Завилқурбо

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Зулқурбо)

Завилқурбо (арабӣ: ذَوِی الْقُربیٰ) ба хешовандони наздики Пайғамбар (с) ишора дорад, ки дар Қуръон дӯст доштани онон музди рисолати Пайғамбар (с) муаррифӣ шудааст. Бино бар ривоёти шиа ва суннӣ, Алӣ ибни Абитолиб (а), Фотима (с), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) аз масодиқи завилқурбо ҳастанд.

Мафҳумшиносӣ

Завилқурбо ба маънои хешовандони наздик аст. Калимаи ал-қурбо дар Қуръон ҳамроҳи калимаи зӣ,[1] завӣ,[2] улӣ[3] ва дар ояти «قُلْ لا أَسْئَلُکمْ عَلَیهِ أَجْراً إِلاَّ الْمَوَدَّةَ فِی الْقُرْبی»[4] бе ҳеҷ изофае омада аст. Замахшарӣ муффасир ва луғатшиноси аҳли суннат, манзури ал-қурбо дар ин оятро аҳл-ул-қурбо дониста аст.[5]

Ал-қурбо (الْقُربیٰ), дар Қуръон ба маънои хешон ва наздикон ба кор рафта аст.[6] Қурб дар луғат ба маънои наздикӣ дар нисбат, замон ва макон аст.[7] Бино бар аҳодис, ал-қурбо дар ояти Маваддат ба Аҳли Байт (а) ва дар ояти Хумс[8] ва ояти Файъ[9] ба фуқарои Аҳли Байт (хешовандони Пайғамбар (с)) тафсир шуда аст.

Мисдоқшиносӣ

Навиштори аслӣ: ояти Маваддат

Бино бар назари шиа манзур аз зилқурбо дар ояти «قُلْ لا أَسْئَلُکمْ عَلَیهِ أَجْراً إِلاَّ الْمَوَدَّةَ فِی الْقُرْبی»[10] имоми маъсум (а) аст[11] ва шомили ҳазрати Фотима (с) низ мешавад.[12] Ҳамчунин дар ривоёте, ки дар манобеи тафсирӣ ва ривоии аҳли суннат нақл шуда, Имом Алӣ (а), Фотима (с), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) мисдоқи ал-қурбо муаррифӣ шудаанд.[13]

Ба гуфтаи бархе аз муффасирони аҳли суннат ин оят хитоб ба Қурайш аст. Худо ба Пайғамбар (с) дастур дода, ки аз Қурайш бихоҳад агар имон намеоваранд, ба хотири хешовандӣ бо Пайғамбар (с), бо ӯ душманӣ накунанд.[14] Ҳамчунин бино ба нақле ин оят хитоб ба Ансор аст, ки аз ҷониби Салмо бинти Зайди наҷҷор, модари Абдулмуталлиб ва тағоҳои Омина модари Муҳаммади набий (с) бо ӯ хешованд буданд. Онон амволеро барои Пайғамбар (с) оварданд, аммо ин оят нозил шуд ва Пайғамбар амволашонро рад кард.[15]

Аҳкоми фиқҳӣ

Бархе аз аҳкоми фиқҳии дахлдор ба завилқурбо иборатанд аз:

  • Саҳми завилқурбо дар хумс: фақеҳони шиа саҳми завилқурбо аз масорифи шашгонаи хумсро, ки дар ояти Хумс омада, мутааллиқ ба имоми маъсуми дониста[16] ва аз он дар канори саҳми Худо ва саҳми Пайғамбар (с) ба унвони саҳми имом ёд мекунанд. Ҳамчунин гоҳе аз саҳми имом бо унвони саҳми завилқурбо ҳам ёд мешавад.[17]
  • Саҳми завилқурбо дар Файъ: завилқурбо аз масорифи шашгонаи файъ (ғаниматҳое, ки беҷанг ба дасти мусулмонон меафтад) ҳастанд.[18]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Сураи Бақара, ояти 83.
  2. Сураи Бақара, ояти 177.
  3. Сураи Тавбаи ояти 113.
  4. Сураи Шуро, ояти 23.
  5. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.219.
  6. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Роғиб, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., саҳ.663 - 664.
  7. Роғиб, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, 1412ҳ.қ., саҳ.663 – 664/ Ибни Форис, Мақоис-ул-луғат, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.80.
  8. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.509 - 520.
  9. Нигоҳ кунед ба Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, ҷ.23, саҳ.505 - 504.
  10. Сураи Шуро, ояти 23.
  11. Қумӣ, Ҷомеъ-ул-хилофи ва-л-вифоқ, 1379ҳ.ш., саҳ.234/ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.86 - 87.
  12. Хуӣ, Мустанад-ул-урва, 1364ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.307 - 308.
  13. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.833/ Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.129/ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.402/ Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.7/ Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу лиаҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.22.
  14. Ибни Касир, Тафсиру Ибни Касир, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.121/ Олусӣ, Рӯҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.31 - 30.
  15. Олусӣ, Рӯҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.31.
  16. Сайиди Муртазо, Расоили Шарифи Муртазо, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.226.
  17. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.84/ Ибни Бароҷ, ал-Муҳаззаб, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.180.
  18. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, ҷ.23, саҳ.502.

Сарчашма

  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, таҳқиқи Муҳаммад Зуҳайр ибни Носир ан-Носир, Бейрут, Дору тавқ-ин-наҷот, 1422ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Бароҷи Тароблусӣ, Абдулазиз, ал-Муҳаззаб, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсиру Ибни Касир, таҳқиқи Юсуф Абдурраҳмон Маръашӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифат ли-т-табоъати ва-н-нашри ва-т-тавзиъ, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Форис, Мақоис-ул-луғат, Қум, Мактаб-ул-элом-ул-исломӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Фазоил-ус-саҳоба, Қоҳира, Дору Ибни-л-Ҷавзӣ, 1430ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1362ҳ.қ.
  • Олусӣ, Сайидмаҳмуд, Рӯҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азим, таҳқиқи Алӣ Абдуллоҳ Атия, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1415ҳ.қ.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, ал-Муфрадот фи ғариб-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-уш-шомийя, 1412ҳ.қ.
  • Сайид Муртазо, Али ибни Ҳусайн, Расоил аш-Шариф-ил-Муртазо, тасҳеҳ: Сайидмаҳдии Раҷоӣ, Қум, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, 1405ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсири би-л-маъсур, Қум, китобхонаи оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мустанад-ул-урва, Қум, Лутфӣ, 1364ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-хилофи ва-л-вифоқ, Қум, Заминасозони зуҳури Имоми Замон, 1379ҳ.ш.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу лиаҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, 1364ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Ол-ул-Байт алайҳимус-салом, 1409ҳ.қ.