Алӣ ибни Ҳасани Табарсӣ
| Номи комил | Алӣ ибни Ҳасан ибни Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ |
|---|---|
| Лақаб | Табарсӣ |
| Санаи вафот | тақрибан соли 600ҳ.қ. |
| Хешовандон | Аминулислом Табарсӣ (бобо), Ҳасан ибни Фазли Табарсӣ (падар) |
| Устодон | Сайид Ҷалолуддин Мусавӣ |
| Таълифот | Мишкот-ул-анвор |
Алӣ ибни Ҳасан Табарсӣ (форсӣ: علی بن حسن طبرسی) аз уламои шиа ва муҳаддисони имомия дар қарни шашуми ҳиҷрӣ аст. Ӯ фарзанди Ҳасан ибни Фазли Табарсӣ, муаллифи китоби Макорим-ул-ахлоқ ва набераи Аминулислом Табарсӣ, муаллифи тафсири Маҷмаъ-ул-баён мебошад. Китоби Мишкот-ул-анвор, ки дорои ривоятҳо дар бораи ахлоқи бандагӣ, ахлоқи инфиродӣ ва иҷтимоӣ аст, аз таълифоти ӯст. Аз таърихи таваллуд ва вафоти Табарсӣ иттилои дақиқ вуҷуд надорад.
Зиндагинома
Таърихи таваллуд ва вафоти Алӣ ибни Ҳасани Табарсӣ, аз муҳаддисони шиа, маълум нест;[1] аммо Азизуллоҳ Уторидӣ, мутарҷими китоби Мишкот-ул-анвор, бар ин бовар аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба ин ки бобои Алӣ ибни Ҳасан, яъне Аминулислом Табарсӣ, дар соли 548ҳ.қ. даргузаштааст, ва эҳтимол меравад ки ӯ бобояшро дарк карда бошад, пас метавон таърихи вафоти Алӣ ибни Ҳасани Табарсиро тақрибан соли 600ҳ.қ. донист; гарчанде Оқобузурги Теҳронӣ ӯро аз уламои қарни ҳафтум шумурдааст.[2]
Алӣ ибни Ҳасани Табарсӣ дар бисёр аз тарҷумаи ҳолҳо ва китобҳои риҷолшиносӣ, набераи Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, муаллифи тафсири Маҷмаъ-ул-баён дониста шудааст;[3] бо ин ҳол, китобҳои Риёз-ул-уламо, навиштаи Мирзо Абдуллоҳ Афандӣ ва инчунин Табақоту аълом-иш-шиа, навиштаи Оқобузурги Теҳронӣ, Алӣ ибни Ҳасанро «сибт»-и Фазл ибни Ҳасан Табарсӣ донистаанд, ки маънои набераи духтариро дорад.[4]
Устодон
Аз миёни машойих ва устодони Алӣ ибни Ҳасани Табарсӣ, танҳо номи Сайид Ҷалолуддин ибни Ҳамза ал-Мусавӣ дар осори ҳадисӣ ва риҷолшиносӣ зикр шудааст ва дар китоби Мишкот-ул-анвор, ҳадисе аз ӯ нақл гардидааст.[5]
Таълифот
Алӣ ибни Ҳасани Табарсӣ, китоби Мишкот-ул-анворро навиштааст, ки дорои ривоятҳо дар бораи ахлоқи бандагӣ, ахлоқи инфиродӣ ва иҷтимоӣ мебошад.[6] Ин китоб ягона асаре дониста мешавад, ки нисбаташ ба Алӣ ибни Ҳасани Табарсӣ бе ихтилоф пазируфта шудааст.[7] Бар асоси муқаддимаи китоб, гуфта шудааст, ки ӯ ин асарро ҳамчун такмиле бар китоби Макорим-ул-ахлоқ, навиштаи падараш Ҳасан ибни Фазл Табарсӣ, таълиф намудааст.[8] Бо вуҷуди ин, Солеҳ ал-Ҷаъфарӣ дар муқаддимае, ки бар китоби Мишкот-ул-анвор навиштааст, таъкид мекунад, ки ягона муштаракоти ин ду китоб мавзуи онҳо аст; илова бар ин, китоби падараш ноқис набуд, ки ниёзе ба такмил дошта бошад.[9] Алӣ ибни Ҳасани Табарсӣ дар навиштани Мишкот-ул-анвор аз Маҳосини Барқӣ, инчунин аз осори Шайхи Садуқ, Шайхи Муфид ва инчунин бобояш Аминулислом Табарсӣ баҳра бурдааст.[10]
Эзоҳ
- ↑ ал-Луҷнат-ул-илмияти фи Муассисат-ил-Имом-ис-Содиқ, Табақот-ул-фуқаҳо, 1419ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.164–165
- ↑ Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1374ҳ.ш., саҳ.5
- ↑ Ниг.: Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1374ҳ.ш., саҳ.5
- ↑ Афандӣ, Риёз-ул-уламо, 1401ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.480–481; ҳамчунин ниг.: Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1374ҳ.ш., саҳ.5
- ↑ Табарсӣ, Мишкот-ул-анвор, 1385ҳ.қ., саҳ.43; Оқобузург Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиа, 1430ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.5
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.280
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.279–280
- ↑ Муҳаддиси Нурӣ, Хотимату мустадрак-ул-васоил, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.327–328; Афандӣ, Риёз-ул-уламо, 1401ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.480–481
- ↑ ал-Луҷнат-ул-илмияти фи Муассисат-ил-Имом-ис-Содиқ, Табақот-ул-фуқаҳо, 1419ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.164
- ↑ Аҳмадпур, Китобшинохти ахлоқи исломӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.280
Сарчашма
- Аҳмадпур, Маҳдӣ ва дигарон, Китобшинохти ахлоқи исломӣ: гузориши таҳлилии мероси макотиби ахлоқи исломӣ, Қум, Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1385ҳ.ш.
- Оқобузург Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсан, Табақоту аълом-иш-шиа, ҷ.3, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1430ҳ.қ./2009 м.
- Афандии Исфаҳонӣ, Мирзо Абдулло, Риёз-ул-улемои ва ҳиёз-ул-фузало, ҷ.5, таҳрир ва таҳқиқ: Сайид Маҳмуд Маръашӣ ва Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Қум, Китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашӣ, 1401ҳ.қ.
- Табарсӣ, Алӣ ибни Ҳасан, Мишкат-ул-анвор фи ғурар-ул-ахбор, Наҷаф, Китобхонаи Ҳайдария, 1385ҳ.қ.
- Табарсӣ, Алӣ ибни Ҳасан, Мишкат-ул-анвор фи ғурар-ул-ахбор, тарҷумаи Азизулло Уторидӣ, Теҳрон, Уторид, 1374ҳ.ш.
- ал-Луҷнат-ул-илмияти фи Муассисат-ил-Имом-ис-Содиқ, Табақот-ул-фуқаҳо, таҳти назари Ҷаъфар Субҳонӣ, Қум, Муассисаи Имом Содиқ, 1419ҳ.қ.
- Муҳаддиси Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Хотимату мустадрак-ул-васоил, ҷ.1, таҳқиқи Муассисату Оли-л-Байт лиэҳё-ит-турос, Бейрут, Муассисату Оли-л-Байт лиэҳё-ит-турос, 1429ҳ.қ./2008 м.