Зулайхо

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Зани азизи Миср)

Зулайхо ҳамсари азизи Миср, ки достони ӯ ва ҳазрати Юсуф (а) дар Қуръон омадааст.[1] Дар Қуръон номи Зулайхо наёмадааст ва фақат бо таъбири «الَّتِی هُوَ فِی بَيْتِهَا» (зане, ки Юсуф дар хонаи он зан буд)[2] ва «امْرَأَتُ الْعَزِیز» (ҳамсари азизи Миср)[3] аз ӯ ёд мешавад.[4] Бо ин ҳол, дар бархе манобеи тафсирӣ,[5] таърихӣ[6] ва ҳадисӣ[7] номи ӯ Зулайхо муаррифӣ шудааст. Фахри Розӣ - муфассири аҳли суннат муътақид аст, барои ин ном, манбаи муътабаре вуҷуд надорад.[8] Дар бархе манобеъ низ номи ҳамсари азизи Миср, Заляха дониста шудааст.[9]

Дар бахшҳое аз Қуръон ва Таврот, достони Юсуфу Зулайхо баён шудааст.[10] Ба гуфтаи бархе пажуҳишгарон, Қуръон ва Тавроти фарқҳое дар гузориши ин достон доранд.[11] Ба гузориши Қуръон, Зулайхо хост аз Юсуф комҷӯӣ кунад, аммо Юсуф бо «дидани бурҳони Парвардигораш» ба тарафи дар гурехт.[12] Носир Макорими Шерозӣ - муфассири шиа муътақид аст, ҳазрати Юсуф бо имдоди ғайбӣ аз он муҳити гуноҳ наҷот ёфт.[13] Зулайхо худро ба Юсуф расонда, пероҳанашро пора кард.[14] Назди дар, Юсуфу Зулайхо бо азизи Миср рӯбарӯ шуданд.[15] Зулайхо ва Юсуф ҳар як, дигареро ба хиёнат муттаҳам карданд.[16] Дар он ҳангом шахсе аз хешовандони Зулайхо шаҳодат дод, ки агар пероҳани Юсуф аз пушт пора шуда бошад, Юсуф рост гуфтааст.[17] Аз ин рӯ, иттиҳоми хиёнат аз Юсуф бардошта шуд.[18]

Бар асоси бархе гузоришҳо, шоҳиде, ки ба нафъи Юсуф шаҳодат дод, хоҳарзодаи семоҳаи Зулайхо буд,[19] ки ба қудрати Худо забонаш ба сухан ҷорӣ шуд.[20] Бо ин ҳол, дар гузоришҳои дигар, он шоҳид марди ҳакиме муаррифӣ шудааст.[21] Ба гуфтаи бархе муфассирон, ба дархости Зулайхо, Юсуф ба зиндон андохта шуд,[22] аммо пас аз муддате Зулайхо ба гуноҳи худ ва ростгӯии Юсуф эътироф кард.[23]

Зулайхо зани зебо, сарватманд[24] ва бутпараст буд.[25] Ӯ аз ҳамсараш соҳиби фарзанд намешуд.[26] Бар асоси бархе манобеъ, пас аз онки Зулайхо дар даврони пирӣ тавба карда яктопараст шуд, бо дуои Юсуф (а) ҷавон шуд ва ба издивоҷи ӯ даромад.[27] Гуфта шудааст, аз издивоҷи онҳо, ду фарзанд ба дунё омад.[28] Аммо бархе пажуҳишгарон бар ин боваранд, ки ин ривоятҳо ба далелҳои мухталифе монанди вуҷуди ишкол дар санад ва матнашон, қобили истинод нест ва муҳтавои онҳо аз Таврот гирифта шудааст.[29]

Бар асоси пажуҳишҳои анҷомшуда, Зулайхо бар андешаи суфиҳо таъсири бисёре доштааст.[30] Гуфта шудааст, аҳли тасаввуф, ҳолатҳо ва рафторҳои Зулайхоро бисёр сутуда ва бо истинод ба ҳолатҳо ва рафторҳои ӯ, ба баёни дидгоҳҳои ирфонии худ пардохтаанд.[31] Достони ишқи Зулайхо ба ҳазрати Юсуф (а), бозтоби фаровоне дар адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти форсӣ, туркӣ ва аврупоӣ доштааст.[32] Байтҳои зер намунае аз он аст:

Гараш бибинию даст аз туранҷ бишносӣ

Раво бувад, ки маломат кунӣ Зулайхоро[33]

Зулайхо чу гашт аз майи ишқ маст

Ба домони Юсуф даровехт даст

Чунон деви шаҳват ризо дода буд

Ки чун гург дар Юсуф афтода буд.[34]

