Алайҳиссалом

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Алайҳи салом)
Иборати алайҳиссалом ба хати сулс

Алайҳиссалом ба арабӣ: عَلَیهِ‌السَّلام иборати дуоӣ ва эҳтиромомез ба маънои «дуруд бар ӯ бод», ки пас аз номи Имомон (а), пайғамбарон, бархе имомзодагон ва бархе фариштагон ба кор меравад.

Барои ҷавози фиристодани салом ба имомону мӯъминон, ба оёти 157 сураи Бақара, 43 Аҳзоб ва 54 Анъом истидлол мешавад, ки дар онҳо ба ҳамаи мӯъминон салому салавот фиристода шудааст. Шаҳиди Сонӣ дар одоби навиштани улуми исломӣ, ба нигоштани «алайҳиссалом» пас аз номи имомон супориш кардааст.

Аҳли суннат пас аз номи имомони шиа, монанди саҳоба иборати «разияллоҳу анҳу; Худо аз ӯ розӣ шавад»-ро меоваранд; албатта дар мавориде барои Имом Алӣ (а) ҷумлаи «алайҳиссалом»-ро ба кор бурдаанд ва онро барои дигар хулафо ба кор набурдаанд. Бо ин ҳол Ибни Касир аз шогирдони Ибни Таймия мӯътақид аст, ихтисос додани он ба Имом Алӣ (а) ва зикр накардани он барои дигар хулафо сазовор нест.

Шиаён барои бузургдошти заноне монанди ҳазрати Фотима (с), Зайнаб (с) ва Хадиҷа (с), ба ҷои «алайҳиссалом» аз иборати «саломуллоҳи алайҳо» ва барои Пайғамбар (с) аз ҷумлаи саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ; дуруди Худованд бар ӯ ва хонадонаш бод» истифода мекунанд.

Ҷумлаи алайҳиссалом ба шакли ихтисорӣ (а) ва иборати саломуллоҳи алайҳо ба сурати (с) низ ба кор меравад.

Корбурдҳо ва ибороти мушобеҳ

Алайҳи ассаломи ҷумлаи дуоӣ ба маънои «дуруд бар ӯ бод» аст, ки пас аз номи Имомон (а), пайғамбарон,[1] бархе имомзодагон монанди ҳазрати Аббос (а),[2] Алиакбар (а)[3] ва Алиасғар (а)[4] ва бархе фариштагон монанди Ҷабраил[5] ба кор меравад.

Вақте шумори Имомон ё пайғамбароне, ки ном бурда шуда ду тан бошанд аз иборати «алайҳимоссалом; дурӯд бар он ду бод»[6] ва ҳангоме, ки беш аз ду нафар бошанд, аз иборати «алайҳимуссалом; дурӯд бар онҳо бод» истифода мешавад.[7] Шиаён пас аз номи имомон (а) ғайр аз алайҳиссалом, аз ибороте ба ҳамон маъно, монанди саломуллоҳи алайҳ, салавотуллоҳи алайҳ,[8] алайҳиссалоту вассалом,[9] ва низ иборатҳои «алайҳи афзалуссалоти вассалом; бартарин салому дурӯд бар ӯ бод» ва «алайҳи олофуттаҳияти вассано; ҳазорон дурӯду сано бар ӯ бод»[10] низ истифода мекунанд.

Пас аз зикри номи занон ва духтарони Аҳли Байт (а)[11] монанди ҳазрати Фотима (с),[12] Зайнаб (с),[13] Маъсума (с)[14] ва пас аз номи Хадиҷа ҳамсари Пайғамбар (с),[15] Марям модари Исо[16] ва Осия ҳамсари Фиръавн[17] аз иборати «саломуллоҳи алайҳо; дурӯди Худо бар ӯ бод» ё «алайҳоссалом» истифода мекунанд. Барои Пайғамбар (с) ба ҷои алайҳиссалом аз иборати саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи; дуруди Худованд бар ӯ ва хонадонаш бод» истифода мешавад.[18]

Аҳли суннат низ барои такрими пайғамбарон[19] ва бархе фариштагон[20] аз алайҳиссалом истифода мекунанд, вале барои Имомони шиа монанди дигар саҳоба иборати «разияллоҳу анҳу; Худо аз ӯ розӣ шавад»-ро ба кор мебаранд,[21][Ёддошт 1] ба ҷуз Имом Алӣ (а) ки барои ӯ аз карамаллоҳу ваҷҳаҳ истифода мекунанд.[22] Ҳамчунин дар китобҳои аҳли суннат, дар мавориди зиёде пас аз номи Имом Алӣ (а) иборати алайҳиссалом зикр шудааст.[23] Ибни Касири таърихнигор ва муфассири аҳли суннат[24] ва Муҳаммадсолеҳ Алмунҷид, олими салафӣ,[25] ба кор рафтани алайҳиссалом пас аз номи Имом Алӣ (а) дар китобҳои аҳли суннатро, аз сӯи котибон (ва на олимон) донистаанд.

