Афзалияти имом

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Бартарии имом)

Ин мақола дар бораи афзалият ва бартарии имом аст. Барои афзлаият ва бартарии имомони шиа (а) мақолаи бартарии Аҳли Байт (а)-ро нигаред.

Афзалияти имом (форсӣ: افضليت امام) яке аз шартҳои имомат буда, ба маънои бартарии имом дар сифатҳо ва камолоти инсонӣ бар дигарон аст. Аз дидгоҳи мутакаллимони имомия, имом бояд дар илм, дин, тақвою парҳезгорӣ, саховату шуҷоат ва низ баҳрамандӣ аз савоб ва подоши ухравӣ ва ғ. аз дигарон афзалу бартар бошад.

Барои исботи волоияти имом, ба қоидаҳои қубҳи тарҷеҳи биломураҷҷеҳ ва қубҳи тақдими мафзул бар афзал ва низ ривояти набавӣ (с) “Ҳаркасе ки ба гурӯҳе роҳбарӣ ва имомат кунад ва байни он гурӯҳ, шахсе донотар аз ӯ бошад, кори онҳо пайваста то қиёмат рӯ ба табоҳӣ хоҳад рафт (ва ҳалок хоҳанд шуд)” ва баъзе оятҳои Қуръон истинод шудааст.

Аксари аҳли суннат, афзалияти имомро фарз намедонанд ва имомати мафзулро дар сурати вуҷуди монеъ ё маслиҳате, ҷоиз медонанд. Ба гуфтаи Саъдиддини Тафтазонӣ, мутакаллими Ашъаримазҳаби қарни 8-уми қамарӣ, ба ақидаи аҳли суннат ва аксари фирқаҳои исломӣ, имомат, ҳаққи касест, ки дар ҳар асру замоне аз дигарон бартар бошад, магар онки имоматаш манбаи бесарусомонӣ ва фитна гардад.

Яке аз далелҳои аҳли суннат, иҷмои олимон бар инъиқоди имомати мафзул (баъзе аз Қурайшиҳо) пас аз хулафои рошидин бо вуҷуди афзал дар миёни онҳо ва вогузории хилофат ба шӯрои шашнафара аз ҷониби халифаи дуюм бо вуҷуди ҳузури беҳтарин байнашон аст.

Ба эътиқоди уламои шиа, имомони шиа (а) пас аз Паёмбари Ислом (с) беҳтарин офаридаҳои Худованд ҳастанд. Аллома Маҷлисӣ бар он назар аст, ки фақат касоне, ки аз ҳадисҳо бехабаранд, афзалият ва бартарии имомонро (а) инкор мекунанд. Аз афзалияти имом барои исботи имомати Имом Алӣ (а) истидлол шудааст, ки онро бурҳони афзалият меноманд.

Мафҳумшиносӣ ва густара

Афзалияти имом дар дидгоҳи мутакаллимони имомия бештар ба маънои бартарии имом бар дигарон дар вижагиҳое монанди илм, адолат, шуҷоат ва тақво, ки аз шароити имомат аст, маъно шудааст.[1]

Дар бархе манобеи каломӣ, афзалият ба маънои бартарӣ дар ибодат ва баҳрамандӣ аз подоши Илоҳии бештар низ омадааст.[2] Аз ин рӯ, мутакаллимони имомия, имомро дар тамоми камолот ва фазоили нафсонӣ ва бадание ҳамчун илм, дин, тақво, саховат, шуҷоат[3] ва баҳрамандӣ аз савоб ва подоши ухравӣ бартар аз бақияи мардум медонанд[4] ва муътақиданд, имом бояд донотарин, шуҷоътарин, саховатмандтарин, сабуртарин, ботақвотарин ва ғ... мардуми замони худ бошад,[5] то мардум, беҳтар аз ӯ пайравӣ кунанд.[6]

Гуфта шудааст, лозим нест имом дар умури дунявие ҳамчун мол, мақом ва қудрат низ аз дигарон бартар бошад; зеро ҳадаф, пайравии ҳақиқӣ аз имом ва имони ҳақиқӣ ба ӯ аст, на пайравӣ ва итоати зоҳирӣ.[7]

Аз назари шиа имом бояд афзал бошад

Мутакаллимони шиаи имомия, афзалиятро аз шароити имомат медонанд[8] ва дар ин бора иттифоқи назар доранд.[9] Барои исботи афзалияти имом, далоили ақлӣ ва нақлӣ ироа шудааст.