Эзоҳ

  1. Асадӣ, “Зулайхо”, саҳ.416.
  2. Сураи Юсуф, ояти 23.
  3. Сураи Юсуф, ояти 30.
  4. Асадӣ, “Зулайхо”, саҳ.414.
  5. Барои намуна ниг.: Мақотил, тафсири Мақотил ибни Сулаймон, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.327; Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.357; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.340.
  6. Барои намуна ниг.: Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабатус-сақофатид-динийя, ҷ.3, саҳ.68; Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.45; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.315.
  7. Барои намуна ниг.: Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.55; Хаззози Розӣ, Кифоят-ул-асар, 1401ҳ.қ., саҳ.264; Ровандӣ, Қасас-ул-анбиё, 1409ҳ.қ., саҳ.136.
  8. Фахри Розӣ, Мафотиҳ-ул-ғайб, 1420ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.435.
  9. Дайламӣ, Аълом-уд-дин, 1408ҳ.қ., саҳ.429.
  10. Барои намуна сураи Юсуф, ояти 23 - 32; Таврот, сифри пайдоиш, боби 39, оёти 7 - 20.
  11. Содиқӣ, “Нигоҳе татбиқӣ ба достони Юсуф ва Зулайхо дар Қуръони Маҷид ва Таврот”, 101 - 103.
  12. Сураи Юсуф, ояти 23 - 25.
  13. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.374.
  14. Сураи Юсуф, ояти 25.
  15. Сураи Юсуф, ояти 25.
  16. Сураи Юсуф, ояти 25 - 26.
  17. Сураи Юсуф, ояти 26 - 27.
  18. Сураи Юсуф, ояти 28 - 29.
  19. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.347.
  20. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.343.
  21. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.347.
  22. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.354; Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.163.
  23. Сураи Юсуф, ояти 51.
  24. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.357.
  25. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо алайҳис-салом, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.45.
  26. Кошонӣ, тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, 1336ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.28.
  27. Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.52.
  28. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1364ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.214.
  29. Маориф ва дигарон, “Баррасии ривоёти тафсирии фариқайн дар масъалаи издивоҷи ҳазрати Юсуф бо Зулайхо”, саҳ.26.
  30. Покмеҳр, “Зулайхо дар андешаи шоирон ва орифони қарни панҷум то ҳафтум”, саҳ.149.
  31. Покмеҳр, “Зулайхо дар андешаи шоирон ва орифони қарни панҷум то ҳафтум”, саҳ.149.
  32. Хусравӣ, “Пажуҳиши татбиқии достони Юсуф ва Зулайхо дар адабиёти исломӣ”, саҳ.71.
  33. Саъдӣ, Ғазалиёти Саъдӣ, 1342ҳ.ш., саҳ.5, ғазали 5.
  34. Саъдӣ, Бустон, 1372ҳ.ш., боби нуҳум дар тавба ва роҳи савоб, ҳикояти Зулайхо бо Юсуф (а), саҳ.417.

Сарчашма

  • Асадӣ, Алӣ, “Зулайхо”, дар Доиратулмаорифи Қуръони Карим, ҷ.14, Қум, Бустони китоб, 1395ҳ.ш.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Аълом-уд-дин фи сифот-ил-муъминин, Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёил-турос, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Таърихи Ибни Халдун, Бейрут, Дорул-фикр, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1412ҳ.қ.
  • Кошонӣ, Муллофатҳуллоҳ, тафсири Манҳаҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, Китобфурушии Муҳаммадҳасани Илмӣ, Теҳрон, 1336ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, муҳаққиқ, мусаҳҳеҳ, Мусавии Ҷазоирӣ, Сайид Таййиб, Дорул-китоб, Қум, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1364ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Дорул-кутубил-исломийя, Теҳрон, 1374ҳ.ш.
  • Мақотил, ибни Сулаймон, Тафсири Мақотил ибни Сулаймон, Бейрут, Дору эҳёил-турос, 1423ҳ.қ.
  • Маориф, Маҷид ва дигарон, “Баррасии ривоёти тафсирии фариқайн дар масъалаи издивоҷи ҳазрати Юсуф бо Зулайхо”, дар ду фаслномаи Ҳадиспажӯҳӣ, соли ҳафтум, № сездаҳум, баҳор ва тобистони 1394.
  • Муқаддасӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, беҷо, Мактабатус-сақофатид-динийя, бе то.
  • Покмеҳр, Алӣ, “Зулайхо дар андешаи шоирон ва орифони қарни панҷум то ҳафтум”, дар фаслномаи тахассусии Адабиёти форсӣ (донишгоҳи Озоди Машҳад), № 46, поизи 1394ҳ.ш.
  • Ровандӣ, Қутбиддин Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Қасас-ул-анбиё (а), Машҳад, Маркази пажӯҳишҳои исломӣ, 1409ҳ.қ.
  • Саъдӣ, Муслеҳ ибни Абдуллоҳ, Бустони Саъдӣ, бо тасҳеҳи Муҳаммадалии Фурӯғӣ, Теҳрон, Қуқнус, 1372ҳ.ш.
  • Саъдӣ, Муслеҳ ибни Абдуллоҳ, Ғазалиёти Саъдӣ, бо тасҳеҳи Муҳаммадалии Фурӯғӣ, Теҳрон, Иқбол, 1342ҳ.ш.
  • Содиқӣ, Сайид Маҳмуд, “Нигоҳе татбиқӣ ба достони Юсуф ва Зулайхо дар Қуръони Маҷид ва Таврот”, дар маҷаллаи Адабиёти татбиқӣ, № 4, зимистони 1386ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Мулломуҳсин, Тафсир-ус-Софӣ, таҳқиқи Ҳусайни Аъламӣ, интишороти ас-Садр, Теҳрон, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Мафотиҳ-ул-ғайб, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Хаззози Розӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Кифоят-ул-асар фи-н-насси ала-л-аиммат-ил-исноъашар, Қум, Бедор, 1401ҳ.қ.
  • Хусравӣ, Заҳро, “Пажуҳиши татбиқии достони Юсуф ва Зулайхо дар адабиёти исломӣ”, дар маҷаллаи Донишнома (воҳиди улум ва таҳқиқот), № 2, 1388ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароъ, Қум, Доварӣ, 1385ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), таҳқиқ ва тасҳеҳи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.