Аммор ибни Ҳассони Тоӣ

Аз wikishia
Оромгоҳи шуҳадои Карбало дар Ҳарами Имом Ҳусайн (а)

Аммор ибни Ҳассони Тоӣ (арабӣ:عَمّار بن حَسّان طایی) яке аз ёрони Имом Ҳусайн (а) ва аз шаҳидони дашти Карбало аст.

Дар Зиёратуш-шуҳадо (зиёрати ноҳияи муқаддасаи ғайримашҳур) аз ӯ ном бурда шудааст. Тибқи манобеи таърихӣ дар соли 61-и қамарӣ, Аммор ибни Ҳассон, ҳамроҳи Имом Ҳусайн аз Макка ба Карбало омад ва тайи воқеаи Карбало дар рӯзи Ошуро ба шаҳодат расид.

Ному насаб

Аммор ибни Ҳассон аз қабилаи Тай буд.[1] Ӯро аз шиаёни қарни аввали ҳиҷрӣ ва аз ёрони Имом Ҳусайн (а) медонанд.[2] Дар баъзе аз манобеъ, номи ӯ ба шакли «Омир ибни Ҳассон» омадааст. Бархе пажӯҳишгарон эҳтимол додаанд, ки ин иттифоқ ба хотири монандии номи ӯ ба Омир ибни Муслим (яке аз шуҳадои воқеаи Ошуро ва эҳтимолан бародарзодаи Аммор) рух додааст; ё инки ин ду ном, ду забт аз номи воҳиде ҳастанд, ки ба хотири монандӣ бо якдигар халт шудаанд.[3]

Муҳаммадтақии Шуштарӣ низ дар китоби Қомус-ур-риҷол эҳтимол додааст, ки «Аммор ибни Ҳассон» ва «Аммор ибни Абисалома» (шаҳиди воқеаи Ошуро), як инсон бошанд.[4]

Падари Аммор - «Ҳассон ибни Шурайҳ»-ро низ аз асҳоби Имом Алӣ (а) медонанд, ки дар ҷанги Ҷамал ва ҷанги Сиффайн дар лашкари Имом Алӣ (а) буд ва дар ҷанги Сиффайн ба шаҳодат расид.[5] Абдуллоҳ ибни Аҳмад - ровии шиа ва нависандаи китоби «Қазоё Амир-ил-муъминин»-ро набераи Аммор медонанд.[6]

Шаҳодат дар Карбало

Наҷошӣ, Аммор ибни Ҳассонро дар зумраи касоне медонад, ки дар рӯзи Ошурои соли 61-и қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расид.[7] Ба ақидаи пажӯҳишгарон, Аммор ба ҳангоми ҳаракати Имом Ҳусайн (а) аз Макка бо ӯ ҳамроҳ шуд.[8]

Тибқи манобеи таърихӣ, дар воқеаи Карбало, Имом Ҳусайн (а) ба ин умед, ки лашкариёни Умари Саъд аз ҷанг даст бардоранд, тайи хитобае онҳоро мавъиза кард, аммо онҳо насиҳати Имомро напазируфтанд. Пас аз ин хитоба, Шимр бо гуруҳе аз лашкариёнаш, аз ҷиноҳи росту чап ба хаймагоҳи асҳоби Имом Ҳусайн (а) ҳамла карда, онро тирборон карданд. Ин юриш дар китобҳои таърихӣ ба «ҳамлаи нахуст» машҳур шудааст.[9] Аммор ибни Ҳассонро яке аз шуҳадои ин юриш медонанд.[10]

Албатта бархе аз манобеъ низ наҳваи шаҳодати Амморро дар майдони набард ва дар баробари дидагони Имом Ҳусайн (а) гузориш кардаанд.[11] Дар Зиёрат-уш-шуҳадо бо иборати «ассалом ала Аммор ибни Ҳассон» ба ӯ салом дода шудааст.[12]

Эзоҳ

  1. Ниг.: Ас-Самёнӣ, Мавсуъатун фи зилоли-ш-шуҳадо-ит-Тафф, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.214.
  2. Ҷамъи нависандагон, Захират-уд-дорайн, 1379ҳ.ш., саҳ.416.
  3. Ас-Самёнӣ, Мавсуъатун фи зилоли-ш-шуҳадо-ит-Тафф, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.227.
  4. Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1417ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.7.
  5. Ас-Самёнӣ, Мавсуъатун фи зилоли-ш-шуҳадо-ит-Тафф, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.217.
  6. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.197; Наҷошӣ, Риҷоли Наҷошӣ, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.1, саҳ.229.
  7. Наҷошӣ, Риҷоли Наҷошӣ, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, ҷ.1, саҳ.229.
  8. Ҷамъи нависандагон, Захират-уд-дорайн, 1379ҳ.ш., саҳ.416.
  9. Ас-Самёнӣ, Мавсуъатун фи зилоли-ш-шуҳадо-ит-Тафф, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.235.
  10. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, ал-Мактабатул-Ҳайдарийя, ҷ.3, саҳ.259.
  11. Ҷамъи нависандагон, Пажӯҳише перомуни шуҳадои Карбало, 1381ҳ.ш., саҳ.207.
  12. Ниг.: Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1368ҳ.ш., ҷ.98, саҳ.273.

Сарчашма

  • Ас-Самёнӣ, Ҳайдар, Мавсуъатун фи зилоли-ш-шуҳадо-ит-Тафф, Карбало, ал-Атабатул-Ҳусайнийятил-муқаддаса, 1434ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Наҷаф, ал-Мактабатул-Ҳайдарийя, бе то.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дорул-эҳёил-туросил-арабӣ, 1368ҳ.ш.
  • Наҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷоли Наҷошӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, бе то.
  • Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн, Марказул-диросотил-исломийя ли ҳарасил-савра, 1419ҳ.қ.
  • Ҷамъи нависандагон, Захират-уд-дорайн фимо ятаъаллақу би масоиби-л-Ҳусайн (а), Қум, Таҳсин, 1379ҳ.ш.
  • Ҷамъи нависандагон, Пажӯҳише перомуни шуҳадои Карбало, Қум, Ёқут, 1381ҳ.ш.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, интишороти Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.