Ибни Абилхаттоб

Аз wikishia
Ибни Абилхаттоб
Номи комилМуҳаммад ибни Ҳусайн ибни Абилхаттоб Зайд Зайёти Ҳамадонии Кӯфӣ
Маҳалли зиндагӣҲамадон, Кӯфа
Санаи вафот262ҳ.қ.
Шаҳри вафотКӯфа
ХешовандонАбдулъазиз Ашъарии Қумӣ
Таълифот
  • Китоб-ут-тавҳид
  • Китоб-ул-маърифати ва-л-бадоъ
  • Китоб-ур-радди ало аҳл-ил-қадар
  • Китоб-ул-имомат
  • Китоб-ул-луълуа
  • Китобу васоя-л-аимма алайҳимуссалом
  • Китоб-ун-наводир
Аз ëрони


Муҳаммад ибни Ҳусайн ибни Абилхаттоб Зайд Зайёти Ҳамадонии Кӯфӣ маъруф ба Ибни Абилхаттоб (262ҳ.қ.) аз муҳаддисин ва асҳоби се тан аз имомони шиа ба шумор меояд.

Ному насаб

Кулайнӣ (328 ё 329ҳ.қ.) номи ӯро дар мавзеъҳои мухталифе аз китоби Усули кофӣ "Муҳаммад ибни Алҳасан" ва Ибни Қуливайҳ[1] "Муҳаммад ибни Алҳасан ибни Абилхаттоб" овардаанд.

Наҷошӣ ном, унвон ва кунияи ӯ ва падараш ва низ нисбати ӯро ин гуна ёд кардааст: "Муҳаммад ибни Алҳасан ибни Абилхаттоб Абӯҷаъфар Алзайёт Алҳамадонӣ"[2]

Аллома Ҳиллӣ низ номи ӯро ба ҳамин сурат оварда, ҷуз ин ки ба ҷои "Алҳасан", "Абилҳасан" овардааст.[3]

Мусоҳибат бо се Имом

Ба навиштаи Момуқонӣ Муҳаммад ибни Ҳусайн аз асҳоби Имом Ҷавод (а), Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а) будааст ва силсилаи ровиёни ӯ гоҳ бо се восита ва гоҳ бо шаш восита ба имомони пешини шиа ва саранҷом ба Амиралмуъминини Алӣ (а) расидааст.[4]

Васоқат

Наҷошӣ баъди зикри ном ва унвони ӯ дар васоқат ва ростгӯиву мавриди эътимод буданаш меафзояд: аз муҳаддисони ҷалилулқадри шиа, пурривоят, сиқа, саршинос ва дорои китобҳои хубе буд.[5]

Тӯли умр

Ба мулоҳизаи зиёдии ривоёт ва аҳодиси Ибни Абилҳаттоб ва дарки ҳузури се Имоми шиа, дар порае аз манобеъ ӯро аз солхурдагони асри худ ба шумор овардаанд.[6] Оқобузурги Теҳронӣ тӯли умри Ибни Абилхаттобро ҳудуди сад сол баровард карда буд.[7]

Осор

Наҷошӣ ин осорро ба ӯ нисбат додааст:

  • Китоб-ут-Тавҳид
  • Китоб-ул-маърифати ва-ал-бадоъ
  • Китоб-ур-радди ало аҳл-ил-қадар
  • Китоб-ул-имома
  • Китоб-ул-луълуъа
  • Китобу васоё-ал-аиммати алайҳим-ус-салом
  • Китоб-ун-наводир.[8]

Аз худи Ибни Абилхаттоб ривоят шуда, ки таълифоти дигаре низ доштааст.[9]

Эзоҳ

  1. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, саҳ.37.
  2. Наҷҷошӣ, Риҷол, саҳ.236.
  3. Ҳиллӣ, Китоб-ур-Риҷол, саҳ.285.
  4. Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, саҳ.106.
  5. Наҷҷошӣ, Риҷол, саҳ.236.
  6. Момқонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, саҳ.106.
  7. Оқобузург, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, ҷ.2, саҳ.334.
  8. Наҷҷошӣ, Риҷол, саҳ.236.
  9. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, ҷ.15, саҳ.291.

Сарчашма

  • Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар, Комил-уз-зиёрот, ба кӯшиши Абдулҳусайн Аминии Табрезӣ, Наҷаф, 1356ҳ.қ. / 1937м.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад, Усули кофӣ, ба кӯшиши Алиакбари Ғаффорӣ, Бейрут, 1401ҳ.қ. /1981м.
  • Момқонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол, Наҷаф, 1350ҳ.қ. / 1931м.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад, Риҷол, Бомбей, 1317ҳ.қ.
  • Оқобузург, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, чопи Алинақии Мунзавӣ ва Аҳмади Мунзавӣ, Бейрут, 1403ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад, ал-Феҳрист, ба кӯшиши Маҳмуди Ромёр, Машҳад, 1351ҳ.ш.
  • Хуӣ, Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Бейрут, 1403ҳ.қ. / 1983м.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан, Китоб-ур-риҷол, ба кӯшиши Ҷалолиддин Ҳусайнии Урумавӣ, Теҳрон, 1342ҳ.ш.