Меъроҷ-ус-саодат (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Китоби Меъроҷ-ус-саодат)
Меъроҷ-ус-саодат
Иттилооти китоб
Иттилооти китоб
НависандаМулло Аҳмади Нароқӣ (ваф. 1245ҳ.қ.)
МавзуъАхлоқ
ЗабонФорсӣ
Теъдоди саҳифа979
Маҷмуаяк ҷилд
НоширМуассисаи интишороти ҳиҷрат


Меъроҷ-ус-саодат китобе дар бораи ахлоқи исломӣ ба забони форсӣ ки нависандаи он Мулло Аҳмади Нароқӣ (ваф. 1245ҳ.қ.) аст. Гуфта шудааст, ки ин китоб талхиси форсии китоби Ҷомеъ-ус-саодот, навиштаи Мулло Маҳдии Нароқӣ, аст; ҳарчанд дар равишу шеваи нигориш тафовутҳое бо ҳам доранд.

Дар Меъроҷ-ус-саодат барои дармони разоили ахлоқӣ қоидаи куллӣ ироа шудааст: ҳар як аз разоил бо анҷоми корҳои зидди он дармон мешавад. Бар асоси ин китоб, ҳар фазилате ҳадди муайяне дорад, ки эътидол номида мешавад ва ифроту тафрит аз он, разилат аст.

Аз Меъроҷ-ус-саодат нусхаҳо ва чопҳои гуногуне вуҷуд дорад; аз ҷумла чопи Муассисаи интишороти ҳиҷрат дар 797 сафҳа мунташир шудааст. Шайх Аббоси Қумӣ ин китобро бо унвони “ал-Мақомот-ул-алийя фӣ муҷибот-ис-саодат-ил-абадийя” хулоса кардааст.

Нависанда

Навиштори аслӣ: Мулло Аҳмади Нароқӣ

Аҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ ибни Абизари Нароқӣ, маъруф ба Мулло Аҳмади Нароқӣ ва Фозили Нароқӣ (ваф.1245ҳ.қ.) фарзанди Мулло Маҳдии Нароқӣ аз олимони шиа дар қарни сенздаҳуми қамарӣ аст.[1] Ӯ назд Сайид Муҳаммадмаҳдии Баҳрулулум, Мирзомаҳдии Шаҳристонӣ, Шайх Ҷаъфари Кошифулғито, соҳиби Риёз ва дигарон шогирдӣ кардааст.[2] Ӯ пас аз вафоти падараш, марҷаъияти оммаи мардумро дар зодгоҳи хеши ӯҳдадор шуд.[3] Мулло Аҳмад таълифоти бисёре дар улуми мухталифи исломӣ дорад, ки онро то 35 маврид донистаанд; аз ҷумла Мустанад-уш-шиа, Авоид-ул-айём ва Меъроҷ-ус-саодат.[4]

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Шайх Аббоси Қумӣ, Меъроҷ-ус-саодатро беҳтарини китоби ахлоқӣ ба забони форсӣ ва ҳамроҳ доштани онро бар ҳамагон лозим медонад.[5] Ҳамчунин мактаби ахлоқии нароқиҳо ки бархе аз нависандагон аз он ёд мекунанд, баргирифта аз назариёти Мулло Аҳмади Нароқӣ дар Меъроҷ-ус-саодат ва Мулломаҳдии Нароқӣ дар Ҷомеъ-ус-саодот аст.[6] Дар мактаби нароқиҳо ҳар фазилат ҳадди муайяне дорад, ки эътидол номида мешавад ва ифроту тафрит аз он разилт аст.[7]

Гуфта шуда Меъроҷ-ус-саодат аз китоби “Кимиёи саодат”-и Ғаззолӣ таъсир пазируфтааст.[8] Ҳамчунин “ал-Мақомот-ул-алийя фӣ муҷибот-ис-саодат-ил-абадийя” – асари Шайх Аббоси Қумӣ хулосаи Меъроҷ-ус-саодат аст.[9]

Нақдҳое ба китоби Меъроҷ-ус-саодат ворид шудааст; аз ҷумла: мустанад накардани ривоёт, шавоҳиди таҷрибӣ ва масодиқи ахлоқӣ ба манобеи муътабар; ва низ бетаваҷҷуҳӣ ба суханони бузургон.[10]

Муҳтаво ва сохтор

Китоб панҷ боб дорад, ки ҳар боб дорои чанд фасл аст:

