Вилояти ташриъӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Вилояти ташриӣ)

Вилояти ташриъӣ (арабӣ: الولاية التشريعية) ҳаққи ташреъ ё қонунгузорӣ дар соҳаи дин аст. Маънии вилояти ташриъӣ ин аст, ки Худованд ба Пайғамбар (с) ва имомҳо (а) ин ихтиёрро додааст, ки аз тарафи худ, аҳком шариатро қонунгузорӣ кунанд. Ин як масъалаи баҳсбарангез ва мавриди ихтилоф байни олимони шиа аст: бархе ба он бовар доранд ва бархе онро қабул накарда, ҳаққи ташреъ ва қонунгузориро фақат барои Худо медонанд.

Вилояти ташриъӣ маънои дигаре ҳам дорад, ки ҳамаи олимони шиа ба он эътиқод доранд. Ва он ин аст, ки Пайғамбар (с) ва имомҳо (а) соҳибихтиёри ҷон ва моли инсонҳо ҳастанд ва ҳарчи мегӯянд, бояд итоат кард.

Дар сарчашмаҳои ҳадисӣ, вилояти ташриъӣ ва қонунгузории ба маънои авал бо унвони «тафвизи умури динӣ ба Пайғамбар ва имомон» сухан омадааст.

Ду маънои вилояти ташреъӣ

Вилояти ташреъӣ, дар адабиёти олимони шиа, ду маъно дорад: маънои аввали он, ҳаққи шаръӣ бар ҷону мол аст. Вилояти ташреъӣ, ба ин маъно, вақте дар бораи Пайғамбару имомон, ба кор меравад, мурод ин аст, ки онҳо аз ҷониби Худо, соҳибихтиёри ҷон ва моли мардум ҳастанд ва метавонанд дар онҳо тасарруф кунанд; масалан молашонро бифурӯшанд. Ва мардум бояд аз онҳо итоат кунанд.[1]

Маънои дуввуми вилояти ташреъӣ, ҳаққи қонунгузорӣ дар соҳаи дин аст; яъне ташреъи аҳкоми ибодӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, қазоӣ ва ғ.[2] Ба баёни дигар, ба ин маъност, ки ҳақ дошта бошем, барои як мавзӯъе, ҳукми шаръӣ содир кунему бигӯем ҳалол аст ё ҳаром.[3] Аз ин маънои вилояти ташреъӣ, бо унвони «тафвизи Худо ба Пайғамбар ва имомон» ҳам сухан омадааст.[4]

Масъалаи мавриди баҳс дар вилояти ташреъӣ

Олимони шиа маънои аввали вилояти ташреъиро дар хусуси Пайғамбар ва имомон мепазиранд; яъне ҳама бар ин боваранд, ки Пайғамбар ва имомон соҳибихтиёри ҷон ва моли мардуманд ва ҳамаи умури дин ва дунёи мардум таҳти раёсати онҳост ва бояд аз онҳо итоат кард.[5]

Масъалаи ихтилофии байни онҳо маънои дуввум аст; яъне оё ғайр аз Худо, Пайғамбар ва имомон ҳам ҳаққи ташреъ доранд ё хайр. Ба сухани дигар, оё Худованд ҳаққи қонунгузорӣ дар умури диниро ба Пайғамбар ва имомон «тафвиз» ё вогузор кардааст ё хайр.[6]

Мувофиқон ва мухолифони вилояти ташреъӣ (ба маънои тафвиз)

Гуруҳе аз олимон, ҳамчун Ҷаъфари Субҳонӣ ва Софии Гулпойгонӣ, гуфтаанд, дар Ислом, ҳеҷ инсоне ҳаққи қонунгузорӣ надорад ва ин ҳақ махсуси Худованд аст ва Худованд ин ҳақро, ба сурати мутлақ, ба ҳеҷ кас тафвиз накардааст[7] ва танҳо дар мавориди маъдуде, ки дар ривоёт омадааст, Худо ба Пайғамбар иҷозати ташреъ додааст, вилояти ташреъии Пайғамбарро мепазирем.[8] Барои мисол, дар ривояте омадааст, ки Худованд намозҳои рӯзонаро ба шакли дуракъатӣ фарз кард; вале Пайғамбар ба намозҳои зуҳр (пешин), аср ва ишоъ (хуфтан), ду ракъат ва ба намози мағриб (шом) як ракъат афзуд ва Худо низ ташреъи ӯро тасвиб кард.[9]

