Бидъат

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Бидъатгузор)

Бидъат (арабӣ: بِدْعَت) ворид кардани чизе дар дин пас аз Пайғамбари Ислом (с) аст, ки аз он наҳй шуда ё дар хусуси он ривояте нест ва зайли аҳкоми куллии динӣ ҳам ҷой намегирад, мебошад. Бидъат дар муқобили суннат қарор дорад, ки ба омӯзаҳо ва таълимот мегӯянд, ки дар Қуръон ва ривоёти Пайғамбар ва маъсумон баён шудааст. Ҳамаи фақеҳони шиа ва суннӣ, бидъатро ҳаром медонанд. Дар ривоёт, бидъат аз масодиқи куфр ва ширк муаррифӣ шудааст.

Дар масодиқи бидъат байни мазоҳиби исломӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад ва ҳар мазҳаб, мазоҳиби дигарро ба бидъат муттаҳам мекунад. Гуфтаанд: аз миёни уламои мусулмон беш аз ҳама Ибни Таймия дигаронро ба бидъат муттаҳам кардааст.

Тибқи эътиқодоти шиаён, дастро болои даст гузоштан дар намоз, хондани намози таровеҳ бо ҷамоат ва гуфтани омин дар намоз, (баъд аз сураи Ҳамд) аз мисдоқҳои бидъат аст. Бархе аз уламои аҳли суннат бар ин боваранд, ки бидъат ба хубу бад тақсим мешавад ва ҷамоат хондани намози таровеҳ, ки ба дастури Умар ибни Хаттоб марсум шуд, бидъати хуб аст. Аммо бархеи дигар аз аҳли суннат ҳар бидъатеро ҳаром мешуморанд.

Олимони мусулмон дар бораи бидъат осоре навиштаанд; китоби «ал-Эътисом» асари Абуисҳоқ Иброҳим Шотибӣ ва «ал-Бидъат» навиштаи оятуллоҳ Субҳонӣ аз ин маворид аст.

Мафҳумшиносӣ

Таърифҳои мухталифе аз бидъат ироа шудааст.[1] Дар китоби ал-Бидъат, 22 таъриф аз уламои шиа ва суннӣ нақл шудааст.[2] Барои мисол Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ бидъатро чизе донистааст, ки дар муқобили суннат бошад.[3] Ҳамчунин Сайиди Муртазо, бидъатро афзудани чизе ба дин, ё костани чизе аз он, таъриф кардааст.[4]

Фақеҳон, бидъатро он медонанд, ки чизеро ки дар дин нест, дар он ворид кунем;[5] монанди онки ибодатеро, ки дар дин наёмада аст, ҷузъи маносики тавсияшуда дар дин бидонем.[6] Ба фатвои фақеҳон, ҳатто агар амалеро, ки ҷузъи аъмоли динӣ нест, мустаҳаб бидонем, бидъат аст.[7]

Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ дар таърифи муфассалтаре, бидъатро ба вуҷуд омадани чизе дар дин пас аз Пайғамбари Ислом (с) медонад, ки аз он наҳй шудааст, ё дар хусуси он ривояте нест ва дар зайли аҳкоми куллии динӣ ҳам ҷой намегирад.[8]

Бидъат метавонад дар ҳавзаи эътиқодот ё дар ҳавзаи аҳкоми шаръӣ бошад.[9] Бидъатро дар муқобили суннат ба кор мебаранд, ки ба маънои омӯзаҳое аст, ки дар Қуръон ва ривоёти Пайғамбар (с) ва дигар маъсумон омада аст.[10]

Дар мутуни фиқҳӣ аз бидъат бо номи «ташреъ» ҳам ёд шуда[11] ва таърифи яксоне барои ин ду ироа шуда аст.[12]

