Ал-Ҳошия ала таҳзиб-ил-мантиқ (китоб)

Аз wikishia
Ал-Ҳошия ала таҳзиб-ил-мантиқ

Ал-Ҳошия ала таҳзиб-ил-мантиқ (арабӣ:اَلحاشیه علی تَهذیبِ المَنطِق) машҳур ба Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ, китобе дар илми мантиқ ба қалами Абдуллоҳ Яздии Баҳободӣ (ваф.981ҳ.қ.) мебошад.

Дақиқ будани ибороти китоб ва ҷомеъ будани матолиби он ва риояти ихтисор, аз хусусиятҳои муҳимми ин китоб қаламдод шудааст.

Тасаллути нависанда бар илми мантиқ ва фани нигориш, аз авомили муваффақияти ин китоб ба шумор рафтааст.

Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ дар кишварҳои мухталифе ҳамчун Эрон, Ироқ ва Ҳиндустон дар радифи китобҳои дарсии ҳавзаҳои илмия қарор дошт.

Ҳошия ва шарҳҳои мухталифе бар ин китоб нигошта шуда ва дар шаҳрҳои мухталифе ҳамчун Қум, Бейрут, Қоҳира ва Карочӣ ба чоп расидааст.

Тарҷумае ба забони форсӣ аз ин китоб таълиф шудааст.

Тавсиф ва ҷойгоҳ

Китоби ал-Ҳошия ала таҳзиб-ил-мантиқ, шарҳе бар китоби Таҳзиб-ул-мантиқ, асари Саъдиддини Тафтозонӣ - олими аҳли суннат ба шумор меравад.[1] Ин китоб дар заминаи илми мантиқи истидлолӣ таълиф шудааст.[2] Гуфта мешавад, китоби ал-Ҳошия дар айни доштани ҳаҷми кам, иттилооти фаровоне дар ихтиёри мухотаби худ қарор медиҳад.[3] Гуфта шудааст, иллати тавваҷуҳи бештар ба ҳошияи китоб нисбат ба асли китоб, диққат ва ҷомеъияти Ҳошия аст.[4]

Абулқосим Алидӯст - узви Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум эҳёи ин китобро зарурӣ ва мӯҷиби эҳёи шахсияти Мулло Абдуллоҳ дониста муътақид аст, Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ назорати хубе бар кулли мантиқ дошта ва дар муқоиса бо кутуби дигар барои мутолиа ва тадрис авлавият дорад.[5] Ин китоб, ки ба Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ маъруф аст, дар ҳавзаҳои илмия[6] ва дар кишварҳои мухталифе ҳамчун Эрон, Ироқ, Баҳрайн, Лубнон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон ба унвони китоби дарсӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.[7] Бар ин китоб таълиқаҳои мутааддиде навишта шудааст.[8]

Ҳошияи Мулло Абдуллоҳро аз муассиртарин авомили шӯҳрати китоби Таҳзиб-ул-мантиқи Тафтозонӣ баршумурдаанд.[9] Мегӯянд, бо таълифи ин китоб, мавҷи таълифи кутуби мантиқӣ рӯ ба коҳиш ниҳод.[10] Далоили муваффақ будани ин китобро тасаллути Мулло Абдуллоҳ дар мантиқ, тасаллути вай бар фани нигориш, ҷомеъ будани матолиб ва бархӯрдории китоб аз фурсати арза шудан медонанд.[11] Гуфта мешавад, таълифи ин китоб дар соли 967ҳ.қ.[12] ва дар Наҷаф ба поён расид.[13] Бархе аз муҳаққиқон аз ин китоб бо номи Тӯҳфаи Шоҳҷония ёд кардаанд.[14]

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Мулло Абдуллоҳи Баҳободӣ

Китоби ал-Ҳошия ала таҳзиб-ил-мантиқ, ба қалами Мулло Абдуллоҳ Баҳободии Яздӣ (ваф.981ҳ.қ.) - олими шиа нигошта шудааст.[15] Таълифоте дар тафсир,[16] фиқҳ, мантиқ,[17] фалсафа, калом ва адабиёт барои ӯ зикр шудааст.[18] Таълифоти Мулло Абдуллоҳ, ба равону сода будан ва парҳез аз зиёдагӯӣ тавсиф шудааст.[19]

