Амокини тахйир

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Амокини тахйир ё амокини арбаъа, маконҳоест, ки мусофир ихтиёр дорад дар он ҷо намозро комил ё шикаста бихонад. Тибқи дидгоҳи машҳури миёни фақиҳони шиа, ин маконҳо иборат аст аз: Макка, Мадина, масҷиди Кӯфа ва ҳарами Имом Ҳусайн (а). Фатвои гурӯҳе аз фақиҳон ин аст, ки ҳукми тахйир, ҳамаи Маккаву Мадинаро шомил намешавад; балки танҳо Масҷидуннабӣ ва Масҷидулҳаромро дарбар мегирад.

Бархе аз фақиҳон ҳам гуфтаанд: ҳукми тахйир фақат дар ҳудуди қадимаи ин маконҳо ҷорӣ аст.

Иллати номгузорӣ

Амокини тахйир ба маконҳое гуфта мешавад, ки мусофир метавонад дар он ҷо намозро шикаста ё тамом бихонад. Ба ҷиҳати ин ки мусофир дар ин маконҳо миёни шикаста хондани намоз ва комили хондани он ихтиёр дорад, аз онҳо бо номи амокини тахйир ёд мешавад. Ҳамчунин ба лиҳози теъдоди ин маконҳо, онҳоро амокини арбаъа (чоргона) меноманд.[1]

Масодиқ

Гуфтаанд тибқи дидгоҳи машҳури фақиҳони шиа, шаҳрҳои Макка ва Мадина,[2] ва низ масҷиди Кӯфа ва ҳарами Имом Ҳусайн (а) аз амокини тахйиранд.[3] Шайх Тӯсӣ гуфтааст: бино бар баъзе ривоёт ҳукми тахйир шаҳри Кӯфа[4] ва Наҷафро[5] низ дарбар мегирад. Бархе аз фақиҳон низ шаҳри Кӯфаро аз амокини тахйир донистаанд[6] ва бархе дигар, онро дар Маккау Мадина махсуси Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ донистаанд.[7]

Ба Сайид Муртазо ва Ибни Ҷунайд нисбат додаанд[8] ки ҳукми тахйир ва мустаҳаб будани комил хондани намозро назди қабри ҳамаи имомони маъсум, ҷорӣ медонистанд.[9] Соҳиби Ҷавоҳир ин дидгоҳро бедалел донистааст.[10]

Аҳкоми фиқҳӣ

Фақиҳони шиа аз амокини тахйир дар аҳкоми намоз[11] ва ибодати истиҷорӣ сухан гуфтаанд.[12] Бинобар назари машҳур миёни онон, мусофир дар амокини тахйир, ҳам метавонад намозро шикаста бихонад ва ҳам комил; аммо мустаҳаб аст ки комил бихонад.[13]

Бархе дигар аз аҳкоми фиқҳии амокини тахйир иборатанд аз:

  • Ҳукми тахйир махсуси намоз аст ва рӯзаро дарбар намегирад.[14]
  • Бештар фақиҳон гуфтаанд: эҳтиёт он аст ки намозе ки аз мусофир дар амокини тахйир қазо мешавад, шикаста хонда шавад.[15]
  • Ба фатвои бархе аз фақиҳон, ҳукми тахйир дар амокини арбаъа, истимрорӣ аст; яъне намозгузор метавонад ҳангоми хондани намоз, нияташро аз намози шикаста ба намози комил ё аз комил ба шикаста тағйир диҳад.[16]
  • Тибқи фатвои бархе аз фақиҳон, ҳукми тахйир танҳо дар ҳудуди қадимаи ин маконҳо ҷорӣ аст.[17]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Яздӣ Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.624
  2. Ҳусайнӣ Омилӣ, Мафотиҳ-ул-карома, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, қсм1, саҳ.491
  3. Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.124; Аллома Ҳиллӣ, Мунтаҳа-л-матлаб, 1412ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.366
  4. Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.124
  5. Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.141
  6. Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.305
  7. Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.303 - 302; Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиа, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.138
  8. Искофӣ, Маҷмуату фатово Ибн-ул-Ҷунайд, 1416ҳ.қ., саҳ.89
  9. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.339
  10. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.339
  11. Барои намуна ниг.: Шаҳиди Аввал, ал-Баён, 1412ҳ.қ., саҳ.153
  12. Ансорӣ, ал-Макосиб, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.34
  13. Тӯсӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.124
  14. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.518 ва 624
  15. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.62 - 63; Ҳусайнӣ Омилӣ, Мафотиҳ-ул-карома, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.3, қисми 1, саҳ.398
  16. Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.306; Яздӣ Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.518
  17. Маҳмудӣ, Маносики умраи муфрада, 1429ҳ.қ., саҳ.246

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мунтаҳа-л-матлаби фи таҳқиқ-ил-мазҳаб, Машҳад, Маҷмаъ-ул-буҳус-ил-исломия, 1412ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиаи фи аҳком-иш-шариат, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Ансорӣ, Муртазо ибни Маҳмадамин, ал-Макосиб, Қум, Муассисаи матбуотии дор-ул-китоб, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовӣ литаҳрир-ил-фатовӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1410ҳ.қ.
  • Искофӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Маҷмуату фатово Ибн-ул-Ҷунайд, Алипаноҳи Иштиҳордӣ, Қум, Нашри ҷомеъаи мударрисин, 1416ҳ.қ.
  • Маҳмудӣ, Муҳаммадризо, Маносики умраи муфрада, Қум, нашри Маъшар, чопи аввал, 1429ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-каломи фи шарҳи шароеъ-ул-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, 1404ҳ.қ.
  • Систонӣ, Сайид Алӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, Қум, Дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Систонӣ, 1417ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсути фи фиқҳ-ил-имомия, тасҳеҳи Сайид Муҳаммадтақӣ Кашфӣ, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавийяти лиэҳё-ил-осор-ил-ҷаъфарийя, 1387ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳояи фи муҷаррад-ил- алФқаҳу алФтоўӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, 1400ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Зикра-ш-шиати фи аҳком-иш-шариат, Қум, муассисаи Ол-ил-байт алайҳимуссалом, 1419ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Баён, таҳқиқи Муҳаммади Ҳасун, Қум, 1412ҳ.қ.
  • Яздии Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо фимо таумму биҳи-л-балво, тасҳеҳи Аҳмади Муҳсинии Сабзаворӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
  • Ҳамадонӣ, Оқоризо ибни Муҳаммадҳодӣ, Мисбоҳ-ул-фақиҳ, тасҳеҳи Муҳаммад Боқирӣ, Муҳаммад Мирзоӣ ва Сайид Нуриддин Ҷаъфариён, Қум, Муассисат-ул-ҷаъфарийяти лиэҳё-ит-турос, 1416ҳ.қ.
  • Ҳусайнӣ Омилӣ, Сайид Ҷавод ибни Муҳаммад, Мафотиҳ-ул-каромаи фи шарҳи қавоид-ил-Аллома, тасҳеҳи Муҳаммадбоқир Ҳусайнии Шаҳидӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, бе то.