Дар муқобили инҳо, бархе ҳамчун Ғаравии Исфаҳонӣ, Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ ва Ҳусайнии Теҳронӣ муътақиданд, Пайғамбар ва имомон бар тамоми умури динӣ вилояти ташреъӣ доранд.[10]

Мустанадоти мухолифон

Бархе аз мустанадоти мухолифон тафвизи умури шаръӣ ба Пайғамбар ва имомон аз ҷониби Худо ба шарҳи зер аст:

  • « إِنِ الْحُکْمُ إِلَّا لِلَّـهِ; ҳукм додан махсуси Худост!».[11]
  • «Ҳар кас ба он чи Худо фиристодааст, ҳукм накунад, кофир аст!».[12]
  • «Пас байнашон мутобиқи он чи Худо нозил кардааст, ҳукм кун!».[13]
  • Имом Боқир (а): «ҳукм бар ду навъ аст: ҳукми Худо ва ҳукми аҳли ҷоҳилият!».[14][15]

Мустанадоти мувофиқон

Мувофиқони вилояти ташреъӣ ба аҳодисе истинод кардаанд, ки дар онҳо, аз тафвиз ё вогузории амри дин ба Пайғамбар ва имомон сухан омадааст. Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ гуфтааст, ин ривоёт мутавотиранд.[16] Бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:

  • Имом Содиқ (а): «Худои Азза ва Ҷалла пайғамбарашро ба муҳаббати худ тарбият кард ва сипас фармуд: "ту дорои хулқи азиме ҳастӣ" ва он гоҳ ба ӯ тафвиз кард.. ва фармуд: "ҳар кас аз Расули Худо итоат кунад, Худоро итоат кардааст", Пайғамбари Худо корро ба Алӣ тафвиз кард ва ӯро амин шуморид.. мо воситаи байни шумо ва Худои Азза ва Ҷалла ҳастем. Худо барои ҳеҷ кас, дар мухолифати амри мо хайре қарор надода аст».[17]
  • Имом Содиқ (а): «Худованди Азза ва Ҷалла Пайғамбари Худро тарбият кард ва некӯ тарбият кард ва чун адабро дар ӯ ба камол расонд, фармуд: "ба ростӣ ки ту дорои ахлоқи бузург ҳастӣ" он гоҳ кори дин ва умматро ба ӯ супорид то бандагонашро идора кунад.»[18][19]

Масъалаи тафвиз дар манобеи ҳадисӣ

Дар бархе манобеи ҳадисӣ, бахшҳое ба мавзӯи тафвизи амри дин махсуси Пайғамбар (с) ва имомон (а) дониста шудааст. Аз ин миён, китоби Кофӣ навиштааст, Кулайнӣ аст, ки дар бахше бо унвони «тафвизи амри дин ба Пайғамбар ва имомон» даҳ ривоят дар ин замина зикр кардааст.[20] Ҳамчунин дар китоби Басоир-уд-дараҷот, навиштаи Саффор ҳам ду бахш махсуси ин масъала аст.[21]

Бархе аз олимон гуфтаанд, манзур аз тафвизи амри дин ба Пайғамбар (с) ва аимма (а) вилояти ташреъӣ, яъне ҳаққи ташреъ дар аҳкоми дин аст,[22] аммо гурӯҳе дигар мегӯянд, манзур аз он ин аст, ки асли аҳкомро Худо ташреъ ва аз роҳи ваҳй ба Пайғамбар иблоғ мекунад, аммо таъйини ҷузъиёти бархе аҳкомро бар уҳдаи Пайғамбар гузоштааст, ки он ҳам аз тариқи илҳом ба ӯ сурат мегирад.[23]