Бидъат, гуноҳи кабира

Дар ривоёти шиа ва аҳли суннат, аҳодиси бисёре дар мазаммати бидъат омада аст.[13] Дар китоби «ал-Бидъат» сӣ ривоят дар ин замина нақл шуда аст.[14] Барои мисол тибқи ҳадисе дар Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал ва Сунани Ибни Моҷаи Қазвинӣ, Пайғамбар (с) ҳар бидъатеро гумроҳӣ шуморида аст.[15] Ибни Моҷа ба нақл аз Пайғамбар (с) гуфтааст: рӯза, намоз, садақа, Ҳаҷ, умра ва ҷиҳоди аҳли бидъат пазируфта намешавад.[16] Ҳамчунин Кулайнӣ дар китоби Кофӣ, аз Имом Боқир (а) Имом Содиқ (а) нақл кардааст, ки ҳар бидъате гумроҳист ва саранҷоми ҳар гумроҳие ҷаҳаннам аст.[17]

ОятуллоҳСубҳонӣ бидъатро аз гуноҳони кабира донистааст.[18] Шайхи Садуқи ҳам дар китоби Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, аҳодиси марбут ба бидъатро дар бахши гуноҳони кабира оварда аст.[19] Ба гузориши ӯ, Имом Боқир (а) бидъатро аз мисдоқҳои куфр ва ширк шуморида аст.[20]

Мазаммати бидъат дар Қуръон

Ба бовари муффасирон ва фақеҳони мусулмон, тибқи оёти Қуръон, бидъат ҳаром аст.[21] Аз ҷумла оёте, ки дар ин замина ба он истинод мешавад, оёти 27 сураи Ҳадид, 116 сураи Наҳл,[22] 65 ва 159 сураи Анъом ва 31 сура Тавба аст.[23]

Бар асоси ояти 27 сураи Ҳадид, Худованд раҳбониятро барои масеҳиён ташреъ накарда аст ва ин расм, бидъате аз ҷониби худи онон буда аст.[24] Ҳамчунин дар ояти 116 сураи Наҳл, [ ёддошти 1 ] омада аст: «Шумо набояд аз пеши худ чизеро ҳалол ва чизеро ҳаром кунед ва ба Худо нисбати дурӯғ бидиҳед».[25] Ба гуфтаи СайидмуҳаммадҳусайнТаботабоӣ, сиёқи оят нишон медиҳад, ки дар он муъминон аз бидъати дар дин наҳй шудаанд.[26]

Ҳукми фиқҳӣ

Фақеҳон ҳар чизеро ки мисдоқи бидъат бошад, ҳаром медонанд.[27] Барои мисол Муҳаққиқи Ҳиллӣ дар масъалаи чигунагии қасам хӯрдани баййина (шуҳуд) дар додгоҳ, гуфта аст: қасам хӯрдан ба ғайри номи Худо монанди қасам ба китобҳои Муқаддас ва Пайғамбари Ислом (с) ва имомон ҷоиз нест; чароки ин кор бидъат аст.[28] Ҳамчунин дар китоби Ҷавоҳир-ул-калом ба нақл аз фақеҳони имомия омада аст, ки дар вузӯъ (таҳорат) шустани рӯй ва дастҳо барои бори сеюм, бидъат ва ҳаром аст.[29]

Ба гуфтаи Муллоаҳмади Нароқӣ, мусулмонон дар хусуси ҳурмати бидъат, иҷмоъ доранд.[30] Ӯ ҳаром будани бидъатро аз заруриёти ( аҳкоми мусаллами) дини Ислом дониста аст.[31]

Ривоҷи иттиҳоми бидъат байни мусулмонон

Мусулмонон ҳамвора дар бораи инки чӣ чизҳое бидъат аст, ихтилофи назар доштаанд.[32] Ба гуфтаи Ибни Рушд, ҳар як аз мазоҳиби исломӣ, мазоҳиби дигарро ба бидъат муттаҳам мекунад.[33] Барои мисол ҳанбалиҳову ваҳҳобиён ҳамаи фалосифа ҳамчун Форобӣ, Ибни Сино ва мутакаллимони шиа, мӯътазила, ашоира ва хавориҷро аҳли бидъат медонанд.[34]

Ашоира ба ҷуз худ, ҳамаи фирқаҳои исломие монанди мӯътазила, шиа ва ботинияро аҳли бидъат мешуморанд.[35] Ба ақидаи шиаён низ аҳли суннат, ғуллот, мӯътазила, хавориҷ ва суфия аҳли бидъатанд.[36]

