Ҳифзи Қуръон

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Аз бар кардани Қуръон)

Ҳифзи Қуръон ё азёд кардани Қуръон, ба хотир супоридани оятҳои Қуръон аст. Барои ин кор, дар аҳодис, савоб ва подоши зиёде ваъда дода шудааст.

Дар ҳадисе, Пайғамбар (с) мақоми ҳофизи Қуръон бар мардумро монанди мақоми худ бар инсонҳои дигар муаррифӣ кардааст. Бар асоси манобеи таърихӣ ва ҳадисӣ, аввалин ҳофизи Қуръон, ҳазрати Муҳаммад (с) будааст. Адади ҳофизони Қуръон дар асри Паёмбар маълум нест. Бо ин ҳол дар бархе ахбор теъдоди ҳофизони Қуръон дар соли чаҳоруми ҳиҷрат болиғ бар 70 нафар гузориш шудааст.

Барои азёд кардани Қуръон равишҳои гуногуне вуҷуд дорад, ки беҳтарини онҳоро азёд кардани тасвирии оятҳо медонанд.

Кишварҳои исломӣ, монанди Эрон, Малайзия, Миср, Урдун, Либия ва Арабистони Саудӣ, ҳамасола озмуне барои санҷиши ҳофизони Қуръон баргузор мекунанд.

Соли 2011, Сайидалии Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз мақомоти фарҳангии ин кишвар хоста буд, ки 10 миллион ҳофизи Қуръон тарбият кунанд.

Мафҳумшиносӣ

Ҳифзи Қуръон ба маънои аз бар кардан, азёд кардан ва ба хотир супоридани оятиҳои Қуръон аст.[1] Баъзе муҳаққиқон бо истинод ба гузораҳои таърихӣ ва ривоёт, таърихи ба кор рафтани калимаи «ҳифзи Қуръон» ба ин маъноро аз нимаи қарни дувуми қамарӣ донистаанд.[2] Ба гуфтаи нависандаи мақолаи ҳифзи Қуръон дар доиратулмаорифи ташайюъ, дар садри Ислом ба хотир супорандагони Қуръонро бо иборатҳое ҳамчун «ҷамоъул-Қуръон», «қурроул-Қуръон», «ҳамалатул-Қуръон» ёд мекарданд.[3] Калимаи «ҳифз» дар забони арабӣ дар ду маънои нигоҳдорӣ ё нигаҳбонӣ ва ба хотир супоридан ба кор рафтааст.[4]

Дар истилоҳи улуми қуръонӣ ба касе ки Қуръонро бо таҷвид, тартил ва дигар қоидаҳои он бихонад «ҳофиз» мегӯянд; ҳамчунин ба касе ки бар суннати Пайғамбар (с) ва аҳволи ровиён ва табақоти машоих огоҳ бошад низ «ҳофиз» гуфта мешавад.[5]

Сайидалии Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон:

Валлоҳӣ мукаррар иттифоқ афтодааст, ки бо худам фикр кардааму гуфтаам, ки агар мумкин бошад, ҳарчӣ дорам, бидиҳам, ҳифзи Қуръонро бигирам, вале афсус, ки мумкин нест. Дар ин син, ман дигар наметавонам Қуръонро ҳифз кунам. Аммо шумо ҷавонед, шумо бачаед ва метавонед ҳифз кунед![6]

Ҷойгоҳ

Бархе муҳаққиқон бар асоси аввалин хитоб дар оятҳои ибтидои сураи Алақ, ки мегӯяд: «иқраъ/اِقْرَأ/ бихон», хондани Қуръон аз ҳифзро аввалин марҳала аз қироат ва китобати Қуръонро марҳалаи пас аз он муаррифӣ кардаанд.[7] Бар ин асос Ромёр дар Таърихи Қуръон, Пайғамбар (с)-ро аввалин «ҳофизи Қуръон» донистааст.[8] Таботабоӣ - муфассири муосири Қуръон, мурод аз зикр дар ояти 34-и сураи Аҳзобро ҳифзи Қуръон донистааст,[9] ҳамчунин Табарсӣ манзур аз осонсозии Қуръон барои зикр дар ояти 17-и сураи Қамарро «ҳифзи Қуръон» номбар кардааст.[10]

