Викишиа
Викишиа донишномаи маҷозие, ки рисолати он баёни мафҳумҳое аст, ки дар шинохти шиа ва дигар мазҳабҳои пайрави мактаби Аҳли Байт (а) нақш доранд. Ин мафҳумҳо дарбардорандаи ақоид, ашхос, улум (монанди калом, фиқҳ ва усули фиқҳ), китобҳо, маконҳо, ҳодисаҳо, маросиму маносик, фирқаҳои муътақид ба Аҳли Байт (а), таърихи ташайюъ ва ҳар мафҳуми дигаре аст, ки ба наҳве ба Аҳли Байт (а) ва пайравонашон иртибот дошта бошад. Калимаҳо ва номҳое ҳам ки барои анҷоми ин рисолат лозиманд, дар ин донишнома тавзеҳ дода хоҳанд шуд.
Дар Викишиа аз ироаи таҳлилҳо ва назарҳои шахсӣ ва низ назариёти ҷадиди исботнашуда парҳез мешавад. Доварӣ дар бораи ихтилофоти илмӣ ва таърихӣ бар уҳдаи хонандагон аст ва викишиа дар ин маворид бетараф аст. Бо тавваҷуҳ ба ихтилофоти мазҳабӣ, бинои нависандагони вики бар ин аст, ки аз манобеи дасти аввал ва пазируфташуда назди ду фирқаи бузурги исломӣ (шиа ва суннӣ) истифода кунанд.
Викишиа вобаста ба Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт аст. Ин донишнома ҳамакнун ба бисту ду забон фаъол аст ва дар забони тоҷикӣ 1,306 мақола дорад.
Ангеза ва аҳдофи роҳандозӣ
Дар донишномаҳо, дар бораи Ислом ва ташайюъ, иттилооти густардае вуҷуд дорад, аммо аз онҷо ки нависандагони ин донишномаҳо ё бо маорифи исломӣ ошноии дурусте надоранд, ё эҳтимолан муътақид ба Ислом ё ташайюъ нестанд, дар мақолоти марбут ба мафоҳими исломӣ ва ташайюъ, матолиби иштибоҳ дида мешавад. Бо тавваҷуҳ ба мушкилоте, ки дар пойгоҳҳои интернетӣ дар бораи боварҳои шиа вуҷуд дорад ва низ ниёзи шиаёни ҷаҳон ва дигар ҷустуҷугарон барои дастёбии осон ба боварҳои асили шиъӣ ва исломӣ, муовинати фарҳангии Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, донишномаи викишиаро бо рӯйкарди муаррифӣ ва дифоъ аз мактаби Аҳли Байт (а) роҳандозӣ кардааст.
Таърихча
22-уми майи 2013, нахустин ҷаласаи ҳамоҳангии нависандагони викишиа баргузор шуд ва баъд аз чанд ҷаласаи омӯзиш, дар 18-уми июн, нахустин мақолаи викишиа дар ин сомона чоп ва мунташир шуд. Моҳи июни 2013, сайт дастраси умум гардид.
Викишиа 22-уми июни 2014 зимни баргузории конгресси Сибт-ун-Набӣ (а) дар Теҳрон, ба дасти Ҳасани Руҳонӣ - раиси ҷумҳури вақти Ҷумҳурии исломии Эрон ба таври расмӣ роҳандозӣ шуд.
Хусусиятҳо
Баъзе аз хусусиятҳои Викишиа ба шарҳи зер аст:
Доираи мундариҷа
Мундариҷаи Викишиа иборат аст аз:
- Ақоид, афрод, улум (монанди калом, фиқҳ ва усули фиқҳ), китобҳо, амокин, ҳаводис, маросиму маносик, фирқаҳои муътақид ба Аҳли Байт (а), таърихи ташайюъ ва ҳар унвони дигаре, ки ба Аҳли Байт (а) ва пайравонашон марбут бошад.
- Мафоҳими омми исломие, ки мавриди эътиқоди ҳамаи мусулмонон бошад ё бо таърихи Ислом муртабит бошад, низ дар викишиа ёд мешавад.
- Мафоҳими марбут ба соири фирақи исломӣ, дар сурате дар викишиа муаррифӣ мешаванд, ки ба наҳве ба мактаби Аҳли Байт марбут бошанд ё истифода аз онҳо дар мақолоти викишиа зиёд бошад.
Назорат бар муҳтаво
- Бар муҳтавои викишиа назорат мешавад. Бинобар ин, як манбаи муътабар барои муаррифии шиа, ба шумор меравад.
