Имомулфуқаҳо (маҷмуаи телевизионӣ)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Имом-ул-фуқаҳо)

Имомулфуқаҳо (арабӣ: اِمامُ الْفُقَهاء) маҷмӯъаи телевизиюнӣ дар бораи зиндагии Имом Содиқ (а) ба коргардонии Сомӣ Ҷанодӣ сурияӣ ва нависандагии Ҳомид ал-Алӣ кувайтӣ аст. Ин сериял бо ҳимояти ширкати кувайтии ал-Хайр дар сӣ қисмат тавлид ва дар соли 2012 аз шабакаи ал-Ироқия дар Ироқ пахш шуд.

Нишон додани чеҳраи Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) сабаб шуд бархе аз мароҷеъи тақлид аз ин сериял интиқод кунанд. Ин маҷмӯъаи телевизиюнӣ дар соли 2021 аз шабакаи ал-Кавсари садовусимои Ҷумҳурии исломии Эрон пахш шуд; албата дар ин пахш, чеҳраи бозигарон дар нақши имомон (а) пӯшоанда шуда буд. Ишора накардан ба имомати Имом Содиқ (а) ва нишон додани шахсияти ӯ дар ҳадди як фақиҳ, аз дигари интиқодот ба ин сериял буд.

Достон

Достони серияли Имомулфуқаҳо дар бораи зиндагии Имом Ҷаъфари Содиқ (а) дар байни аҳли суннат, мадрасаи вай дар Масҷидуннабӣ ва парвариши шогирдон дар он аст.[1] Бахши аввали ин сериял дар бораи Зайд ибни Алӣ аст ва дар идома ба тарбияти имомони чоргонаи аҳли тасаннун ба дасти Имом Содиқ (а) мепардозад.[2] Дар ин сериял ба бахше аз таърихи ҷаҳони Ислом, даргирӣ Банӣ Умия ва Банӣ Аббос бар сари хилофат ва ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеъаи он даврон низ ишора шудааст.[3]

Тавлид ва пахш

Серияли Имомулфуқаҳо ба воситаи ширкати кувайтии ал-Хайр таҳия ва ҳазинаи он ба кумаки шиаёни Кувайт таъмин шуд. Сомӣ Ҷунодӣ сурияӣ коргардонӣ ва Ҳомид ал-Алӣ нависандаи кувайтӣ филмноманависии онро бар ӯҳда доштанд.[4] Ин сериял дар шаҳраки ал-Файсали Кувайт тасвирбардорӣ шуд. Нақши Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а)-ро Холид ал-Омир бозигари кувайтӣ ва Алӣ Шақир бозигари лубнонӣ бар ӯҳда доштанд.[5] Айман Зайдон, бозигари сурияӣ, низ дар нақши Ҳишом ибни Абдулмалик (халифаи умавӣ) нақшофаринӣ кардааст.[6] Ин сериял дар сӣ қисмати 45 дақиқаӣ тавлид шудааст.[7]

Ба нақли бархе манобеи хабарӣ, филмномаи ин маҷмуъаи телевизиюнӣ ба таъйиди Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ аз уламои шиа ва Шайх Муътасим ас-Сайид Аҳмад Рӯҳонӣ, мустабсири судонӣ расидааст.[8]

Маҷмӯъаи телевизиюнии Имомулфуқаҳо дар тобистони 2012 аз шабакаи ал-Ироқия дар Ироқ пахш шуд.[9] Пас аз он дар 24 майи 2021 дар шабакаи ал-Кавсари садову симои Ҷумҳурии исломии Эрон пахш гардид;[10] албата дар шабакаи ал-Кавсар, чеҳраи бозигарон дар нақши имомон (а) пӯшонда шуд.[11]

Вокуниши уламо ва мароҷеъ ба нишон додани чеҳраи имомон (а)

Пахши серияли Имомулфуқаҳо дар шабакаи ал-Ироқия вокунишҳои мусбату манфии гурӯҳе аз уламо ва мароҷеъро ба ҳамроҳ дошт; аз ҷумла:

