Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Абулҳасан Симарӣ)
Марқади Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ

Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ (арабӣ:علی بن محمد سَمَری) ё Самурӣ (سَمُری) (ваф.329ҳ.қ.) чаҳорумин ноиб аз нуввоби арбаъаи Имоми Замон (аҷ) буд, ки пас аз Ҳусайн ибни Рӯҳи Навбахтӣ, се сол (326 - 329ҳ.қ.) мақоми ниёбатро уҳдадор буд.

Вай дар замони ниёбат, робити байни ҳазрати Маҳдӣ ва шиаён буд ва мардум, вуҷуҳи шаръиро дар ихтиёри ӯ мегузоштанд. Ӯро аз асҳоби Имом Аскарӣ (а) ҳам шуморидаанд, ки мукотиботе бо он Имом доштааст.

Даврони ниёбати Самарӣ кӯтоҳ ва нисбат ба се ноиби хосси дигар, камтар буд ва тафсиле аз он гузориш нашудааст. Сабаби кам будани фаъолияти Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ, сахтгирии ҳукумат дониста шудааст, ки ӯро аз фаъолияти густарда дар Созмони ваколат бозмедошт.

Тавқиъи Имоми Замон ба Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ дар бораи хабари вафот ва поён ёфтани даврони ниёбати ӯ, аз муҳимтарин иттифоқоти ин давра аст. Бо вафоти вай, иртиботи мустақими байни сафирон ва Имоми дувоздаҳум поён ёфт ва даврони Ғайбати кубро оғоз шуд.

Зиндагинома

Дар манобеъ соли таваллуди Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ зикр нашудааст. Куняи ӯро Абулҳасан[1] ва лақаби ӯро Самарӣ, Саймурӣ, Саймарӣ ва ё Симарӣ гуфтаанд, вале машҳур ҳамон Самарӣ аст.[2] Бо ин ҳол, дар бархе аз манобеи шиъӣ, лақаби ӯ Самурӣ сабт шудааст. [Ниёзманди манбаъ] Саммар ё Суммар[3] ё Сиймар яке аз деҳҳои Басра аст, ки бастагони ӯ дар он мезистаанд.[4]

Хонадон

Алӣ ибни Муҳаммад, аз хонадонии диндор ва шиа будааст, ки дар хидматгузорӣ ба имомони шиа, шӯҳрати зиёде доштаанд ва ҳамин асолати хонаводагии ӯ боис шуд, ки дар мақоми ниёбати имом, бо мухолифати чандоне рӯбарӯ нашавад.[5] Яъқубӣ муътақид аст, бисёре аз аъзои ин хонадон, дар Басра амлоки зиёде доштанд ва ниме аз даромади ин амлокро вақфи Имоми ёздаҳум (а) карда буданд. Имом ҳарсола даромади онро дарёфт ва бо эшон мукотиба мекард.[6] Аз дигар бастагони Самарӣ, Алӣ ибни Муҳаммад ибни Зиёд -яке аз вакилони Имомайни Аскарияйн буд, ки китобе ба номи «ал-Ависё» дар исботи имомати Имоми дувоздаҳум (а) навишт.[7]

Иртибот бо Имом Аскарӣ (а)

Шайхи Тусӣ, ӯро «Алӣ ибни Муҳаммади Симарӣ» хонда, ҷузъи асҳоби Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ба шумор овардааст,[8] ки мукотиботе ҳам бо Имом доштааст. Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ мегӯяд: Абумуҳаммад (Имом Аскарӣ) ба ман навишт: «фитнае пеш меояд, ки шуморо гумроҳ мекунад, барҳазар бошед ва аз он бипарҳезед!» пас аз се рӯз, ҳодисае барои Банӣ Ҳошим пеш омад, ки ногувориҳо ва душвориҳои зиёде барои онон дарбар дошт. Ман ба ҳазрат номае навиштам: оё ҳамон аст, ки фармудед? Эшон посух дод: «хайр, ғайр аз ин аст. Худро муҳофизат кунед!». Чанд рӯзи баъд, ҷараёни кушта шудани Муътаз пеш омад.[9]