Мулло Абдуллоҳро устоди Шайх Баҳоӣ[20] донистаанд. Ҳамчунин Ҳасан ибни Алӣ, маъруф ба Соҳиби Маъолим ва Муҳаммади Омилӣ, маъруф ба Соҳиби Мадорикро шогирдони ӯ дар улуми ақлӣ ва устодони вай дар улуми динӣ ба шумор овардаанд.[21] Гуфта мешавад, вай мутаваллии Ҳарами Имом Алӣ (а) будааст ва хонаводаи Алмулло ба ӯ мунтасаб аст.[22]

Мазмун ва муҳтаво

Тасвири саҳифаи аввали китоби ал-Ҳошия ба хати Муҳаммадъориф ал-Холидӣ

Китоби Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ дорои як муқаддима аст, ки дар он ба муаррифии илми мантиқ ва баёни мавзӯи он пардохта шудааст.[23] Сипас дар мақсади аввал, ки ба тасаввурот ихтисос ёфтааст, баҳси анвоъи далолатҳо, муфраду мураккаб, мафоҳим, нисаби арбаъа, куллиёти хамс, анвоъи мафҳуми куллӣ ва муъарриф матраҳ гардидааст.[24] Дар мақсади дувум, мабоҳиси марбут ба тасдиқот ироа шудааст. Дар ин бахш анвоъи қазия, ақсоми қазоёи шартия, таноқуз, акси муставӣ ва акси нақиз мавриди баҳс қарор гирифтааст.[25] Бахши сеюми китоб, мабоҳиси ҳуҷҷатро дар худ ҷой додааст. Дар ин бахш, ашколи арбаъа, анвоъи қиёс аз ҷиҳати ҳайату модда ва саноъоти хамс тавзеҳ дода шудааст.[26] Бахши чаҳорум ва поёнии китоб бо унвони хотима, дарбардорандаи аҷзои улум ва руъуси самония аст.[27]

Шарҳҳо ва ҳавошӣ

Тасвири рӯи ҷилди Ҳошияи Аллома ибни Одам бар Ҳошияи Муллоабдуллоҳ

Бар китоби Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ шарҳҳо, ҳавошӣ ва таълиқоти мутааддиде нигошта шудааст. Бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Саъодат-ул-мутаанниқ фи тавзеҳи ҳошият-ил-мантиқ, навиштаи Сайид Муҳаммадҳасани Толиқонӣ (тав.1350)[28]
  • Ал-Қистос-ул-мустақим ва-л-микёл-ул-қавим, таълифи Муҳаммадҳусайн Ардастонии Яздӣ (ваф.1272ҳ.қ.)[29]
  • Ат-Талҳ-ил-манзуд, мутааллиқ ба Муҳаммадҳусайн ибни Исмоил (ваф.1273ҳ.қ.)[30]
  • Рафъ-ул-ғошия ан ваҷҳ-ил-ҳошия, шарҳи мазҷии Сайидшаҳобиддин ибни Маҳмуди Табрезӣ (тав.1318).[31]
  • Аз-Завоид-ул-ҷазила, навиштаи Ризо Таботабоӣ, маъруф ба Аллома Табрезӣ (ваф.1361ҳ.қ.)[32]
  • Ат-Тақриб ило ҳавошӣ-т-таҳзиб ал-маъруфа би Ҳошияти Мулло Абдуллоҳ, мутааллиқ ба Муҳаммад Карамии Ҳувайзии Аҳвозӣ[33]
  • Кашф-ул-астор. Номи нависанда мавриди ишора қарор нагирифтааст.[34]
  • Ҳошияи Аллома Муҳаммад ибни Одам Рустии Болакӣ[35]
  • Ҳошия бар Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ, асари Таҷаллии Шерозӣ (ваф.1085ҳ.қ.)[36]
  • Ҳошияи Муҳаммад Абдулмаҷид аш-Шарнунӣ аз уламои донишгоҳи Алазҳар[37]
  • Ҳошияи Аллома Мулло Абдурраҳмони Бинҷувайнӣ[38]
  • Шарҳи Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ, таълифи Мирзо Ҳайдаръалӣ Муборакаии Ланҷонӣ.[39]
  • Туҳфаи Шоҳҷаҳонӣ (Шоҳҷонӣ)[40]
  • Ширу шакар, мутааллиқ ба Мирзоҳусайни Лоҳиҷӣ[41]
  • Рафъ-ул-ғошия мин ғавомиз-ил-ҳошия (шарҳи Ҳошияи Муллоабдуллоҳ) асари Мударриси Афғонӣ[42]
  • Шарҳи нафис, навиштаи Сайидмустафо Ҳусайнии Мозандаронӣ[43]
  • Таълиқат-уд-Даштӣ, таълифи Сайидмустафо Ҳусайнии Даштӣ[44]

