Абуррайҳонатайн

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Абурайҳонатайн)

Абуррайҳонатайн (арабӣ: اَبوالرّیْحانَتَیْن) ба маънои падари ду райҳона, яке аз куняҳои Пайғамбар (с)[1] ва куняҳои Имом Алӣ (а)[2] аст. Бар пояи ривоёте, ки аз Пайғамбар (с) нақл шудааст, он ҳазрат Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а)-ро райҳонаҳои худ муаррифӣ кардааст.[3]

Дар китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ ин ривоёт аз манобеи аҳли суннат гирдоварӣ шудааст.[4] Ин таъбир аз ҷониби Пайғамбар (с) дар бораи Имом Ҳасан (а) ба танҳоӣ низ ба кор рафтааст. Ба унвони намуна дар Маноқиби оли Абитолиб ривояте нақл шудааст, ки Пайғамбар (с) дар ҳоли намоз низ бо меҳрубонӣ ва утуфати бисёр зиёд бо Имом Ҳасан бархӯрд мекард ва дар ҷавоб ба суол ва тааҷҷуби асҳоб, мефармуд: "ان هذا ریحانتی" ин райҳонаи ман аст.[5]

Ба ҳазрати Алӣ (а) низ Абулрайҳонатайн гуфта мешавад.[6] Бар асоси ривояте, ки дар Мақтал-ул-Ҳусайни Хоразмӣ нақл шудааст, Пайғамбар се рӯз пеш аз вафотш хитоб ба Имом Алӣ (а) чунин гуфтааст: "سلام الله علیک أبا الرّیحانتین أوصیک بریحانتیّ من الدّنیا". Саломи Худо бар ту Абулрайҳонатайн! Туро ба ду райҳонаам дар дунё тавсия мекунам.[7] Райҳона ба маънои гиёҳи хушбӯй аст.[8]

Ҷусторҳои вобаста

Абуссибтайн

Эзоҳ

  1. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154.
  2. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1390ҳ.қ., саҳ.154; Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.154.
  3. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.28.
  4. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.599 - 626.
  5. Ибни Шаҳрошуби Мозандаронӣ, 1379ҳ.қ., Маноқибу оли Абитолиб, ҷ.4, саҳ.25.
  6. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68.
  7. Хоразмӣ, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.103.
  8. Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, зайли вожаи «райҳон», 1390ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.3771.

Сарчашма

  • Анварӣ, Ҳасан, Фарҳанги бузурги сухан, Теҳрон, интишороти Сухан, чопи ҳафтум, 1390ҳ.ш.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб алайҳимс-салом, Қум, Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Табрез, Мактабат Банӣ Ҳошимӣ, 1381ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо (ал-қадима), Теҳрон, исломия‏, чопи сеюм, 1390ҳ.қ.
  • Хоразмӣ, Муваффақ ибни Аҳмад, Мақтал-ул-Ҳусайн, Анварул-ҳудо, чопи дувум, 1381ҳ.ш./1423ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, муқаддима ва таълиқа: Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, Мактабат Оятуллоҳил Маръашӣ ал-Наҷафӣ Қум, 1409ҳ.қ.