Вафот

Бино бар нақли Шайхи Тусӣ, Самарӣ дар соли 329 қамарӣ вафот кард ва ҷанозааш дар Бағдод дар хиёбони Халанҷӣ дар наздикии наҳри Абуитоб дафн шуд.[10] Қабри ӯ дар наздикии мақбараи Кулайнӣ қарор дорад.[11] Соҳиби Аъён-уш-шиъа таърихи вафоти ӯро понздаҳуми шаъбон донистааст.[12] Шайхи Садуқ ва Табарсӣ соли вафоти ӯро 328ҳ.қ., сабт кардаанд.[13][14]

Ниёбати Имоми Замон (аҷ)

Тавқиъи Имоми Аср ба Самарӣ

«Худованд дар вафоти ту ба бародаронат аҷр иноят фармояд. Ту то шаш рӯзи дигар вафот хоҳӣ кард. Пас корҳоятро тамом кун ва ҳечкасро ҷонишини худ қарор надеҳ; зеро акнун ғайбати дувум оғоз шуда ва то замони тулоние, ки Худованд иҷоза фармояд, зуҳуре нахоҳад буд, то қалбҳои (мардум) аз қасоват, ва ҷаҳон аз беадолатӣ машҳун гардад ва касоне ба сӯи ҳаводорон (шиаён)-и ман оянду муддаӣ шаванд, ки маро руъят кардаанд. Локин огоҳ бош, ҳар кас қабл аз қиёми Суфёнӣ ва сайҳаи осмонӣ иддаои руъяти маро кунад, ифтирозанандаи дурӯғгӯ аст!». Таърихи бойгонӣ, Садуқ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.516.

Сеюмин ноиби Имоми Замон (аҷ) васият кард, Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ қоим мақоми ӯ дар амри ниёбат гардад.[15] Ин интихоб ба дастур ва тасреҳи шахси Имоми Замон (аҷ) сурат гирифтааст. Дар ин бора ривояте наёмадааст, вале Табарсӣ дар китоби «Эҳтиҷоҷ» менависад: ҳеҷ як аз иҳон (нуввоб) ба ин мансаби бузург нарасид, магар инки қаблан аз тарафи Соҳибул-амр фармони интисоби онҳо содир мегашт ва шахси қабл аз ӯ, ҷонишини худро муаррифӣ мекард.[16]

Даврони ниёбат

Аз фаъолиятҳои Самарӣ дар даврони ниёбати се ноиби пешин, сухане ба миён наёмада ва дар бораи фаъолиятҳои ӯ дар даврони ниёбат ҳам иттилооти муфассале нақл нашудааст,[17] аммо гуфта шудааст, эътиқоди шиаён ба ҷалолат ва васоқати ӯ, мисли соири нуввоб буд ва мавриди қабул ва тасолуми умуми шиаён қарор гирифт.[18] Тибқи ривояти Шайхи Садуқ, вакилони ӯро ба унвони сафири ростини Имом ба расмият мешинохтанд ва вуҷуҳоти шаръиро ба вай тақдим мекарданд.[19]

Даврони ниёбати Самарӣ, даврони зулму хунрезӣ буд ва ҳамин амр сабаб шуд, фаъолиятҳои ӯ нисбат ба дигар нуввоб, махфиёнатар бошад.[20] Бархе аз муҳаққиқон, иллати аслии кӯтоҳ будани давраи ниёбати ӯ ва ҳатто инқитоъ ва поён ёфтани давраи Ғайбати суғроро сахтгирӣ ва хафақони беш аз ҳадди дастгоҳи Аббосӣ дар он давра медонанд.[21][22]

Тавқиъи Имоми Замон

Шаш рӯз қабл аз реҳлати Самарӣ, тавқиъе аз сӯи Имоми дувоздаҳум содир шуд. Имом дар ин тавқиъ аз вафоти Самарӣ ва оғози Ғайбати кубро хабар дода, ба ӯ амр кард корҳои нотамоми хешро тамом кунад ва касеро ҷонишини худ муаррифӣ накунад.[23][24] Шаш рӯз баъд аз судури ин тавқиъ, вакилони аслӣ бар бистари марги сафири чаҳорум ҷамъ шуда, аз ӯ пурсиданд, кӣ ҷонишинии ӯро уҳдадор хоҳад шуд. Самарӣ посух дод: «амр, амри Худост ва худ ба ӯ расидагӣ хоҳад фармуд». Ин охирин сухане будааст, ки қабл аз марг аз ӯ шунида шуд.[25] Баъд аз марги Самарӣ иртиботи мустақими байни ноибон ва Имоми дувоздаҳум ва давраи Ғайбати суғро поён ёфт.[26]

