Хотамбахшӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Инфоқи имом Алӣ дар намоз)

Хотамбахшӣ (форсӣ: خاتَم‌بَخشی), моҷарои бахшидани ангуштар (хотам) тавассути Имом Алӣ (а) ба фақир дар рукӯъи намоз аст. Ин воқеа дар китобҳои ривоии шиа ва аҳли суннат нақл шуда ва ба гуфтаи муффасирон, ояти Вилоят дар бораи ин воқеа нозил шуд. Аз хотамбахшӣ ба унвони яке аз фазоили Имом Алӣ (а) ёд шудааст.

Бархе аз фақеҳони шиа, бо истинод ба хотамбахшии Имом Алӣ (а) гуфтаанд: ҳаракоти ҷузъии бадан, намозро ботил намекунад. Иддае ишкол кардаанд, ки шунидани садои дигарон дар намоз, бо ҳолоти ирфоние, ки ҳангоми намоз аз ҳазрати Алӣ (а) нақл шудааст, созгор нест. Дар посух гуфтаанд, ки ҳам намози ҳазрати Алӣ (а) ва ҳам, инфоқи ӯ барои Худо будааст; аз ин рӯ, тазодде байни он ду нест.

Моҷаро

Бар асоси бархе ривоёт, рӯзе фақире вориди масҷиди Пайғамбар шуда, ёрӣ талабид, аммо ҳеҷ касе ба ӯ чизе надод. Ӯ дасти худро ба сӯи осмон бардошту гуфт: Худоё, шоҳид бош, ки ман дар масҷиди Расули Ту ёрӣ талабидам, аммо касе ба ман чизе надод. Дар ҳамин ҳол, Алӣ (а) ки дар ҳоли рукӯъ буд, ба ангушти хурдии дасти рости худ, ишора кард, фақир наздик омаду ангуштарро аз дасти ӯ берун овард.[1]

Шайхи Муфид таърихи ин моҷароро 24 зилҳиҷҷа донистааст.[2] Бино ба ривояти дигаре, Пайғамбар, Имом Алиро ба Яман фиристода буд, вақте ки ба Макка расид дар рукӯъи намоз буд, ки ангуштарашро ба фақир дод.[3] Файзи Кошонӣ (ваф.1091ҳ.қ.) эҳтимол додааст, ки нузули оят, баъд аз бахшдани дуюмин ангуштар нозил шуда бошад.[4]

Шоирони бисёре дар бораи моҷарои хотамбахшии Имом Алӣ (а) шеър сурудаанд, Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр дар байте аз шеъри маъруфаш ба хотамбахшии ҳазрати Алӣ (а) ишора кардааст:

Бирав эй гадои мискин, дари хонаи Алӣ зан,
Ки нигини подшоҳӣ, диҳад аз карам гадоро.[5]

Ҳассон ибни Собит, шоири бузург ва машҳури таърихи Ислом низ дар бахше аз шеъраш дар бораи ин фазилати Имом Алӣ (а) мегӯяд: эй Абӯлҳасан! Ҷонам ва хонадонам фидоят бод ва ҳар он ки дар роҳи ҳидоят, нармгом ва шитобон аст. Оё ситоиши дӯстдоронат дар ҳаққи ту, нобуд мешавад? Ин ситоиш, дар пешгоҳи Худованд, ҳаргиз аз байн намеравад. Ту ҳамоне ки дар рукӯъ бахшидӣ. Алӣ! Ҷони ҳамагон фидоят, эй беҳтарин рукӯъкунанда! Худованд, беҳтарин вилоятро дар шаъни ту фурӯ фиристод ва онро дар қавонини устувори дин, табйин кард.[Ёддошт 1][6]

Носири Хусрав низ дар ду байт аз яке аз қасидаҳояш мегӯяд:

Он чи Алӣ дод дар рукуъи фузун буд,
З-он ки ба умре бидод Ҳотами Тоӣ.
Гар ту ҷуз ӯро ба ҷой ӯ бинишондӣ,
Валлоҳи валлоҳ ки бар тариқи хатоӣ.[7]

Нузули ояти Вилоят

Мақолаи аслӣ: Ояти Вилоят

Муффасирон, шаъни нузули ояти «إِنّما وَلیکُمُ اللهُ و رَسولُهُ والّذینَ ءَامَنوا الَّذینَ یقِیمُونَ الصَّلوةَ و یؤتُونَ الزَّکوة و هُم راکِعونَ»; валии шумо фақат Худо, Пайғамбар ва мӯъминоне ҳастанд, ки намозро ба по дошта, дар рукуъ закот медиҳанд!»,[8] машҳур ба ояти Вилоятро моҷарои хотамбахшии ҳазрати Алӣ (а) медонанд.[9] Ба гуфтаи Қозӣ Азудиддини Иҷӣ аз мутакаллимони аҳли суннат, муффасирон бар нузули ин оят дар шаъни Алӣ (а) иҷмоъ доранд;[10] ҳарчанд дар бархе тафосири аҳли суннат омадааст, ки ояти Вилоят дар бораи афроди дигаре нозил шудааст.[11]