Ҳифзи Қуръон дар садри Ислом навъе бартарӣ ва имтиёз ба шумор меомад. Ба ҳамин хотир дар ҷанги Уҳуд, шаҳидони ҳофизи Қуръон, наздиктар ба Ҳамза - амаки Пайғамбар (с) дафн шуданд.[11]

Ба гуфтаи Шаҳиди Сонӣ (ваф.965ҳ.қ.), уламои гузашта бар ин бовар буданд, ки «ҳифзи Қуръон» бар ҳамаи илмҳо муқаддам аст. Онон илми фиқҳу ҳадисро фақат ба касоне таълим медоданд, ки ҳофизи Қуръон бошанд.[12]

Кишварҳои исломӣ аз ҷумла Либия, Урдун, Малайзия, Арабистон ва Эрон ҳамасола барои санҷиши қудрати ҳофизони Қуръон мусобиқа баргузор мекунанд.[13]

Сайидалии Хоманаӣ соли 2011, парвариши 10 миллион ҳофизи Қуръонро аз мақомоти дахлдор талаб кард.[14] Ба гуфтаи Маҳдии Қарашайхлӯ – яке аз масъулони тарҳи миллии ҳифзи Қуръони Карим дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар майи 2021, омори дақиқе аз мизони ҳофизони Қуръон дар Эрон вуҷуд надорад.[15] Бо ин ҳол бархе, теъдоди ҳофизони Қуръон дар Эронро ҳудуди 20 ё 30 ҳазор тахмин задаанд.[16]

Фазилати ҳифзи Қуръон

Кулайнӣ - муҳаддиси машҳури шиа, аҳодиси фазилати ҳифзи Қуръонро дар боби ҷудогонае гирдоварӣ кардааст.[17] Бар асоси бархе ҳадисҳо, барои ҳофизи Қуръон сазовор нест гумон кунад, ки Худованд беҳтар аз чизе ки ба ӯ дода шудааст (яъне ҳифзи Қуръон) ба ғайраш додааст.[18] Пайғамбар ҳофизони Қуръонро барҷастагони уммати худ муаррифӣ карда, ҷойгоҳашонро баъд аз паёмбарону уламо қарор додааст.[19] Ба гуфтаи ӯ, касоне ки ҳомилони Қуръонро сарзаниш ё ба онҳо иҳонат кунанд, мавриди лаън ва нафрини Худованд қарор мегиранд[20] ва шафоати ҳофизони Қуръон дар мавриди даҳ тан аз аъзои хонаводаашон, ки мӯҷиби дузах бошанд пазируфта хоҳад шуд.[21]

Тибқи ончи Кулайнӣ аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст, теъдоди дараҷоти биҳишт ба андозаи оятҳои Қуръон аст ва дар рӯзи қиёмат ба ҳофизи Қуръон нидо дода мешавад, ки Қуръон бихон ва бо хондани ҳар оят боло бирав! Бартарин дараҷоти биҳишт аз они ҳомилони Қуръон аст.[22] Бино бар гуфтаи Ҷаводии Омулӣ – файласуф ва муфассири Қуръон, барои расидан ба чунин дараҷот ва фазилатҳое ҳифз ва қироати зоҳирии Қуръон ба танҳоӣ кофӣ нест, балки бар асоси ривоёти дигаре амал ба оятҳои Илоҳӣ низ шарти аслии қабул шудани амали ӯст. Ӯ муътақид аст, дар қиёмат, инсон танҳо тавоноии хондани оятҳоеро хоҳад дошт, ки ба он амал карда бошад.[23]

