Абдуллоҳ ибни Сабаъ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Абдуллоҳ ибни Саба)
Абдуллоҳ ибни Сабаъ
Маҳалли зиндагӣСанъо
Дигардар замони хилофати Усмон ислом оварда
Шинохташуда бароитуҳмати бархеҳо ба вай ки гӯё муассиси ташайюъ ва ғолӣ буда

Ин мақола дар бораи Абдуллоҳ ибни Сабаъ аст. Барои ошноӣ бо китобе бо ҳамин ном, мадхали Абдуллоҳ ибни Сабаъ ва асотира ухро (китоб)-ро бубинед.

Абдуллоҳ ибни Сабаъ (арабӣ: عبد الله بن سبأ), яке аз шахсиятҳои баҳсбарангези таърихи садри Ислом дар даҳсолаи саввум ва чаҳоруми қамарӣ аст, ки манобеъи таърихӣ ва риҷолӣ дар бораи ӯ қиссаҳои зидду нақиз нақл кардаанд.

Номи Ибни Сабаъро аввалин бор таърихнигори аҳли суннат Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ зикр кардааст. Дар маъхазхои шиа низ аввал дар китоби Риҷоли Кашшӣ зикр шудааст. Тибқи ин сарчашмаҳо, ӯ як яҳудӣ буда, дар замони Усмон ибни Аффон, халифаи саввум Исломро қабул кардааст.

Муаррихони аҳли суннат ӯро сабабгори шӯриши мусалмонон алайҳи Усмон ва бунёдгузори мазҳаби шиа медонанд, аммо муаррихони шиа мегӯянд, ки як тозамусалмон наметавонист он қадар ба ҷомеаи мусалмонон таъсир расонад, ки бар зидди халифа шӯриш кунад. Бархе аз олимони шиа Абдуллоҳ ибни Сабаъро аз ғолиён медонанд ва бархеи дигар бар ин назаранд, ки чунин шахсе аслан вуҷуд надоштааст.

Дар бораи Ибни Сабаъ монографияҳои зиёде мавҷуданд, ки муфассалтарини онҳо китоби «Абдуллоҳ ибни Сабаъ ва асотира ухро»-и донишманди шиа Сайид Муртазо Аскарӣ (1293-1386ҳ.ш.) мебошад.

Шахсиятшиносӣ

Бинобар он чи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, муаррихи аҳли суннат гуфтааст, Абдуллоҳ ибни Сабаъ як яҳудӣ ва аҳли Санъо буд ва дар замони халифаи сеюм мусулмон шуд.[1] Ба гуфтаи ӯ Абдуллоҳ ибни Сабаъ, Усмон ибни Аффонро ғосиби хилофат медонист ва тарафдори қиём алайҳи ӯ буд.[2] Аммо Расули Ҷаъфариён - таърихпажӯҳи шиа, муътақид аст, ки наметавон ҷомеъаи мусулмононро ин қадар суст донист, ки дар он сабабгори қиём алайҳи халифаи мусулмонон, як шахси яҳудии тозамусулмон бошад.[3]

Дидгоҳҳои мухталиф дар бораи Абдуллоҳ ибни Сабаъ

Дар манобеи исломӣ дидгоҳҳои мухталифе дар бораи шахсияти Абдуллоҳ ибни Саба вуҷуд дорад. Дар манобеи аҳли суннат, муассиси шиа ва сабабгори шӯриш алайҳи Усмон, халифаи сеюм талақӣ мешавад. Назди бисёре аз олимони шиа аз ғолиён аст. Бархе аз муҳаққиқони муосири шиа ҳам асосан барои ӯ вуҷуди хориҷӣ қоил нестанд.

