Муртадди фитрӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Иртидоди фитрӣ)
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ аст ва наметавонад меъёре барои эъмоли динӣ бошад. Барои эъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Муртадди фитрӣ ба форсӣ: مُرْتَد فِطْری касе, ки падар ё модараш ё ҳар ду, мусулмон бошанд ва баъд аз булуғ, аз дини Ислом хориҷ шавад. Муҷозоти марди муртадди фитрӣ қатл аст, аммо зан зиндонӣ мешавад, то замоне, ки тавба кунад, ё бимирад.

Бино бар фатвои бештари фуқаҳои шиа, тавбаи марди муртадди фитрӣ қабул намешавад, бо ин ҳол, Оятуллоҳ Хуӣ аз мароҷеи тақлиди шиа дар қарни чаҳордаҳуми шамсӣ мӯътақид аст, ки тавбаи ӯ мӯҷиби бардошта шудани ҳукми қатл, фасхи издивоҷ ва тақсими амволаш байни вараса намегардад, аммо сабаби мусулмон шудан ва бахшида шудани гуноҳонаш мешавад.

Мафҳумшиносӣ

Мақолаи аслӣ: Иртидод

Муртадди фитрӣ касе аст, ки падар ё модараш, ё ҳар ду мусулмон бошанд ва баъд аз булуғ аз Ислом хориҷ шуда бошад.[1] Бино бар машҳур милоки Исломи падару модараш дар замони инъиқоди нутфа аст.[2] Бо ин ҳол, соҳиби Ҷавоҳир аз китоби «Расоил-ул-Ҷазоирӣ» ба унвони назари аҷиб нақл кардааст, ки падар ё модараш ё ҳар ду ба ҳангоми таваллуди ӯ мусулмон бошанд.[3]

Дар муқобили муртадди фитрӣ, муртадди миллӣ ба касе гуфта мешавад, ки ҳеҷ як аз падару модараш ҳангоми инъиқоди нутфааш мусулмон набошад ва баъд аз булуғ мусулмон шуда бошад ва сипас кофир шавад.[4]

Муҷозот

Ба назари машҳури фуқаҳои шиа, муртадди фитрӣ агар мард бошад, муҷозоташ қатл аст.[5] Ҳамчунин аз назари фуқаҳо, амволи муртадди фитрӣ байни вараса тақсим мегардад ва издивоҷаш фасх мешавад.[6] Ва аз мусулмон ҳам ирс намебарад.[7]

Зан агар муртадди фитрӣ шавад, бино бар назари фуқаҳои шиа кушта намешавад;[8] албатта зиндонӣ мешавад, то инки тавба кунад, ё бимирад.[9] Ҳамчунин издивоҷаш фасх мешавад.[10]

Бино бар назари теъдоде аз фуқаҳо, агар иртидоди фитрии зан, чаҳор бор такрор шавад, зан кушта мешавад.[11] Аммо Оятуллоҳ Хуӣ мӯътақид аст, зан ба сабаби такрори иртидоди фитрӣ ҳам кушта намешавад.[12]

Тавба

Ба гуфтаи Оятуллоҳ Хуӣ, машҳури фуқаҳо мӯътақиданд, тавбаи марди муртадди фитрӣ қабул намешавад.[13] Аммо бино ба назари Ибни Ҷунайди Аскофӣ аз фуқаҳои шиаи қарни чаҳоруми қамарӣ, агар муртадди фитрӣ тавба кунад, ҳукми қатлаш бардошта мешавад ва амволаш низ ба ӯ бозгардонда мешавад ва бидуни хондани ақди никоҳи ҷадид метавонад ба ҳамсараш руҷӯъ кунад.[14] Аммо ба бовари Оятуллоҳ Хуӣ, муртадди фитрие, ки тавба кунад, дар ҳукми мусулмон аст, ҳар чанд ҳукми қатл, фасхи издивоҷ ва тақсими амволаш бардошта намешавад,[15] аммо тавба сабаби бардошта шудани азоб, хулуд дар оташ, наҷосат, муҷоз набудани интихоби мусулмон ба унвони ҳамсар ва ирс набурдан аз мусулмон аз ӯ мешавад.[16]