Далоили ақлӣ

  1. Имом дар фазоилу камолот, ё баробари дигарон аст, ё поёнтар аз онҳо ва ё бартар аз онҳо. Агар бо дигарон баробар бошад, интихоби ӯ ба унвони имом, тарҷеҳи било мураҷҷеҳ аст (баргузидан яке аз ду амри мусовӣ, бидуни вуҷуди далели руҷҳоновар) ки ақл онро муҳол медонад ва чунин коре аз Худо содир намешавад. Агар имом поинтар аз дигарон бошад, дар ин сурат ба ҳукми ақл, тарҷеҳи шахси поинтар бар шахси бартар қабеҳ аст. Пас имом бояд афзал аз дигарон бошад.[10]
  2. Воҷиб аст, ки имом маъсум бошад. Маъсум аз ғайримаъсум афзал аст. Пас имом аз дигарон афзал аст.[11]
  3. Имомро Пайғамбари Ислом (с) таъйин мекунад. Пайғамбар (с) ҳамвора дар интихоби ҷонишини худ ба бартарӣ тавваҷуҳ доштааст.[12]

Далоили нақлӣ

Барои афзалияти имом ба ояти 35 сураи Юнус,[13] ояти Содиқин (ояти 119 сураи Тавба)[14] ва ояти нуҳуми сураи Зумар[15] истинод шудааст. Дар ин оёт, бар тақдими шахси ҳидоятгар ба сӯи ҳақ бар шахсе ки худ ниёзманди ҳидоят аст, тақдими «бо содиқин будан» бар боғайрисодиқин будан ва тақдими олим бар ғайриолим тасреҳ шудааст, ки ҳамагӣ бар муқаддам будани шахси афзал бар шахси мафзул далолат дорад.[16]

Барои исботи шарт будани афзалияти имом, ба ривоёт низ истинод шудааст.[17] Аз ҷумла дар ривояте, ки аз Пайғамбар (с) нақл шудааст: «مَنْ أَمَ قَوْماً وَ فِیهِمْ مَنْ هُوَ أَعْلَمُ مِنْهُ لَمْ یزَلْ أَمْرُهُمْ إِلَی السَّفَالِ إِلَی یوْمِ الْقِیامَةِ; ҳар кас бар гуруҳе раҳбарӣ ва имомат кунад ва дар миёни он гуруҳ, шахсе донотар аз ӯ бошад, кори онҳо пайваста то қиёмат рӯ ба табоҳӣ хоҳад рафт».[18] Дар ин ривоят тақдими мафзул бар афзал қабеҳ шуморида шудааст.[19]

Дар ривояте аз аҳли суннат низ нақл шудааст, ки Абудардо пешопеши Абубакр роҳ мерафт, Пайғамбар (с) ба ӯ фармуд: «оё пешопеши касе ки дар дунёву охират беҳтар аз туст, роҳ меравӣ?!»[20] гуфта шудааст, ин ривоят ба зиштии тақдими мафзул бар афзал дар роҳ рафтан тасреҳ дорад. Пас ба тариқи авло бар зиштии тақдими мафзул бар афзал дар амри имомат далолат мекунад.[21]

Аз дидгоҳи аҳли суннат, имомати мафзул ҷоиз аст

Бештари аҳли суннат афзалияти имомро шарт ва воҷиб надониста ва имомати шахси мафзулро ҷоиз медонанд.

