Девони Имом Алӣ (а)

Аз wikishia
Нависандамансуб ба Имом Алӣ (а)
Сабкшеър
Забонарабӣ
Ба кӯшишиҚутбуддин Кайдарии Байҳақӣ
Тарҷума ба забонҳои дигарфорсӣ, лотинӣ, туркӣ ва урду
Маҳалли нашршаҳри Лайден (Ҳолланд)
Санаи нашр1745
Тарҷумаи форсӣ
Номи китоб ба хатти ниёгонدیوان امام علی (ع)
Номи тарҷумонМустафо Замонӣ (аз арабӣ ба форсӣ)


Девони Имом Алӣ (а) (форсӣ: دیوان امام علی(ع)) маҷмуаи ашъоре ба забони арабӣ ки мансуб ба Имом Алӣ (а) аст. Уламо ва пажӯҳишгарони мусулмон шумори каме аз ин ашъорро сурудаи Имом Алӣ медонанд ва бақияро сурудаи дигар шоирон дар бораи Имом Алӣ (а) ё аз забон ӯ ё ашъоре мешуморанд, ки Имом Алӣ аз дигарон нақл кардааст.

Ин ашъор дар садаҳои баъд аз асри Имом Алӣ гирдоварӣ шудааст ва қадимитаринашон тадвини Абдулазизи Ҷалудӣ (ваф.322ҳ.қ.) аст. Шумори ин ашъор дар нусхаҳои мухталиф байни 190 то 506 қитъа шеъри мутафовит аст. Бештари пажӯҳишгарон девони роиҷи феълиро мутобиқ бо китоби Анвор-ул-уқули фи ашъори васий-ир-Расул асари Қутбиддини Кидрии Байҳақӣ (ваф.548ҳ.қ.) медонанд.

Аз ҷумла далелҳое ки нишон медиҳад бештари ашъори ин девон мутааллиқ ба Имом Алӣ нест, ин маворид аст: вуҷуди ашъоре дар баҳри раҷаз, ки барои сурудани ашъори кӯчабозорӣ истифода мешавад; вуҷуди шеърҳое дар мадҳи қабоил; заиф будани ашъор аз назари фасоҳату балоғат; фахрфурӯшӣ дар бархе ашъор; зикри зарбулмасалҳои марбут ба эрониён, рӯмён ва юнонён; вуҷуди тақсимоти фалсафӣ ки аз садаи дувуми ҳиҷрӣ миёни мусулмонон матраҳ шуд.

Ба гуфтаи Оқобузурги Теҳронӣ қадимитарин чопҳои девон иборатанд аз: чопе дар Лайдени Ҳолланд дар соли 1745, чопи Булоқи Миср дар 1251ҳ.қ. ва чопе дар Миср дар 1276ҳ.қ. ва чопи Теҳрон дар 1284ҳ.қ.. Ин девон ба забонҳои форсӣ, лотин, туркӣ ва урду тарҷума ва шарҳ шудааст ва имрӯза чопҳои бисёре аз он вуҷуд дорад.

Интисоби ашъор ба Имом Алӣ (а)

Олимони шиа бештари ашъори Девони Имом Алӣ (а)-ро мутааллиқ ба вай намедонанд. Барои намуна, Аллома Маҷлисӣ бо тардид дар интисоби ҳамаи ашъор ба Имом Алӣ (а), бисёре аз онҳоро мутааллиқ ба китобҳои дигар медонад ва аз Ибни Шаҳрошӯб нақл мекунад, ки девон таълифи шахсе ба номи Алӣ ибни Аҳмад (Фанҷгирдӣ) адиби Нишопурӣ (ваф. 513ҳ.қ.)аст.[1]

Ҳасан Ҳасанзодаи Омулӣ дар Такмилату минҳоҷ-ил-бароат бисёре аз шеърҳои китобро аз они дигарон дониста ва шоиронишонро ҳам зикр кардааст.[2]

Ба гуфта бархе, танҳо даҳ дарсади ин ашъорро метавон ба Имом Алӣ (а) нисбат дод ва бақияи ашъор ё дар девонҳои дигар ашъор вуҷуд дорад ё ба шоирони дигар мансуб аст.[3]

Далелҳо

Далелҳои бисёре бар ин масаъла зикр шудааст, ки ҳамаи ашъори Девони Имом Алӣ (а) мутааллиқ ба вай нест:

