Бунёди байналмилалии Ғадир

Аз wikishia
Бунёди байналмилалии Ғадир

Бунёди байналмилалии Ғадир, бунёдии ғайридавлатие дар Эрон аст, ки бо ҳадафи таблиғ ва муаррифии Ғадир дар ҷаҳон таъсис шудааст.

Ин бунёд дар соли 1997, ба дасти Абулқосими Хазъалӣ таъсис шуд. Дафтари марказии он дар Теҳрон аст ва беш аз 600 дафтар дар ҷаҳон дорад.

Сохтори ин бунёд аз котиби генералӣ, шӯрои сарпарастон, шӯрои директорон ва директори генералӣ иборат аст. Козими Сиддиқӣ дабирикул ва Ҳусайни Зарифманиш, директори генералии ин бунёд ҳастанд.

Аз иқдомоти ин бунёд метавон ба баргузории ҳамоиш, ҷашнвора, мусобиқа, нишасти илмӣ ва фарҳангӣ, эъзоми мубаллиғ ва интишори осор бо мавзӯи Имом Алӣ (а) ишора кард.

Аҳамият ва аҳдоф

Бунёди байналмилалии Ғадир аз бунёдҳои ғайридавлатие дар Эрон аст.[1] Аз аҳдофи ин бунёд, таблиғ ва муаррифии рӯйдоди Ғадири Хум, ниҳодина кардани фарҳанги Ғадир дар ҷавомеъи исломӣ, эҷоди ҳисси ҳамдилӣ ва ваҳдат байни мусулмонон бо меҳварияти Ғадир, эҷоди азми миллӣ ва байналмилалӣ дар таҳаққуқи аҳдофи Ғадир ва шиносоии истеъдодҳои халлоқ дар ҷиҳати тарвиҷи воқеаи Ғадир унвон шудааст.[2] Барои ин бунёд, як барномаи панҷсола ва санади чашмандози бист сола гузориш кардаанд.[3]

Бунёди байналмилалии Ғадир, барои пешгирӣ аз корӣ параллели ва таъсиси ташкилоти нодаркор, аз имконоти фарҳангии ҳукуматӣ ва мардум истифода бурда, бо истифода аз мушорикати дастгоҳҳои иҷроӣ барномаҳои худро пеш мебарад.[4]

Аз ин бунёд ба унвони бузургтарин ниҳоди ғадирӣ дар Эрон ёд шудааст, ки беш аз 600 дафтар дар саросари ҷаҳон дорад.[5] Қарор аст то соли 2024, маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин нависандагони ҷаҳони Ислом, ки дар бораи Имом Алӣ (а) навиштаанд, баргузор шавад.[6]

Таърихча

Бунёди Ғадир тавассути Абулқосим Хазъалӣ дар соли 1376ҳ.ш., таъсис шуд. Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда дар соли 1389ҳ.ш., ин муассиса дар кишварҳои Олмон, Белгия, Ҳоланд, Арабистони Саудӣ, Лубнон, Сурия, Гурҷистон, Ҳиндустон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Ироқ дорои намояндагии мустақим шуд ва бо ҳамоҳангии Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар кишварҳои исломӣ, дафтарҳои фаъол эҷод кард.[7] Ин бунёд дар тамоми вилоятҳои Эрон низ дафтари мустақил дорад, ки раёсати он бар уҳдаи имом ҷумъаи маркази вилоят ё чеҳрае фарҳангӣ аст.[8]

Сохтор

Сохтори ин бунёд, шомили дабирикул, ҳайъати умано, ҳайати мудира ва мудири генералӣ аст. Аз соли 1400ҳ.ш., дабирикулии ин бунёдро Козими Сиддиқӣ[9] ва мудир генералии онро Ҳусайни Зарифманиш уҳдадор ҳастанд.[10] Пеш аз ин Абулқосими Хазъалӣ дабирикулӣ ва раёсати ҳайъати уманои бунёдро бар уҳда дошт.[11]

Муовинати умури байналмилали ин ниҳод, уҳдадори баргузории семинарҳо, эҷоди курсиҳои шиашиносӣ дар донишгоҳҳои хориҷӣ, баргузории мусобиқоти мақоланависӣ, эъзоми мубаллиғони динӣ ба хориҷ аз Эрон ва эҷоди шабакоти моҳвораӣ ва телевизиюнӣ аст.[12]

Фаъолиятҳо

  • Баргузории ҳамоиши байналмилалии Ғадир[13]
  • Баргузории ҷашнвораи фарҳангии Ғадир вижаи донишомӯзон ва донишҷӯёни форсизабони хориҷ аз Эрон[14]
  • Эъзоми мубаллиғ ба кишварҳо ва шаҳрҳо ва рустоҳои Эрон[15]
  • Таҳия ва интишори муҳтавоҳои муртабит бо Ғадир[16] ва Наҳҷул-балоға[17]
  • Баргузории нишастҳои илмӣ ва фарҳангӣ[18]
  • Озодсозии зиндониён.[19]

