Ас-Сақифа (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Китоби Асрори Сақифа)
ас-Сақифа
НависандаМуҳаммадризо Музаффар
Санаи таълиф1353ҳ.қ.
МавзуъБаррасии воқеаи Сақифа дар садри Ислом
ЗабонАрабӣ
ҚатъРуқъӣ
Тарҷума ба забонҳои дигар
  • Форсӣ
  • Англисӣ
  • Урду
НоширМуассисат-ул-аъламия ли-л-матбуот
Маҳалли нашрБейрут
Санаи нашр1392ҳ.қ.


ас-Сақифа (арабӣ: السقیفة), китобе ба забони арабӣ, навиштаи Муҳаммадризо Музаффар (ваф. 1383 ҳ.қ.), ки дар бораи ҳодисаҳои баъд аз реҳлати Пайғамбари Ислом (с) ва масъалаи ҷонишинии пас аз ӯст.

Нависанда муддаӣ аст, ки дар ин китоб, дур аз таассуботи мазҳабию қавмӣ, воқеаи Сақифаро баррасӣ кардааст. Чораандешиҳои Пайғамбар (с) барои баъд аз реҳлати худ, таҷаммуъ дар Сақифаи Банӣ Соида, суханони муҳоҷирину ансор ва мавзеъҳои ҳазрати Алӣ (а) аз ҷумлаи баҳсҳои китоб аст.

Ин китоб ба забонҳои форсӣ, англисӣ ва урдӯ тарҷума шудааст.

Мавзӯи куллӣ

Ас-Сақифа, китобе аст, ки ҷараёни реҳлати Пайғамбари Ислом (с) ва ихтилофоти пас аз реҳлати ӯро баррасӣ мекунад. Нависанда дар ин китоб бо истифода аз маъхазҳои шиа ва суннӣ ба бозхонии ин қисмат аз таърихи Ислом мепардозад.

Нависанда

Навиштори аслӣ: Муҳаммадризо Музаффар

Муҳаммадризо Музаффар (1322 – 1383 ҳ.қ., Наҷаф) дар ҳавзаи илмийяи Наҷаф таҳсил кард[1] ва дар ростои густариши фарҳанг ва улуми исломии ҷамъияти Мунтад-ан-нашр, мадориси мунтадои Донишкадаи фиқҳ дар Наҷафро таъсис намуд.[2] Китобҳои Усули фиқҳ ва ал-Мантиқ аз осори ӯст, ки дар ҳавзаҳои илмийя тадрис мешаванд.[3]

Равиши нигориш

Тарҷумаи китоби «ас-Сақифа» чопи соли 1373 ҳ.ш., дар Қум

Музаффар вазифаи андешмандонро боло бурдани сатҳи огоҳии тӯдаи мардум медонист, ки аз назари ӯ ин кор бояд бо инсоф аз ҷониби шиа ва суннӣ бошад.

Мубоҳисаҳо ва мунозираҳои судбахш дар фазои озод бояд анҷом шавад ва нависандагони боинсофи шиаву суннӣ, ҳақоиқи исломиро он тавр, ки ҳаст, бинависанд, то ба ин васила гароишҳои таассубомез аз байн биравад ва мардум аз тақлиди беасос раҳоӣ ёбанд.[4]

Тарҷумаи китоби «ас-Сақифа» чопи соли 1395 дар Қум

Музаффар муътақид аст муваррих бояд дар навиштаи худ бо зудудани ғубори таассуботи қавмӣ, қабилаӣ, динӣ, ватанӣ ва ғ., аз фикру андешаи худ, ба баррасӣ ва баёни таърих бипардозад, то ба равшан шудани ҳақиқат кумак кунад.[5] Ӯ мегӯяд, ки худаш бо ҳамин равиш ба баррасии моҷарои Сақифа дар ин китоб мепардозад.[6]

Мазмун ва муҳтаво

Китоби ас-Сақифа дар чаҳор фасл тадвин шудааст:

* Фасли аввал: нависанда дар фасли аввал суолоте матраҳ мекунад ва бо истинод ба ривоёт саъй мекунад посухи суолотро бидиҳад, ӯ мепурсад: оё Пайғамбар аз иттифоқоти баъд аз реҳлати худ огоҳӣ ва итилоъе доштанд ё на?[7] Ва дар сурати мусбат будани посух, оё роҳи ҳалле барои ҷилавгирӣ аз вуқуи ин ҳодиса иттихоз карданд? оё ин эҳтимол, ки аҳли суннат иддао мекунанд, ки Расули Худо дар ин мавзӯъ ҳеҷ мавзеъе надошта ва онро ба ӯҳдаи уммат вогузор намудааст, дуруст аст?[8] ва онгоҳ нависанда ривоётеро аз он Пайғамбар дар бораи Амиралмуъминин Алӣ (а) ва низ Абубакр баён мекунад, то салоҳияти ҳар якро аз дидгоҳи Расули Худо барои хилофат баррасӣ кунад.[9]