  • Боби аввал: муқаддамоти судманд
  • Боби дуввум: ахлоқи бад ва баёни қувои нафас
  • Боби сеюм: муҳофизати ахлоқи хуб аз инҳироф ва...
  • Боби чаҳорум: фазоили ахлоқӣ ва чигунагии касби ахлоқи хуб
  • Боби панҷум: асрору одоби ибодот.[11]

Нахустин боби китоб бо фасле шуруъ шуда, ки ҳадафаш баёни ин нукта аст, ки шинохти нафс муқаддимаи шинохт Худованд аст. Ва байте аз Саноиро низ шоҳид овардааст:

Орифи Кирдигор чун бошӣ,
Ту ки дар илми худ забун бошӣ?![12][Ёддошт 1]

Охирин қисмати китоб низ фасле аст дар бораи савоб ва фазилати зиёрати Паёмбар ва Аҳли Байт (а) ва порае аз одоби зиёраташон.[13]

Роҳкори дармони разоили ахлоқӣ

Дар Меъроҷ-ус-саодат барои дармони разоили ахлоқӣ қоидаи куллие ироа шудааст: ҳар як аз разоили ахлоқӣ бо анҷоми корҳои зидди он, дармон мешавад.[14] Албата Нароқӣ бартараф кардани авомилу заминаҳои шаклгирии разоили ахлоқӣ[15] ва ҳамчунин огоҳӣ аз осори дунявӣ ва ухравии онҳоро[16] низ дар дармони разоил муассир медонад. Аз ин рӯ пас аз баёни ҳар разила ба авомилу заминаҳо ва низ осори дунявӣ ва ухравии он мепардозад ва сипас роҳкорҳое барои дармони он баён мекунад.[17]

Нароқӣ дар бораи мароҳили таҳсили ахлоқ муътақид аст, ки одамӣ аввал бояд қувваи шаҳвияро таҳзиб кунад, сипас қувваи ғазабия ва пас аз он қувваи оқиларо.[18] Ҳамчунин дар боби фазоили ахлоқӣ муътақид аст, ки одамӣ бояд он қадар фазоилро анҷом диҳад, то ҳар як аз онҳо малакаи ӯ гардад.[19]

Фарқият бо китоби "Ҷомеъ-ус-саодот"

Оқобузурги Теҳронӣ дар аз-Зариа, Меъроҷ-ус-саодатро баргирифта аз китоби Ҷомеъ-ус-саодот – навиштаи Мулло Муҳаммадмаҳдии Нароқӣ (ваф.1209ҳ.қ.) ва балки тарҷумаи форсии он донистааст.[20][Ёддошт 2] Бо ин ҳол, ин ду китоб дар равиши ироа ва чиниши матлаб бо ҳам тафовутҳое доранд.[21] Аз ҷумла:

  • Рӯйкард: Дар Ҷомеъ-ус-саодот рӯйкарди ақлӣ пуррангтар аст. Аммо Меъроҷ-ус-саодат бар виҷҳаи нақулӣ ва хитоии баҳсҳо афзудааст. Аз ин рӯ, дар Меъроҷ-ус-саодат матолиб бо ироаи шавоҳиди ривоӣ ё омезае аз нақлу ақл ва зикри ашъор баён шудааст.[22]
  • Сохтор: Тартиб ва унвони бобҳо ва фаслҳои ин ду китоб бо ҳам тафовутҳое доранд; барои мисоли боби аввали Ҷомеъ-ус-саодот дорои шонздаҳ фасл аст, аммо боби аввали Меъроҷ-ус-саодати даҳ фасл дорад. Ҳамчунин бархе аз фаслҳои Ҷомеъ-ус-саодот дар Меъроҷ-ус-саодат нест ва бархе аз фаслҳое ки дар ин китоби омада дар Ҷомеъ-ус-саодот вуҷуд надорад.[23]

Бо ин ҳол Меъроҷ-ус-саодат дар мавориде мавзуоти Ҷомеъ-ус-саодотро тафсил додааст.[24]

Интишор ва нусхаҳо

Китоби Меъроҷ-ус-саодати дорои чопҳо ва нусхаҳои мухталифе аст. Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ нусхае дар санаи 1238ҳ.қ. дар Ироқ ва нусхае дар соли 1265ҳ.қ. дар Эрон аз қадимитарин нусхаҳои ин китоб будааст.[25] Бархе дигар аз чопҳо ва нусхаҳои он иборатанд аз:

  • Чопи сангии соли 1388ҳ.қ., Интишороти исломияи Теҳрон дар 299 сафҳа
  • Нусхаи Интишороти Маҳмадалии Илмӣ дар соли 1332ҳ.ш. ба шакли офсет ва ба хатти настаълиқ дар 549 сафҳа