Бо вуҷуди ин аҳодис, Имом Содиқ (а) тиловати оёти Қуръон аз рӯи Мусҳафро нисбат ба хондани он аз ҳифз, беҳтар ва савоби онро бештар донистааст. Эшон далели ин баёнро баҳра бурдани чашмон аз нигоҳ ба оятҳои Қуръон баён кардааст.[24]

Маҳфузоти фаромушшуда

Тибқи назари бархе аз фақеҳон, ҳифзи Қуръон мустаҳаб аст.[25] Аммо бархе ҳадисҳо оқибатҳои дарднокеро барои касоне, ки Қуръон ё сурае аз онро азёд карда ва баъд фаромӯш мекунанд, мутазаккир шудааст. Аз ин рӯ, ин ривоёт, бархе фақеҳонро бар он доштааст, то бар ҳурмат[26] ё кароҳати фаромӯш кардани Қуръон баъд аз азёд кардани он ё бар истиҳбоб ё вуҷуби давомнокӣ бар тиловати Қуръон то он ҷо ки нахонданаш мӯҷиби фаромӯшӣ нашавад ҳукм диҳанд.[27] Аз сӯи дигар, бархе бо истинод ба ривоёти муъориз, манзур аз нисёну фаромӯшӣ дар ин гуруҳ аз ривоётро фаромӯшии лафзҳои зоҳирии Қуръон надониста, балки онро нозир ба тарки амалӣ ва тарки таълимоти ҳидоятии Қуръон донистаанд, ба гунае ки фаромӯшӣ аз сари беаҳамиятӣ ва сабаби маҳҷур намудани Қуръон бошад.[28]

Равишҳои гуногуни аз ёд кардани Қуръон

Барои азёд кардани Қуръон, равишҳои маъмуле ҳамчун ҳифзи шунидорӣ, мафҳумӣ ва тасвирӣ вуҷуд дорад.[29] Теъдоди равишҳои ҳифзи Қуръонро 20 ва бештар аз он номбар кардаанд[30] ва беҳтарин равиши азёд кардани Қуръонро ба хотир супоридани оёт ба таври тасвирӣ медонанд.[31] Дар ин равиш, шахс, баъд аз мутолиаи оёт, саъй мекунад ҷойгоҳи ҷуғрофиёии оёт дар як саҳифа, наҳваи нигориши калимоту ҳуруфи ва ғ.ро ба таври дақиқ ба хотир бисупорад.[32]

Теъдоде аз ҳофизони Қуръон

Пажуҳишгарон муътақиданд, дар садри Ислом, теъдоди ҳофизони Қуръон бисёр будааст, аммо шумори дақиқи онон маълум нест.[33] Суютӣ барои исботи дурустии ин иддао ба теъдоди кушташудагони ҷанги Уҳуд, Биъри маъуна ва ҷанги Ямома истинод кардааст.[34] Ӯ бар асоси нақли таърихнигорон дар ин бора гуфтааст, дар ҷанги Уҳуд, 74 тан аз асҳоб ба шаҳодат расиданд, ки дар байнашон бисёре аз қориён буданд. Ҳамчунин дар моҳи сафари соли чаҳоруми ҳиҷрӣ воқеаи Биъри маъуна рух дод, ки чиҳил ё ҳафтод тан аз қориён ба шаҳодат расиданд. Пас аз вафоти Пайғамбар (с), дар «ҷанги Ямома» низ 1200 нафар аз мусулмонон кушта шуданд, ки гуфта шудааст, байни онҳо 450 ё 700 тан аз саҳоба ва ҳомилони Қуръон будаанд.[35]

Суютӣ, Имом Алӣ (а), Убай ибни Каъб, Абудардо, Маоз ибни Ҷабал, Зайд ибни Собит, Абдуллоҳ ибни Масъуд ва ғ.ро аз мардон ва ҳазрати Фотима (с), Физза, Оиша ва Ҳафсаро аз занон дар шумори ҳофизони Қуръони машҳур дар асри Паёмбар ном бурдааст.[36]

