Авс инби Собити Хазраҷӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Авс инби Собити Ансорӣ)
Авс инби Собит
Номи комилАвс инби Собити Хазраҷӣ
Маҳалли зиндагӣМадина
НасабБанӣ Наҷҷор - Хазраҷ
Санаи шаҳодатсоли севвуми ҳиҷрӣ - Уҳуд
ХешовандонҲассон ибни Собит (бародар), Шаддод ибни Авс (фарзанд)
Фаолиятҳоҳузур дар байъати ақабаи дувум


Авс ибни Собити Хазраҷӣ (форсӣ:اوس بن ثابت خزرجی) саҳобаи ансории Пайғамбари Ислом (с) ки дар ҷанги Уҳуд ба шаҳодат расид. Бино бар гуфтаи бархе муфассирон, ояти ҳафтуми сураи Нисо, ки дар бораи яке аз масоили ирс аст, баъд аз шаҳодати ӯ дар бораи тақсими меросаш нозил шудааст.

Шахсиятшиносӣ

Авс ибни Собит ибни Мунзар, бародари Ҳисон ибни Собит - шоири машҳури асри Пайғамбар (с) - аст. Вай аз хонадони Банӣ Амр ибни Молик, аз тираи Банӣ Наҷҷор ва мутааллиқ ба қабилаи Хазраҷ буд. Ӯ дар байъати ақабаи дувум ҳузур дошт[1] ва бо ҳиҷрати Пайғамбар (с) ба Мадина, дар шумори ансор қарор гирифт.[2] Ӯ дар хонаи худ дар Мадина, мизбони Усмон ибни Аффон шуд.[3]

Бино бар қавли машҳур, Авс дар ғазваи Уҳуд шаҳид шудааст.[4] Ривояти дигаре ҳам ӯро аз муҷоҳидини Бадр, Уҳуд ва Хандақ муаррифӣ карда ва вафоти ӯро дар давраи хилофати Усмон ибни Аффон донистааст.[5]

Моҷарои ирс

Муфассирони Қуръони Карим, дар тафсири ояти ҳафтуми сураи Нисо, ба Авс ибни Собит ва нузули ин оят баъд аз шаҳодаташ пардохтаанд. Бар ин асос, расми ҷоҳилият ин будааст, ки ҳамсару фарзандони хурдсол, аз ирс маҳрум буда[6] ва занону духтарон, аз ирс саҳме намебурдаанд.[7]

Баъд аз шаҳодати Авс, писарамакҳои ӯ тамоми амволашро тасарруф карданд[8] ва ҳамсари Авс, ки се духтари хурдсол дошт, ба Пайғамбар (с) муроҷиат кард. Пайғамбар (с) ба писарамакҳои Авс фармон дод, ки то иблоғи ваҳй дар ин мавзӯъ, аз тасарруф дар мероси Авс худдорӣ кунанд.[9] Онон ба сухани Пайғамбар (с) амал карданд, то ин ки ояти ҳафтуми сураи Нисо нозил шуд.[10][Ёддошт 1]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.101.
  2. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳояҳ, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.203.
  3. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1421ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.55.
  4. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., саҳ.117.
  5. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1433ҳ.қ., саҳ.83.
  6. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1430ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.299 - 301.
  7. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.19; Файзи Кошонӣ, ас-Софӣ, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.192.
  8. Саълабӣ, Тафсири Саълабӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.260.
  9. Ибни Ҷавзӣ, Зод-ул-масир, 1423ҳ.қ., саҳ.259.
  10. Қуртубӣ, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, 1427ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.78.
  11. Сураи Нисо, ояти 7, тарҷумаи Абдулмуҳаммад Оятӣ.

Ёддошт

  1. Дар ин оят омадааст: «لِلرِّجالِ نَصیبٌ مِمَّا تَرَکَ الْوالِدانِ وَ الْأَقْرَبُونَ وَ لِلنِّساءِ نَصیبٌ مِمَّا تَرَکَ الْوالِدانِ وَ الْأَقْرَبُونَ مِمَّا قَلَّ مِنْهُ أَوْ کَثُرَ نَصیباً مَفْرُوضاً»; Аз ҳар чизе ки падару модару хешовандон ирс мегузоранд, мардонро насибе аст. Ва аз ончи падару модару хешовандон ирс мегузоранд хоҳ андак ва хоҳ бисёр, занонро низ насибе аст, насибе муайян.[11]

Сарчашма

  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, Бейрут, Дорулҷил, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Иззуддин, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дору Ибни Ҳазм, 1433ҳ.қ.
  • Ибни Касир, ал-Ҳофиз, ал-Бидоя ва-н-ниҳояҳ, Бейрут, Мактабатул-маъориф, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, Қоҳира, Мактабатул-Хонҷӣ, 1421ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, Зод-ул-масир фи илм-ит-тафсир, Бейрут, ал-Мактабул-Исломӣ, 1423ҳ.қ.
  • Қуртубӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Ҷомеъу ли аҳком-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатур-Рисолат, 1427ҳ.қ.
  • Саълабӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Тафсир ас-Саълабӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-Муртазо, 1427ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Муҳаммад Ҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, маншуроти Ҷамоъатул-мударрисин, 1430ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳсин, Тафсир ас-Софӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1419ҳ.қ.