- Викишиа донишномае аст, ки феълан бо маҳдудият фаъолият мекунад, аммо дар уфуқи ояндаи худ, озодсозиро мадди назар дорад то тамоми шиаёни алоқаманд ва тавоно битавонанд дар такмили он нақш ифо кунанд ва таълимоти мактаби Аҳли Байт (а)-ро тарвиҷ кунанд. Вуруд ба ин донишнома бо таъйиди мудирон имконпазир аст. Ин имкон дар викишиа ба корбарон иҷоза медиҳад, ки бо мушорикат ва ҳамафзоӣ дар навиштани мақолаҳо, арзиши илмии мақолаҳоро афзоиш диҳанд.
Шӯрои барномарезӣ
Шӯрое ташкилшуда аз мудирони забонҳо, мудирони илмӣ ва коршиносони викишиа аст. Ин шӯро, сиёсатгузорӣ ва барномарезӣ дар бахшҳои мухталифи викишиаро бар уҳда дорад.
Сиёсати бетарафӣ
- Сиёсати бетарафӣ дар баҳсҳои фикрии дарунмазҳабии шиа ва пайравони Аҳли Байт (а) риоят мешавад, вале равшан аст, ки викишиа мураввиҷи мактаби Аҳли Байт аст ва мақолот, бо ҳадафи табйин ва дифоъ аз ин таълимот навишта мешаванд.
- Мақолаҳои викишиа, мақолаи илмӣ-пажуҳишӣ нестанд. Ба ин маъно ки таҳқиқоти дасти аввал ва мунташирнашуда нестанд ва дар пайи ҳалли муъзалоти илмӣ барнамеоянд. Асоси викишиа ироаи иттилоот бар асоси манобеи дастрас аст, аз ин рӯ, нависандагон набояд назариёти худро мунташир кунанд.
- Қазоват дар бораи ихтилофоти илмӣ ва таърихӣ ба хонанда вогузор мешавад. Викишиа дар ин маворид бетараф аст.
- Бо тавваҷуҳ ба ихтилофоти мазҳабӣ, бинои нависандагон бар ин аст, ки ҳатталимкон аз манобеи дасти аввал ва пазируфташуда назди ду фирқаи бузурги исломӣ (шиа ва аҳли суннат) истифода шавад.
Хусусиятҳои викиҳо
- Имконияти таҳрири доимии мақолаҳо.
- Имконияти навсозӣ ва илова кардани маълумоти мақола.
- Мавҷудияти саҳифаи таърихчаи мақола. Дар саҳифаи таърих ҳар як тағйироте, ки дар мақола ба амал омадааст, дидан мумкин аст. Меҳмонон метавонанд дар бораи тағиротҳои воридшуда ва муаллифони мундариҷа маълумот пайдо кунанд.
- Саҳифаи тағиротҳои охирин. Ин саҳифа тағйироти охиринро, ки ба ҳамаи саҳифаҳои вики ворид карда шудаанд, нишон медиҳад.
- Имконияти барқарор кардани матолиб ва тағироти гузашта.
- Пайваста будани мадхалҳо бо ҳамдигар; ба ин тартиб, хонандаи мақола метавонад саҳифаи марбут ба он мафҳумро кушояд ва мутолиа кунад, то ҳар як ибораи дар матн истифодашударо бе ҷустуҷӯ ва дар як лаҳза бифаҳмад. Ин хусусият ба муроҷиаткунанда имкон медиҳад, ки ҳамаи мафҳумҳои дар ин мадхал истифодашударо ба осонӣ дастрас дошта бошад ва дар бораи мавзӯи мавриди мутолиъа маълумоти пурра ба даст оварад.
- Иртиботи ҳар мақола бо ҳамон мавзӯъ дар забонҳои дигари вики.
- Истифода аз гурӯҳҳо дар охири мақола. Гурӯҳ унвони куллие аст, ки унвони мақола зермаҷмӯаи он гурӯҳ маҳсуб мешавад. Гурӯҳҳо феҳристи мавзӯии вики ҳастанд.
- Шаблонҳои навигатсионӣ (Navigation templates). Шаблонҳои навигатсионӣ қолибҳое мебошанд, ки мафҳумҳои марбут ба мақоларо дар қуттии уфуқӣ дар поёни мақола ҷамъ мекунанд. Навигатсияҳо баъзан ҳамчун қуттиҳои амудӣ дар болои мақолаҳо истифода мешаванд. Муносибати байни унвонҳое, ки дар ин ҷадвалҳо ҷойгиранд, фарогир аст; ин маънои онро дорад, ки ҳама унвонҳо дар зери як унвони мукаммал ҷойгир шудаанд.
