Бунёди байналмилалии Ошуро
Бунёди байналмилалии Ошуро як бунёди ғайридавлатии вобаста ба Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) аст, ки дар соли 2013 таъсис шудааст.
Ин бунёд дар назар дорад фарҳанги Ошуроиро дар арсаи байналмилал таблиғ кунад. Иқдомоте чун баргузории ҳамоишу сӯгвораҳо, таҳия ва эҳёи маросим ва оинҳои Ҳусайнӣ ва таҳияи муҳтаво дар мавзӯи Ошуроро дар ҳамин росто анҷом додааст.
Бунёди Ошуро ба сурати ҳайъат уманоӣ идора мешавад ва раёсат бар ҳайъати уманоро дабирикулли Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) бар уҳда дорад. Муҳаммадҳасани Ахтарӣ, мудири кулли ин бунёд аст.
Аҳамият, аҳдоф ва фаъолиятҳо
Бунёди байналмилалии Ошуро, як муассисаи ғайридавлатӣ дар Эрон аст, ки бо ҳадафи густариши фарҳанги ошуроӣ ва эҷоди як ҷараёни мустамару пӯё дар ҳавзаи баст ва густариши сираи Имом Ҳусайн (а) таъсис шудааст.[1] Ин муассиса дар соли 1393ҳ.ш., таъсис[2] ва дар дейи 1394ҳ.ш., сабти расмӣ шуд.[3]
Муаррифӣ ва тарвиҷи ҳарчӣ бештари фарҳанги инсонии Ошуро дар миёни мардуми ҷаҳон ва зудудани таҳрифоту бидъатҳо аз чеҳраи Ошуро, ҳадафи Бунёди байналмилалии Ошуро баршумурда шудааст.[4]
Аз фаъолиятҳои ин бунёд метавон ба баргузории ҳамоишу сӯгвораҳо, ҳамсӯсозӣ, рушд ва эҳёи маросим ва шиорҳои Ҳусайнӣ, тавлиди филмҳои кӯтоҳ дар мавзӯи Имом Ҳусайн (а), фаъолиятҳои пажуҳишию таҳқиқотӣ дар заминаи Ошуро[5] ва барпоии мавкибҳои арбаъинӣ барои зоирони Ҳусайнӣ ишора кард.[6]
Сохтор
Бунёди Ошуро, ба сурати ҳайъати уманоӣ аст, ки аъзои он муташаккил аз беъсаи раҳбарӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ, раиси созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон, раиси созмони таблиғоти исломӣ, намояндаи валии фақиҳ ва сарпарасти созмони авқоф ва умури хайрия, дабирикули Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, мудирияти ҳавзаи илмияи Қум, раиси ҷомеъатул-Мустафо ал-оламийя, раиси дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, раиси созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, муовини байналмилали Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а) ва мудири кулли конуни парвариши фикрии кӯдакону навҷавонон ҳастанд. Раёсати ин ҳайъатро дабирикули Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт бар уҳда дорад.[7] Ба гуфтаи мудири кулли ин бунёди Ошуро, ин бунёд мардумӣ аст ва бо ҳимоятҳои хаййирин идора мешавад.
Умури иҷроии Бунёди Ошуро, бар уҳдаи мудири кули он аст, ки тавассути ҳайъат мушаххас мешавад. Бунёди Ошуро чаҳор муовинат, шомили «муовинати расона ва фазои маҷозӣ», «муовинати фарҳангӣ, омӯзишу пажӯҳиш», «муовинати байналмилал» ва «муовинати идорӣ, молӣ ва пуштибонӣ» дорад, ки барномаҳои иҷроӣ бунёдро сомондеҳӣ мекунанд.[8]
Дар 25 озари 1398ҳ.ш., Муҳаммадҳасани Ахтарӣ ба мудири кули Бунёди байналмилалии Ошуро мансуб шуд.[9]
Эзоҳ
- ↑ “Дар бораи мо” сайти Бунёди байналмилалии Ошуро.
- ↑ “Дар бораи мо” сайти Бунёди байналмилалии Ошуро.
- ↑ “Роҳандозии “Бунёди байналмилалии Ошуро”“, сайти Атиқ.
- ↑ “Дар бораи мо” сайти Бунёди байналмилалии Ошуро.
- ↑ “Баргузории нахустин сӯгвораи байналмилалии шабиҳхонӣ дар Теҳрон ба ҳиммати Бунёди байналмилалии Ошуро”, Ҷомеънюз.
- ↑ “Барномаҳои арбаъинИи Бунёди байналмилалии Ошуро ташреҳ шуд”, хабаргузории Икно.
- ↑ “Дар бораи мо” сайти Бунёди байналмилалии Ошуро.
- ↑ “Дар бораи мо” сайти Бунёди байналмилалии Ошуро.
- ↑ “Мудири ҷадиди Бунёди Ошуро муаррифӣ шуд”, хабаргузории Эрно.
Сарчашма
- “Баргузории нахустин сӯгвораи байналмилалии шабиҳхонӣ дар Теҳрон ба ҳиммати Бунёди байналмилалии Ошуро”, Ҷомеънюз, таърихи дарҷи матлаб: 29 тири 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.
- “Барномаҳои арбаъинии Бунёди байналмилалии Ошуро ташреҳ шуд”, хабаргузории Икно, таърихи дарҷи матлаб: 5 шаҳривари 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.
- “Дар бораи мо”, сайти Бунёди байналмилалии Ошуро, таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.
- “Мудири ҷадиди Бунёди Ошуро муаррифӣ шуд”, хабаргузории Эрно, таърихи дарҷи матлаб: 25 озари 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.
- “Роҳандозии “Бунёди байналмилалии Ошуро”“, сайти Атиқ, таърихи дарҷи матлаб: 5 дейи 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.