Издивоҷи Алӣ (а) ва Фотима (с)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Издивоҷи Алӣ Фотима)

Издивоҷи Алӣ (а) ва Фотима (с) (форсӣ: ازدواج علی (ع) و فاطمه(س)) ба издивоҷи ҳазрати Алӣ (а) бо ҳазрати Фотима (а) духтари Пайғамбар (с) ишора мекунад. Тибқи сарчашмаҳои ҳадисӣ, пеш аз Имом Алӣ (а) касони дигаре аз Фотима (а) хостгорӣ карда буданд, Пайғамбар (с) дар ҷавоб ба онҳо мегуфт, ки издивоҷи Фотима дар дасти Худост.

Хутбаи ақди Алӣ (а) ва Фотимаро Пайғамбар (с) хонд. Бинобар назари маҳшур маҳрия ҳазрати Фотима (с) 500 дирҳам (муодили 1500 грамм нуқраи холис) зикр шудааст, ки ин маблағ маҳруссуннат (مَهرالسُّنة) номида мешавад. Тибқи ривоятҳо, Имом Алӣ (а) зиреҳи худро фурӯхт ва Пайғамбар (с) он пулро барои ҷаҳизияи ҳазрати Фотима (с) сарф кард. Ҳамчунин дар шаби издивоҷи ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) ба аҳли Мадина таом доданд.

Бар асоси гузоришҳои таърихӣ ва ривоӣ, издивоҷи Алӣ (а) ва Фотима (с) дар соли дуюм ё сеюми қамарӣ рух додааст. Аммо дар бораи рӯз ва моҳи он назарҳои гуногун вуҷуд доранд. Тибқи он чи дар «Маноқибу Оли Абитолиб» (навишташуда дар асри 6 қамарӣ) омадааст, ақди никоҳи Фотима дар аввали моҳи зилҳиҷҷа ва издивоҷи ӯ дар шашуми зулҳиҷҷаи соли дуюми қамарӣ будааст. Дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон 1-уми моҳи зулҳиҷҷа ба муносибати солгарди издивоҷи ҳазрати Алӣ (а) ва Фотима (с) рӯзи издивоҷ номгузорӣ шудааст.

Хостгорӣ аз Фотима

Бар асоси манобеъ, қабл аз хостгории ҳазрати Алӣ (а), чанд тан аз саҳоба монанди Абубакр ибни Абуқуҳофа ва Умар ибни Хаттоб аз Фотима хостгорӣ карда буданд. Пайғамбар (с) дар ҷавоби онҳо, издивоҷи Фотимаро ба дасти Худо медонист.[1] Бар пояи ривояте, ки дар Амолии Шайхи Тусӣ аз Имом Алӣ (а) нақл шудааст, Имом Алӣ аз Пайғамбар, Фотимаро хостгорӣ кард, Пайғамбар натиҷаро ба назари Фотима мавкул кард. Фотима дар ҷавоби Пайғамбар сукут кард ва Пайғамбар сукути Фотимаро далел бар ризояташ донист.[2] Баъд аз ин ҷараён Ҷабраил бар Пайғамбар нозил шуда, аз ӯ хост Фотимаро ба издивоҷи Алӣ дароварад; зеро Худо розӣ аст, ки Заҳро барои Алӣ ва Алӣ барои Заҳро бошад.[3] Баъд аз издивоҷи ҳазрати Алӣ бо Фотима бархе аз муҳоҷирон, ки пештар аз Фотима хостгорӣ карда буданд, аз Пайғамбар гилоя карданд, Пайғамбар (с) дар ҷавоби онҳо издивоҷи Алӣ ва Фотимаро ба дастури Худо дониста буд.[4]

Хутбаи ақд

Бинобар нақли Ибни Шаҳрошӯб (ваф. 588ҳ.қ.) дар Маноқиби оли Абитолиб, Пайғамбар (с) дар ҳангоми издивоҷи Фотима (с) ва Алӣ (а) бар минбар рафта хутбае хонду гуфт: Худованд ба ман дастур додааст, ки Фотимаро ба ақди Алӣ дароварам ва ин корро анҷом дод.[5]

Дар сарчашмаҳои таърихӣ барои Имом Алӣ (а) дар даврони зиндагӣ бо Фотима (с) ҳамсари дигаре зикр нашудааст.