Ҳамчунин Муассисаи интишороти Рашидӣ ин китобро дар 706 сафҳа дар соли 1361ҳ.ш., Муассисаи матбуотии Алиакбари Илмӣ дар 462 сафҳа дар соли 1351ҳ.ш.[26] ва Муассисаи интишороти ҳиҷрати онро дар 797 сафҳа[27] чоп кардаанд.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ. 22, саҳ.229
  2. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саодат, Ҳиҷрат, саҳ.21-22
  3. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саодат, Ҳиҷрат, саҳ.21
  4. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саодат, Ҳиҷрат, саҳ.22-35
  5. Қумӣ, ал-Мақомот-ул-алийя, 1389ҳ.ш., саҳ.25
  6. Ниг.: Фасеҳӣ, «Ақлгароӣ дар манобеи ахлоқии мутааххири шиа», саҳ.162
  7. Эҳсонӣ, «Боядҳо ва набоядҳои ахлоқӣ дар андешаи ду фозили нароқӣ», саҳ.38-39
  8. Ҷалолӣ ، «Меъроҷ-ус-саодат дар ойинаи таърих ва фалсафаи таълиму тарбият», саҳ.154
  9. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ. 22, саҳ.13
  10. Ҷалолӣ ، «Меъроҷ-ус-саодат дар ойинаи таърих ва фалсафаи таълиму тарбият», саҳ.152-153
  11. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саодат, Ҳиҷрат, саҳ.13
  12. Нароқӣ, Аҳмад, Меъроҷ-ус-саодат, ҷ.1, саҳ.17
  13. Нароқӣ, Аҳмад, Меъроҷ-ус-саодат, ҷ.1, саҳ.891
  14. Эҳсонӣ, «Боядҳо ва набоядҳои ахлоқӣ дар андешаи ду фозили нароқӣ», саҳ.38-39
  15. Эҳсонӣ, «Боядҳо ва набоядҳои ахлоқӣ дар андешаи ду фозили нароқӣ», саҳ.38-39
  16. Ниг.: Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саодат, Ҳиҷрат, саҳ.578
  17. Ниг.: Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саодат, Ҳиҷрат, саҳ.580-583
  18. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саодат, Ҳиҷрат, саҳ.64
  19. Ниг.: Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саодат, Ҳиҷрат, саҳ.580
  20. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ. 22, саҳ.229
  21. Ҳикмат, Ҷомеъ-ус-саодот, ҷ.9, саҳ.333
  22. Ҳикмат, Ҷомеъ-ус-саодот, ҷ.9, саҳ.333
  23. Ҳикмат, Ҷомеъ-ус-саодот, ҷ.9, саҳ.333
  24. Ҳикмат, Ҷомеъ-ус-саодот, ҷ.9, саҳ.333
  25. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ. 22, саҳ.229-230
  26. Ҷалолӣ ، «Меъроҷ-ус-саодат дар ойинаи таърих ва фалсафаи таълиму тарбият», саҳ.147-148
  27. «کتاب معراج السعادة», Сомонаи Нуршоп

Ёддошт:


Сарчашма

  • «کتاب معراج السعادة» «Китоби Меъроҷ-ус-саодат», Нуршоп, мушоҳида 23 шаҳривари 1400ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ, Китоби Меъроҷ-ус-саодат, муқаддамаи Муҳамади Нақдӣ, Қум, Муассисаи интишороти ҳиҷрат, бето.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариа ило тасониф-иш-шиа, Қум ва Теҳрон, Исмоилиён ва Исломия, 1408ҳ.қ.
  • Фасеҳӣ, Закариё, «Ақлгароӣ дар манобеи ахлоқии мутааххири шиа (бо меҳварияти “Маҳаҷҷат-ул-байзо”, “Меъроҷ-ус-саодат” ва “Ҷомеъ-ус-саодот”)», Партави хирад, №20, поиз ва зимистони 1399ҳ.ш.
  • Ҳикмат, Насруллоҳ, «Ҷомеъ-ус-саодот», Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.9, 1393ҳ.ш.
  • Ҷалолӣ, Муҳаммадризо, «Меъроҷ-ус-саодат дар ойинаи таърих ва фалсафаи таълиму тарбият», Китоби моҳи дин, исфанди 1380ҳ.ш. ва фарвардини 1381ҳ.ш., шумораи 53 ва 54 .
  • Эҳсонӣ, Муҳамад, «Боядҳо ва набоядҳои ахлоқӣ дар андешаи ду фозили нароқӣ», Маърифат, № 92, мурдоди 1384ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found