* Фасли дуввум: нависанда дар фасли дуввум иқдомоти Пайғамбар барои ҷилавгирӣ аз ихтилофи уммати Исломро баррасӣ мекунад, ки аз ҷумлаи он ба эъзоми ҷайш (лашкар)-и Усома истинод мекунад.[10] Дархости қалам, давоту коғаз барои навиштани васиятнома дар мавзуи хилофатро иқдоми дигари Пайғамбар (с) барои ҷилавгирӣ аз ихтилоф медонад.[11]

* Фасли сеюм: нишаст ва гуфтугӯҳои Cақифа меҳвари фасл сеюм аст.[12] Нависанда, ангезаи ҳузури муҳоҷирин[13] ва ансор[14] дар иҷтимои сақифаро баррасӣ карда ва ҳамчунин хутбаҳои ҳозирин дар сақифаро баррасӣ мекунад.[15] Ҳодисаҳои заминасози байъат бо Абубакр, бахши дигари ин фасл аст.[16]

* Фасли чаҳорум: мавзеъҳои Амиралмуъминин (а) дар баробари сақифа[17] ва рафтори Имом Алӣ (а) дар баробари хулафоро баррасӣ мекунад.[18]

Тарҷума

  • Китоби ас-Сақифа тавассути Муҳаммадҷаводи Ҳуҷҷатии Кирмонӣ ба забони форсӣ тарҷума шуда ва дар соли 1373 ҳ.ш., бо унвони «Асрори сақифа» тавассути интишороти Ансориён дар Қум чоп ва мунташир шудааст.[19]
  • Сайид Ғуломризо Саидӣ китоби ас-Сақифаро ба забони форсӣ тарҷума карда ва бо унвони «Моҷарои Сақифа» ва бо муқаддимаи Сайидмаҳмуд Хисравшоҳӣ тавассути интишороти Ансориён дар соли 1395 ҳ.ш., мунташир намудааст.[20]
  • Китоби ас-Сақифа тавассути Сайидҳусайн Маҳдӣ Ал-Ҳусайнӣ ба забони урду тарҷума шуда ва тавассути интишороти Ансориён мунташир шудааст.[21]
  • Ҳасан Муҳаммад Наҷафӣ ин китобро ба забони англисӣ тарҷума карда, ки тавассути интишороти Ансориён чоп шудааст.[22]

Эзоҳ

  1. Сулаймонифар, Роҳкорҳои тақрибии Муҳаммадризо Музаффарсаҳ.15.
  2. Сулаймонифар, Роҳкорҳои тақрибии Муҳаммадризо Музаффарсаҳ.15.
  3. Сулаймонифар, Роҳкорҳои тақрибии Муҳаммадризо Музаффарсаҳ.16.
  4. Сулаймонифар, Роҳкорҳои тақрибии Муҳаммадризо Музаффарсаҳ.18.
  5. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1392 ҳ.қ.саҳ.11.
  6. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1392 ҳ.қ. саҳ.15.
  7. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1392 қ, саҳ.26.
  8. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1392 қ, саҳ.30.
  9. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1392 ҳ.қ. саҳ.55 ва саҳ.47.
  10. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1392 ҳ.қ.саҳ.72.
  11. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1392 ҳ.қ.саҳ.81.
  12. и Музаффар, ас-Сақифа, 1392 қ,саҳ.94.
  13. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1392 ҳ.қ.саҳ.123.
  14. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1392 ҳ.қ.саҳ.97.
  15. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1392 ҳ.қ.саҳ.125.
  16. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1392 ҳ.қ.саҳ.137.
  17. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1392 ҳ.қ.саҳ.148.
  18. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1392 ҳ.қ.саҳ.160.
  19. «اطلاعات کتاب اسرار سقیفه‌ "یک‌ بحث‌ جالب‌ تاریخی‌"», сайти Китобхонаи миллӣ.
  20. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1395 ҳ.ш.
  21. Ал-Музаффар, ас-Сақифа, 1316 ҳ.қ.
  22. «انتشارات انصاریان», сайти Китоби Қум.

Сарчашма

  • Сулаймонифар, Нидо, Роҳкорҳои тақрибии Муҳаммадризо Музаффар, маҷаллаи Мутолиъоти тақрибии мазоҳиби исломӣ, шумораи 26, зимистони 1390 ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, ас-Сақифа, Лубнон, Муассисат-ул-аълами ли-л-матбуъот, 1392 ҳ.қ.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Сақифа, тарҷумаи Саййидҳусайн Маҳдӣ ал-Ҳусайнӣ, Қум, интишороти Ансориён, 1316 ҳ.қ.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Сақифа, тарҷумаи Саидғуломризо Саъидӣ, Қум, интишороти Ансориён, 1395 ҳ.ш.
  • «اطلاعات کتاب اسرار سقیفه‌ "یک‌ بحث‌ جالب‌ تاریخی‌"», пойгоҳи Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон, таърихи боздид: 24, 08, 1396ҳ.ш..
  • «Иттилооти китоби Сақифа, тарҷумаи Муҳаммадҳасани Наҷафӣ», انتشارات انصاریان, таърихи боздид: 29, 08, 1396ҳ.ш.