Гуфтаанд: аз миёни уламои мусулмон, беш аз ҳама Ибни Таймия дигаронро ба бидъат муттаҳам мекардааст.[37] Ӯ ҳар амал ё ақидаеро, ки ба бовари худаш аз Қуръон ва суннати Пайғамбар (с) ва саҳобаву тобеон гирифта нашуда буд, бидъат медонист.[38]

Шиаёни имомӣ, рӯи ҳам гузоштани дастҳо дар намоз,[39] иқомаи намози таровеҳ ба ҷамоат,[40] гуфтани омин дар намоз[41] ва ҷоиз будани се талоқа кардан дар як ҷаласа[42]ро аз мисдоқҳои бидъат медонанд.[43]

Тақсими бидъатҳо ба хубу бад

Бархе аз уламои аҳли суннат ҳамчун Шофеӣ, Ибни Ҳазм, Ғаззолӣ ва Ибни Асир[44] ҳар бидъатеро нописанд надониста ва аз бидъатҳои хуб ҳам сухан ба миён овардаанд.[45] Истиноди онон ба сухани халифаи дувум, Умар ибни Хаттоб дар хусуси супориш ба ҷамоат хондани намози таровеҳ аст, ки онро бидъати хуб номид.[46] Ба навиштаи Ғаззолӣ танҳо бидъате ҳаром аст, ки бо суннат дар тазод бошад ва амри шаръиеро аз миён бардорад.[47] Бархе аз уламои аҳли суннат низ бидъатро бар пояи аҳкоми хамса, ба панҷ дастаи воҷиб, ҳаром, мустаҳаб, макрӯҳ ва мубоҳ тақсим кардаанд.[48]

Бештари уламои шиа ва бархе дигар аз аҳли суннат ин тақсимҳоро намепазиранд. Барои намуна Шаҳиди Аввал дар китоби «ал-Қавоид ва-л-фавоид» навишта аст: умури тозае, ки пас аз Пайғамбари Ислом (с) шакл гирифт, ба панҷ қисми воҷиб, монанди тадвини Қуръон, ҳаром, монанди таҳрими издивоҷи муваққат, мустаҳаб, монанди сохти мадорис, макруҳ, монанди пурхурӣ ва мубоҳ, монанди таҳияи василаи рифоҳ, тақсим мешавад, аммо танҳо қисми ҳароми он бидъат аст;[49] ҳарчанд ба гуфтаи ҶаъфарСубҳонӣ, ӯ дар китоби дигараш Зикро, [ ёддошти 2 ] аз бидъати макруҳ ҳам сухан гуфта аст.[50] Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ бо истинод ба ривояте, ки дар он омада аст: «Ҳар бидъате ҳаром аст», тақсими бидъат ба ақсоми панҷгонаро рад карда аст.[51]

Шотибӣ аз уламои аҳли суннат низ бо тақсими бидъат мухолифат кардааст. Ишколи нахусти ӯ ин аст, ки худи ин тақсимбандӣ аз онҷо ки далели шаръӣ надорад, бидъат аст. Ишколи дувуми ӯ ин аст, ки мафҳуми бидъати воҷиб ё мустаҳаб ё мубоҳ, мафҳуме бохудмутаноқиз аст; чароки агар бар вуҷуб ё мустаҳаб будан ё мубоҳ будани чизе далеле вуҷуд дошта бошад, он чиз дигар бидъат нахоҳад буд; зеро бидъат чизе аст, ки далели шаръие барои он набошад.[52]

Мубоҳата

Мақолаи аслӣ: Мубоҳата

Дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) ба нақл аз Пайғамбар (с) дар хусуси равиши бархӯрд бо аҳли бидъат, иборати «боҳитуҳум/ بَاهِتُوهُمْ» ба кор рафта аст,[53] ки уламои шиа дар хусуси он ихтилофи назар доранд. Бархе чун Сайидабулқосими Хӯӣ ва Сайидмуҳаммадризо Гулпойгонӣ, бар ин боваранд, ки маънои он ин аст, ки ба аҳли бидъат туҳмат бизанед.[54] Бархеи дигар чун Файзи Кошонӣ ва Сайидабдулкарими Мӯсавии Ардабилӣ мегӯянд: мурод он аст, ки аҳли бидъатро мабҳут кунед; яъне бо баҳс кардан онҳоро қонеъ ва сокит кунед.[55] Соҳиби Риёз бо ин далел, ки дурӯғ ҳаром аст, дурӯғ бастан ба аҳли бидъатро ҷоиз надониста аст.[56]

