Алӣ ибни Абурофеъ

Аз wikishia

Алӣ ибни Абурофеъ, котиб ва масъули байтулмол дар ҳукумати Имом Алӣ (а) буд. Ӯ фарзанди Абурофеъ, саҳобаи маъруфи Пайғамбар (с) аст .

Алӣ ибни Абирофеъ тобеъӣ ва ёрони Имом Алӣ (а) буд, ки ба гуфтаи Сайидмуҳсини Амин дар ҷангҳои Ҷамал, Сиффин ва Наҳравон дар лашкари Имом Алӣ (а) ҳузур дошт.[1] Ҳамчунин Сайид Муҳсини Амин ӯро нахустин касе донистааст, ки дар Ислом китоби фиқҳӣ навиштааст.[2] Аҳмад ибни Алии Наҷҷошӣ, риҷолшиноси шиа китобашро шомили абвоби вузӯъ, намоз ва дигари мавзӯот донистааст.[3] Ба гуфтаи Сайид Муҳсини Амин ӯ аз фуқаҳои шиа буда ва фиқҳро аз ҳазрати Алӣ (а) омухтааст.[4]

Алӣ ибни Абирофеъ, котиби Имом Алӣ (а) ва масъули байтулмол дар ҳукумати ӯ буд. Бино бар ривояте, ки аз вай нақл шудааст, дар даврае ки хазинадори Имом Алӣ (а) буд, ба дархости яке аз духтарони Имом Алӣ (а) гарданбандеро, ки аз ғаниматҳои ҷанги Ҷамал буд ба амонат дар баробари замонатӣ барои истифода дар иди Қурбон дар ихтиёри вай қарор дод.

Ҳангоме ки Имом Алӣ (а) хабардор шуд, Ибни Абирофеъро эҳзор карда, аз ӯ хост, ки гарданбандро ба байтулмол баргардонад ва дар сурати такрори чунин коре ҷазо дода мешавад. Ҳамчунин фармуд, агар духтарам гарданбандро ба унвони амонат дар баробари замонате нагирифта буд, аввалин зани ҳошимие мебуд, ки муҷозот мешуд ва дар посухи духтараш аз чароии ин бархӯрд фармуд, ки оё тамоми занони муҳоҷирон метавонистанд дар иди Қурбон аз чунин гарданбанде истифода кунанд?.[5]

Ба ривояти мазкур дар баҳси орият гирифтан аз байтулмол ба китобҳои фиқҳӣ истинод мешавад.

Ҷусторҳои вобаста

Абурофеъ

Оли Абирофеъ

Убайдуллоҳ ибни Абирофеъ

Эзоҳ

  1. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.151.
  2. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.151.
  3. Наҷҷошӣ, Риҷол, 1397ҳ.қ., саҳ.5.
  4. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.151.
  5. Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.151.

Сарчашма

  • Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол, Қум, Мактабатул-Доварӣ, 1397ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, таҳқиқи Ҳасан Мусавии Хирсон, Дорул-кутубил-исломия, Теҳрон, 1407ҳ.қ.