Ашоира: мутакаллимони ашоира вуҷуб ва шартияти афзалияти имомро қабул надоранд. Аз ин рӯ, имомати мафзул бар фозилро ҷоиз медонанд.[22] Бо ин ҳол Қозӣ Абубакри Боқлонӣ, мутакаллими ашъарии қарни панҷуми қамарӣ бар он аст, ки афзалият аз вижагиҳои лозими имом аст, магар онки монеъе дар насби имоми афзал пеш ояд, ки дар ин сурат имомати мафзул ҷоиз хоҳад буд.[23] Ӯ барои исботи вуҷуби афзалият, ба далелҳои бешуморе истинод мекунад, аз ҷумла ривояти Набавӣ (с) «یَؤُمُّ القَومَ اَفْضَلُهُم; бартарин шахси як қавм бар онҳо имомат мекунад».[24] Боқлонӣ бар он аст, дар сурате ки тарси он бошад, ки ҳарҷу марҷ, фасод, таътилии аҳком ва тамаъи душманони Ислом пеш ояд, узри муваҷҷаҳе барои канор гузоштани шахси афзал ва имомати шахси мафзул хоҳад буд.[25] Ҳамчунин ба гуфтаи Саъдуддини Тафтазонӣ, аз мутакаллимони ашоира дар қарни ҳаштум, бештари аҳли суннат ва фирақ исломӣ муътақиданд, имомат, ҳаққи касе аст, ки дар ҳар асру замон бартар аз дигарон аст, магар онки имомати ӯ маншаи ҳарҷу марҷу фитна бошад.[26]

Мӯътазила: мӯътазила низ афзалияти имомро воҷиб надониста ва тақаддуми шахси мафзул (касе ки дигаре бар ӯ фазл дорад) бар афзалро ҷоиз медонанд.[27] Қозӣ Абдулҷаббори мӯътазилӣ, аз мутакаллимони барҷастаи мӯътазилаи қарни чаҳоруму панҷум, бар он аст, ки дар мавориде муқаддам доштани мафзул бар шахси афзал авло ва шоистатар аст, аз ҷумла:

  • Дар сурате ки афзал бархе аз вижагиҳое, ки дар имом шарт аст, ҳамчун илм ва маърифати сиёсиро надошта бошад.
  • Агар шахси афзал абд (ғулом) буда, ё дорои бемории хоссе ё ихтилол дар раъй бошад ва тавоноии иқомаи ҳудуд ва ҷиҳодро надошта бошад,
  • Шахси афзал Қурайшӣ набошад, аммо шахси мафзул Қурайшӣ бошад.[28]

Далелҳо

Аҳли суннат далелҳое барои ҷавози имомати мафзул ироа кардаанд, аз ҷумла:

  1. Иҷмоъи уламо бар инъиқоди имомати мафзул аз миёни Қурайшиҳо пас аз хулафои рошидин бо вуҷуди шахси афзал
  2. Умар ибни Хаттоб имоматро ба шӯрои шашнафара вогузор кард; дар ҳоле ки байни онҳо Алӣ (а) ва Усмон аз дигарон бартар буданд.
  3. Афзалият, амре пинҳон аст ва шинохти он мушкил ва маҳалли ихтилоф аст.[29]

Афзалияти имом дар охират

Барои исботи афзалияти имом дар бархӯрдорӣ аз подоши ухравӣ ба далоили мутааддиде истидлол шудааст[30] аз ҷумла:

  • Исмат: воҷиб аст имом, маъсум бошад. Ҳар касе ки исмат дорад, ба лиҳози подоши ухравӣ ҳам бартар аз дигарон аст;[31] зеро имом ба далели маъсум будан, зоҳиру ботинаш ҳамоҳанг аст. Аз ин рӯ, афзун бар афзалияти зоҳирӣ, аз афзалияти ботинӣ низ бархӯрдор аст ва аз подоши ухравии бештаре баҳраманд хоҳад буд.[32]
  • Таклифи сангинтар ва подоши бештар: имом ба ҷиҳати таҳаммули бори имомат, таклифаш сангинтар ва бештар аз дигарон аст. Ба ҳамин ҷиҳат савоб ва подоши ӯ бештар аст.[33]
  • Ҳуҷҷат будани имом: имом ҳамчун Пайғамбар (с), ҳуҷҷати Илоҳӣ аст ва ҳамчунонки Пайғамбар (с) дар подош ва савоби Илоҳӣ бартар аз дигарон аст, имом низ ҳамчун ӯ дорои подош бештару бартар аст.[34]

Афзалияти имомони шиа

Мақолаи аслӣ: Бартарии Аҳли Байт (а)