Бисёре аз саҳоба монанди Ибни Аббос,[12] Аммор,[13] Абӯзар,[14] Анас ибни Молик,[15] Абурофеъи Маданӣ[16] ва Миқдод[17] нузули ояти Вилоятро дар шаъни ҳазрати Алӣ ва пас аз хотамбахшии ӯ донистаанд. Моҷарои хотамбахшии ҳазрати Алӣ (а) дар китобҳои ривоӣ ва тафсирии шиа ва суннӣ омадааст.[18]

Хусусиёти ангуштар

Аз Имом Содиқ (а) ривоят шудааст, ки вазни ҳалқаи ангуштаре, ки ҳазрати Алӣ (а) ба фақир дод, чор мисқол, вазни нигини он панҷ мисқол ва ҷинси он нигин, ёқути сурх будааст ва нархи он бо молиёти Шом (300 бори шутур нуқра, 4 бори шутур тилло) баробарӣ мекардааст. Ин ангуштар аз они Марвон ибни Тавқ буд, ки дар ҷанг ба дасти ҳазрати Алӣ (а) кушта шуд. Ҳазрати Алӣ ангуштари онро ба унвони ғанимати ҷангӣ назди Расули Аллоҳ ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бурд, Пайғамбар низ онро ба ӯ ҳадя дод.[19] Дар бораи арзиши ангуштаре, ки Имом Алӣ (а) инфоқ кардааст, нақли қавлҳои мутааддиде шудааст, ки гоҳ ғайривоқеӣ менамояд ва он чи мантиқитар ба назар мерасад, ин аст, ки набояд ангуштаре бисёр қиматӣ бошад, ки арзиши амали Имом ба арзиши ангуштар пайванд дода бишавад, балки он чи амали имомро шоистаи нузули оят кардааст, ихлоси беназири ҳазрати Алӣ ва таваҷҷуҳ ба Зоти Муқаддаси Худованд ва ба даст овардани ризояти Ӯст. Дар ривояте дар Маҷмаъ-ул-баён дар бораи ҷинси ангуштар фақат ба нуқра буданаш иктифо шудааст ва ҳеҷ тавзеҳи бештаре наёмадааст.[20][Ёддошт 2]

Истифодаҳои фиқҳӣ

Бархе аз фақеҳони шиа барои исботи ин ки ҳаракоти ҷузъии бадан, намозро ботил намекунад, ба хотамбахшии ҳазрати Алӣ (а) дар ҳоли рукуъ истинод кардаанд.[21] Бархе низ барои исботи ин ки ният, як амали қалбӣ аст ва лозим нест ба забон биёяд, ба он истидлол кардаанд,[22] ҳамчунин бо тавваҷӯҳ ба ин ки оят аз хотамбахшӣ бо унвони закот ёд кардааст, аз ин моҷаро натиҷа гирифтаанд, ки закот шомили садақаи мустаҳаббӣ низ мешавад.[23]

Бархе гуфтаанд, тавваҷӯҳ ба фақир ва шунидани садои ӯ дар намоз, бо ҳолоти ирфоние, ки ҳангоми намоз аз ҳазрати Алӣ (а) нақл шудааст, созгор нест. Дар посух гуфтаанд, ки ҳам, намози ҳазрати Алӣ ва ҳам, инфоқи ӯ барои Худо будааст; аз ин рӯ, тазодде вуҷуд надорад, ки дар ҳоли намоз садои фақирро бишунавад ва барои ризои Худо ба ӯ инфоқ кунад; ҳамонгуна ки Пайғамбар дар ҳоли намоз овози гиряи кӯдакеро шунид ва намозро зӯдтар аз ҳамеша ба поён бурд.[24] Аллома Маҷлисӣ гуфтааст, ки тавваҷӯҳ ба ибодати дигаре дар намоз, тазодде бо камоли намоз ва ҳузури қалб дар он надорад.[25] Бархе аз орифон низ бо ин нукта, ки нуфуси қавӣ метавонанд ҳамзамон беш аз як корро ба сурати комил ва бо тавваҷӯҳи тамом анҷом диҳанд, кори Имом Алӣ (а)-ро тавҷеҳ кардаанд, ки ӯ бар ҳамин асос дар лаҳзаи инфоқ аз ҳолати ибодат ва тавваҷӯҳи тамому комил ба маъбуд хориҷ нашудааст.[ниёзманди манбаъ]