Дар муқаддамаи китоби Девони Имом Алӣ (а) бо таҳқиқи нашриёти Мактабат-ул-имони Қоҳира, даҳ эрод ба интисоби ашъор ба Алӣ ибни Абитолиб гирифта шудааст. Аз он ҷумла: вуҷуди ашъоре дар баҳри раҷаз ки барои сурудани ашъори кӯчагӣ истифода мешавад; вуҷуди шеърҳое дар мадҳи қабилаҳо; заиф будани ашъор аз назари фасоҳату балоғат; фахрфурӯшӣ дар бархе ашъор; фаровонии ашъоре ки Имом бо Муъовия ва Амр ибни Ос радду бадал карда ва вуҷуди хатоҳои арузӣ ва вазнӣ.[4]

Кайвони Самиъӣ илова бар ин эродҳо, вуҷуди калимоти форсӣ дар ашъор, зикри зарбулмасалҳои марбут ба эрониён, рӯмиён ва юнониён, вуҷуди тақсимоти фалсафӣ, ки аз садаи дуввуми ҳиҷрӣ миёни мусулмонон матраҳ шуд ва вуҷуди муаммо ва луғз дар девон ки миёни арабҳо роиҷ набудаастро шавоҳиди нодурустии интисоби ашъор ба Имом Алӣ (а) донистааст.[5]

Аз дигари далоил ин аст, ки бо вуҷуди бархӯрдории Алӣ ибни Абитолиб аз завқи адабӣ ва фасоҳату балоғат аст, шоир хондани вай, маҳалли баҳс будааст. Бархе чун Ҷоҳиз (адиби қарни дуввум ва сеюм қамарӣ) ва Ёқӯти Ҳамавӣ (таърихнигори қарни шашум ва ҳафтуми қамарӣ) Алӣ (а)-ро шоир надонистаанд. Ба гуфтаи Ҷоҳиз, Алӣ ибни Абитолиб ҷуз раҷаз шеъре насурудааст. Ёқӯт низ ҷуз ду байт, мунтасаб кардани боқии ашъор ба ӯро нодуруст шимурдааст.[6]

Ҳамчунин касоне чун Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, Ибни Қутайба, Ибни Мискавайҳи Розӣ, Замахшарӣ, Табарсӣ ва Шарифи Разӣ, бо ин ки ашъоре аз ӯ нақл кардаанд, ӯро дар шумори шоирон наёвардаанд.[7]

Бо ин ҳама Шаъбӣ, Ибни Абдураббаҳ (шоири арабзабони қарни нуҳум ва даҳуми қамарӣ) ва Қалқашандӣ (адибу шоири муосири мисрӣ), Имомро шоир хонда ва аз Абубакр, Умр ибни Хитоб ва Усмон шоиртар донистаанд.[8]

Теъдоди ашъор ва дастабандии онҳо

Дар нусхаҳои чопшудаи девон шумори ашъор бо ҳам тафовути бисёр дорад: 190 қитъа, 355 қитъа, 374 қитъа, 455 қитъа ва 506 қитъа.[9] Дар мақолаи «Пажӯҳише дар бораи Девони Имом Алӣ (а)», ашъори девон дар чаҳор дастаи иншо, ҳикоят, иншод ва мавзуъ ҷо гирифтаанд:

  1. Иншо: Ашъори худи Имом Алӣ.
  2. Ҳикоятҳо: Сурудаҳое аз шоирони дигар, ки суханони Имом Алиро ба назм даровардаанд.
  3. Иншод: Ашъори шоирони дигар ки Имом Алӣ дар суханонаш ба кор бурдааст.
  4. Мавзуъ: Ашъоре ки дӯстдорони Имом Алӣ аз забон ӯ сурудаанд.[10]

Абулқосими Имомӣ дар муқаддамаи тарҷумаи Анвор-ул-уқул шеърҳои девонро ба шаш даста тақсим кардааст. Ӯ ду қисми дигар бар чаҳор дастаи фавқ, афзудааст: ашъоре ки шарҳи манзуми воқеаҳое ҳастанд, ки ба Имом марбут аст ва раҷазҳои ҳамовардони Имом дар ҷангҳо.[11]

Муҳтаво

Дар ашъори Девони Имом Алӣ мавзуъоти мухталифе матраҳ шудааст. Бархе аз мазомини ин ашъор иборатанд аз: манзалати инсон, тавҳид ва худошиносӣ, охирату маод, муноҷот, масоили ахлоқӣ, мадоеҳу маросӣ, васоё, муаррифии худ ва раҷазҳо. Мавзуоте монанди рӯзҳои ҳафта, қисмату сарнавишт, пирӣ, ҷавонӣ, кору талош, сирватмандӣ, фақр ва сафар низ дар ин ашъор дида мешавад.[12]