Иддае бар пояи бархе шавоҳид, Ҳофизи Шерозиро ҳофизи Қуръон муаррифӣ кардаанд. Онҳо муътақиданд, тахаллуси ӯ ба «ҳофиз» ба ҳамин ҷиҳат будааст.[37] Ҳамчунин гуфта шудааст, Карбалоӣ Козим Соруқӣ, як пирамарди деҳқону дарснохонда дар Соруқи Арок будааст, ки ба сабаби ҳассосияташ дар пардохти закот ва моли ҳалол, ба таври муъҷизаосое ҳофизи Қуръон шудааст.[38]

Абулқосим Хазъалӣ (ваф.1394ҳ.ш.) - рӯҳонии шиа ва Муҳаммадтақии Буҳлул (ваф.1384ҳ.ш.) аз дигар ҳофизони Қуръон ба шумор мераванд.[39]

Такнигориҳо

  • Муъҷаму ҳуффоз-ил-Қуръон абра-т-таърих, навиштаи Муҳаммад Солим Муҳайсин: дар ин китоб, аз зиндагии даҳҳо тан аз ҳофизон ва қориёни Қуръон ёд шудааст.
  • Маърифат-ул-қурро-ил-кибор ала-т-табақоти ва-л-аъсор ё Табақот-ул-қурроъ, навиштаи Шамсиддин Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Усмони Заҳабӣ: нависандаи ин китоб қориён ва ҳофизони Қуръонро ба таври табақа-табақа гирдоварӣ кардааст.
  • Усул ва равишҳои ҳифзи Қуръон, асари Сайидалӣ Мирдомод Наҷафободӣ: ин китоби тавассути интишороти маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо ба чоп расидааст. Дар фасли аввали он, аз аҳамият ва зарурати калимашиносии ҳифз сухан омада, дар фасли дувум, усул ва муқаддимоти ҳифз баён шуда ва дар фасли сеюм, ба равишҳои ҳифз, такрор ва тасбити маҳфузот пардохта шудааст.