Эзоҳ

  1. “Муаррифии бунёди байналмилалии Ғадир”, рӯзномаи паёми Асалуя, саҳ.4.
  2. Муродиёни Мунфарид, “Бунёди байналмилалии Ғадир” Донишномаи Теҳрони бузург, 1393ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1138.
  3. “Дафотири бунёди байналмилалии Ғадир дар 4 кишвар ифтитоҳ шуд”, ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат.
  4. “Муаррифии бунёди байналмилалии Ғадир”, рӯзномаи паёми Асалуя, саҳ.4.
  5. “Иқдомоти бунёди байналмилалии Ғадир муносиб аммо нокофӣ аст”, хабаргузории Тасним.
  6. “Баргузории ҷоизаи байналмилалии Ғадир аз соли оянда”, пойгоҳи хабарии Алиф.
  7. Муродиёни Мунфарид, “Бунёди байналмилалии Ғадир” Донишномаи Теҳрони бузург, 1393ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1138.
  8. Муродиёни Мунфарид, “Бунёди байналмилалии Ғадир” донишномаи Теҳрони бузург, 1393ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1138.
  9. “Дабирикули бунёди байналмилалии Ғадир: тири душманон дар донишгоҳҳо ба санг хӯрд”, хабаргузории Эрно.
  10. “Баргузории ҷаласаи кумитаи байналмилали бунёди байналмилалии Ғадир”, хабаргузории Садо ва симо.
  11. Муродиёни Мунфарид, “Бунёди байналмилалии Ғадир” донишномаи Теҳрони бузург, 1393ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1138.
  12. Муродиёни Мунфарид, “Бунёди байналмилалии Ғадир” донишномаи Теҳрони бузург, 1393ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1138.
  13. “Баргузории ҷаласаи кумитаи байналмилали бунёди байналмилалии Ғадир”, хабаргузории садоу симо.
  14. “Баргузории ҷаласаи кумитаи байналмилали бунёди байналмилалии Ғадир”, хабаргузории садоу симо.
  15. “Дафотири бунёди байналмилалии Ғадир дар 4 кишвар ифтитоҳ шуд”, ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат.
  16. “Баргузории ҷаласаи кумитаи байналмилали бунёди байналмилалии Ғадир”, хабаргузории садоу симо.
  17. “Дафотири бунёди байналмилалии Ғадир дар 4 кишвар ифтитоҳ шуд”, ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат.
  18. “Баргузории ҷаласаи кумитаи байналмилали бунёди байналмилалии Ғадир”, хабаргузории садоу симо.
  19. “Дафотири бунёди байналмилалии Ғадир дар 4 кишвар ифтитоҳ шуд”, ҳавзаи намояндагии Валии фақиҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрат.

Сарчашма

  • “Баргузории ҷаласаи кумитаи байналмилали бунёди байналмилалии Ғадир”, хабаргузории Садо ва симо, таърихи дарҷи матлаб: 17 хурдоди 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.
  • “Баргузории ҷоизаи байналмилалии Ғадир аз соли оянда”, пойгоҳи хабарии Алиф, таърихи дарҷи матлаб: 3 тири 1402ҳ.ш., таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.
  • “Дабирикули бунёди байналмилалии Ғадир: тири душманон дар донишгоҳҳо ба санг хӯрд”, хабаргузории Эрно, таърихи дарҷи матлаб: 10 обони 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.
  • “Дафотири бунёди байналмилалии Ғадир дар 4 кишвар ифтитоҳ шуд”, намояндагӣ вале фақиҳ дар умӯри ҳаҷу зиёрат, таърихи дарҷи матлаб : 11 даии 1388ш, таърихи боздид : 5 тири 1402ҳ.ш.
  • “Иқдомоти бунёди байналмилалии Ғадир муносиб аммо нокофӣ аст”, хабаргузории Тасним, таърихи дарҷи матлаб: 6 шаҳривари 1397ҳ.ш., таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.
  • “Муаррифии бунёди байналмилалии Ғадир”, рӯзномаи паёми Асалуя, 7 шаҳривари 1395ҳ.ш., саҳ.4.
  • Муродиёни Мунфарид, Алимуҳаммад, “Бунёди байналмилалии Ғадир”, Донишномаи Теҳрони бузург, Теҳрон: маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1393ҳ.ш.
  • «Тағироти бунёди байналмилалии Ғадир», рӯзномаи расмии кишвар, таърихи дарҷи матлаб: 17 обони 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.