Табарӣ, таърихнигори аҳли суннат, ва бисёре бо пайравӣ аз ӯ Абдуллоҳ ибни Сабаро омили аслии ҳаводиси муҳими садри Ислом ҳамчун: қатли Усмон ва ҳамчунин муассиси мазҳаби шиа медонанд.[4]

Олимони шиа, Абдуллоҳ ибни Сабаро аз ғолиён медонанд, ки дар бораи Имом Алӣ (а) иғроқ мекард ва ӯро то мақоми худоӣ боло мебурд ва ба сабаби ҳамин низ мавриди лаъни имомони шиа воқеъ шуда буд.[5]

Бархе аз муҳаққиқони муосир ҳамчун: Аллома Таботабоӣ, Аллома Аскарӣ ва доктор Тоҳо Ҳусайн бар ин эътиқоданд, ки асосан шахсе ба номи Абдуллоҳ ибни Сабаъ вуҷуди хориҷӣ надошта ва шахсияти ӯ сохтаю пардохтаи афроде монанди Сайф ибни Умар аст.[6]

Алӣ Алвирдӣ - аз пажӯҳишгарони араб, бо таъйиди назарияи хаёлӣ будани Абдуллоҳ ибни Сабаъ иддао кардааст, бештари вижагиҳое, ки дар Таърихи Табарӣ ва амсоли он барои ӯ зикр шудааст дар Аммор ибни Ёсир саҳобии Пайғамбари Ислом (с) ва Имом Алӣ (а) вуҷуд доштааст. Ӯ натиҷа гирифтааст, ки метавон Аммори Ёсирро заъими сабаиён ё ҳатто худи Абдуллоҳ ибни Саба донист.[7] Шуҳрати Аммор ба ибни Алсавдо ки дар манобеъ, шуҳрати Абдуллоҳ ибни Сабаъ низ будааст, алоқаи бисёри Аммор ба Алӣ (а), даъват аз мардум барои байъат бо вай ва нақши фаъоли Аммор дар ҷанги Ҷамал аз ҷумлаи шабоҳатҳои шахсиятии байни Аммори Ёсир ва Абдуллоҳ ибни Сабаъ дониста шудааст.[8]

Арзёбии манобеъ

Дар миёни манобеъе, ки номи Абдуллоҳ ибни Сабаъро зикр кардаанд, Таърихи Табарӣ дар миёни аҳли суннат ва Риҷоли Кашшӣ байни шиаён, манобеи марҷаъанд. Аввалин манбаъ Таърихи Табарӣ (224 - 310ҳ.қ.) аст. Санади Табарӣ дар нақли моҷарои Абдуллоҳ ибни Сабаъ шахсе ба номи Сайф ибни Умар аст. Таърихнигорони дигаре монанди Ибни Асир (ваф. 630ҳ.қ.)[9] ва Ибни Асокир (ваф. 571ҳ.қ.)[10] ҷараёнро бо истинод ба Сайф нақл кардаанд.

Ровии аслии Табарӣ дар исботи вуҷуди Ибни Сабаъ, яъне Сайф ибни Умар, аз нигоҳ бисёре аз олимони аҳли суннат заъиф ва ғайриқобили эътимод аст: олимоне монанди Яҳё ибни Муайян (ваф. 233ҳ.қ.) Насоӣ (ваф. 303ҳ.қ.),[11] Абудовуд (ваф. 275),[12] Ибни Ҳаммоди Ақилӣ (ваф. 322ҳ.қ.),[13] Ибни Абиҳотам (ваф. 327ҳ.қ.)[14] ва Ибни Ҳиббон (ваф. 354ҳ.қ.)[15] аз вай бо ановине чун: заъиф дар ривоят, ҷоъили ҳадис ва ғайри қобили эътимод ёд кардаанд.

Бархе ривоёти Риҷоли Кашшӣ дар бораи Ибни Сабаъро низ номуътабар донистаанд. Сайид Муртазо Аскарӣ, муаррих, ду далел бар ин матлаб овардааст:

Ин ривоёт дар кутуби арбаъаи шиа вуҷуд надорад ва ин нишонаи беэътимодии олимони шиа ба ин ривоёт аст.