Аҳли суннат пас аз номи Пайғамбар (с) иборати «саллаллоҳу алайҳи вассалам»[26] ва гоҳ «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи вассалам»[27] ва низ гоҳе алайҳиссалом меоваранд.[28]

Бар асоси нусхаи хаттӣ аз китоби ал-Иршод, ки дар соли 566 қамарӣ, китобат шуда, барои Имомон (а) аз иборати алайҳиссалом истифода мешудааст.[29]

Аҳком ва фалсафа

Шаҳиди Сонӣ, фақеҳи шиаи қарни даҳуми қамарӣ, дар одоби навиштани улуми исломӣ, ба навиштани ҷумлаи алайҳиссалом пас аз ном бурдан аз Имомон (а) супориш кардааст.[30] Ба гуфтаи Фахрулмуҳаққиқин, фақеҳи шиаи қарни ҳаштуми қамарӣ, олимони шиа фиристодани салому дурӯд ба ҳамаи мӯъминонро ҷоиз донистаанд;[31] албатта ба назари ӯ, беҳтар ва ба адаб наздиктар аст, ки салому дурӯд фиристодан, ба Пайғамбар (с) ва Имомон (а) ихтисос ёбад ва барои дигар мӯъминон ба кор наравад.[32]

Дар муқобил, Ибни Касир аз шогирдони Ибни Таймия[33] ва Абдулазиз ибни Боз муфтии ваҳобӣ,[34] ихтисос додани зикри алайҳиссалом ба Имом Алӣ (а) ва зикр накардани он барои дигар хулафоро (он тавр, ки дар бархе китобҳои аҳли суннат ривоҷ дорад) ношоиста донистаанд.

Барои ҷавози фиристодани салом ба Имомон (а), ба оёти 103 сураи Тавба,[35] 157 Бақара, 43 Аҳзоб ва 54 Анъом низ истидлол шудааст, ки дар онҳо ба ҳамаи мӯъминон салому салавот фиристода шудааст.[36] Ҳамчунин ба ояти «саломун ало Оли Ёсин/ سَلَامٌ عَلیٰ اِلْ یاسِینَ»[37] бар асоси тафосир[38] ва ривоёте,[39] ки мурод аз Оли Ёсинро Оли Муҳаммад донистаанд, истидлол шудааст.[40]

Дар бораи ҷавози фиристодани салом бар пайғамбарон, ба оёте аз Қуръон истидлол шудааст, ки бар ҳамаи пайғамбарон ба сурати куллӣ[41] ва бар бархе пайғамбарон бо ном бурдан аз онҳо[42] салом фиристода шудааст.[43] Албатта дар ривояте дар китоби Амолии Садуқ[44] ва Амолии Тӯсӣ,[45] супориш шуда пас аз бурдани номи яке аз пайғамбарон, ибтидо бар Пайғамбари Ислом (с) ва сипас бар он пайғамбар, салавот фиристода шавад. Дар ривояте шабеҳ ба он, дар китоби Васоил-уш-шиъа, супориш шуда ибтидо бар Пайғамбари Ислом (с) ва Оли ӯ ва сипас ба он пайғамбар салавот фиристода шавад.[46] Бархе олимони шиа пас аз номи пайғамбарон иборати «алоٰ набийино ва олиҳи ва алайҳиссалом; дурӯд бар Пайғамбари мо ва хонадонаш ва бар ӯ (пайғамбари номбурда шуда) бод» ба кор мебаранд.[47]

Саъдӣ

Ба лаббайки ҳуҷҷоҷи Байтулҳаром ба мадфуни Ясриб алайҳиссалом

Ки моро дар он варта як нафас зи нанги ду гуфтан ба фарёд рас[48]

