Абдуллоҳ ибни Абиҳусайни Аздӣ
Абдуллоҳ ибни Абиҳусайни Аздӣ (шаҳодат:37ҳ.қ.) яке аз ёрони Имом Алӣ (а) ва аз шуҳадои ҷанги Сиффин аст.[1]
Дар ҷанги Сиффин ҳангоме, ки лашкари Имом Алӣ (а) аз пули Риққа мегузаштанд, бар асари издиҳом кулоҳи Абдуллоҳ ибни Абиҳусайни Аздӣ ва Абдуллоҳ ибни Ҳаҷҷоҷи Аздӣ афтод. Ҳарду фаромада кулоҳи худро бардоштанд. Абдуллоҳ ибни Ҳаҷҷоҷ ба Абдуллоҳ ибни Абиҳусайн гуфт:
“Агар пиндори фолбинҳо аз рӯи ҳаракати паррандагон дуруст бошад, ба зудӣ ман кушта мешавам, ту низ кушта мешавӣ”. Абдуллоҳ ибни Абиҳусайн гуфт: “Чизеро бештар аз он чи гуфтӣ, дӯст намедорам!”.[2]
Абдуллоҳ ибни Абиҳусайн аз қориёне буд, ки ба ҳамроҳи Аммор ибни Ёсир ба майдон рафту кушта шуд.[3] Михнаф ибни Сулайм пеш аз рафтани ӯ ба майдон ба вай гуфта буд: мо беш аз Аммор, ба ту ниёз дорем, вале ӯ напазируфт ва ҳамроҳи Аммор рафту кушта шуд.[4]
Эзоҳ
- ↑ Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.4, саҳ.83.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.566; Минқарӣ, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.152.
- ↑ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.566, ҷ.5, саҳ.27; Ибни Халдун, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабар, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.631; Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.281.
- ↑ Минқарӣ, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.152.
Сарчашма
- Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом қомусу тароҷим ли ашҳар-ир-риҷоли ва-н-нисо мин-ал-араби ва-л-мустаърабина ва-л-мусташриқин, Бейрут, Дорул-илми лил-малоин, 1989м.
- Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ./1965м.
- Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабар фи таърих-ил-араби ва-л-барбар ва ман осараҳум мин зави-ш-шаъни-л-акбар, таҳқиқи Халил Шаҳода, Бейрут, Дорул-фикр, 1408ҳ.қ./1988м.
- Минқарӣ, Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, таҳқиқ: Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, Қоҳира, ал-Муассисатул-арабиятил-ҳадиса, ал-табъатус-сония, 1382, офсети Қум, маншуроти мактабатул-Маръашӣ ал-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Дорул-турос, Бейрут, 1387ҳ.қ./1967м.