Уламои шиа бар ин боваранд, ки баъд аз Пайғамбари Ислом (с), имомони шиа (а) афзал ва бартар аз дигарон (аъам аз паёмбарон, малоика ва соири мардум) ҳастанд.[35] Ривоёти дол бар афзалияти аимма (а) бар ҷамиъи махлуқот, мустафиз ва балки мутавотир дониста шудааст.[36] Аллома Маҷлисӣ муътақид аст, ҳар кас дар ривоёт таҳқиқ кунад бе шак ба афзалияти Пайғамбар (с) ва Имомон (а) эътироф мекунад ва танҳо ҷоҳили ба ривоёт, афзалияти ононро инкор мекунад. Аз назари вай ахбор дар ин боб беш аз он аст, ки қобили шумориш бошад.[37]

Дар ривояте ки Имом Ризо (а) аз тариқи падаронаш аз Имом Алӣ (а) ва ӯ аз Пайғамбар (с) нақл кардааст, ки фармуд:

... Ё Алӣ! Ҳамоно Худо пайғамбаронро бар малоикаи муқаррабин бартарӣ бахшид ва маро бар тамоми пайғамбарон бартарӣ бахшид. Ё Алӣ! Бартарии баъд аз ман барои ту ва аиммаи (а) баъд аз ту аст. Ҳамоно малоика ходими мо ва муҳиббони мо ҳастанд!...[38]

Барои афзалияти Имом Алӣ (а) нисбат ба дигар саҳоба ва мардум низ далоили мутааддиди қуръонӣ ва ривоӣ ироа шудааст.[39] Аллома Ҳиллӣ дар Кашф-ул-мурод[40] 25 далел ва Ибни Майсами Баҳронӣ дар китоби ал-Наҷоту фи-л-қиёмат[41] 22 далел бар афзалияти Имом Алӣ (а) ироа кардаанд. Аз ҷумлаи ин далоил ояти Мубоҳала, ояти Маваддат, ҳадиси Тайр, ҳадиси Манзалат ва ҳадиси Роят аст.[42]

Гуфта шудааст, ҳамаи мӯътазилиҳои Бағдодӣ аз ҷумла Ибни Абилҳадид, шореҳи Наҳҷ-ул-балоға, ва бархе аз мӯътазилиҳои басрӣ низ Имом Алӣ (а)-ро афзал аз хулафои се гона ва дигар саҳоба медонистанд.[43]

Бурҳони афзалият

Аз афзалияти имом барои исботи имомати Имом Алӣ (а) истидлол шудааст. Ин бурҳон, ки ба бурҳони афзалият шинохта мешавад ба шарҳи зер аст:

  • Муқаддимаи аввал: бар асоси далоили қуръонӣ ва ривоӣ Имом Алӣ аз саҳоба ва дигар мусулмонон бартар буд.
  • Муқаддимаи дувум: аз шароити имом ин аст, ки дар сифот ва камолоти инсонӣ бар дигарон бартар бошад.
  • Натиҷагирӣ: бинобар ин, Имом Алӣ (а), имом ва ҷонишини Пайғамбар (с) буд.[44]

Шубаҳот

Гуруҳе аз аҳли суннат, ишколоте бар афзалияти имом матраҳ кардаанд, ки ба бархе аз онҳо иборатанд аз:[45]

  • Афзалият, мусталзими арҷаҳият ва тақаддум нест: чароки мумкин аст шахси мафзул дар мавориде бар шахси афзал тарҷеҳ дода шавад. Барои мисол агар шахси мафзул дар раҳбарии ҷомеъа ва тадбири умури динӣ ва сиёсӣ тавонотару шоистатар аз шахси афзал бошад, имомати ӯ руҷҳон хоҳад дошт.[46]

Дар посух гуфта шудааст, пешфарзи ин ишкол он аст, ки афзалият дар имомат, мунҳасир ба афзалият дар аҳком ва аъмоли ибодӣ аст ва чунин пешфарзе дуруст нест; чароки қадри мусаллам дар афзалияти имом, бартарӣ дар сифоте аст, ки вуҷуди онҳо барои имом зарурӣ аст ва мудирияти сиёсӣ аз ин сифот аст.