Ҷусторҳои вобаста

Тиловати Қуръон

Эзоҳ

  1. Ҳусайнӣ, “Ҳифзи Қуръон”, саҳ.385.
  2. Ҳусайнӣ, “Ҳифзи Қуръон”, саҳ.385.
  3. Ҳусайнӣ, “Ҳифзи Қуръон”, саҳ.385.
  4. Мақарӣ, Мисбоҳ-ул-мунир, зайли вожаи ҳифз; Шариф Ҳусайн, ал-Ифсоҳ фи фиқҳ-ил-луғат, зайли вожаи ал-ҳифз.
  5. Ҳусайнӣ, “Ҳифзи Қуръон”, саҳ.385.
  6. “Нишонаро ба хотир бисупор”, вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ.
  7. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1346, саҳ.221.
  8. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1346, саҳ.212 ва 221.
  9. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1370ҳ.ш., ҷ.16, саҳ.313.
  10. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.316.
  11. Зарнигор, Ҳифзи Қуръон, 1388ҳ.ш., саҳ.585.
  12. Шаҳиди Сонӣ, Мунят-ул-мурид, 1409ҳ.қ., саҳ.263.
  13. “Нигоҳе ба мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар ҷаҳон/ ҷойгоҳи Эрон куҷост?”, хабаргузории байналмилалии Қуръон (Икно).
  14. “Баёнот дар дидори қориён ва ҳофизон ва асотиди қуръонӣ”, вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ.
  15. “Ҳеҷ омори расмие аз теъдоди ҳофизони Қуръон ироа нашудааст”, хабаргузории Тақриб.
  16. “Теъдоди ҳофизони Қуръон; фосилаи бисёр аз санади чашмандоз”, хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон.
  17. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.603.
  18. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, муассисаи Олулбайт алайҳимус-саломи ли эҳёил-турос, ҷ.4, саҳ.237.
  19. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.89, саҳ.18 ва 19.
  20. Муттақӣ ал-Ҳиндӣ, Канз-ул-аъмол, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.523.
  21. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.45.
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.603.
  23. “Инсон дар қиёмат ҳар оятеро наметавонад бихонад”, хабаргузории Форс.
  24. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.613 ва 614.
  25. “Ҷойгоҳи ҳифзи Қуръони Карим дар ривоёт”, пойгоҳи итилоърасонии Росихун.
  26. Ҳурри Омилӣ, Тафсилу васоил-иш-шиъа ило таҳсили масоил-иш-шариъа, ҷ.6, саҳ.195; “Ҷойгоҳи ҳифзи Қуръони Карим дар ривоёт”, пойгоҳи иттилоърасонии Росихун.
  27. Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Иддат-уд-доъӣ ва наҷоҳ-ус-соъӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.291.
  28. “Фаромӯш кардани Қуръон пас аз ҳифзи он”, вебгоҳи Ҳадиснет.
  29. “Муаррифии 7-то аз равишҳои ҳифзи Қуръони Карими + сареътарин равиши ҳифзи Қуръон”, вебгоҳи Муассисаи қуръонии Иллийиин.
  30. Мугаҳӣ, 20 равиши ҳифзи Қуръон, саҳ.3.
  31. “Муаррифии 7-то аз равишҳои ҳифзи Қуръони Карими + сареътарин равиши ҳифзи Қуръон”, вебгоҳи Муассисаи қуръонии Иллийиин.
  32. “Муаррифии 7-то аз равишҳои ҳифзи Қуръони Карими + сареътарин равиши ҳифзи Қуръон”, вебгоҳи Муассисаи қуръонии Иллийиин.
  33. Ромёр, “Ҳофизони Қуръон дар замони Расули Худо (с)”., пойгоҳи иттилоърасонии Росихун.
  34. Суютӣ, ал-Итқон, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.193.
  35. Суютӣ, ал-Итқон, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.193.
  36. Суютӣ, ал-Итқон, 1416ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.193.
  37. Саъидӣ, “Қироати Қуръон дар чаҳордаҳ ривоят ва тазмини ҳофиз”, саҳ.172- 173.
  38. Фаъоли Ироқӣ, Карбалоӣ Козим Соруқӣ, саҳ.1868.
  39. “Ёде аз марҳум Оятуллоҳ Хазъалӣ; олиме ки ҳофизи Қуръон буд”, хабаргузории байналмилалии Қуръон; Абдулваҳҳобӣ, “Муҳаммадтақии Буҳлул Гунободӣ (Шайх Буҳлул ё Аллома Буҳлул)”, вебгоҳи Фарҳехтагони тамаддуни шиъӣ.