  • Сайид Муҳаммадсодиқи Рӯҳонӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа, эълом кард ки агар чеҳраи имомон намоиш дода шавад, чун ҳеҷ касе дар андозае аз тақво нест, ки муносиби чунин коре бошад, тавлид, хариду фурӯш ва мушоҳидаи ин сериял ҳаром аст.[12]
  • Сайид Алӣ Ҳусайнӣ Систонӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа дар Наҷаф, муҳтавои серияли Имомулфуқаҳо ва намоиши чеҳраи имомон (а)-ро саҳеҳ надониста ва гуфтааст, ки иҷозае мабнӣ бар намоиш додани чеҳраи маъсумон (а) содир накардааст.[13] Пеш аз он ахборе мунташир шуд бинобар он ки Сайид Алии Систонӣ ва дигар мароҷеъ, иҷозати ба тасвир кашида шудани чеҳраи аъимма (а)-ро содир кардаанд.[14]
  • Сайид Муҳаммадбоқири Муҳрӣ, намояндаи вақти мароҷеъи тақлид дар Кувайт, пахши серияли Имомулфуқаҳоро бидуни ишколи шаръӣ хонд ва тасреҳ кард, ки бозигари нақши Имом Содиқ (а) мардии шариф ва фозил асту мухолифати бархе афрод бо пахши сериялро ношӣ аз ихтилофоти фирқаӣ хонд.[15]

Аз дигар интиқодот ба ин сериял, тасвир кардани шахсияти Имом Содиқ (а) ба унвони як фақиҳ ва набераи Имом Алӣ (а) ва ишора накардан ба ҷойгоҳи имомати ӯст.[16]

Эзоҳ

  1. «سوری‌ها و کویتی‌ها سریال امام صادق(ع) را می‌سازند», вебсайти Мавъуд
  2. «حرکتی نامتعارف در سریالی شیعی/تصاویر», вебсайти хабарӣ-таҳлилии Қудс-онлайн
  3. «سریال تاریخی امام صادق (ع) به تلویزیون آمد», вебсайти Хабаргузории садову симо
  4. «امام الفقهاء؛ سریالی شیعی با خطایی بزرگ», вебсайти Мавъуд
  5. «حرکتی نامتعارف در سریالی شیعی/تصاویر», вебсайти хабарӣ-таҳлилии Қудс-онлайн
  6. «ساخت سریال امام صادق درمیان غفلت ایران», вебсайти Машриқ
  7. «سریال تاریخی امام صادق (ع) به تلویزیون آمد», вебсайти Хабаргузории садову симо
  8. «امام الفقهاء؛ سریال مورد اختلاف علمای شیعه», вебсайти Хабаргузории байналмилалии Қуръон (ИКНА)
  9. «حرکتی نامتعارف در سریالی شیعی/تصاویر», вебсайти хабарӣ-таҳлилии Қудс-онлайн
  10. «سریال امام صادق(ع) از امشب روی آنتن می‌رود», вебсайти Хабаргузории байналмилалии Қуръон (ИКНА)
  11. «سریال تاریخی امام صادق (ع) به تلویزیون آمد», вебсайти Хабаргузории садову симо
  12. «حضرت آیت الله العظمی روحانی: تولید و مشاهده فیلم‌هایی که چهره ائمه اطهار را نمایش دهند، حرام است», вебсайти иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадсодиқи Рӯҳонӣ
  13. «نظر آیت الله سیستانی درخصوص نمایش چهره معصومین در برخی شبکه‌ها», вебсайти Шиа-Ниюс
  14. «امام الفقهاء سریالی شیعی با خطایی بزرگ + عکس», вебсайти таҳлилӣ-хабарии 598
  15. «امام الفقهاء؛ سریال مورد اختلاف علمای شیعه», вебсайти Хабаргузории байналмилалии Қуръон (ИКНА)
  16. «جای خالی آثار هنری حول محور زندگی امام صادق(ع)/ سینمای متعهد دست به کار شود», вебсайти хабарии Соҳиб-Ниюс

Сарчашма