Чоп ва тарҷума

Китоби ал-Ҳошия ала таҳзиб-ил-мантиқ дар шаҳрҳои мухталифе ҳамчун Бейрут,[45] Карочӣ,[46] Гаҷрот дар Ҳинд,[47] Қоҳира, Кувайт[48] ва Қум ба чоп расидааст.[49] Ин китоб борҳо ва бо шарҳҳо ва таълиқоти мухталиф таҷдиди чоп шудааст.[50] Тарҷумае аз ин китоб дар даст аст, ки гуфта мешавад, нигорандаи он маҷҳул аст.[51] Бархе ин тарҷумаро ба Муҳаммад ибни Маҳмуди Шаҳристонӣ нисбат додаанд.[52] Нусхае аз ин китоб, ки ба хати Муҳаммади Насрободӣ дар соли 1043 қамарӣ нигошта шудааст, дар мадрасаи Шаҳид Мутаҳҳарии Теҳрон нигаҳдорӣ мешавад.[53]

Эзоҳ

  1. Муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, “Муқаддима”, саҳ.3.
  2. Муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, “Муқаддима”, саҳ.3.
  3. Муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, “Муқаддима”, саҳ.3.
  4. Таботабоии Лутфӣ ва Қосимӣ, “Мутолиаи тавсифии Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ Баҳободӣ аз манзари таҳлили жанр”, саҳ.26.
  5. “Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ беҳтарин китоб барои тадриси мантиқ аст”, сайти Салсабил.
  6. Муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, “Муқаддима”, дар ал-Ҳошия ала таҳзиб-ил-мантиқ, саҳ.3.
  7. Оқоӣ, “Сайре дар аҳволи шореҳон ва ҳошиянависони Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ”, саҳ.238.
  8. Муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, “Муқаддима”, саҳ.3.
  9. Таботабоии Лутфӣ ва Қосимӣ, “Мутолиаи тавсифии Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ Баҳободӣ аз манзари таҳлили жанр”, саҳ.26.
  10. Садр, “Ҷойгоҳи Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ дар миёни кутуби мантиқӣ”, саҳ.100.
  11. Таботабоии Лутфӣ ва Қосимӣ, “Мутолиаи тавсифии Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ Баҳободӣ аз манзари таҳлили жанр”, саҳ.30.
  12. Садр, “Ҷойгоҳи Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ дар миёни кутуби мантиқӣ”, саҳ.100.
  13. Афандӣ, Риёз-ул-уламо ва ҳиёз-ул-фузало, ҷ.3, саҳ.193 - 194.
  14. Бобонии Бағдодӣ, Ҳадят-ул-орифин, 1951м., ҷ.1, саҳ.474.
  15. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.53; Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.53.
  16. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.348; ҷ.4, саҳ.278.
  17. Ҳурри Омилӣ, Амал-ул-омил, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.160.
  18. Хушнависзода Исфаҳонӣ, “Мулло Абдуллоҳи Баҳободӣ фақеҳи ихборӣ ё усулӣ” саҳ.37.
  19. Зириклӣ, ал-Аълом, 2002м., ҷ.4, саҳ.80.
  20. Ҳурри Омилӣ, Амал-ул-омил, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.160.
