Абдуллоҳ ибни Яҳё Ҳазрамӣ

Аз wikishia

Абдуллоҳ ибни Яҳё Ҳазрамӣ яке аз аъзои шуртатул-хамис ва аз сарбозони Имом Алӣ (а) дар ҷанги Ҷамал аст.

Вай пас аз сулҳи Имом Ҳасан (а) ба дастури Муъовия ба шаҳодат расид. Имом Ҳасан (а) дар номае ба Муъовия дар бораи шикастани аҳднома, куштани Абдуллоҳ ибни Яҳёро ёдовар кардааст.

Ному насаб

Абдуллоҳ ибни Яҳё Ҳазрамӣ мансуб ба минтақаи Ҳазрамавти Яман аст. Дар бархе нусхаҳо номи ӯ Абдуллоҳ ибни Баҳр[1] ва Абдуллоҳ ибни Нуҷӣ[2] (ки тасҳифи Абдуллоҳ ибни Яҳё аст[3]) низ сабт шудааст. Куняи ӯро Абурризо[4] ё Абурразӣ[5] гуфтаанд.

Падари ӯ «Яҳё Ҳазрамӣ» яке аз асҳоби Имом Алӣ ва ҷузви шуртатул-хамис буд[6] ва дар ҷанги Сиффайн ҳамроҳи Имом Алӣ будааст.[7]

Ҳузур дар ҷанги Ҷамал

Абдуллоҳ дар замони хилофати Имом Алӣ ҷузви шуртатул-хамис буд,[8] ҳамчунин дар ҷанги Ҷамал низ ҳузур дошт. Нақл шудааст, ки Имом Алӣ дар хилоли ҷанг ба ӯ гуфт:

«Башорат бод эй Абдуллоҳ! Ту ва падарат ба ростӣ ҷузви шуртатул-хамис ҳастед. Пайғамбар (с) номи ту ва падаратро дар зумраи шуртатул-хамис ба ман хабар дода ва Худо ба забони Пайғамбараш шуморо шуртатул-хамис номидааст.[9]

Шаҳодат

Абдуллоҳ пас аз шаҳодати Имом Алӣ ҳамвора аз фазоили он ҳазрат сухан мегуфт.[10] Муҳаббати ӯ ба Имом Алиро ба Муъовия гузориш доданд ва ӯ дастури қатли Абдуллоҳ ва ёронашро содир кард.[11] Аллома Аминӣ дар ал-Ғадир ба нақл аз китоби «ал-Муҳаббар» овардааст, ки Зиёд ибни Абиҳ ӯро чанд рӯз бар дари хонааш дар Куфа ба салиб кашид.[12] Он гуна ки дар номаи Имом Ҳусайн (а) ба Муъовия омадааст, Зиёд баданашро мусла карда буд.[13]

Вокуниши Ҳасанайн (а)

Шайхи Садуқ ба нақл аз китоби «ал-Фуруқ байна-л-аботили ва-л-ҳуқуқ» овардааст, ки пас аз онки Муъовия сулҳномаро нақз кард, Имом Ҳасан (а) номае ба ӯ навишт ва тахаллуфоташ аз сулҳномаро баршумурд ва дар ибтидо ба куштани Абдуллоҳ ибни Яҳёи Ҳазрамӣ ишора кард.[14] Ҳамчунин Имом Ҳусайн (а) низ дар номае ба Муъовия, ӯро ба хотири куштани Абдуллоҳ ибни Яҳё мазаммат кард.[15]

Ҷойгоҳи ривоӣ

Шайхи Тусӣ номи ӯро дар зумраи ровиёни Имом Алӣ (а) зикр кардааст.[16] Дар манобеи шиа ва суннӣ ривоётеро аз Имом Алӣ (а) нақл кардааст.[17]

Эзоҳ

  1. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.350.
  2. Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.71.
  3. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.350.
  4. Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.71.
  5. Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.3.
  6. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1372ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.98.
  7. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Дорул-фикр, ҷ.8, саҳ.199.
  8. Муфид, ал-Ихтисос, 1413ҳ.қ., саҳ.3.
  9. Кашшӣ, Риҷол, 1348ҳ.ш., саҳ.6.
  10. Оли Ёсин, Сулҳ-ул-Ҳасан (а), 1412м., саҳ.347.
  11. Оли Ёсин, Сулҳ-ул-Ҳасан (а), 1412м., саҳ.347.
  12. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.79 - 80.
  13. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.297.
  14. Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.212.
  15. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.297.
  16. Тусӣ, Риҷол, 1413ҳ.қ., саҳ.71
  17. Барои намуна муроҷиа кунед ба: Абумаъош, ал-Арбаъин фи ҳубби Амир-ил-муъминин, 1378ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.118; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.38, саҳ.304.

Сарчашма

  • Абумаош, Саид, ал-Арбаъин фи ҳубби Амирилмуъминин Алӣ ибни Абитолиб алайҳис-салом, Қум, нашрул-Эътисом, 1378ҳ.ш.
  • Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1403ҳ.қ.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Қум, марказ ал-Ғадир лил-диросотил-исломия, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Касири Димишқӣ, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, бе то.
  • Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ (Ихтиёру маърифат-ир-риҷол), Машҳад, донишгоҳи Машҳад, 1348ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа ли дурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, муассисатул-Вафо, 1403ҳ.қ.
  • Муфид (мансуб), ал-Ихтисос, Қум, конгресси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Оли Ёсин, Розӣ, Сулҳ-ул-Ҳасан алайҳис-салом, Бейрут, Аъламӣ, 1412м.
  • Садуқ, Илал-уш-шароиъ, Наҷаф, маншуроти ал-Мактабатул-Ҳайдарийя, 1385ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳли-л-лаҷоҷ, Машҳад, Муртазо, 1403ҳ.қ.
  • Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, Машҳад, Маҷмаъул-буҳусил-исломийя, 1413ҳ.қ./1371ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Қум, ал-Сақофатул-исломийя, 1372ҳ.ш.