Санаи издивоҷ

Дар бораи санаи издивоҷи Алӣ (а) ва Фотима ихтилофи назар вуҷуд дорад. Аз ҷумлаи назарҳое, ки дар ин замина матраҳ шуда:

Ба гуфтаи Муҳамадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ (тав. 1327ҳ.ш.) - таърихпажӯҳ, фосилаи замони ақд то издивоҷи Фотимаю Алӣ (а) тақрибан даҳ моҳ будааст. Ӯ эҳтимол додааст, ки зудҳангом иҷро намудани Пайғамбар сиғаи ақдро барои ин будааст, ки хостгорони қаблии Фотима ҷавоби равшане дарёфт кунанд. Ҳамчунин дерҳангом дар барпоии маросими арусӣ барои ин будааст, ки Фотима аз назари ҷисмӣ рушд кунад ва ба ҳадди занони дигар бирасад.[14]

Синни Фотима ҳангоми издивоҷ

Дар бораи синни Фотима ба ҳангоми издивоҷ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Ба гуфтаи Сайид Муҳсини Амин (ваф. 1371ҳ.қ.) - тароҷимнигори шиа, ин ихтилоф ба ихтилофи назар дар бораи санаи таваллуд ва низ санаи издивоҷи ӯ бармегардад. Аз он ҷо ки бинобар назари машҳур, Фотима дар соли панҷуми беъсат ба дунё омадааст ва ихтилоф дар бораи издивоҷи ӯ дар соли аввал, дувум ва сеюми қамарӣ аст, синни ӯ ҳангоми издивоҷ нуҳ, даҳ ва ё ёздаҳ сол зикр шудааст.[15] Бо ин ҳол, дар бархе манобеъ синни Фотима ҳангоми издивоҷ 18 сол[16] ва дар бархеи дигар понздаҳ солу панҷ моҳ[17] зикр шудааст.

Ҳамчунин дар китоби ал-Истиъоб аз манобеи саҳобанигории қарни панҷуми қамарӣ, синни Имом Алӣ (а) ҳангоми издивоҷ 21 сол зикр шудааст.[18]

Маҳрия ва ҷаҳизия

Мақолаи аслӣ: Ҷаҳизияи ҳазрати Фотима (с)

Дар ривоёт, меҳрияи ҳазрати Фотима (с), дувоздаҳу ним авқия,[19] 500 дирҳам, 480 дирҳам ва 400 мисқоли нуқра[20] зикр шудааст. Ба гуфтаи Ибни Шаҳрошӯб (488 - 588ҳ.қ.) - муҳаддиси шиа, саҳеҳтар 500 дирҳам аст.[21] Ӯ иллати ихтилофро ривоёте донистааст, ки бар асоси онҳо маҳрияи ҳазрати Фотима каттони бофти Яман, пӯсти даббоғинашуда ва гиёҳе хушбӯ ва тибқи бархеи дигар, зиреҳ ва пӯсти даббоғинашудаи гӯсфанд ё шутур будааст.[22] 500 дирҳам, ки маҳрияи ҳамсарон ва духтарони Пайғамбар (с) будааст маҳруссуннат номида мешавад.[23] Ва муодили ҳудуди 1500 грамм нуқраи холис аст.[24]

Бинобар нақли Шайхи Тусӣ дар китоби Амолӣ, Имом Алӣ (а) ба фармони Пайғамбар (с) зиреҳи худро фурӯхт.[25] Пайғамбар (с) миқдоре аз пули онро ба Билоли Ҳабашӣ дод, то барои Фотима атр таҳия кунад.[26] Сипас боқимондаи онро барои таҳияи васоили мавриди ниёзи зиндагӣ, ба Абубакр дод, ки ҳамроҳи Аммори Ёсир ва чанд тан аз саҳоба ҷаҳизияро таҳия кунанд ва онҳо низ зери назари Абубакр, ҳарчизеро ки лозим буд, харидроӣ карданд.[27] Аз ҷумлаи мавориди ҷаҳизияи ҳазрати Фотима, пироҳане буд, ки ҳазрати Заҳро шаби арусии худ дар пайи тақозои зани мустаманде, ба ӯ бахшид ва худ бо либоси кӯҳнаи худ иктифо кард.[28]