Таърихчаи гирдоварӣ

Ба гуфта пажӯҳишгарон, ҳатто дар сурати дурустии интисоби ашъор ба Имом Алӣ (а), ба таври қатъ, гирдоварии онҳо ба дасти худи Имом (а) анҷом нашудааст.[13] Оқобузурги Теҳронӣ дар аз-Зариъат ҳабдаҳ гирдовареро овардааст, ки қадимитаринашон марбут ба қарни чаҳорум қамарӣ аст. Бархе аз онҳо ба ин шарҳ аст:

  • Шеъри Алӣ (ба таъбири Наҷошӣ), асари Абдулазизи Ҷалудӣ (ваф. 322ҳ.қ.)
  • Салват-уш-шиъа ва тоҷ-ул-ашъор, аз Алӣ ибни Аҳмади Фанҷгирдии Нишопурӣ (ваф. 513ҳ.қ.)
  • Девони Амиралмуъминин аз Ибни Шаҷарӣ (ваф. 543ҳ.қ.)
  • ал-Ҳадиқат-ул-аниқа, аз Муҳаммад ибни Ҳусайни Кидрии Байҳақӣ (ваф. 548 ҳ.қ.)
  • Анвор-ул-уқул аз Муҳаммад ибни Ҳусайни Кидрии Байҳақӣ (ваф. 548 ҳ.қ.)
  • Девону Амирилмуъминина ала-р-ривоёт-ус-саҳиҳа, асари Сайид Муҳсини Амин (гирдоварии 1360ҳ.қ.)[14]

Ба гуфта Оқобузурги Теҳронӣ, девони роиҷи феълӣ, ҳамон Анвор-ул-уқули фи ашъори васий-ир-Расул асари Кидрии Байҳақӣ аст.[15]

Бо ин ҳама ба бовари Сайид Муҳсини Амин, ҷамъоварикунандаи девон мушаххас нест; зеро бо огоҳӣ аз донише ки аз амсоли Ҷалудӣ, Ибни Шаҷарӣ ва Кидрӣ суроғ дорем ва шомил будани девон ба бархе матолиби нораво, ки интисобашон ба Имом мумкин нест, баъид аст чунин афроди донишманде ин ашъорро гирд оварда бошанд. Дар нақди Сайид Муҳсини Амин гуфтаанд, ки мушаххас нест девони феълӣ ҳамоне бошад, ки гирдоварии он ба ин афрод нисбат дода шудааст. Ҳамин тавр бо фарзи ин ки девони феълии асари Кидрӣ бошад, ӯ бо қасди ҳифзи ҳар он чи мансуб ба Имом буда, даст ба ҷамъоварии ашъор задааст.[16]

Чоп

Девони Имом Алӣ борҳо ба чоп расидааст.[17] Бархе аз чопҳои қадимии он ба гуфта Оқобузурги Теҳронӣ иборатанд аз: чопи Булоқи Миср дар 1251ҳ.қ., чопи дигаре дар Миср дар 1276ҳ.қ., чопи Теҳрон дар 1284 ва чопи интишороти илмияи Миср дар 1311ҳ.қ.. Оқобузург аз чопе дар Лайден (дар наздикии Лоҳа дар Ҳолланд) бо шарҳи лотинӣ ҳам хабар дода, ки дар 1745 мелодӣ мунташир шудааст.[18] Бархе дигар аз чопҳои девон инҳо ҳастанд: чопи Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, Бейрут бо шарҳи Юсуф фараҳот (1411ҳ.қ.), чопи Мактабат-ул-имони Миср ва чопи Дор-ул-маҳаҷҷат-ул-байзо.[19]

Тарҷума ва шарҳ

Девони Имом Алӣ (а) ба забонҳои форсӣ, лотин, туркӣ ва урду тарҷума ва шарҳ шудааст. Бархе аз тарҷумаҳо инҳост: Девони Ҳазрати Алӣ, тарҷумаи Муҳаммадҷаводи Наҷафӣ (1384ҳ.қ.), Девони Имом Алӣ, тарҷумаи Абулқосими имомӣ (1373ҳ.ш.), Девони Амиралмуъминин Имом Алӣ, тарҷумаи Мустафо Замонӣ (1362ҳ.ш.) ва Девони Амиралмуъминин бо тарҷума ба забони лотин (1745 м).[20]

