Аммор ибни Абисалома Ҳамдонӣ
Аммор ибни Абисалома Долонии Ҳамдонӣ маъруф ба Аммори Долонӣ, аз саҳобаи Пайғамбар (с), аз лашкариёни Имом Алӣ (а) дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффайн ва Наҳравон ва аз шаҳидони Карбало мебошад.[1]
Аммор аз Банӣ Долони тираҳои қабилаи Ҳамдон будааст.[2] Ӯ дар воқеаи Карбало дар урдугоҳи Нухайла дар наздикии Куфа дар садади куштани Ибни Зиёд баромад, вале муваффақ нашуд. Пас аз он, ба корвони Имом Ҳусайн (а) пайваст.[3] Дар бархе манобеъ аз ӯ бо номи Омир низ ёд шудааст.[4]
Бино бар гузориши Ибни Ҳоики Ҳамдонӣ (ваф.334ҳ.қ.) дар китоби ал-Иклил мин ахбор-ил-Яман, Аммор ибни Абисалома махфиёна аз Куфа баромад, ӯ бо Заҳр ибни Қайсу ёронаш даргир шуд, ононро шикаст дода худро ба Имом Ҳусайн (а) расонд. Ибни Зиёд, Заҳр ибни Қайсро бо 500 нафар ба нигаҳбонии Ҷисрус-сирот гузошта буд, то ҳеҷкас аз Куфа хориҷ нашавад.[5]
Аммор ибни Абисалома дар рӯзи Ошуро дар ҳамлаи аввалин (ҳамлаи умумии лашкариёни Умар ибни Саъд ба сипоҳи Имом) ба шаҳодат расид.[6] Дар Зиёратуш-шуҳадо (зиёрати ноҳияи ғайримаъруф) бо иборати «ассалому ала Аммор ибни Абисалома ал-Ҳамдонӣ» ба ӯ салом дода шудааст.[7]
Муҳаммад ибни Тоҳири Самовӣ (ваф.1370ҳ.қ.) дар Ибсор-ул-айн гуфтугӯе ба нақл аз Таърихи Табарӣ аз ӯ ва Имом Алӣ дар масири Зиқор ба Басра нақл кардааст. Дар ин гуфтугӯ Аммор аз Имом мепурсад, вақте ба онҳо расидӣ чӣ мекунӣ? Имом дар ҷавоб гуфт, онҳоро ба Худо ва итоати Ӯ даъват мекунам ва агар қабул накунанд, бо онҳо меҷангам. Аммор гуфт: дар ин сурат онҳо бар даъваткунанда ба сӯи Худо ғалаба нахоҳанд кард.[8]
Ба гузориши манобеи таърихӣ, Имом Алӣ (а) барои рӯёрӯӣ бо Оиша, Талҳа ва Зубайр, бо лашкари худ аз Мадина ба самти Ироқ ҳаракат кард ва дар оғози вуруд ба Ироқ, дар минтақаи Зиқор утроқ намуд.[9]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.107; Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.134.
- ↑ Ниг.: Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.107; Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.133.
- ↑ Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.180.
- ↑ Ибни Ҳоик, ал-Иклил, 1425ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.93.
- ↑ Ибни Ҳоик, ал-Иклил, 1425ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.93.
- ↑ Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.113.
- ↑ Ибни Машҳадӣ, ал-Мазор-ул-кабир, 1419ҳ.қ., саҳ.495.
- ↑ Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.134.
- ↑ Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.226.
Сарчашма
- Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, Дорул-фикр, 1417ҳ.қ.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, чопи аввал, 1385ҳ.қ.
- Ибни Машҳадӣ, Муҳаммад, ал-Мазор-ул-кабир, Қум, Қайюм, 1419ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис- саҳоба, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, 1415ҳ.қ.
- Ибни Ҳоик, Ҳасан ибни Аҳмад, ал-Иклил мин ахбор-ил-Яман ва ансоби Ҳимяр, таҳқиқи Муҳаммад Акваъ Ҳаволӣ, Санъо, Вазоратул-сақофати вас-сайёҳат, 1425ҳ.қ./2004м.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Маноқиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
- Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн, таҳқиқи Муҳаммадҷаъфари Табасӣ, Марказул-диросотил-исломия лиҳарасис-савра, 1419ҳ.қ.