Пайғамбарон: Тафовут байни таҳрирҳо
→Теъдод ва номҳо
No edit summary |
|||
Сатри 29: | Сатри 29: | ||
==Теъдод ва номҳо== | ==Теъдод ва номҳо== | ||
Дар бораи теъдоди пайғамбарон ривоёти мухталифе вуҷуд дорад. Аллома Таботабоӣ бино ба ривояти машҳуре, теъдоди ононро 124 ҳазор нафар нақл мекунад. [ 12 ] Тибқи ин ривоят, 313 нафар аз пайғамбарон, расуланд, 600 тан аз анбиёи Банӣ Исроил ва чаҳор тан (Ҳуд (а), Солеҳ (а), Шуайб (а) ва Муҳаммад (с) арабанд. [ 13 ] Дар ривоёти дигаре теъдоди пайғамбарон 8 ҳазор, [ 14 ] 320 ҳазор, [ 15 ] ва 144 ҳазор нафар [ 16 ] зикр шудааст. Аллома Маҷлисӣ эҳтимол медиҳад, адади 8 ҳазор, марбУт ба пайғамбарони бузург бошад. [ 17 ] Аввалин пайғамбар ҳазрати Одам (а) [ 18 ] ва охирин пайғамбар, ҳазрати Муҳаммад (с) будааст. [ 19 ] | |||
Қуръон аз бархе пайғамбарон ном бурдааст. [ 20 ] Одам (а), Нуҳ (а), Идрис (а), Ҳуд (а), Солеҳ (а), Иброҳим (а), Лут (а), Исмоил (а), Алясаъ (а), Зулкифл (а), Илёс (а), Юнус (а), Исҳоқ (а), Яъқуб (а), Юсуф (а), Шуайб (а), Мусо (а), Ҳорун (а), Довуд (а), Сулаймон (а), Айюб (а), Закариё (а), Яҳё (а), Исо (а) ва Муҳаммад (с) пайғамбароне ҳастанд, ки номи онон дар Қуръон омадааст. [ 21 ] Бархе аз муфассирон муътақиданд, номи Исмоил ибни Ҳизқил [Ёддошти 1] низ дар Қуръон омадааст. [ 22 ] | |||
Иддае муътақиданд, Қуръон аз авсофи бархе пайғамбарон, монанди Ирмиё (а) ва Шамуил (а) ёд кардааст, аммо номашонро зикр накардааст. [ 23 ] Дар Қуръон сурае ба номи Анбиё ва теъдоде аз сураҳо ба номи Юнус, Ҳуд, Юсуф, Иброҳим, Муҳаммад ва Нуҳ номгузорӣ шудаанд. | |||
Дар ривоёт аз Шис, [ 24 ] Ҳизқил, [ 25 ] Ҳабқуқ, [ 26 ] Дониёл, [ 27 ] Ҷурҷис, [ 28 ] Узайр, [ 29 ] Ҳанзала [ 30 ] ва Ирмиё [ 31 ] ба унвони пайғамбар ёд шудааст. Дар пайғамбарии афроде ҳамчун Хизр, [ 32 ] Холид ибни Санон [ 33 ] ва Зилқарнайн [ 34 ] ихтилоф аст. Ҳамчунин ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ Узайр низ аз касоне аст, ки пайғамбар буданаш возеҳ нест. [ 35 ] Бар пояи оёти Қуръон, бархе аз пайғамбарон ҳамзамон бо якгдигар мезистаанд; азҷумла Мусо бо Ҳорун [ 36 ] ва Иброҳим бо Лут [ 37 ] ҳамъаср будаанд. Ҳамчунин аз бархе ривоёт ҳамзамонии бархе аз пайғамбарон (а) бо якдигар фаҳмида мешавад. Ба унвони намуна, Сайид ибни Товус дар китоби Луҳуф аз Имом Ҳусайн (а) нақл кардааст, дар ҳангоме ки қасди хориҷ шудан аз Макка ба самти Кӯфаро дошт, хитоб ба Абдуллоҳ ибни Умар фармуд: оё намедонӣ ки Банӣ Исроил то ҷое пеш рафтанд, ки бомдодон байни тулуъи фаҷр то тулуъи хуршед ҳафтод пайғамбари Илоҳиро ба шаҳодат расонданд ва сипас (бидуни эҳсоси зиштӣ ва фоҷеъаи