Шакли ихтисорӣ

Иборатҳои алайҳиссалом ва саломуллоҳи алайҳо ба суратҳои ихтисорӣ (а) ва (с) низ ба кор меравад.[49] Бархе истифода аз шаклҳои ихтисориро иштибоҳи роиҷ ва беҳурматӣ ба Аҳли Байт (а) шуморидаанд.[50] Дар муқобил, Муҳаммадкозим Козимӣ, нависанда ва шоири шиа ва коршиноси забон ва адабиёти форсӣ, ба кор рафтани шакли ихтисории алайҳиссаломро беҳтар аз такрори он шуморида аст; зеро бо ин кор, аз як сӯ ихтисор ва якдастии матн ҳифз мешавад, ва аз сӯи дигар ба хонанда ёдоварӣ мешавад нависанда аз такрими он фард ғофил набудааст. Козимӣ мӯътақид аст, такрими бузургон бо такрори таъбирҳои арабӣ боиси эҷоди одат ва келише мешавад; бино бар ин, бузургдошт бояд барои мухотаби форсизабон ба забони форсӣ бошад ва аз такрори он парҳез шавад.[51]

Ҷустори вобаста

Эзоҳ

  1. Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, зайли вожаи алайҳиссалом.
  2. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Амирулмӯъминин (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.185; Мударрисӣ ва Шуштаризода, Ҳазрати Алии Акбар (а), 1379ҳ.ш., саҳ.8.
  3. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, гузидаи шаҳодатномаи Имом Ҳусайн (а), 1391ҳ.ш., саҳ.55; Мударрисӣ ва Шуштаризода, Ҳазрати Алии Акбар (а), 1379ҳ.ш., саҳ.8.
  4. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, гузидаи шаҳодатномаи Имом Ҳусайн (а), 1391ҳ.ш.; Зуҳайрӣ, Қасас-ул-Ҳусайн (а), 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.181.
  5. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Амирулмӯъминин (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.130; Мударрисӣ ва Шуштаризода, Ҳазрати Алии Акбар (а), 1379ҳ.ш., саҳ.6.
  6. Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, зайли вожаи алайҳимоссалом.
  7. Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, зайли вожаи алайҳимоссалом.
  8. Низом Аъраҷ, Шарҳ-ун-низом, Дорулҳуҷҷати лиссақофа, поварақӣ, саҳ.25.
  9. Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, зайли вожаи алайҳиссалавоту вассалом.
  10. Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, зайли вожаи алайҳи олофуттаҳияти вассано.
  11. Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, зайли вожаи саломуллоҳи алайҳо.
  12. Барои намуна нигоҳ кунед ба Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.88; Рейшаҳрӣ, Донишномаи Амирулмӯъминин (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.185.
  13. Барои намуна нигоҳ кунед ба Софии Гулпойгонӣ, Ҳусайн (а) шаҳиди огоҳ ва раҳбари наҷотбахши Ислом, 1366ҳ.ш., саҳ.451; Рейшаҳрӣ, Донишномаи Амирулмӯъминин (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.166.
  14. Барои намуна нигоҳ кунед ба Софии Гулпойгонӣ, Силсилаи мабоҳиси имомат ва Маҳдавият, 1391ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.278; Фозил Муваҳҳидии Ланкаронӣ, Оини кайфарии Ислом, 1390ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.516.
  15. Барои намуна нигоҳ кунед ба Рейшаҳрӣ, Донишномаи Амирулмӯъминин (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.223; Софии Гулпойгонӣ, Ашиъатун ман азамат-ил-Имом-ил-Ҳусайн (а), 1434ҳ.қ., саҳ.105.
  16. Барои намуна нигоҳ кунед ба Рейшаҳрӣ, Донишномаи Амирулмӯъминин (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, 1389ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.394; Софии Гулпойгонӣ, Силсилаи мабоҳиси имомат ва Маҳдавият, 1391ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.190.
  17. Барои намуна нигоҳ кунед ба Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Фарҳанги Қуръон, 1385ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.247; Мазоҳирӣ, Ахлоқиёт-ул-алоқат-из-завҷия, 1414ҳ.қ., саҳ.240.
  18. Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, зайли иборати саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ.
  19. Барои намуна нигоҳ кунед ба Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.61 ва 129; Фахри Розӣ, тафсири Кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.136.
