӯи муқаддимотӣ дар илми риҷол баҳс шудааст. Дар чор бахши аслӣ ҳам номи ровиён омада ва эътиборашон баррасӣ шудааст:

Муқаддима

Шаш мавзуи матраҳшуда дар муқаддима ба шарҳи зер аст:

  1. Зарурати илми риҷол, радди назари мункирони ниёз ба илми риҷол ва дидгоҳи касоне ки кутуби арбаъаро қатъиюс-судур медонанд;[9]
  2. Меъёрҳои ташхиси васоқат ё ҳусни ҳоли ровӣ;[10]
  3. Эътибори тавсиқи зимнӣ;[11]
  4. Адами эътибори тавсиқоти омма, монанди будан дар асҳоби иҷмоъ, аз машоихи иҷоза будан, ваколат доштан аз имом (а), мусоҳибат бо имом (а);[12]
  5. Баррасии аҳодиси кутуби арбаъа ва радди далоиле, ки барои исботи сиҳҳати ҳамаи ривоёти онҳо матраҳ шудааст;[13]
  6. Муаррифии муҳимтарин манобеи риҷолии шиа ва ташкик дар асолати Риҷоли Ибни Ғазоирӣ.[14]

Бахшҳо

Чор бахши китоби Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис ба ин шарҳанд: асмоъ (номҳо), куно (куняҳо), алқоб ва нисо (занон). Дар ин бахшҳо, дар маҷмӯъ 15676 ном матраҳ ва баррасӣ шудааст, ки албатта бархе муштараканд; яъне ба як шахс ишора доранд. Дар ҳаряк аз се бахши аввал, касоне ки ном, куня ё лақабашон дар китобҳои риҷолӣ ё дар санади ривоёт омадааст, баррасӣ шудаанд. Бахши чорум ҳам дар бораи заноне аст, ки дар китобҳои риҷолӣ ё санади ривоят зикр шудаанд.[15]

Вижагиҳои китоб

Барои китоби Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис вижагиҳо ва имтиёзоте нисбат ба дигар китобҳои риҷолӣ баён кардаанд, ки бархе ба шарҳи зер аст:

  • Номи тамоми ровиёни асноди кутуби арбаъа дар ин китоб зикр шудааст, ҳатто онҳо ки номашон дар китобҳои риҷолӣ наёмадааст.
  • Номи ҳамаи ровиёне, ки дар китобҳои риҷолии маъруф ва ғайримаъруф омада, дар ин асар, якҷо гирд омадааст.
  • Дар ин китоб, имкони шиносоии «табақаи ровиён» ба осонӣ вуҷуд дорад; зеро дар муаррифии ҳар ровӣ, номи тамоми касоне ки аз ӯ нақл кардаанд, ё ӯ аз онҳо нақл карда баён шудааст.
  • Шарҳи ҳоли ровӣ ба сурати комил омадааст.
  • Илова бар гузориши дидгоҳи дигар риҷолиён, нависанда бо меъёрҳои хосси худ, назарашро дар бораи ровӣ гуфта ва ба баёни дигар, ровиро ҷарҳ ва таъдил кардааст.
  • Яке аз осебҳои аснод, «тасҳиф» ва «таҳриф» дар асомии ровиён аст. Барои мисол табдили Ҳасан ба Ҳусайн ва баръакс, Аҳмад ба Муҳаммад ва баръакс, «ан» ба «бен» ва баръакс. Дар ин китоб ба ин мавзӯи муҳим тавваҷуҳ шуда ва асомӣ тасҳеҳ шудаанд.[16]

Чопҳо

Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, ибтидо, дар соли 1403ҳ.қ., дар интишороти Бейрут дар 23 ҷилд чоп шуд.[17] Сипас дар соли 1413ҳ.қ., вирости ҷадиде аз китоб ироа шуд, ки шомили тағироте дар шакл ва муҳтавои он буд ва онро интишороти ас-Сақофат-ул-исломия дар 24 ҷилд чоп кард.[18]

Аз ҷумлаи тағироти муҳтавоии китоб, баёни шарҳи ҳолҳои ҷадид ва афзудани матолибе дар бахшҳои ихтилофи кутуб, ихтилофи нусхаҳо ва табақоти ровиён аст. Ҳамчунин дар мавориде, мабнои риҷолии нависанда тағйир карда буд, ки сабаб мешуд дидгоҳи нависанда дар бораи васоқат ё заъфи бархе ровиён тағйир кунад. Тағйири мабнои нависанда ва тавсиқҳою тазъифҳои ӯ, ҳама, дар вирости ҷадид эъмол шуд.[19]

Осори муртабит

Бархе аз осори муртабит бо Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис иборатанд аз:

  1. Далели Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, таълифи Муҳаммад Саид Турайҳӣ;
  2. Ал-Муъин ала муъҷами риҷол-ил-ҳадис, таълифи Сайид Муҳаммадҷавод Ҳусайнии Бағдодӣ;
  3. Ал-Муфид мин муъҷами риҷол-ил-ҳадис, таълифи Муҳаммади Ҷавоҳирӣ. Дар ин китоб, охирин дидгоҳи Оятуллоҳ Хуӣ дар бораи ҳар ровӣ ба сурати мухтасар баён шудааст.[20]
  4. Даромаде бар илми риҷол, тарҷумаи муқаддимаи муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, асари Абдулҳодӣ Фиқҳизода.