  21. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.161; Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.53; Ҳурри Омилӣ, Амал-ул-омил, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.160.
  22. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.53.
  23. Мавло Абдуллоҳ, ал-Ҳошия ала таҳзиб-ил-мантиқ, 1433ҳ.қ., саҳ.14 - 19.
  24. Мавло Абдуллоҳ, ал-Ҳошия ала таҳзиб-ил-мантиқ, 1433ҳ.қ., саҳ.21 - 51.
  25. Мавло Абдуллоҳ, ал-Ҳошия ала таҳзиб-ил-мантиқ, 1433ҳ.қ., саҳ.53 - 84.
  26. Мавло Абдуллоҳ, ал-Ҳошия ала таҳзиб-ил-мантиқ, 1433ҳ.қ., саҳ.85 - 113.
  27. Мавло Абдуллоҳ, ал-Ҳошия ала таҳзиб-ил-мантиқ, 1433ҳ.қ., саҳ.114 - 123.
  28. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.181.
  29. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.78.
  30. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.177.
  31. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.243.
  32. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.59.
  33. Ғуломии Бадербонӣ, “Сабкшиносии шуруҳ ва таълиқоти Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ дар даврони муосир”, саҳ.215.
  34. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.10.
  35. “Ҳошиятул-Аллома Ибни Одам ала ҳошият-ил-Яздӣ ала матни Таҳзиб-ул-мантиқ”, вебгоҳи Дору Ибни Ҳазм.
  36. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.61.
  37. Алғадавӣ, “Муқаддима”, дар Шарҳи Таҳзиб, саҳ.4.
  38. “Ҳошият-ул-Аллома ал-Бинҷувайнӣ ала ҳошияти Абдуллоҳ ал-Яздӣ”, вебгоҳи Муҳиббул-кутуб.
  39. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.69.
  40. Алғадавӣ, “Муқаддима”, дар Шарҳи Таҳзиб, саҳ.4.
  41. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.72.
  42. Носирӣ, Машоҳири ташайюъ дар Афғонистон, 1390ҳ.ш., саҳ.219 - 211.
  43. Ғуломии Бадербонӣ, “Сабкшиносии шуруҳ ва таълиқоти Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ дар даврони муосир”, 218.
  44. Ғуломии Бадербонӣ, “Сабкшиносии шуруҳ ва таълиқоти Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ дар даврони муосир”, 220.
  45. “Ҳошият-ул-Аллома Ибни Одам ала ҳошияти Абдуллоҳ ал-Яздӣ ала матни Таҳзиб-ул-мантиқ”, вебгоҳи Сафинатун-наҷот.
  46. Яздӣ, Шарҳи Таҳзиб, 1432, саҳ.2.
  47. Яздӣ, Шарҳи Таҳзиб, 1434ҳ.қ., саҳ.2.
  48. “Ҳошият-ул-Аллома ал-Бинҷувайнӣ ала ҳошияти Абдуллоҳ ал-Яздӣ”, вебгоҳи Муҳиббул-кутуб.
  49. Муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, “Муқаддима”, саҳ.2.
  50. Муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, “Муқаддима”, саҳ.3.
  51. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.60.
  52. Қанбариён, “Муқаддима”, дар тарҷумаи ҳошияи Таҳзиб-ул-мантиқ, саҳ.11.
  53. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1408ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.60.