  20. Барои намуна нигоҳ кунед ба Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.350; Фахри Розӣ, тафсири Кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.83 ва ҷ.22, саҳ.171.
  21. Барои намуна нигоҳ кунед ба Абумансур Азҳарии Ҳиравӣ, аз-Зоҳир фи ғариби алфоз-иш-Шофеъӣ, Дорутталоеъ, саҳ.93; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, Дорулфикр, ҷ.4, саҳ.524; Саҳрандӣ, Рисолаи радд-ур-равофиз, 1432ҳ.қ., саҳ.4.
  22. Ибни Касир, Тафсир, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.524; Ибни Ҳаҷар ал-Ҳайтамӣ, ал-Фатово-л-ҳадисия, Дорулфикр, ҷ.1, саҳ.41.
  23. Барои намуна нигоҳ кунед ба Муҷоҳид ибни Ҷабр, тафсири Муҷоҳид, 1410ҳ.қ., саҳ.684; Саълабӣ, Тафсир ас-Саълабӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.136.
  24. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.478.
  25. Ал-Мунҷид, Мавқеъ-ул-Ислом суол ва ҷавоб, 1430ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.101.
  26. Барои намунаи нигоҳ ба кунед Саълабӣ, Тафсир ас-Саълабӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.116; Ибни Ҷазии Калбӣ, ат-Тасҳилу ли улум-ит-танзил, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.467.
  27. Барои намунаи нигоҳ ба кунед Саълабӣ, Тафсир ас-Саълабӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.116; Ибни Ҷазии Калбӣ, ат-Тасҳилу ли улум-ит-танзил, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.467.
  28. Барои намуна нигоҳ кунед ба Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.2; Фахри Розӣ, тафсири Кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.175.
  29. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.15, муқаддима.
  30. Шаҳиди Сонӣ, Мунят-ул-мурид, 1409ҳ.қ., саҳ.346 ва 347.
  31. Фахрулмуҳаққиқин, Эзоҳ-ул-фавоид, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.528.
  32. Фахрулмуҳаққиқин, Эзоҳ-ул-фавоид, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.528.
  33. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.478.
  34. Ибни Боз, Абдулазиз ибни Абдуллоҳ, Маҷмуъу фатово ва мақолот мутанаввиъа, Риосату идорат-ил-буҳус-ил-илмия, ҷ.6, саҳ.399.
  35. Фахрулмуҳаққиқин, Эзоҳ-ул-фавоид, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.528.
  36. Сонеъӣ, Посух ба шубаҳот дар шабҳои Пешовар, 1385ҳ.ш., саҳ.32 - 33.
  37. Сураи Соффот, ояти 130.
  38. Барои намуна нигоҳ кунед ба Мақотили Сулаймон, тафсири Мақотилу Ибни Сулаймон, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.618; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.714.
  39. Кӯфӣ, тафсири Фуроти Кӯфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.356; Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, саҳ.472.
  40. Сонеъӣ, Посух ба шубаҳот дар шабҳои Пешовар, 1385ҳ.ш., саҳ.33.
  41. Сураи Соффот, ояти 181.
  42. Барои намуна нигоҳ кунед ба сураи Соффот, оёти 79 ва 109.
  43. Сонеъӣ, Посух ба шубаҳот дар шабҳои Пешовар, 1385ҳ.ш., саҳ.33.
  44. Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.380.
  45. Тӯсӣ, Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.424.
  46. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.208.
  47. Барои намуна нигоҳ кунед ба Софии Гулпойгонӣ, Мунтахаб-ул-асар фи-л-Имом-ис-Сониашар (а), 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.356; Иштиҳордӣ, Ҳақиқати мӯъҷиза аз анбиё ва Аимма (а), 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.75.
  48. Саъдӣ, Бӯстон, 1366ҳ.ш., саҳ.422.
  49. Барои намуна нигоҳ кунед ба Субҳонии Табрезӣ, Оини вавҳобият, 1386ҳ.ш., саҳ.274; Мазоҳирӣ, Мазҳари ҳақ, 1388ҳ.ш., саҳ.46.
  50. Фараҳзод, “Оё дар навиштаҳо навиштани (с) ба ҷои (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) саҳеҳ аст”, хабаргузории байналмилалии Қуръон (Экно).
  51. Козимӣ, “Далели истифода аз алоими ихтисорӣ барои таъзим ва такрими Имомон”, хабаргузории Хабаронлайн.

Ёддошт

  1. Ба гуфтаи Адиби Даррасӯфӣ, олими шиаи қарни сездаҳуми қамарӣ, шиаён аз иборати разияллоҳу анҳу барои ғайримаъсум истифода мекунанд. (Низоми Аърҷ, Шарҳ-ун-низом, Дорулҳуҷҷати лиссақофа, поварақӣ, саҳ.25).