Тарҷумаҳои манзум аз ин девони ҳам дар даст аст; аз ҷумла тарҷумаи манзуми Мирзо Иброҳим Аминии Ҳиравӣ (ваф. садаи даҳуми ҳиҷрии қамарӣ) ба форсӣ ва тарҷумаи манзуми Саъдуддини Мустақимзода ба туркӣ. Ин тарҷума дар соли 1312ҳ.қ. дар Димишқ чоп шудааст.[21] Аз ин асар тарҷумае манзум ба забони урду низ вуҷуд дорад, ки дар соли 1976 м дар Карочии Покистон мунташир шудааст.[22]

Аз ҷумлаи шарҳҳо низ шарҳи Мирҳусайн ибни Муинуддини Мейбадӣ (ваф. 909ҳ.қ.) аст, ки бо тасҳеҳи Ҳасани Раҳмонӣ ва Сайид Иброҳими Ашк, дар соли 1379ҳ.ш., аз сӯи маркази нашри Мероси мактуб мунташир шудааст.[23]

Эзоҳ

  1. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.42
  2. Ҳасанзодаи Омулӣ, Минҳоҷ-ул-бароат, 1400, ҷ.15, саҳ.306 - 313
  3. Хушнависон ва Сабзиёнпур, Пажӯҳише дар асноди Девони Имом Алӣ (а), 1393ҳ.ш., Муқаддима
  4. Маҳрезӣ, «Девони Имом Алӣ (а)», саҳ.226 - 221
  5. Маҳрезӣ, «Девони Имом Алӣ (а)», саҳ.226 - 221
  6. Зиловӣ, «Китобшиносии тавсифии Манзумату фи сиррин», саҳ.41
  7. Зиловӣ, «Китобшиносии тавсифии Манзумату фи сиррин», саҳ.41
  8. Зиловӣ, «Китобшиносии тавсифии Манзумату фи сиррин», саҳ.41
  9. Маҳрезӣ, «Девони Имом Алӣ (а)», саҳ.226
  10. Ҳусайнии Ҷалолӣ, «Пажӯҳише дар бораи Девони Имом Алӣ (а)», саҳ.752 - 754
  11. Маҳрезӣ, «Девони Имом Алӣ (а)», саҳ.225
  12. Маҳрезӣ, «Девони Имом Алӣ (а)», саҳ.236 - 240
  13. Маҳрезӣ, «Девони Имом Алӣ (а)», саҳ.217
  14. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъат, Бейрут, ҷ.9, саҳ.101 - 102
  15. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъат, Бейрут, ҷ.2, саҳ.431 - 434
  16. Ҳусайнии Ҷалолӣ, «Пажӯҳише дар бораи Девони Имом Алӣ (а)», саҳ.756
  17. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъат, Бейрут, ҷ.9, саҳ.102
  18. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъат, Бейрут, ҷ.9, саҳ.102
  19. Маҳрезӣ, «Девони Имом Алӣ (а)», саҳ.227 - 228
  20. Маҳрезӣ, «Девони Имом Алӣ (а)», саҳ.228 - 229
  21. Ҳусайнии Ҷалолӣ, «Пажӯҳише дар бораи Девони Имом Алӣ (а)», саҳ.761
  22. Маҳрезӣ, «Девони Имом Алӣ (а)», саҳ.229
  23. Маҳрезӣ, «Девони Имом Алӣ (а)», саҳ.229

Сарчашма

  • Зиловӣ, Нигор, «Китобшносии тавсифии китоби «Манзумату фи сирри исмиллоҳ-ил-аъзам» аз Алӣ ибни Абитолиб (а)», дар китоби Моҳи дин, №37, 1379ҳ.ш.
  • Маҳрезӣ, Маҳдӣ, «Девони Имом Алӣ (а)», дар Донишномаи Имом Алӣ (а), ҷ.12, Теҳрон, Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва андешаи исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъати лидурари ахбор-ил-аиммат-ит-тоҳира, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи дуввум, 1403ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиа, Бейрут, Дор-ул-азво, чопи дуввум, бе то.
  • Хушнависон, Лайло ва Ваҳиди Сабзиёнпур, Пажӯҳише дар асноди Девони мансуб ба Имом Алӣ (а), Теҳрон, ёри дониш, 1393ҳ.ш.
  • Ҳасанзодаи Омулӣ, Ҳасан, Минҳоҷ-ул-бароати фи шарҳи Наҳҷ-ил-балоғат, Теҳрон, Мактабат-ул-исломийя, 1400ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Муҳаммадҳусайн, «Пажӯҳише дар бораи Девони Имом Алӣ (а)», тарҷумаи Ҷӯё Ҷаҳонбахш, дар Оинаи пажӯҳиш, №66, 1379ҳ.ш.