Сарчашма

  • Абдулваҳҳобӣ, Муртазо, “Муҳаммадтақии Буҳлул Гунободӣ (Шайх Буҳлул ё Аллома Буҳлул)”, вебгоҳи Фарҳехтагони тамаддуни шиъӣ, таърихи дарҷи матлаб: 12 меҳри 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 30 обони 1402ҳ.ш.
  • «Баёнот дар дидори қориён ва ҳофизон ва асотиди қуръонӣ», вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ, таърихи дарҷи матлаб: 11 мурдоди 1390ҳ.ш., таърихи боздид: 8 меҳри 1402ҳ.ш.
  • «Ёде аз марҳум Оятуллоҳ Хазъалӣ; олиме ки ҳофизи Қуръон буд», хабаргузории байналмилалии Қуръон, таърихи боздид: 10 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Зарнигор, Аҳмад, Ҳифзи Қуръон, дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Муассисаи фарҳангии ҳунарии китоби марҷаъ, 1388ҳ.ш.
  • Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Аҳмад ибни Шамсиддин Муҳаммад, Иддат-уд-доъӣ ва наҷоҳ-ус-соъӣ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1407ҳ.ш.
  • «Инсон дар қиёмат ҳар оятеро наметавонад бихонад», хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 15 шаҳривари 1397ҳ.ш, таърихи боздид: 8 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Нафас-ул-маҳмум, тарҷумаи Камараӣ, Теҳрон, чопи исломия, 1376ҳ.қ.
  • Қуръони Карим.
  • Мақарӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Мисбоҳ-ул-мунир фи шарҳи ғириб-ил-кабир ли-р-Рофеъӣ, Қум, интишороти Дорул-ҳиҷрат, 1397ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-саломи ли эҳёил-турос, 1403ҳ.ш.
  • Муаррифии 7-то аз равишҳои ҳифзи Қуръони Карими + сареътарин равиши ҳифзи Қуръон”, вебгоҳи Муассисаи қуръонии Иллийиин, таърихи боздид: 8 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Мугаҳӣ, Абдураҳим, 20 равиши ҳифзи Қуръон, дар маҷаллаи Шамими ёс, № 20, обони 1383ҳ.ш.
  • Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисом, Канз-ул-уммол фи сунан-ил-ақволи ва-л-афъол, Бейрут, муассисаи ал-Рисола, 1401ҳ.қ.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Ҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-саломи ли эҳёил-турос, бе то.
  • «Нигоҳе ба мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар ҷаҳон/ ҷойгоҳи Эрон куҷост?», хабаргузории байналмилалии Қуръон (Икно), таърихи дарҷи матлаб: 4 хурдоди 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 8 меҳрмоҳи 1402ҳ.ш.
  • «Нишонаро ба хотир бисупор», вебгоҳи Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳилъузмо Хоманаӣ, таърихи дарҷи матлаб: 4 меҳри 1387ҳ.ш, таърихи боздид: 30 обони 1402ҳ.ш.
  • Ромёр, Маҳмуд, “Ҳофизони Қуръон дар замони Расули Худо (с)”, пойгоҳи иттилоърасонии Росихун, таърихи дарҷи матлаб: 7 меҳри 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 8 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Ромёр, Маҳмуд, Таърихи Қуръон, Теҳрон, интишороти Амири Кабир, 1369ҳ.ш.
  • Саъидӣ, Алӣ, “Қироати Қуръон дар чаҳордаҳ ривоят ва тазмини ҳофиз”, Улуми исломӣ, № 12, 1387ҳ.ш.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, Лубнон, Дорул-фикр, 1416ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти ИсмоилИён, 1370ҳ.ш.
  • «Теъдоди ҳофизони Қуръон; фосилаи бисёр аз санади чашмандоз», хабаргузории Ҷумҳурии исломии Эрон, таърихи дарҷи матлаб: 26 баҳмани 1392ҳ.ш, таърихи боздид: 4 меҳри 1402ҳ.ш.
  • «Фаромӯш кардани Қуръон пас аз ҳифзи он», вебгоҳи Ҳадиснет, таърихи боздид: 8 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Фаъоли Ироқӣ, Ҳусайн, Карбалоӣ Козим Соруқӣ, дар Донишномаи Қуръон ва қуръонпажуҳӣ, Теҳрон, Дӯстон - Ноҳид, 1377ҳ.ш.
  • «Ҳеҷ омори расмие аз теъдоди ҳофизони Қуръон ироа нашудааст2, хабаргузории Тақриб, таърихи дарҷи матлаб: 5 урдибиҳишт, 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 7 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсилу васоил-иш-шиъа ило таҳсили масоил-иш-шариъа, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-саломи ли эҳёил-турос, бе то.
  • Ҳусайнӣ, Сайидмуҳаммад, “Ҳифзи Қуръон”, Доиратулмаорифи ташайюъ (ҷ.6), нашри шаҳид Саид Муҳиббӣ, 1380ҳ.ш.
  • Шариф Ҳусайн, Мусо ва Абдулфаттоҳ Саъидӣ, ал-Ифсоҳ фи фиқҳ-ил-луғат, Бейрут, мактабул-Эъломил-исломӣ, 1410.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Мунят-ул-мурид, Қум, мактабул-Эъломил-исломӣ, 1409ҳ.қ.