ин ҷинояти ҳавлнок) ба хариду фурӯш пардохтанд; чунон ки гӯё ҳеҷ фоҷеъае ба вуҷуд наёвардаанд?!». [ 38 ] Дар ривояти дигари Маҷмаъ-ул-баён аз Пайғамбар (с) нақл кардааст, ки ба Абуъубайдаи Ҷарроҳ фармуд: эй Абуъубайда! Банӣ Исроил дар авоили як рӯз, 43 пайғамбрро дар як замон куштанд, пас аз он 112 нафар аз Банӣ Исроил ба унвони амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар дар баробари қотилони пайғамбарон бархостанд, ки онҳоро ҳам дар охири ҳамон рӯз куштанд». [ 39 ] | |||
Пайғамбарон дар Қуръон | |||
Номи шахси такрор дар Аҳдайн набӣ расул улулъазм имом китоб қавм мадфан дорои шариъат | |||
Одам 17 Adam Наҷаф дар марқади Амирулмуъминин (а) | |||
Идрис 2 Enoch набӣ [ 40 ] уруҷ ба осмон [ 41 ] | |||
Нуҳ 43 Noah набӣ [ 42 ] расул [ 43 ] улулъазм Наҷаф дар марқади Амирулмуъмнин (а) бале [ 44 ] | |||
Ҳуд 7 [ 45 ] Eber расул [ 46 ] Од [ 47 ] Наҷаф/ Водиссалом | |||
Солеҳ 9 расул [ 48 ] Самуд [ 49 ] Наҷаф /Водиссалом | |||
Иброҳим 69 Abraham набӣ [ 50 ] расул [ 51 ] улулъазм имом [ 52 ] суҳуф [ 53 ] Алхалил (Фаластин) бале [ 44 ] | |||
Лут 27 Lot набӣ [ 42 ] расул [ 54 ] Алхалил (Фаластин) | |||
Исмоил 11 Ishmael набӣ [ 55 ] Масҷидулҳаром/ ҳаҷари Исмоил канори модараш Ҳоҷар | |||
Узайр 1 [ 56 ] Банӣ Исроил Фаластин | |||
Исҳоқ 17 Isaac набӣ [ 57 ] имом [ 58 ] Алхалил (Фаластин) | |||
Яъқуб 16 Jacob набӣ [ 57 ] имом [ 58 ] ҷомеъи Алхалил (Фаластин) | |||
Юсуф 27 Joseph набӣ [ 42 ] Банӣ Исроил ҷомеъи Алхалил (Фаластин) | |||
Айюб 4 Job набӣ [ 42 ] Ҳурон | |||
Шуайб 11 Jethro, Reuel, Hobab расул [ 59 ] Мадян [ 60 ] Байтулмуқаддас | |||
Мусо 136 Moses набӣ [ 61 ] расул [ 61 ] улулъазм Таврот [ 62 ] фиръавниён [ 63 ] ва Банӣ Исроил [ 64 ] атрофи Байтулмуқаддас бале [ 44 ] | |||
Ҳорун 19 Aaron набӣ [ 65 ] расул [ 66 ] фиръавниён [ 67 ] ва Банӣ Исроил [ 68 ] атрофи Тури Сино | |||
Зулкифл 2 Ezekiel байни Кӯфа ва Ҳилла | |||
Довуд 16 David набӣ [ 42 ] Забур [ 69 ] Байтулмуқаддас | |||
Сулаймон 17 Solomon набӣ [ 42 ] Байтулмуқаддас | |||
Илёс 2 Elijah (Elias) набӣ [ 42 ] расул [ 70 ] уруҷ ба осмон | |||
Алясаъ 2 Elisha набӣ [ 42 ] Димишқ | |||
Юнус 4 Jonah набӣ [ 42 ] расул [ 71 ] Кӯфа | |||
Закариё 7 Zechariah набӣ [ 42 ] Байтулмуқаддас | |||
Яҳё 5 John the Baptist набӣ [ 72 ] масҷиди умавӣ, Димишқ | |||
Исо 25 Jesus набӣ [ 73 ] расул [ 74 ] улулъазм имом Инҷил [ 75 ] Банӣ Исроил [ 76 ] уруҷ ба осмон бале [ 44 ] | |||
Муҳаммад 4 набӣ [ 77 ] расул [ 78 ] улулъазм имом Қуръон [ 79 ] ҳамаи мардум [ 80 ] Мадина бале [ 44 ] | |||
==Дараҷот ва маротиб== | |||
==Эзоҳ== | |||
{{Адабиёт}} |