Вузуи иртимосӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Вузӯъи иртимосӣ)
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Вузуи иртимосӣ (арабӣ: الوضوء الارتماسي) аз равишҳои вузуст, ки пас аз ният,[1] рӯй ва сипас дастҳо ба қасди вузу, дар об дохил мешавад.[2] Ҳамчунин ҷоиз донистаанд, ки вузугиранда аъзои вузуро дар об фурӯ бурда, нияти вузу кунад ва сипас аз об берун оварад.[3] Дар вузуи иртимосӣ пас аз фурӯ бурдани рӯю дастҳо дар об, масҳи сару по анҷом мешавад.[4]

Иртимос истилоҳии фиқҳӣ ба маънои фурӯ кардани сар ё дигар аъзо дар об аст.[5] Тартиб дар вузуи иртимосӣ монанди вузуи маъмулӣ аст, ки аввал рӯй, сипас дасти рост ва баъд дасти чап шуста мешавад.[6]

Дар вузуи иртимосӣ рӯю дастҳо аз боло ба поин шаста мешавад; рӯй аз тарафи пешонӣ ва дастҳо аз оринҷ дар об фурӯ меравад. Албата агар ҳангоми берун овардани дасту сурат аз об, қасди вузу кунад бояд рӯйро аз тарафи пешонӣ ва дастҳоро аз тарафи оринҷ берун оварад.[7]

Ба фатвои Имом Хумайнӣ дар вузуи иртимосӣ танҳо ду бор метавон дасту рӯйро дар об фурӯ кард; мартабаи аввал воҷиб ва мартабаи дувум ҷоиз аст ва беш аз он ҷоиз нест.[8] Шустани бархе аз аъзо ба сурати иртимосӣ ва баъзе дигар ба сурати тартибӣ ҷоиз дониста шудааст.[9]

Бархе фақиҳон барои ин ки масҳи сар ва поҳо дар вузуи иртимосӣ бо об вузу бошад, шартҳоиро қарор додаанд ки дар сурат набуд онҳо, вузуи иртимосӣ саҳеҳ нест:

Имом Хумайнӣ муътақид буд барои он ки масҳи сар ва поҳо бо оби вузу анҷом гирад, вузуи иртимосӣ танҳо замоне аст, ки дастҳо дар об қарор гирифта ва сипас нияти вузу кунад ва баъд дастҳоро аз об берун биоварад.[10]

Сайид Абулқосими Хуӣ ва Мирзо Ҷаводи Табрезӣ аз фақиҳони шиа, муътақид буданд дасти чапро наметавон ба сурати иртимосӣ шуст.[11]

Сайид Алӣ Систонӣ - аз мароҷеъи тақлид, масҳ бо тарии дасте ки ба сурати иртимосии шуста шударо дорои ишкол намедонад, вале онро хилофи эҳтиёт донистааст.[12]

Носир Макорими Шерозӣ аз мароҷеъи тақлид муътақид аст вузугиранда баъд аз хориҷ кардани дастҳо аз об, бояд қасд кунад, ки то вақте ки оби рӯи дастҳо ҷараён дорад, ҷузви вузу бошад.[13]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Мирзои Қумӣ, Ҷомеъ-уш-шатот, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.32
  2. Баҳҷат, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, 1428ҳ.қ., саҳ.53
  3. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., саҳ.61
  4. Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1424ҳ.қ., саҳ.21
  5. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.346
  6. Мирзои Қумӣ, Ҷомеъ-уш-шатот, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.32
  7. Макорими Шерозӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, 1429ҳ.қ., саҳ.60
  8. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.199
  9. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.347
  10. Имом Хумайнӣ, Рисолаи наҷот-ул-ибод, 1385ҳ.ш., саҳ.20
  11. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160
  12. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.160
  13. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.161

Сарчашма

  • Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, Қум, интишороти Шафақ, 1428ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Рисолаи наҷот-ул-ибод, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), (ҳамроҳ бо фатовои фуқаҳои бузург), Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1424ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил, муҳаққиқ, Муслим Қулипури Гелонӣ, беҷо, бено, 1426ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, Қум, интишороти мадрисаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1429ҳ.қ.
  • Мирзои Қумӣ, Абулқосим ибни Муҳаммадҳасан, Ҷомеъ-уш-шатоти фи аҷвибат-ис-суолот, Теҳрон, кайҳон, 1413ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳи мутобиқ бо мазоҳиби Аҳли Байт, зери назари: Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи исломӣ, 1426ҳ.қ.
  • Хоманаӣ, Алӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, Қум, Маркази нашри Оятуллоҳ Хоманаӣ, 1424ҳ.қ.