Китобҳое дар бораи бидъат

Донишмандони мусулмон аз гузашта то кунун китобҳо ва рисолаҳои бисёре дар заминаи бидъат нигоштаанд.[57] Бархе аз онҳо, иборат аст аз:

  • Ал-Бидаъ ва-н-наҳйи анҳо, навиштаи Ибни Ваззоҳи Қуртубӣ
  • Ал-Ҳаводис ва-л-бидаъ, навиштаи Тартушӣ
  • Ал-Боъис, навиштаи Абушома
  • Ал-Эътисом, навиштаи Абуисҳоқ Иброҳим Шотибӣ
  • Ал-Бидаъ-ул-муҳдаса, навиштаи Абулқосими Кӯфӣ
  • Ал-Бидаъ, навиштаи Ҷаъфари Боқирӣ[58]

Ҷусторҳои вобаста

Суннат

Эзоҳ

  1. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.25.
  2. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.25 то 30.
  3. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.25.
  4. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.28.
  5. Барои намуна нигоҳ кунед ба Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.175/ Хуӣ, Сирот-ун-наҷот, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.428.
  6. Хуӣ, Сирот-ун-наҷот, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.428.
  7. Барои намуна нигоҳ кунед ба Хуӣ, Мавсуъат-ул-имом Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.355.
  8. Нигоҳ кунед ба Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.71, саҳ.202 ва 203.
  9. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1388ҳ.ш., саҳ.75.
  10. Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1388ҳ.ш., саҳ.75.
  11. Барои намуна нигоҳ кунед ба Нароқӣ, Авоид-ул-айём, 1417ҳ.қ., саҳ.319.
  12. Нигоҳ кунед ба Хуӣ, Мавсуъат-ул-имом Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.355/ Нароқӣ, Авоид-ул-айём, 1417ҳ.қ., саҳ.319.
  13. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.15.
  14. Нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.15 то 21.
  15. Нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.15-16.
  16. Нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.17.
  17. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.56.
  18. Нигоҳ кунед ба Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.5.
  19. Нигоҳ кунед ба Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.572.
  20. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.572.
  21. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.13 - 15.
  22. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.365.
  23. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.13-14.
  24. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.173.
  25. Тарҷумаи Ковиёнпӯр.
  26. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.365.
  27. Нароқӣ, Авоид-ул-айём, 1417ҳ.қ., саҳ.319.
  28. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ан-Ниҳояту ва нукатуҳо, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.78.
  29. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, ҷ.2, саҳ.276.
  30. Нигоҳ кунед ба Нароқӣ, Авоид-ул-айём, 1417ҳ.қ., саҳ.319.
  31. Нигоҳ кунед ба Нароқӣ, Авоид-ул-айём, 1417ҳ.қ., саҳ.319.
  32. Гузашта, “Бидъат; муқаддима, таърифҳо ва тақсимот”, саҳ.560.
  33. Гузашта, “Бидъат; муқаддима, таърифҳо ва тақсимот”, саҳ.560.
  34. Гузашта, “Бидъат; муқаддима, таърифҳо ва тақсимот”, саҳ.560.
  35. Гузашта, “Бидъат; муқаддима, таърифҳо ва тақсимот”, саҳ.561.
  36. Гузашта, “Бидъат; муқаддима, таърифҳо ва тақсимот”, саҳ.561.
  37. Торамӣ, “Бидъат”, саҳ.517.
  38. Торамӣ, “Бидъат”, саҳ.517.
  39. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.160-161.
  40. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.179.
  41. Покатчи, “Бидъат; баррасии торихӣ”, саҳ.566.
  42. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.199-200.
  43. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.119.
  44. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.26-27.
  45. Табасӣ, Диросотун фиқҳия фи масоил-ил-хилофия, 1429ҳ.қ., саҳ.168/ Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.26-27.
  46. Табасӣ, Диросотун фиқҳия фи масоил-ил-хилофия, 1429ҳ.қ., саҳ.168.
  47. Ғаззолӣ, Эҳёулъулум, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.4-5.
  48. Шотибӣ, ал-Эътисом, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.241-245.
  49. Нигоҳ кунед ба Шаҳиди Аввал, ал-Қавоъиду ва-л-фавоид, 1400ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.144-146.
  50. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.28.
  51. Нигоҳ кунед ба Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.193.
  52. Нигоҳ кунед ба Шотибӣ, ал-Эътисом, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.246.
  53. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.375.
  54. Нигоҳ кунед ба Хӯӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.281/ Гулпойгонӣ, ал-Дур-ул-манзуд, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.149.
  55. Нигоҳ кунед ба Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.245/ «Фатвои 5 марҷаи тақлид дар бораи дурӯғ гуфтану бӯҳтон задан», вебгоҳи Эсно, 6 Исфанди 1395ҳ.ш., дидашуда дар 26 тири 1397ҳ.ш.
  56. Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1418ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.42.
  57. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.9.
  58. Субҳонӣ, ал-Бидъат, 1416ҳ.қ., саҳ.9.