Сарчашма

  • Ибни Ҷузай Калбии Ғарнотӣ, Абулқосим Муҳаммад ибни Аҳмад, ат-Тасҳилу ли улум-ит-танзил, таҳқиқи Абдуллоҳи Алхолидӣ, Бейрут, ширкату доруларқам ибни Абиларқам, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷар ал-Ҳайтамӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Фатово-л-ҳадисия, бе ҷо, Дорулфикр, бе то.
  • Ибни Касир, Аблфидо Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, бе ҷо, Дору тайиба линнашри ваттавзиъ, 1420ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсиру Ибни Касир, таҳқиқ ва тақдими Юсуф Абдурраҳмон ал-Маръашлӣ, Бейрут, Дорулмаърифат литтабоъати ваннашри ваттавзиъ, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Абумансур Азҳарии Ҳиравӣ, Абӯмансур Муҳаммад ибни Аҳмад, аз-Зоҳир фи ғариби алфоз-иш-Шофеъӣ, таҳқиқи Масъад Абдулҳамид ас-Саъданӣ, бе ҷо, Дорутталоиъ, бе то, таърихуннашри бишшомилати 8 зилҳаҷа 1431ҳ.қ.
  • Иштиҳордӣ, Алипаноҳ, Ҳақиқати мӯъҷиза аз анбиё ва Аимма (а), Қум, нашри Зоир, 1389ҳ.ш.
  • Ал-Мунҷид, Муҳаммадсолеҳ, Мавқеъ-ул-Ислом суол ва ҷавоб, таърихуннашри бишшомила 8 зилҳиҷҷа 1431ҳ.қ., тамма насхуҳу минал интернет фи 1430ҳ.қ.
  • Анварӣ, Ҳасан, Фарҳанги бузурги сухан, Теҳрон, сухан, 1381ҳ.ш.
  • Ибни боз, Абдулазиз ибни Абдуллоҳ, Маҷмуъу фатово ва мақолот мутанаввиъа, ҷамъ ва ишроф Муҳаммад ибни Саъд Ашшувайъир, бе ҷо, Риосату идорат-ил-буҳус-ил-илмия ва-л-ифто би-л-мамлакат-ил-арабият ас-Саъудия, бе то, таърихуннашри бишшомила 8 зилҳаҷҷа 1431ҳ.қ.
  • Саълабӣ, Абуисҳоқ Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Кашфу ва-л-баён ан тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Абимуҳаммад ибни Ошӯр, муроҷиа ва тадқиқи Назир ас-Соъидӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, таҳқиқ ва тасҳеҳи муассисаи Олулбайт (а), Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1409ҳ.қ.
  • Деҳхудо, Алиакбар ва дигарон, Луғатнома, Теҳрон, донишгоҳи Теҳрон, 1390ҳ.ш.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Амр, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, 1407ҳ.қ.
  • Субҳонии Табрезӣ, Ҷаъфар, Оини ваҳҳобият, Теҳрон, Машъар, 1386ҳ.ш.
  • Саъдӣ, Муслеҳиддин, Бӯстон, тасҳеҳи Муҳаммадалии Фурӯғӣ, Теҳрон, Қуқнус, 1366ҳ.ш.
  • Саҳрандӣ, Аҳмад ибни Абдулаҳад Умарии Форуқӣ, Рисолату радд-ир-равофиз, бе ҷо, бе то, бе но, таърихуннашри бишшомила: 12 шаъбони 1432ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддини Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дурр-ул-мансур, Бейрут, Дорулфикр, бе то, таърихуннашри бишшомила: 8 зилҳиҷҷа 1431ҳ.қ.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Мусо, Тавзеҳулмасоил, Қум, маркази фиқҳии Имом Муҳаммади Боқир (а) вобаста ба дафтари оятуллоҳ Шубайрии Занҷонӣ, 1397ҳ.ш.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Мунят-ул-мурид фи одоб-ил-муфиди ва-л-мустафид, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ризо Мухторӣ, Қум, мактабул-эъломил-исломӣ, 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Бейрут, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёилтурос, 1416ҳ.қ.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Мунтахаб-ул-асар фи-л-Имом-ис-Сониашар (а), Қум, мактабат оятуллоҳ ас-Софӣ ал-Гулпойгонӣ, 1422ҳ.қ.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Ҳусайн (а) шаҳиди огоҳ ва раҳбари наҷотбахши Ислом, Машҳад, муассисаи нашр ва таблиғ, 1366ҳ.ш.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Ашшиъатун мин азамат-ил-Имом-ил-Ҳусайн (а), Қум, мактаби оятуллоҳ Лутфуллоҳ ас-Софӣ ал-Гулпойгонӣ, 1434ҳ.қ.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Силсилаи мабоҳиси имомат ва Маҳдавият, Қум, дафтари нашри осори оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, 1391ҳ.ш.