Ҳамчунин дар ин ишкол, афзалият, нисбӣ талаққӣ шудааст, дар ҳоле ки манзур аз афзалияти имом, афзалияти мутлақ ва бартарии ӯ дар ҳамаи сифот ва камолоте аст, ки барои таҳаққуқи имомат лозим аст.[47]

  • Намунаҳои носозгор бо афзалият: гуфта шудааст, назарияи афзалият бо намунаҳои асри набавӣ (с) ва хулафо дар бораи таъйини имом ё фармондеҳони сипоҳ, созгорӣ надорад.[48] Аз ҷумла фармондеҳии Зайд ибни Ҳориса дар ҷанги Мута бо вуҷуди Ҷаъфар ибни Абитолиб, фармондеҳии Усома ибни Зайд дар рӯзҳои поёнии умри Пайғамбар (с) бо вуҷуди Имом Алӣ (а)[49] ва вогузории хилофат ба шӯрои шашнафара тавассути Умар ибни Хаттоб бо вуҷуди Алӣ (а) ва Усмон.[50]

Дар посух гуфта шудааст, дар интихоби фармондеҳи низомӣ, бартарии мутлақи шахс шарт нест ва фақат бартарӣ дар умури марбут ба ҷанг шарт аст ва Зайду Усома аз чунин бартарие бархӯрдор буданд.

Дар бораи фармондеҳии Усома низ гуфта шудааст, Имом Алӣ (а) дар он рӯз дар канори бистари Пайғамбар (с) буд ва Пайғамбар (с) нисбат ба пайвастани Имом Алӣ (а) ба сипоҳи Усома ишорае накард. Аз ин рӯ, Алӣ (а) ба ҳузур дар сипоҳи Усома мукаллаф набуд.[51]

Ҳуҷҷияти ҳаҷяти рафтори Умар ибни Хаттоб низ мубтанӣ бар ҳуҷҷат будани амали саҳоба аст, ки шиа онро намепазирад.[52]