Ба гуфтаи Оятуллоҳ Хуӣ тавба ба маънои изҳори надомат аз куфр аст ва изҳори надомат наметавонад муҷозотҳои амалии иртидод, ҳамчун қатлро аз байн брад.[17] Ӯ ҳамчунин мӯътақид аст, асари таквинии гуноҳ баъд аз тавба аз байн меравад, аммо далеле вуҷуд надорад, ки асари шаръии он ҳам бо тавба аз байн биравад.[18] Оятуллоҳ Хуӣ ҳамчунин гуфтааст, ки таноқузе байни ҳукми қатли муртад ва Ислом вуҷуд надорад; чароки аҳкоми дигаре монанди лавот вуҷуд дорад, ки мусулмон дар он маҳкум ба қатл аст ва бо тавба низ ҳукми қатлаш бардошта намешавад.[19]

Ҷусторҳои вобаста

Муртади миллӣ

Эзоҳ

  1. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.602.
  2. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.23; Хуӣ, ат-Танқиҳ, ат-таҳорат, 3, 1413ҳ.қ., саҳ.224.
  3. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.605.
  4. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳия, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.30; Хуӣ, ат-Танқиҳ, ат-таҳорат 3, 1413ҳ.қ., саҳ.224.
  5. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.605.
  6. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.605.
  7. Мусавии Ардабилӣ, Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот, ҷ.4 1429ҳ.қ., саҳ.102.
  8. Хуӣ, Мабонӣ такмилат-ул-минҳоҷ, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.399.
  9. Хуӣ, Мабонӣ такмилат-ул-минҳоҷ, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.399.
  10. Хуӣ, Мабонӣ такмилат-ул-минҳоҷ, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.399.
  11. Нигоҳ кунед ба: Хуӣ, Мабонӣ такмилат-ул-минҳоҷ, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.401.
  12. Хуӣ, Мабонӣ такмилат-ул-минҳоҷ, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.401.
  13. Хуӣ, ат-Танқиҳ, ат-таҳорат 3, 1413ҳ.қ., саҳ.224.
  14. Хуӣ, ат-Танқиҳ, ат-таҳорат 3, 1413ҳ.қ., саҳ.224.
  15. Хуӣ, ат-Танқиҳ, ат-таҳорат 3, 1413ҳ.қ., саҳ.224.
  16. Хуӣ, ат-Танқиҳ, ат-таҳорат 3, 1413ҳ.қ., саҳ.227.
  17. Хуӣ, ат-Танқиҳ, ат-таҳорат 3, 1413ҳ.қ., саҳ.225.
  18. Хуӣ, ат-Танқиҳ, ат-таҳорат 3, 1413ҳ.қ., саҳ.226.
  19. Хуӣ, ат-Танқиҳ, ат-таҳорат 3, 1413ҳ.қ., саҳ.228.

Сарчашма

  • Хуӣ, Абулқосим, ат-Танқиҳ фи шарҳ-ил-урват-ул-вусқо, тақрири Мирзоалии Ғаравӣ, Қум, Дорулҳодӣ, 1413ҳ.қ.
  • Хуӣ, Абулқосим, Мабонӣ такмилат-ул-минҳоҷ, Қум, муассисату эҳёъ осор-ил-имом-ил-Хуӣ, 1428ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, аддурусушшариъа фи фиқҳ-ил-имомия, Қум, Ҷомеатулмударрисин, 1404ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароеъ-ил-Ислом, Қум, муассисатулмаорифил-исломия, 1413ҳ.қ.
  • Мусавии Ардабилӣ, Сайид Абдукарим, Фиқҳ-ул-ҳудуд ва-т-таъзирот, Қум, Ҷомеъатулмуфид, 1429ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, таҳқиқи Иброҳим Султонӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1362ҳ.қ.