  • Сонеъӣ, Найирасодот, Посух ба шубаҳот дар шабҳои Пешовар, Теҳрон, Машъар, 1385ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, тасҳеҳ ва таҳқиқи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ ва Сайидфазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ, Бейрут, Дорулмаърифат, 1408ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи муассисаи албеъсат, Қум, 1414ҳ.қ.
  • Зуҳайрӣ, Алии Асғар, Қасас-ул-Ҳусайн (а), Қум, паёми Ҳуҷҷат, 1386ҳ.ш.
  • Фозил Муваҳҳидии Ланкаронӣ, Муҳаммад, Оини кайфарии Ислом: шарҳи форсии таҳрирулвасила (ҳудуд), Қум, маркази фиқҳии Аиммаи атҳор (а), 1390ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Фахрулмуҳаққиқин, Муҳаммад ибни Ҳасан, Эзоҳ-ул-фавоид фи шарҳи ишколот-ил-қавоъид, тасҳеҳи Алипаноҳ Иштиҳордӣ ва дигарон, ба иҳтимоми Муҳаммадҳусайни Кӯшон, Қум, Исмоилиён, 1387ҳ.қ.
  • Фараҳзод, Ҳабибуллоҳ, «Оё дар навиштаҳо навиштани (с) ба ҷои (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) саҳеҳ аст», хабаргузории байналмилалии Қуръон (Икно), таърихи дарҷи матлаб: 25 тири 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 30 фарвардини 1401ҳ.ш.
  • Козимӣ, “Далели истифода аз алоими ихтисорӣ барои таъзим ва такрими Имомон”, хабаргузории Хабаронлайн, таърихи дарҷи матлаб: 24 дайи 1391ҳ.ш., таърихи боздид: 30 фарвардини 1401ҳ.ш.
  • Кӯфӣ, Фурот ибни Иброҳим, Тафсири Фуроти ал-Кӯфӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммади Козим, Теҳрон, вазорати иршоди исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Муҷоҳид ибни Ҷабр, Абулҳуҷҷоҷ Қарашии Махзумӣ, тафсири Муҷоҳид, таҳқиқи Муҳаммад Абдусалом Абулнайл, Миср, Дорулфикрилисломиилҳадиса, 1410ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад ва дигарон, Гузидаи шаҳодатномаи Имом Ҳусайн (а) бар пояи манобеи мӯътабар, Қум, Дорулҳадис, 1391ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад ва дигарон, Донишномаи Амирулмӯъминин (а) бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, Қум, Дорулҳадис, 1389ҳ.ш.
  • Мударрисӣ, Муҳаммадтақӣ ва Муҳаммад (Амир) Шуштаризода, Ҳазрати Алии Акбар (а), Теҳрон, муҳибони ал-Ҳусайн (а), 1379ҳ.ш.
  • Мазоҳирӣ, Ҳусайн, Мазҳари ҳақ, Қум, муассисаи фарҳангии мутолиотии Аззаҳро (с), 1388ҳ.ш.
  • Мазоҳирӣ, Ҳусайн, Ахлоқиёт-ул-алоқат-из-завҷия, Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуъот, 1414ҳ.қ.
  • Мақотилу Ибни Сулаймон, Абулҳасан ибни Башир Аздии Балхӣ, тафсири Мақотилу Ибни Сулаймон, таҳқиқи Абдуллоҳи Маҳмуд Шаҳота, Бейрут, Дору эҳёилтурос, 1423ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир ва ҷамъе аз нависандагон, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, 1380ҳ.ш.
  • Низом Аъраҷи Нишобурӣ, Шарҳ-ун-низом ала-ш-шофия, таҳқиқи Муҳаммадзакӣ Ҷаъфарӣ, Қум, Дорулҳуҷҷати лиссақофа, чопи аввал, бе то.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар ва муҳаққиқони маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Фарҳанги Қуръон: калиди роҳёбӣ ба мавзӯъот ва мафоҳими Қуръони Карим, Қум, Бӯстони китоби Қум, 1385ҳ.ш.