Такнигорӣ

Афзалияти имом аз манзари ақл ва нақл
  • Афзалияти имом аз манзари ақл ва нақл, асари Муҳаммадҳусайни Фориёб. Нависанда дар чаҳор фасл, маъношиносӣ, густара, лузум ва адами лузуми афзалият ва паёмадҳои лузуми афзалиятро аз дидгоҳи мазоҳиб ва фирақи исломӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Ин китоб тавассути муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнии чоп ва мунташир шудааст.[53]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.188 ва 191.
  2. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Маслак фи усул-ид-дин, 1414ҳ.қ., саҳ.205; Ҳимсии Розӣ, ал-Мунқиз мин-ат-тақлид, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.286; Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.121.
  3. Нигоҳ кунед ба: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.187; Баҳронӣ, ал-Наҷоту фи-л-қиёмат, 1417ҳ.қ., саҳ.66; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.237 ва 238.
  4. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Маслак фи усул-ид-дин, 1414ҳ.қ., саҳ.205; Ҳимсии Розӣ, ал-Мунқиз мин-ат-тақлид, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.286; Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.121 ва 122.
  5. Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.336; Баҳронӣ, ал-Наҷоту фи-л-қиёмат, 1417ҳ.қ., саҳ.66.
  6. Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.237.
  7. Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.240.
  8. Нигоҳ кунед ба: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Маслак фи усул-ид-дин, 1414ҳ.қ., саҳ.198; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.187; Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-Илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.333; Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.121.
  9. Нигоҳ кунед ба: Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.336; Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.122; Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.233.
  10. Нигоҳ кунед ба: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Маслак фи усул-ид-дин, 1414ҳ.қ., саҳ.206; Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.187; Фозили Миқдод, ал-Лавомиъ-ул-Илоҳия, 1422ҳ.қ., саҳ.333; Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.125.
  11. Баҳронӣ, ал-Наҷоту фи-л-қиёмат, 1417ҳ.қ., саҳ.65.
  12. Баҳронӣ, ал-Наҷоту фи-л-қиёмат, 1417ҳ.қ., саҳ.66.
  13. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.187; Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.336; Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.126.
  14. Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.126.
  15. Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.127.
  16. Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.126 ва 127.
  17. Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.127 - 130.
  18. Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.206; Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.56.
  19. Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.130.
  20. Ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152, 154 ва 423; Абунаим Исбаҳонӣ, Фазоил-ул-хулафо-ир-рошидин, 1417ҳ.қ., саҳ.39.
  21. Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.129.
  22. Иҷӣ Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.373; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.246 ва 247.
  23. Боқлонӣ, Тамҳид-ул-авоил, 1407ҳ.қ., саҳ.471.
  24. Боқлонӣ, Тамҳид-ул-авоил, 1407ҳ.қ., саҳ.474 ва 475.
  25. Боқлонӣ, Тамҳид-ул-авоил, 1407ҳ.қ., саҳ.475.
  26. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.291.
  27. Қозӣ Абдулҷаббор, ал-Муғнӣ, 1962 - 1965м., ҷ.20, бахши аввал, саҳ.215; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.3, ҷ.2, саҳ.296 ва ҷ.3, саҳ.328.
  28. Нигоҳ кунед ба: Қозӣ Абдулҷаббор, ал-Муғнӣ, 1962 - 1965м., ҷ.20, бахши аввал, саҳ.227 - 230.
  29. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.247.
  30. Нигоҳ кунед ба: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Маслак фи усул-ид-дин, 1414ҳ.қ., саҳ.205 ва 206; Ҳимсии Розӣ, ал-Мунқиз мин-ат-тақлид, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.286 ва 287; Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.122; Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.203 - 208.
  31. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Маслак фи усул-ид-дин, 1414ҳ.қ., саҳ.205; Ҳимсии Розӣ, ал-Мунқиз мин-ат-тақлид, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.286.
  32. Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.204.
  33. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Маслак фи усул-ид-дин, 1414ҳ.қ., саҳ.205; Ҳимсии Розӣ, ал-Мунқиз мин-ат-тақлид, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.286; Баҳронӣ, Манор-ул-ҳудо, 1405ҳ.қ., саҳ.122.
  34. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Маслак фи усул-ид-дин, 1414ҳ.қ., саҳ.206; Ҳимсии Розӣ, ал-Мунқиз мин-ат-тақлид, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.287.
  35. Нигоҳ кунед ба: Садуқ, ал-Эътиқодот, 1414ҳ.қ., саҳ.93; Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.70 ва 71; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.297; Шуббар, Ҳаққ-ул-яқин, 1424ҳ.қ., саҳ.149.
  36. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.297; Шуббар, Ҳаққ-ул-яқин, 1424ҳ.қ., саҳ.149.
  37. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.297 ва 298.
  38. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.262, ҳадиси 22; барои огоҳӣ аз ривоёти афзалияти имомон (а) нигоҳ кунед ба: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.26, саҳ.267 - 319.
  39. Нигоҳ кунед ба: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.211 - 238; Баҳронӣ, ал-Наҷоту фи-л-қиёмат, 1417ҳ.қ., саҳ.148 - 165; Раббонии Гулпойгонӣ, Бароҳин ва нусуси имомат, 1396ҳ.ш., саҳ.26 - 48.
  40. Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.211 - 238.
  41. Ибни Майсами Баҳронӣ, ал-Наҷоту фи-л-қиёмат, 1417ҳ.қ., саҳ.148 - 165.
  42. Нигоҳ кунед ба: Аллома Ҳиллӣ, Кашф-ул-мурод, 1382ҳ.ш., саҳ.211 - 238; Баҳронӣ, ал-Наҷоту фи-л-қиёмат, 1417ҳ.қ., саҳ.148 - 165; Раббонии Гулпойгонӣ, Бароҳин ва нусуси имомат, 1396ҳ.ш., саҳ.26 - 48.
  43. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.7 - 9.
  44. Нигоҳ кунед ба: Баҳронӣ, ал-Наҷоту фи-л-қиёмат, 1417ҳ.қ., саҳ.148; Раббонии Гулпойгонӣ, Бароҳин ва нусуси имомат, 1396ҳ.ш., саҳ.21.
  45. Нигоҳ кунед ба: Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.194 - 200.
  46. Нигоҳ кунед ба: Қозӣ Абдулҷаббор, ал-Муғнӣ, 1962 - 1965м., ҷ.20, бахши аввал, саҳ.227 - 230; Иҷӣ - Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, 1325ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.373; Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.246 ва 247.
  47. Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.197 ва 198.
  48. Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.198.
  49. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Маслак фи усул-ид-дин, 1414ҳ.қ., саҳ.207.
  50. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.247.
  51. Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.199.
  52. Раббонии Гулпойгонӣ, Имомат дар биниши исломӣ, 1396ҳ.ш., саҳ.199 ва 200.
  53. «Афзалияти имом аз манзари ақл ва нақл», равобити умумии муассисаи пажӯҳишии имом Хумайнӣ.