Олимоне чун Наҷҷошӣ, Муҳаддиси Нурӣ ва Муҳаммадтақии Шуштарӣ, Кашшӣ ва китобашро дорои иштибоҳот ва ривоёти заъиф донистаанд.[16]

Такнигориҳо

Китоби Абдуллоҳ ибни Сабаъ ва асотиру ухро, навиштаи Сайид Муртазо Аскарӣ

Мавзуъи Абдуллоҳ ибни Сабаъ дар таълифоти бисёре мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст. Китобҳое чун ал-Фитнат-ул-кубро, асари Тоҳо Ҳусайн (1889 - 1973м.) ва Вуъъоз-ус-салотин асари Алӣ Алвирдӣ (тав. 1913) аз ҷумлаи онҳост, ки дар хилоли мабоҳисашон Абдуллоҳ ибни Сабаъро низ баррасӣ кардаанд. Бархе аз китобҳои ҷудогона дар ин замина ҳам иборатанд аз:

  • Абдуллоҳ ибни Сабаъ ва асотиру ухро: ин китоб асари Сайид Муртазо Аскарӣ (1293 - 1386ҳ.ш.) - сиранавис ва таърихпажӯҳи шиа, аст, ки дар соли 1375ҳ.қ./1335ҳ.ш., мунташир шудааст.[17] Ин китоб ба забонҳои англисӣ, форсӣ, урду ва туркӣ тарҷума шудааст. Унвони тарҷумаи форсии он: "Абдллоҳ ибни Сабаъ ва дигар афсонаҳои таърихӣ" аст.
  • Ороъ ва асдо ҳавла Абдуллоҳ ибни Сабаъ ва ривоёту Сайф фӣ-с-суҳуф-ис-саъудия: дар ин китоб нақдҳои устодони донишгоҳҳои Арабистони Саъудӣ дар нашриёти ин кишвар бар китоби Абдуллоҳ ибни Сабаъ ва асотиру ухро ва посухҳои Сайид Муртазо Аскарӣ ба онҳо гирд омадааст.
  • Абдуллоҳ ибни Сабаъ мин манзурин охар: ин китоб навиштаи Асад Ҳайдар (1911 – 1980) аст. Тарҷумаи форсии он низ бо унвони "Нигоҳе нав ба Абдуллоҳ ибни Сабаъ" чоп шудааст.
  • Абдуллоҳ ибни Сабаъ байн-ал-воқеъи ва-л-хаёл, навиштаи Сайидҳодии Хусравшоҳӣ (1317 - 1398ҳ.ш).
  • Абдуллоҳ ибни Сабаъ ҳақиқатун ам хурофатун, таълифи Алӣ Оли Муҳсин. Ин китоб бо унвони Абдуллоҳ ибни Сабаъ воқеият ё хаёл, ба забони форсӣ тарҷума шудааст.[18]