Эзоҳ

  1. Пирии Сабзаворӣ, “Оятуллоҳилъузмо Сайид Абулқосим Хуӣ; Қуръоншиноси бузурги муосир”, саҳ.30; Ансории Қумӣ, “Нуҷуми уммат - ҳазрати оятуллоҳилъузмо Ҳоҷисайид Абулқосим Хуӣ”, саҳ.57.
  2. Шарифи Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, 1352–1354ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.3-5; Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.515.
  3. Раисзода, “Хуӣ, Абулқосим”, саҳ.522.
  4. Ванакӣ ва дигарон, “Равиши Оятуллоҳ Хуӣ дар таъомул бо усули аввалияи риҷолӣ”, саҳ.120.
  5. Алинажод, “Муаррифии яке аз муҳимтарин осори риҷолии шиа”, саҳ.167.
  6. Ниг.: Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.11 - 12.
  7. Мухторӣ, «Нуктаҳо», саҳ.222 - 223.
  8. Мухторӣ, “Нуктаҳо”, саҳ.223; ниг.: ба Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, ҷ.1, 1413ҳ.қ.
  9. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.17.
  10. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.37.
  11. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.47.
  12. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.53 - 73.
  13. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.79.
  14. Ниг.: Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.93.
  15. Алинажод, “Муаррифии яке аз муҳимтарин осори риҷолии шиа”, саҳ.164.
  16. Алинажод, “Муаррифии яке аз муҳимтарин осори риҷолии шиа”, саҳ.167 - 177.
  17. Тиллоиён, Маъхазшиносии риҷоли шиа, 1381ҳ.ш./1423ҳ.қ., саҳ.291.
  18. Тиллоиён, Маъхазшиносии риҷоли шиа, 1381ҳ.ш./1423ҳ.қ., саҳ.292.
  19. Тиллоиён, Маъхазшиносии риҷоли шиа, 1381ҳ.ш./1423ҳ.қ., саҳ.292.
  20. Дилбарӣ, Ошноӣ бо усули илми риҷол, 1395ҳ.ш., саҳ.258.

Сарчашма

  • Алинажод, Абутолиб, “Муаррифии яке аз муҳимтарин осори риҷолии шиа”, дар Шиашиносӣ, поизи 1386ҳ.ш., № 19.
  • Ансории Қумӣ, Носириддин, «Нуҷуми уммат: ҳазрати оятуллоҳилъузмо Хуӣ», дар маҷаллаи Нури илм, давраи 4, № 11, меҳр ва обони 1371ҳ.ш.
  • Ванакӣ, Фотима ва Муҳаммадкозим Раҳмон Ситоиш ва Фатҳия Фаттоҳизода, “Равиши Оятуллоҳ Хуӣ дар таъомул бо усули аввалияи риҷолӣ”, дар раҳёфтҳое дар улуми Қуръон ва ҳадис, № 97, поиз ва зимистони 1395ҳ.ш.
  • Дилбарӣ, Алӣ, Ошноӣ бо усули илми риҷол, Машҳад, донишгоҳи улуми исломии Разавӣ, 1395ҳ.ш.
  • Мухторӣ, Ризо, “Нуктаҳо”, дар китоби шиа, баҳор ва тобистони 1389ҳ.ш., № 1.
  • Пирии Сабзаворӣ, Ҳусайн, “Оятуллоҳилъузмо Сайид Абулқосим Хуӣ; Қуръоншиноси бузурги муосир”, дар моҳномаи Гулистони Қуръон, № 126, обони 1381ҳ.ш.
  • Раббонихоҳ, Аҳмад, Ошноӣ бо дониш ва манобеи риҷолии шиа.
  • Раисзода, Муҳаммад, “Хуӣ, Абулқосим”, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1375ҳ.ш.
  • Тиллоиён, Расул, Маъхазшиносии риҷоли шиа, Қум, Созмони чоп ва нашри Дорул-ҳадис, 1381ҳ.ш./1423ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис ва тафсилу табақот-ир-рувот, Қум, маркази нашри ас-Сақофатул-исломия фил-олам, 1413ҳ.қ.
  • Шарифи Розӣ, Муҳаммад, Ганҷинаи донишмандон, Теҳрон, китобфурушии Исломия, 1352–1354ҳ.ш.