Сарчашма

  • Абунаим Исбаҳонӣ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Фазоил-ул-хулафо-ир-рошидин, таҳқиқи Солеҳ ибни Муҳаммад ал-Ақил, Мадина, Дорул-Бухорӣ, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, қисми Илоҳиёт, таҳқиқ ва таълиқаи Ҷаъфари Субҳонӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1382ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Шайх Алӣ, Манор-ул-ҳудо фи-н-насси ала имомат-ил-аиммат-ил-исноъашар (а), таҳқиқи Абдуззаҳро Хатиб, Бейрут, Дорулмунтазар, 1405ҳ.қ.
  • Боқлонӣ, Абубакр Муҳаммад ибни Таййиб, Тамҳид-ул-авоил фи талхис-ид-далоил, таҳқиқи Имодуддин Аҳмад Ҳайдар, Лубнон, муассисаи алкутубиссақофия, чопи аввал, 1407ҳ.қ. - 1987м.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, мактабат Оятуллоҳ Маръашӣ, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Майсами Баҳронӣ, Майсам ибни Алӣ, ал-Наҷоту фи-л-қиёмат фи таҳқиқи амр-ил-имомат, Қум, маҷмаъулфикрил-исломӣ, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Ҳанбал, Фазоил-ус-саҳоба, таҳқиқи Васиюллоҳ Муҳаммадъаббос, Бейрут, муассисатуррисолат, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Иҷӣ, Азудуддин ва Мирсаидшарифи Ҷурҷонӣ, Шарҳ-ул-мавоқиф, тасҳеҳи Бадриддин Нуъсонӣ, овести Қум, Шариф ар-Разӣ, чопи аввал, 1325ҳ.қ.
  • Қозӣ Абдулҷаббор, Абдулҷаббор ибни Аҳмад, ал-Муғнӣ фи абвоб-ит-тавҳиди ва-л-адл, таҳқиқи Ҷорҷ Қанавотӣ, Қоҳира, Дорулмисрия, 1962 - 1965м.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор (а), Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Равзат-ул-муттақин фи шарҳи ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, муассисаи фарҳангии исломии Кушонбур, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Музаффар, Муҳаммадҳусайн, Далоил-ус-сидқ, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Авоил-ул-мақолот фи-л-мазоҳиби ва-л-мухторот, Қум, алмуътамарулъоламӣ лиш-Шайхил-Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Маслак фи усул-ид-дин ва ар-рисолат-ил-мотиъия, таҳқиқи Ризо Устодӣ, Машҳад, маҷмаъулбуҳусил-исломия, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, Бароҳин ва нусуси имомат, Қум, Роид, чопи дувум, 1396ҳ.ш.
  • Раббонии Гулпойгонӣ, Алӣ, Имомат дар биниши исломӣ, Қум, Бустони китоб, чопи шашум, 1396ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Эътиқодот, Қум, алмуътамарулъоламӣ лилшайхил-Муфид, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ил-аъмол, Қум, Доруш-Шарифир-Разӣ, чопи дувум, 1406ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), чопи аввал, Теҳрон, нашри ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
  • Тафтозонӣ, Саъдуддин, Шарҳ-ул-мақосид, муқаддима ва таҳқиқ ва таълиқ: Абдурраҳмон Амсара, овести Қум, Шариф ар-Разӣ, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқи Ҳасан Мусавии Хирсон, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, ал-Лавомиъ-ул-Илоҳия фи мабоҳис-ил-каломия, таҳқиқи Шаҳид Қозӣ Таботабоӣ, Қум, дафтари таблиғоти исломӣ, чопи дувум, 1422ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Иршод-ут-толибин ило наҳҷ-ил-мустаршидин, таҳқиқи Саййидмаҳдии Раҷоӣ, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашӣ, 1405ҳ.қ.
  • Ҳимсии Розӣ, Садидуддин, ал-Мунқиз мин-ат-тақлид, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Шуббар, Сайид Абдуллоҳ, Ҳаққ-ул-яқин фи маърифати усул-ид-дин, Қум, анворулҳудо, чопи дувум, 1424ҳ.қ.