Эзоҳ

  1. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.209 - 239.
  2. Шайхи Муфид, Масорр-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., саҳ.41.
  3. Ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.454.
  4. Файзи Кошонӣ, Тафсири Софӣ, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.46.
  5. گنجور؛ غزلیات، غزل شماره۲.
  6. Ал-Тустарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, ҷ.2, саҳ.402.
  7. «ناصرخسرو، دیوان اشعا، قصاید», сайти Ганҷур
  8. Сураи Моида, ояти 55.
  9. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.209 - 239.
  10. Иҷӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, Оламулкутуб, саҳ.405.
  11. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.425.
  12. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.232.
  13. Суютӣ, ал-Дурр-ул-мансур, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.106.
  14. Ибни Таймия, Тафсир-ул-кабир, 1408ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.26.
  15. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.225.
  16. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, бе то, ҷ.1, саҳ.320 - 321, ҳадиси 9559.
  17. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.228.
  18. Суютӣ, ал-Дурр-ул-мансур, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.105; Ибни Абиҳотам, Тафсир ал-Қуръон-ил-азим, 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1162; Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.4, ҷ.6, саҳ.390.
  19. Баҳронӣ, ал-Бурҳон, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.326 - 327; Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.259 - 260.
  20. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, ҷ.3, саҳ.263.
  21. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, ҷ.1, саҳ.244.
  22. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.81, саҳ.281; Астарободӣ, Оёт-ул-аҳком, 1394ҳ.қ., саҳ.244.
  23. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158.
  24. Табасӣ, Нишони вилоят ва ҷараёни хотамбахшӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.49.
  25. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.81, саҳ.281.

Ёддошт

  1. أبا حَسَنٍ تَفدیکَ نَفسی ومُهجَتی وکُلُّ بَطیءٍ فِی الهُدی ومُسارِعِ أیَذهَبُ سَعیٌ فیمَدیحِکَ ضائِعا ؟ ! ومَا المَدحُ فی جَنبِ الإِلهِ بِضائِعِ فَأَنتَ الَّذی أعطَیتَ إذ کُنتَ راکِعا فَدَتکَ نُفوسُ القَومِ یا خَیرَ راکِعِ فَأَنزَلَ فیکَ اللّهُ خَیرَ وِلایَهٍ فَثَبَّتَها فی مُحکَماتِ الشَّرائِعِ
  2. إن النبي خرج إلى المسجد والناس بين قائم وراكع، فبصر بسائل، فقال النبي: هل أعطاك أحد شيئا؟ فقال: نعم خاتم من فضة، فقال النبي صلى الله عليه وآله وسلم: من أعطاكه؟ قال: ذلك القائم - وأومى بيده إلى علي - فقال النبي صلى الله عليه وآله وسلم: على أي حال أعطاك؟ قال: أعطاني وهو راكع. فكبر النبي، ثم قرأ: (ومن يتول الله ورسوله والذين آمنوا فإن حزب الله هم الغالبون)

Сарчашма

  • Астарободӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Оёт-ул-аҳком фи тафсир калом-ил-малик-ил-аллом, тасҳеҳ: Муҳаммадбоқир Шарифзода Гулпойгонӣ, Теҳрон, китобфурӯшии Меъроҷӣ, 1394ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим ибни Сулаймон, ал-Бурҳон фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳ: қисмул-диросотил-исломия, муассисаи ал-Беъсат, Қум, муассисаи Беъсат, 1374ҳ.ш.
  • Ибни Абиҳотам, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Тафсир ал-Қуръон-ил-азим муснадан ан Расулиллоҳи ва-с-саҳобати ва-т-тобеин, таҳқиқи Асъад Муҳаммад ал-Тайиб, Бейрут, алмактабатулъасрия, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Аҳмад, Тафсир-ул-кабир, таҳқиқ: Абдурраҳмон Умайра, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол (т - алқадима), Теҳрон, Дорулкутубилисломия, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, 1409ҳ.қ.
  • Иҷӣ, Абдурраҳмон, ал-Мавоқиф фи илм-ил-калом, Бейрут, Оламулкутуб, бе то.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисаи алтабъу ва-н-нашр, 1410ҳ.қ.
  • Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбит-ул-масоил, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1408ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ал-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсир би-л-маъсур, Бейрут, Дорулфикр, 1403ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, таҳқиқ: Ҳамдӣ Абдулмаҷид ал-Салафӣ, чопи дувум, Бейрут, Дору эҳёилтурос, бе то.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён ан таъвил-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулфикр, 1408ҳ.қ.
  • Табасӣ, Муҳаммадҷавод, Нишони вилоят ва ҷараёни хотамбахшӣ, фарҳанги Кавсар, шумораи 48, исфанди 1379ҳ.ш.
  • Фозили Козимӣ, Ҷавод ибни Саъди Асадӣ, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, бе ҷо, бе то.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Масорр-уш-шиъа, Бейрут, Дорулмуфид, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Ҳиллӣ (Фозили Миқдод), Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, интишороти Муртазавӣ, 1425ҳ.қ.
  • Ҳокими Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил лиқавоид-ит-тафзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, чопи дувум, Қум, маҷмаъи эҳёус-сақофат-ил-исломия, 1411ҳ.қ.