Каромот

Дар манобеи ривоӣ, каромоте аз Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ нақл шудааст, ки барои бартараф кардани шакку тардиди шиаён будааст. Хабар додан ба ҷамоате аз мардуми Қум дар бораи вафоти Ибни Бобавайҳ (падари Шайхи Садуқ ва сокини Қум), аз ҷумлаи онҳост.[27] Солеҳ ибни Шуайби Толиқонӣ аз Аҳмад ибни Иброҳими Мухаллад нақл мекунад, ки ман дар Бағдод ба ҳузури машоих расидаму дар он маҳфил, Алӣ ибни Муҳаммади Самарӣ ҳузур дошт. Вай суханро оғоз карду гуфт: Худованд Алӣ ибни Бобавайҳи Қумӣ (падари Шайхи Садуқ)-ро раҳмат кунад. Машоихи ҳозир дар маҷлис, таърихи онро навиштанд, то онки хабар расид, Алӣ ибни Бобавайҳ ҳамон рӯз вафот ёфта буд.[28]

Ҷусторҳои вобаста

Усмон ибни Саиди Амрӣ

Муҳаммад ибни Усмони Амрӣ

Маҳдавият

Ғайбати Имоми Замон

Ниёбати хосса

Эзоҳ

  1. Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, 1352ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.305.
  2. Садр, Таърих-ул-Ғайбат, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.413.
  3. Наҳовандӣ, ал-Абқари-ил-ҳисон, 1386ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.116.
  4. Ҷабборӣ, Созмони ваколат, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.479.
  5. Ҷосим, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум, 1385ҳ.ш., саҳ.210.
  6. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.583 ба нақл аз Исбот-ул-васият, 1426ҳ.қ., саҳ.255.
  7. Ҷабборӣ, Созмони ваколат, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.479.
  8. Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1415ҳ.қ., саҳ.400.
  9. Садр, Таърих-ул-Ғайбат, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.199.
  10. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.396.
  11. Раҳтӯшаи Атаботи олиёт, саҳ.394.
  12. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.48.
  13. Садуқ, Камол-уд-дин, 1359ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.503.
  14. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.260.
  15. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.395.
  16. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.478.
  17. Ҷабборӣ, Созмони ваколат, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.480.
  18. Садр, Таърих-ул-Ғайбат, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.413.
  19. Садуқ, Камол-уд-дин, 1359ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.517.
  20. Ғаффорзода, Зиндагонии нуввоби хосси Имоми Замон, 1375ҳ.ш., саҳ.304.
  21. Садр, Таърих-ул-Ғайбат, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.414.
  22. Ҷабборӣ, Созмони ваколат, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.480.
  23. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.516.
  24. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.555 - 556.
  25. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.395.
  26. Садр, Таърих-ул-Ғайбат, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.414.
  27. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.396.
  28. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.503.

Сарчашма

  • Амини Омилӣ, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф‏, 1403ҳ.қ.
  • Момақонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол, Наҷаф, ал-Матбаъатул-Муртазавия, 1352ҳ.қ.
  • Наҳовандӣ, Алиакбар, ал-Абқари-ил-ҳисон фи аҳволи мавлоно Соҳиб-из-Замон, Қум, масҷиди Ҷамкарон, 1386ҳ.ш.
  • Садр, Сайидмуҳаммад, Таърих-ул-Ғайбат, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1412ҳ.қ.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, Теҳрон, Исломия, 1395ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, таҳқиқи Иброҳим Баҳодурӣ, Қум, Усва, 1383ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Қум, Олулбайт, 1417ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайбат, Қум, муассисаи ал-Маъорифул-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, таҳқиқи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1373ҳ.ш.
  • Ҷабборӣ, Муҳаммадризо, Созмони ваколат ва нақши он дар асри аимма алайҳимус-салом, Қум, муассисаи омӯзишӣ пажӯҳишии имом Хумайнӣ, 1382ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Раҳтӯшаи Атаботи олиёт, Теҳрон, Машъар, 1388ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, Қум, Ансориён, 1381ҳ.ш.
  • Ҷосим, Ҳусайн, Таърихи сиёсии ғайбати Имоми дувоздаҳум (аҷ), тарҷумаи Муҳаммадтақӣ Оятуллоҳӣ, Амир Кабир, Теҳрон, 1385ҳ.ш.