Сарчашма

  • Алғадавӣ, Муҳаммадилёс, “Муқаддима”, дар Шарҳи Таҳзиб, таълифи Абдуллоҳ ибни Шаҳобиддини ал-Яздӣ, Гаҷрот, Идоратул-садиқ Добил, 1434ҳ.қ.
  • Амин, Сайид Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1403ҳ.қ.
  • Афандӣ, Абдуллоҳ ибни Асобег, Риёз-ул-уламо ва ҳиёз-ул-фузало, Бейрут, муассисаи Таърихул-арабӣ, 1421ҳ.қ.
  • Бобонии Бағдодӣ, Исмоил Пошо, Ҳадят-ул-орифин асмо-ул-муаллифин ва осор-ул-мусаннифин, Истанбул, Ваколатул-маъориф, 1951м.
  • Ғуломии Бадербонӣ, Ҳусайн, “Сабкшиносии шуруҳ ва таълиқоти Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ дар даврони муосир”, маҷмӯъа мақолоти конгресси байналмилалии Аллома Мулло Абдуллоҳ Баҳободии Яздӣ, ҷ.2, бе то.
  • Зириклӣ, Хайриддин ибни Маҳмуд, ал-Аълом, Бейрут, Дорул-илми лил-малоин, чопи понздаҳум, 2002м.
  • Қанбариён, Алӣ, “Муқаддима”, дар тарҷумаи ҳошияи Таҳзиб-ул-мантиқ, таълифи Шаҳристонӣ, Теҳрон, Сабо, 1394ҳ.ш.
  • Муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, “Муқаддима”, дар ал-Ҳошия ала таҳзиб-ил-мантиқ, таълифи ал-Мавло Абдуллоҳ ал-Яздӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, чопи понздаҳум, 1433ҳ.қ.
  • Муҳиббӣ, Муҳаммадамин ибни Фазлуллоҳ, Хулосат-ул-асар фи аъёни-л-қарни-л-ҳодиъашар, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1403ҳ.қ.
  • Садр, Сайидҳомид, “Ҷойгоҳи Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ дар миёни кутуби мантиқӣ”, маҷмӯа мақолоти конгресси байналмилалии Аллома Мулло Абдуллоҳи Баҳободии Яздӣ, ҷ.2, бе то.
  • Таботабоии Лутфӣ, Сайид Абдулмаҷид ва Қосимӣ, Тоҳира, “Мутолиаи тавсифии Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ Баҳободӣ аз манзари таҳлили жанр”, маҷмӯъа мақолоти конгресси байналмилалии Аллома Мулло Абдуллоҳ Баҳободии Яздӣ, ҷ.1, тобистони 1395ҳ.ш.
  • Хушнависзода Исфаҳонӣ, Муртазо, “Мулло Абдуллоҳи Баҳободӣ фақеҳи ахборӣ ё усулӣ”, маҷмӯа мақолоти конгресси байналмилалии Аллома Мулло Абдуллоҳи Баҳободии Яздӣ, ҷ.2, бе то.
  • Ҳошияи Мулло Абдуллоҳ беҳтарин китоб барои тадриси мантиқ аст”, сайти Салсабил, дарҷи матлаб: 13 меҳри 1394ҳ.ш., боздид: 8 обони 1402ҳ.ш.
  • Ҳошият-ул-Аллома ал-Бинҷувайнӣ ала ҳошияти Абдуллоҳ ал-Яздӣ”, вебгоҳи Муҳиббул-кутуб, таърихи боздид: 27 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Ҳошият-ул-Аллома Ибни Одам ала ҳошияти Абдуллоҳ ал-Яздӣ ала матни Таҳзиб-ул-мантиқ”, вебгоҳи Сафинатун-наҷот, таърихи боздид: 27 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Ҳошиятул-Аллома Ибни Одам ала ҳошият-ил-Яздӣ ала матни Таҳзиб-ул-мантиқ”, вебгоҳи Дору Ибни Ҳазм, таърихи боздид: 23 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Амал-ул-омил фи уламои Ҷабалилъомил, Бағдод, мактабат ал-Анделус, 1362ҳ.ш.
  • Яздӣ, Абдуллоҳ, Шарҳи Таҳзиб, Гаҷрот, Идоратул-Садиқ, 1434ҳ.қ.
  • Яздӣ, Абдуллоҳ, Шарҳи Таҳзиб, Карочӣ, мактабатул-Бушро, 1423ҳ.қ.