Эзоҳ

  1. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, ҷ.4, саҳ.340.
  2. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, ҷ.4, саҳ.340.
  3. Ҷаъфариён, Таърихи хулафо, 1394ҳ.ш., саҳ.160.
  4. Ниг.: Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, ҷ.4, саҳ.340; Ибни Асир, ал-Комилу фӣ-т-торих, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.154; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, Дорулфикр, ҷ.29, саҳ.3 - 6.
  5. Барои намуна ниг.: Тусӣ, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол, муассисаи Олулбайт ли эҳёилтурос, ҷ.1, саҳ.323 - 324.
  6. Ниг.: Аскарӣ, Абдуллоҳ ибни Сабаъ ва асотиру ухро, 1417ҳ.қ., ҷ.2, 308; Таботабоӣ, «Абдуллоҳ ибни Саба», саҳ.194; Тоҳо Ҳусайн, ал-Фитнат-ул-кубро, Қоҳира, ҷ.2, саҳ.134.
  7. Алвердӣ, Вуъъоз-ус-салотин, 1995м., саҳ.174.
  8. Таботабоӣ, “Абдуллоҳ ибни Сабаъ”, саҳ.220 - 221.
  9. Ибни Асир, ал-Комилу фӣ-т-торих, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.154.
  10. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, Дорулфикр, ҷ.29, саҳ.3 - 4.
  11. Насоӣ, аз-Зуъафо ва-л-матрукуна ли-н-Насоӣ, 1396ҳ.қ., саҳ.50.
  12. Ибни Ҳаҷар, Таҳзиб-ут-таҳзиб, 1326ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.295.
  13. Ибни Ҳаммод, аз-Зуъафо-ул-кабир, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.175.
  14. Ибни Абиҳотам, ал-Ҷарҳу ва-т-таъдил, 1371ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.278.
  15. Ибни Ҳиббон, ал-Маҷруҳин, 1396ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.345.
  16. Аскарӣ, Абдуллоҳ ибни Саба ва асотиру ухро, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.177 - 180.
  17. Аскарӣ, Абдуллоҳ ибни Саба ва асотиру ухро, 1417ҳ.қ., муқаддимаи чопи чаҳорум, саҳ.9.
  18. “Абдуллоҳ ибни Сабаъ ҳақиқатун ам хурофатун”

Сарчашма

  • Алвердӣ, Алӣ, Вуъъоз-ус-салотин, Бейрут, Дорикуфон линнашр, 1995м.
  • Аскарӣ, Муртазо, Абдуллоҳ ибни Сабаъ ва асотиру ухро, Теҳрон, алмаҷмаъулъилмӣ алисломӣ, 1417ҳ.қ./1997м.
  • Ибни Абиҳотам, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, ал-Ҷарҳу ва-т-таъдил, Ҳайдаробод, маҷлиси доиратуллмаорифи ал-Усмония, 1371ҳ.қ., 1952 м.
  • Ибни Асири Ҷазарӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фӣ-т-торих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, муҳаққиқ: Алии Ширӣ, Бейрут, Дорулфикр, бе то.
  • Ибни Ҳаммоди ал-Ақилӣ, Муҳаммад ибни Амр, аз-Зуъафо-ул-кабир, муҳаққиқ: Абдулмуътӣ Амин Қалъаҷӣ, Бейрут, Дорулмактабатилъилмия, 1404ҳ.қ., 1984м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таҳзиб-ут-таҳзиб, Ҳинд, матбаъату Доиратулмаориф-ун-низомия, 1326ҳ.қ.
  • Ибни Ҳиббон, Муҳаммад, ал-Маҷруҳин мин-ал-муҳаддисин ва-з-зуъафои ва-л-мтарукин, муҳаққиқ: Маҳмуд Иброҳимзода, Ҳалаб, Дорулваъй, 1396ҳ.қ.
  • Насоӣ, Аҳмад ибни Шуайб, аз-Зуъафо ва-л-матрукуна ли-н-Насоӣ, Ҳалаб, Доролваъй, 1396ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, муҳаққиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Лубнон, Бейрут (нусхаи китобхонаи диҷитали нур).
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, “Абдуллоҳ ибни Саба”, маҷаллаи мактаби ташайюъ, шумораи 4, урдибиҳишти 1339ҳ.ш.
  • Тоҳо, Ҳусайн, ал-Фитнат-ул-кубро, Дорулмаъориф, Қоҳира, бе то.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ихтиёру маърифат-ир-риҷол (Риҷоли Кашшӣ) муҳаққиқ: Маҳдии Раҷоӣ ва Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммади Мирдомод, Қум, муассисаи Олулбайт ли эҳёилтурос, бе то.
  • Ҷаъфариён, Расул, Таърихи хулафо аз реҳлати Пайғамбар то заволи умавиён (11 - 132ҳ.қ.), Қум, далели мо, 1394ҳ.ш.