Муртадди миллӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Муртади миллӣ)
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ аст ва наметавонад меъёре барои эъмоли динӣ бошад. Барои эъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Муртадди миллӣ, ба форсӣ: مُرْتَد مِلّی дар баробари муртадди фитрӣ, касе аст, ки падару модараш мусулмони набуда, аммо худаш баъд аз булуғ мусулмон шуда ва сипас аз Ислом хориҷ шудааст.

Муртадди миллӣ аз тасарруф дар амволаш манъ мешавад ва ҳамчунин издивоҷаш фасх мегардад. Агар марди муртадди миллӣ тавба накунад, муҷозоташ қатл аст, аммо зан зиндонӣ мешавад то онки тавба кунад, ё бимирад.

Мафҳумшиносӣ

Мақолаи аслӣ: Иртидод

Муртади миллӣ, касе аст, ки падару модараш дар ҳангоми инъиқоди нутфааш мусулмон набудаанд ва худ пас аз булуғ мусулмон шуда, аммо дубора кофир шавад.[1] Дар баробари муртади миллӣ, муртади фитрӣ касе аст, ки аз падару модари мусулмон таваллуд шуда, аммо баъд аз булуғ кофир шавад.[2]

Муҷозот

Барои муртади миллӣ муҷозотҳое таъйин шудааст: ба марди муртади миллӣ фурсати тавба дода мешавад ва агар тавба накунад, кушта мешавад.[3] Аммо зан, зиндонӣ мешавад ва дар вақтҳои намоз танбеҳ мешавад, то инки тавба кунад, ё аз дунё баравад.[4]

Дар сурати такрори иртидод аз сӯи зан, ба фатвои теъдоде аз фақеҳон, дар сеюмин ё чаҳорумин бор эъдом мешавад,[5] аммо ба фатвои Сайид Абулқосими Хуӣ, зани муртад бо такрори иртидод ҳам эъдом намешавад.[6]

Аҳком

Аҳком ва паёмадҳои иртидоди миллӣ иборатанд аз:

* Манъ аз тасарруф дар амвол; ба фатвои бархе аз фақеҳон муртади миллӣ то замоне, ки тавба накунад, наметавонад дар амволаш тасарруф кунад.[7] Бо ин ҳол, Сайид Абулқосими Хуӣ манъи муртади миллӣ аз тасарруф дар амволашро ҷоиз намедонад.[8]

* Фасхи ақди издивоҷ; бино ба назари фақеҳони шиа, иртидод боиси фасхи издивоҷ мешавад, албатта агар наздикӣ сурат гирифта бошад, ақди издивоҷ баъд аз тамом шудани иддаи зан (иддаи талоқ: се давра пок шудан аз хуни ҳайз) фасх мешавад.[9]

* Дуруст набудани издивоҷ; бино ба гуфтаи машҳури фақеҳони шиа, издивоҷи муртад бо мусулмон ва кофир дуруст нест.[10] Бо ин ҳол Сайид Абулқосими Хуӣ издивоҷи марди муртад бо зани кофирро дуруст донистааст.[11]

* Маҳрумият аз ирс; муртад аз мусулмон ирс намебарад, аммо мусулмон аз ӯ ирс мебарад.[12]

* Наҷосат; муртади миллӣ наҷас аст.[13]

Ба назари фақеҳони шиа, тавбаи муртади миллӣ боиси аз байн рафтани муҷозотҳо ва паёмадҳои он мегардад.[14]

Ҷусторҳои вобаста

Муртади фитрӣ

Эзоҳ

  1. Шаҳиди Cонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.30.
  2. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.170.
  3. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.170; Хуӣ, Мабонӣ такмилат-ил-минҳоҷ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.396.
  4. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.610 - 613; имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.365 - 368; Хуӣ, Мабонӣ такмилат-ил-минҳоҷ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.399 - 401.
  5. Нигоҳ кунед ба: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.172; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.31.
  6. Хуӣ, Мабонӣ такмилат-ил-минҳоҷ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.401.
  7. Нигоҳ кунед: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.620.
  8. Хуӣ, Мабонӣ такмилат-ил-минҳоҷ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.396.
  9. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, ҷ.41, саҳ.615; Хуӣ, Мабонӣ такмилат-ил-минҳоҷ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.396.
  10. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1351ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.289; Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1429ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.423; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.172; Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, муассисаи Олулбайт, ҷ.2, саҳ.21; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.602.
  11. Хуӣ, Мабонӣ такмилат-ил-минҳоҷ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.405.
  12. Барои намуна нигоҳ кунед: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.39, саҳ.17.
  13. Барои намуна нигоҳ кунед: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.293.
  14. Нигоҳ кунед ба: Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.30.

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, Дорулъилм, 1379ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайиди Абулқосим, Мабонӣ такмилат-ил-минҳоҷ, Қум, муассисаи эҳёу осор-ил-имом-ил-Хуӣ, 1422ҳ.қ.
  • Шаҳиди Cонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқия, шарҳи Сайид Муҳаммади Калонтар, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Cонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароеъ-ул-Ислом, Қум, муассисатулмаорифил-исломия, 1413ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком, Қум, муассисату Олулбайт лиэҳёилтурос, бе то.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ: Абдулҳусайн Муҳаммадалии Баққол, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоъид, Қум, муассисаи Олулбайт лиэҳёилтурос, 1429ҳ.қ.
  • Мусавии Ардабилӣ, Сайидабдукарим, Фиқҳ-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, Қум, муассисаи интишороти донишгоҳи Муфид, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, таҳқиқи Иброҳим Султонӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1362ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи-л-фиқҳ-ил-имомия, Муҳаммадбоқири Беҳбудӣ, Теҳрон, мактабатур-Разавия, 1351ҳ.ш.