Валима ва макони зиндагӣ

Бар асоси ривояте, ки Шайхи Тусӣ дар ал-Амолӣ нақл кардааст, Пайғамбар (с) ва Алӣ (а) ба теъдоди зиёде аз асҳоб валима доданд. Паёмбар гӯшту нон ва Алӣ хурмо ва равғанро таҳия карданд. Пайғамбар (с) пас аз валима, дасти Фотима (с)-ро дар дасти Алӣ (а) гузошту барояшон дуо карда фармуд: эй Алӣ! Фотима хуб ҳамсаре аст ва ба Фотима фармуд: эй Фотима! Алӣ хуб шавҳаре аст. Сипас он дуро ба хонаи худашон фиристоду наздашон рафта дуо кард, ки Худо наслашонро муборак гардонад.[29]

Бар асоси манобеи таърихӣ, хонаи Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с), чанд рӯз баъд аз издивоҷ ба ҳамсоягии Пайғамбар (с) интиқол ёфт; чароки дурии Фотима барои Пайғамбар душвор будааст. Пайғамбар ибтидо ба дунболи он будааст, ки он дуро дар хонаи худ ҷой диҳад, аммо Ҳориса ибни Нуъмони саҳобӣ, хонаи худро, ки дар ҳамсоягии Пайғамбар буд, дар ихтиёри ӯ гузошт, то хонаи Алӣ ва Фотима бошад.[30]

Эзоҳ

  1. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.16; Шайхи Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.40; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160 - 161.
  2. Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.40.
  3. Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.40.
  4. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.41.
  5. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.350.
  6. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.357.
  7. Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.514.
  8. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.410.
  9. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.18: Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.598.
  10. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.364.
  11. Ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.584.
  12. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.192 - 193.
  13. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.193.
  14. Юсуфии Ғаравӣ, Таърихи таҳқиқии Ислом, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.250.
  15. Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.313.
  16. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.598.
  17. Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1893.
  18. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1893.
  19. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160 - 161.
  20. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.351.
  21. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.351.
  22. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.351.
  23. Ниг.: Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.302.
  24. Масъудӣ, «Пажӯҳише дар бораи маҳруссуннат (маҳри Муҳаммадӣ)», саҳ.114.
  25. Шайхи Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.40.
  26. Шайхи Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.41.
  27. Шайхи Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.41.
  28. Шуштарӣ, Шарҳи эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.401.
  29. Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.42 - 43.
  30. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.18.

Сарчашма

  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқи Сайидҳасани Амин, Бейрут, Дор-ут-таоруф ли-л-матбуот, 1403ҳ.қ.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби оли Абитолиб, Қум, интишороти Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, тасҳеҳи Сайид Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Табрез, Баниҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Мисбоҳ, Қум, Дорур-Разӣ, чопи дуввум, 1405ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Абдуллоҳодӣ, «Пажӯҳише дар бораи маҳр-ус-суннат (маҳри Муҳаммадӣ)», дар маҷмӯаи Таҳкими хонавода аз нигоҳи Қуръон ва ҳадис, Қум, Дор-ул-ҳадис, чопи дуввум, 1389ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуввум, 1403ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Муқниъ, Қум, муассисаи Имом Маҳдӣ (аҷ), 1415ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, Ол-ул-байт, 1417ҳ.қ.
  • Ҳасанӣ, Ҳошим Маъруф, Сират-ул-аиммат-ил-исноъашар, Наҷаф, ал-Мактабат-ул-Ҳайдария, 1382ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, тасҳеҳи муассисаи ал-Беъсат, Қум, Дор-ус-сақофа, 1414ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Нуруллоҳ ибни Шарифуддин, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Юсуфии Ғаравӣ, Муҳаммадҳодӣ, Таърихи таҳқиқи Ислом: мавсуъату-таърих-ил-Ислом, тарҷумаи Ҳусайналии Арабӣ, Қум, интишороти Муассисаи Имом Хумайнӣ, 1383ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.