Ҷустори вобаста

Эзоҳ

  1. Ҳусайнии Милонӣ, ал-Вилоят-ут-ташриъия, 1432ҳ.қ., саҳ.49.
  2. Софии Гулпойгонӣ, Силсилаи мабоҳиси имомат ва маҳдавият, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.97.
  3. Субҳонӣ, Вилояти ташриъӣ ва таквинӣ аз дидгоҳи илм ва фалсафа, 1385ҳ.ш., саҳ.19.
  4. Ниг.: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.348; Омилӣ, ал-Вилоят-ут-таквиния ва-т-ташриъия, 1428ҳ.қ., саҳ.60 - 63.
  5. Ҳусайни Милонӣ, ал-Вилоят-ут-ташриъия, 1432ҳ.қ., саҳ.49; Софии Гулпойгонӣ, Силсилаи мабоҳиси имомат ва маҳдавият, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.105 - 107.
  6. Ниг.: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.348; Субҳонӣ, Мафоҳим-ул-Қуръон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.610; Софии Гулпойгонӣ, Силсилаи мабоҳиси имомат ва маҳдавият, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.99, 101; Ғаравии Исфаҳонӣ, Ҳошияту китоб-ил-макосиб, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.379; Омилӣ, ал-Вилоят-ут-таквиния ва-т-ташриъия, 1428ҳ.қ., саҳ.60 - 63
  7. Субҳонӣ, Мафоҳим-ул-Қуръон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.610; Софии Гулпойгонӣ, Силсилаи мабоҳиси имомат ва маҳдавият, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.99, 101.
  8. Субҳонӣ, Вилояти ташриъӣ ва таквинӣ аз дидгоҳи илм ва фалсафа, 1385ҳ.ш., саҳ.20 - 21; Софии Гулпойгонӣ, Силсилаи мабоҳиси имомат ва маҳдавият, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.101 - 102.
  9. Субҳонӣ, Вилояти ташриъӣ ва таквинӣ аз дидгоҳи илм ва фалсафа, 1385ҳ.ш., саҳ.21.
  10. Ғаравии Исфаҳонӣ, Ҳошияту китоб-ил-макосиб, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.379; Омилӣ, ал-Вилоят-ут-таквиния ва-т-ташриъия, 1428ҳ.қ., саҳ.60 - 63; Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, ҷ.5, 1418ҳ.қ., саҳ.114, 179.
  11. Сураи Юсуф, ояти 40, 67; сураи Анъом, ояти 57.
  12. Сураи Моида, ояти 44.
  13. Сураи Моида, ояти 48.
  14. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.407.
  15. Субҳонӣ, Мафоҳим-ул-Қуръон, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.606 - 612.
  16. Омилӣ, ал-Вилоят-ут-таквиния ва-т-ташриъия, 1428ҳ.қ., саҳ.61.
  17. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.265.
  18. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.266.
  19. Омилӣ, ал-Вилоят-ут-таквиния ва-т-ташриъия, 1428ҳ.қ., саҳ.62.
  20. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.265 - 268.
  21. Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.378, 383.
  22. Омилӣ, ал-Вилоят-ут-таквиния ва-т-ташриъия, 1428ҳ.қ., саҳ.60 - 63.
  23. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.348.

Сарчашма

  • Ғаравии Исфаҳонӣ, Муҳаммадҳусайн, Ҳошият-ул-макосиб, Қум, Завӣ-л-қурбо, 1427ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Омилӣ, Сайидҷаъфар Муртазо, ал-Вилоят-ут-таквиния ва-т-ташриъия, марказул-исломӣ лиддиросот, чопи дувум, 1428ҳ.қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дараҷот фи фазоили Оли Муҳаммад (с), таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳсини Кучабоғӣ, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Силсилаи мабоҳиси имомат ва Маҳдавият, Қум, дафтари танзим ва нашри осори Оятуллоҳилъузмо Софии Гулпойгонӣ, 1391ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Вилояти таквинӣ ава ташриъӣ аз дидгоҳи илм ва фалсафа, Қум, муассисаи Имом Содиқ, 1385ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Мафоҳим-ул-Қуръон, ба қалами Ҷаъфари Алҳодӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ, 1421ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Милонӣ, Алӣ, ал-Вилоят-ут-ташриъия, Қум, алҳақоиқ, чопи аввал, 1432ҳ.қ.
  • Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, Имомшиносӣ, Машҳад, интишороти Аллома Таботабоӣ, 1418ҳ.қ.