Сарчашма

  • Қуръон, тарҷумаи Ковиёнпӯр.
  • Покатчӣ, Аҳмад, “Бидъат; баррасии торихӣ”, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.11, Теҳрон, маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, чопи аввал, 1381ҳ.ш.
  • Хӯӣ, Сайидабулқосим, Сирот-ун-наҷот, ҷамъоварии Мусо Муфидуддин Осии Омилӣ, Қум, нашрулмунтахаб, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
  • Хӯӣ, Сайидабулқосим, Мавсуъат-ул-имом Хӯӣ, Қум, муассисаи Эҳёу осор-ил-имом Хӯӣ, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Хӯӣ, Сайидабулқосими Хӯӣ, Мисбоҳ-ул-фақоҳат, тақрири Мирзомуҳаммадалии Тавҳидӣ, Қум, Ансориён, чопи чаҳорум, 1417ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Бидъат; мафҳумҳо, ҳадҳо ва осорҳо, Қум, муассисаи Имом Содиқ, 1416ҳ.қ.
  • Шотибӣ, Иброҳим ибни Мусо, ал-Эътисом, таҳқиқи Салим ибни Ид ал-Ҳилолӣ, Риёз, Дору ибни Аффон, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Торамӣ, “Бидъат”, Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, чопи дувум, 1375ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидалӣ, Риёз-ул-масоил фи таҳқиқ-ил-аҳкоми би-д-далоил, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломии ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Табасӣ, Наҷмуддин, Диросотун фиқҳия фи масоил-ил-хилофия, Қум, дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1429ҳ.қ.
  • Ғаззолӣ, Муҳаммад, Эҳёу улумиддин, Бейрут, Дорулфикр, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
  • «Фатвои 5 марҷаи тақлид дар бораи дурӯғ гуфтану бӯҳтон задан», вебгоҳи Эсно, 6 Исфанди 1395ҳ.ш., дидашуда дар 26 тири 1397ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, ал-Вофӣ, таҳқиқи Зиёвуддини Ҳусайнии Исфаҳонӣ, Исфаҳон, китобхонаи Имом Амирулмӯъминин, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Гузашта, Носир, “Бидъат”, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.11, Теҳрон, маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, чопи аввал, 1381ҳ.ш.
  • Гулпойгонӣ, Сайидмуҳаммадризо, ал-Дур-ул-манзуд фи аҳком-ил-ҳудуд, Қум, Дорулқуръонилкарим, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷоме лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, тасҳеҳи ҷамъе аз муҳаққиқон, Бейрут, Дору эҳёит-туросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори ол-ир-Расул, таҳқиқи Сайидҳошими Расулӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ан-Ниҳояту ва нукатуҳо, тасҳеҳи гуруҳи пажӯҳиши дафтари интишороти исломӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт алайҳимуссалом, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи дувум, 1388ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии охундӣ, Бейрут, Дору эҳёи т-туросилъарабӣ, чопи ҳафтум, бе то.
  • Нароқӣ, Аҳмад, Авоид-ул-айём фи баёни қавоид-ил-аҳком ва муҳиммоту масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, интишороти дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1417ҳ.қ.