- Қуттии маълумот (Infobox). Қуттиҳое, ки дар болои мақола ҷойгир шудаанд ва нақши ҷамъоварии иттилооти муҳими мақоларо дар шакли мухтасар доранд. Бо муроҷиат ба қуттии иттилоот, шумо метавонед маълумоти асосии матни мақоларо бидуни хондани асли мақола, бидонед.
- Саҳифаи баҳс. Ҳар саҳифа ва мақолаи вики саҳифаи баҳс дорад. Дар саҳифаи баҳс, корбарон метавонанд андешаҳои худро дар бораи мақола бо муаллиф ё муаллифон ва муҳаррирони мақола мубодила кунанд. Саҳифаи мубоҳисавӣ, воқеъан, макони сӯҳбати коршиносон ва хоҳишмандони ба мавзӯи мақола буда, барои ғанӣ гардонидани шаклу мазмуни мақолаи навишташуда мусоидат мекунад.
Логотип
Викиша логотипи махсуси худро дар моҳи июни соли 2023 муаррифӣ кард. Ин логотип дорои ҳарфҳои "و" ва "w" аст, ки ба ҳарфи аввали Викишиа дар забонҳои форсӣ ва лотинӣ ишора мекунанд. Дар ин логотип гунбад ва меҳроб ҳамчун намоди шиӣ ва исломӣ истифода шудааст.
Пеш аз ин, Викишиа аз логотипи Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (ташкилоте, ки соҳиби Викишиа аст) бо тағйироти андак истифода мекард.
Таърихчаи роҳандозии забонҳои Викишиа
Радиф | забон | таърихи роҳандозӣ | нахустин мақола | тавзеҳот |
---|---|---|---|---|
1 | форсӣ | 18-уми июни 2013 | Рӯнамоӣ дар 22-уми июни 2014 зимни баргузории конгресси Сибт-ун-Набӣ(а) | |
2 | арабӣ | 25-уми ноябри 2013 | Рӯнамоӣ дар 22-уми ияни 2014, зимни баргузории конгресси Сибт-ун-Набӣ (а) | |
3 | англисӣ | 30-уми ноябри 2013 | Рӯнамоӣ дар 22-уми июни 2014 зимни баргузории конгресси Сибт-ун-Набӣ (а) | |
4 | урду | 18-уми марти 2014 | Рӯнамоӣ дар 22-уми июни 2014 зимни баргузории конгресси Сибт-ун-Набӣ (а) | |
5 | туркии истанбулӣ | 10-уми апрели 2014 | Рӯнамоӣ дар 22-уми июни 2014 зимни баргузории конгресси Сибт-ун-Набӣ (а) | |
6 | испанӣ | 22-уми майи 2014 | Рӯнамоӣ дар 22-уми июни 2014 зимни баргузории конгресси Сибт-ун-Набӣ (а) | |
7 | индонезӣ | 25-уми августи 2014 | ||
8 | фаронсавӣ | 26-уми августи 2014 | ||
9 | олмонӣ | 20-уми сентябри 2016 | ||
10 | русӣ | 28-уми феврали 218 | ||
11 | хитоӣ | 15-уми июли 2022 | Рӯнамоӣ дар ҳафтумин иҷлоси Маҷмаи умумии Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) | |
12 | савоҳилӣ | 18-уми июли 2022 | Рӯнамоӣ дар ҳафтумин иҷлоси маҷмаъи умумии Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) | |
13 | ҳиндӣ | 29-уми июли 2022 | Рӯнамоӣ дар ҳафтумин иҷлоси маҷмаъи умумии Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) | |
14 | банголӣ | 29-уми июли 2022 | Рӯнамоӣ дар ҳафтумин иҷлоси маҷмаъи умумии Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) | |
15 | тоҷикӣ | 22-уми августи 2022 | Рӯнамоӣ дар ҳафтумин иҷлоси маҷмаъи умумии Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) | |
16 | пашту | 16-уми январи 2023 | Рӯнамоӣ дар чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон | |
17 | озарӣ | 17-уми январи 2023 | Рӯнамоӣ дар чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон | |
18 | мянмарӣ | 26-уми январи 2023 | Рӯнамоӣ дар чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон | |
19 | португалӣ | 1-уми феврали 20023 | Рӯнамоӣ дар чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон | |
20 | италиянӣ | 8-уми феврали 2023 | Рӯнамоӣ дар чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон | |
21 | ҳауса | 9-уми феврали 2023 | Рӯнамоӣ дар чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон | |
22 | тайландӣ | 12-уми феврали 2023 | Рӯнамоӣ дар чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон |