Ҳинд духтари Утба

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Аакилатулакбод)
Ҳинд духтари Утба
ЗодгоҳМакка
Санаи вафот14ҳ.қ.
ХешовандонАбусуфёнМуовия
ДигарДар замони фатҳи Макка Ислом овардааст.
ФаолиятҳоШиркат дар ҷанги Уҳуд дар сипоҳи мушрикон ва ширкат дар ҷанги Ярмук дар сипоҳи мусалмонон
Шинохташуда бароиҲинди ҷигархор (ба хотири ба бандон гирифтани ҷмгари Ҳамза Сайидушшуҳадо)


Ҳинд духтари Утба (арабӣ: هند بنت عتبة) машҳур ба Ҳинди ҷигархор (форсӣ: هند جگرخوار) (ваф.14ҳ.қ.), ҳамсари Абусуфён ва модари Муовия аст. Ӯ дар ҷанги Уҳуд, мушриконро барои набард бо мусулмонон ташвиқ мекард ва дар поёни ҷанг, сина ва шиками Ҳамза ибни Абдулмутталибро пора кард ва ҷигари ӯро ба дандон гирифт. Ҳамчунин аз гӯшу бинии мусулмонони кушташуда, гарданбанду дастбанд сохт. Ҳинд пас аз фатҳи Макка мусулмон шуд ва дар замони халифа дувум даргузашт.

Зиндагинома

Ҳинд духтари Утба ибни Рабиа ибни Абдишамс, аз бузургони Қурайш[1] ва модараш Сафия бинти Умайя ибни Ҳориса буд.[2] Ӯро аз зеботарин занони Қурайш донистаанд,[3] ки дорои ҳуши бисёр буд.[4] Бархе манобеъ ашъори мухталифе ба ӯ нисбат додаанд.[5]

Ҳинд бо Ҳафс ибни Муғайраи Махзумӣ издивоҷ кард[6] ва писаре ба номи Абон ба дунё оварад,[7] аммо пас аз муддате ин издивоҷ ба талоқ анҷомид.[8] Ҳинд пас аз ҷудоӣ аз Ҳафс (ё марги Ҳафс), падари худро маломат кард, ки бидуни машварат, ӯро ба издивоҷи Ҳафс дароварда буд.[9] Ӯ сипас бо Абусуфён издивоҷ карду бар ин бовар буд, ки фарзандаш аз Абусуфён сайид ва аз бузургон хоҳад шуд.[10] Ҳинд аз Абусуфён ду писар ба номи Муовия ва Утба[11] ва ду духтар ба номи Ҷувайрия ва Уммулҳукм[12] ба дунё овард. Бино ба гуфтаи Заҳабӣ, таърихнигори аҳли суннат, Абусуфён дар охирҳои умр, Ҳиндро талоқ дод.[13] Ӯ дар замони халифаи дувум маблағи чаҳор ҳазор дирҳам аз байтулмол қарз гирифт ва ба тиҷорат пардохт.[14]

Ибни Ҷавзӣ, марги Ҳиндро дар соли чаҳордаҳуми қамарӣ дар замони халифаи дувуми дониста[15] ва нависандаи Усуд-ул-ғоба мегуяд: Ҳинд дар хилофати Умар ибни Хаттоб дар рӯзи марги Абуқуҳофа падари Абубакр аз дунё рафт.[16] Абни Ҳаҷари Асқалонӣ, вафоти ӯро дар замони ҳукумати Усмон донистааст.[17]

Ҳузур дар ҷанги Уҳуд

Ҳинд дар ҷанги Уҳуд ҳузур ёфт,[18] дар миёни сипоҳи Макка истод ва ононро ба ҷанг алайҳи мусулмонон тарғиб мекард.[19] Ҳинд дар тарғиби мушрикон абёте ба ин мазмунро хонд: «Мо духтарони ситораи субҳгоҳ ҳастем. Агар пирӯзмандона пешравӣ кунед, оғуш мегушоем ва бистарҳо мегустаронем. Агар ба майдони набард пушт кунед, мо низ аз шумо дурӣ мекунем».[20]

Ҳинд пас аз ҷанг, ашъоре дар интиқом гирифтан аз ақвоми кушташуда дар Бадр хонд.[21] Утба ибни Рабиа - падар, Шайба - амак ва Валид - бародари Ҳинд дар ҷанги Бадр кушта шуда буданд[22] аз ин рӯй Ҳинд пас аз ҷанги Бадр, аз хунхоҳии куштагони Қурайш дар Бадр сухан мегуфту Қурайшро ба ҷанг алайҳи мусулмонон тарғиб мекард.[23]

Мусла кардани Ҳамза ва шаҳидони Уҳуд

Ҳинд духтари Утба бар сари ҷанозаи Ҳамза дар филми ар-Рисола (The Message (محمد رسول‌الله))

Ҳинд, дар ҷанги Уҳуд, ғуломе ҳабашӣ ба номи Ваҳширо маъмур кард ки яке аз се нафар - Пайғамбари Ислом, Алӣ ибни Абитолиб ва ё Ҳамза ибни Абдулмутталибро бикушад.[24] Ваҳшӣ Ҳамзаро ба шаҳодат расонад.[25] Ҳинд сина ва шиками ҳазрати Ҳамзаро пора кард[26] ва ҷигари ӯро ба дандон гирифт[27] ва онро ба ҳамроҳи бархе дигар аз аъзои бадани Ҳамза, ба Макка бурд.[28] Ва дар бораи мусла кардани бадани Ҳамза, абёте ба ин мазмун суруд:

«Ҳузне, ки дар даруни ман буд, дар Уҳуд ба василаи Ҳамза хуб шуд. Онгоҳ ки шиками ӯро даридаму ҷигарашро берун оварадам. Ин кор маро аз он андӯҳи шадиде, ки ба оташаш маро месӯзонд, раҳоӣ бахшид».[29]

Паёмбар Ҳиндро ба хотири дандон гирифтани ҷигари Ҳамза «окилат-ул-акбод» ба маънои ҷигархор номид.[30] Фарзандонашро низ фарзанди зани ҷигархор (ибну окилат-ул-акбод) мехонданд.[31] Дар зиёрати Ошуро низ Язид ба унвони писар «окилат-ул-акбод» муаррифӣ шудааст.[32] Ва низ дар фарозе аз хутбаи ҳазрати Зайнаб дар Шом ба ин мавзуъ ишора шудааст: «وَ كَيْفَ يُرْتَجَى مُرَاقَبَةُ مَنْ لَفَظَ فُوهُ أَكْبَادَ الْأَزْكِيَاءِ وَ نَبَتَ لَحْمُهُ مِنْ‏ دِمَاءِ الشُّهَدَاءِ» «Чӣ гуна умеди дилсӯзию ғамгусорӣ бошад аз фарзанд касе, ки ҷигарҳои поконро ба даҳон гирифта ва гушти вай аз хуни шуҳадо парвариш ёфтааст?!»[33] Ҷанозаи шуҳадои дигари ҷанги Уҳуд, ҷузи Ҳанзала ибни Абиомир, ки падараш дар миёни мушрикон буд, тавассути Ҳинд ва занони дигаре, ки дар сипоҳи мушрикон ҳузур доштанд, мусла шуд.[34] Ва Ҳинд бо гӯшҳо ва биниҳои онон гарданбанду дастбанд дуруст кард.[35] Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ - нависанда ва муҳаққиқи таърихи Ислом, бар ин бовар аст, ки аз таъбири «вабну окилат-ул-акбод» ки ба маънои «писари хӯрандаи ҷигарҳо» аст, маълум мешавад, ки бо чанд нафар ин корро карданд ва махсуси Ҳамза - сайидушшуҳадо, набудааст.[36]

Пазириши Ислом

Ҳинд дар фатҳи Макка пас аз он ки ҳамсараш Абусуфён, Исломро пазируфт, мусулмон шуд.[37] Аз ин рӯи вайро дар зумраи занони саҳоба ба шумор овардаанд.[38] Ҳарчанд ки бархе манобеъ, дар ин ки ӯ воқеан мусулмон шуда бошад, тардид кардаанд.[39] Ӯ ба назди Пайғамбар рафт ва дар ҳоле, ки чеҳраи худро пӯшонда буд, имон оварад, сипас чеҳраи худро намоён кард.[40] Пайғамбар, пештар ӯро маҳдур-уд-дам (касе ки куштанаш мубоҳ бошад) дониста буд.[41] Аз бархе таъбирҳои ӯ дар бораи Пайғамбар метавон фаҳмид, ки ба пиндори худаш Пайғамбарро шахси содалавҳ ва бехабар аз ҳар чизе медонистааст.[42]

Ба гузориши Ибни Асокир, ҳангоме ки Ҳинд Ислом оварад, Пайғамбар ба ӯ гуфт, ки барои Худованд шарик қарор надеҳ, зино макун, дуздӣ накун. Ҳинд гуфт: магари инсони озод зино мекунад? Ҳамчунин Пайғамбар гуфт: фарзандонро накушед. Ҳинд дар посухи ӯ гуфт: мо фарзандонамонро бузург кардем ва ту онҳоро дар ҷанги Бадр куштӣ. Паёмбар посух дод, ки Худо онҳоро кушт.[43] Бар асоси бархе манобеъ, Ҳинд дар Макка машҳур ба зино будааст,[44] аммо шавоҳиде алайҳи ин матлаб зикр шудааст.[45]

Ҳамчунин пас аз мусулмон шудани Ҳинд, ҳангоме ки Пайғамбар аз ӯ пурсид Исломро чӣ гуна мебинӣ, Исломро некӯтарин донист, магар се кори рукӯъ кардан, рӯймол ва фарёди бардаи сиёҳ бар болои Каъба (ишора ба азон гуфтани Билоли Ҳабашӣ бар болои Каъба). Паёмбар дар посухи ӯ фармуд ки бидуни рукуъ намозе анҷом намешавад, он бардаи сиёҳ, бандаи хуби Худованд аст ва чи чиз метавонад беҳтар аз рӯймол бипӯшанд?[46][Ёддошт 1]

Ҳинд ба ҳамроҳи Абусуфён дар ҷанги Ярмук ширкат кард ва мусулмононро барои набард бо рӯмиён ташвиқ мекард.[47]

Эзоҳ

  1. Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.715
  2. Ибни Ҳабиб, ал-Муҳаббар, Дор-ул-офоқ-ил-ҷадида, саҳ.19
  3. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.298
  4. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.292
  5. Башир Ямут, Шоирот-ул-араби фи-л-ҷоҳилияти ва-л-Ислом, 1352ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.128
  6. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.293
  7. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1418ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.187
  8. ат-Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1415ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.69
  9. Сибт ибни Ҷавзӣ, Миръот-уз-замони фи таворих-ил-аъён, 1434ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.204
  10. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1418ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.187; Сибт ибни Ҷавзӣ, Миръот-уз-замони фи таворих-ил-аъён, 1434ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.204
  11. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1402ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.180
  12. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.5
  13. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.299
  14. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.299
  15. Сибт ибни Ҷавзӣ, Миръот-уз-замони фи таворих-ил-аъён, 1434ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.206
  16. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.281
  17. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.347
  18. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.111
  19. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.116
  20. Ибни Абдулбарр, ал-Истиоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1922
  21. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.91
  22. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.297
  23. Шаҳота, Муовия ибни Абисуфён, Дор-ул-хулафо-ир-рошидин, ҷ.1, саҳ.69
  24. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.83
  25. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.179
  26. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.530
  27. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.159
  28. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.287
  29. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.2, саҳ.92
  30. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.30, саҳ.296
  31. Минқарӣ, Вақъату Сиффин, 1404ҳ.қ., саҳ.179
  32. Қумӣ, Мафотиҳ, Зиёрати Ошуро
  33. ал-Қумӣ, Нафас-ул-маҳмуми фи мусибати сайидино ал-Ҳусайн-ил-мазлуми ва ялиҳи нафсат-ил-масдури фимо ятаҷаддаду биҳи ҳузн-ул-ошур, ал-Мактбат-ул-ҳайдария, саҳ.608
  34. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.530
  35. Солеҳии Димишқӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.220
  36. https://javadi.esra.ir/fa/w/تفسیر-سوره-مزمل-جلسه-4-1398/01/24-
  37. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.292
  38. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.293; Абунаими Исфаҳонӣ, Маърифат-ус-саҳоба, 1419ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.3460
  39. Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.350
  40. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.389
  41. Диёр Бакрӣ, Таърих-ул-хамис, Дору содир, ҷ.2, саҳ.94
  42. Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.70, саҳ.183
  43. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1402ҳ.қ., ҷ.70, саҳ.178
  44. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.336
  45. Аҳмад, Музоим ва ахто..., Маҷмаъи ал-Малик Фаҳд, ҷ.1, саҳ.54
  46. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1402ҳ.қ., ҷ.70, саҳ.182
  47. Ибни Асир, Усуд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.293

Ёддошт

  1. فلا صلاة إلا بركوع وأما زقو هذا العبد الأسود فوق الكعبة فنعم عبد الله هو وأما الخمار فأي شئ أستر من الخمار

Сарчашма

  • Абунаими Исфаҳонӣ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Маърифат-ус-саҳоба, таҳқиқи Муҳаммадҳасани Исмоили Шофеӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, маншуроти Муҳаммад Алӣ Байзун, 1419ҳ.қ.
  • Аҳмад, Маҳд ибни Ризқуллоҳ, Музоим ва ахто ва таноқузот ва шубаҳоту Будили фи китобиҳи: “ар-Расул, ҳаёту Муҳаммад" диросатун нақдия, Мадина, Маҷмаъ-ул-Малик Фаҳд, бе то.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1417ҳ.қ.
  • Диёр Бакрӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Таърих-ул-хамиси фи аҳволи анфас-ин-нафис, Бейрут, Дору содир, бе то.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиоби фи маърифат-ил-асҳоб, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, Мактабату Оятиллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, ал-муҳаққиқ: Алӣ Муҳаммади мъўз - одили ҳмди абди алмўҷўд, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1415ҳ.қ.- 1994м.
  • Ибни Асири Ҷазрӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Усуд-ул-ғобаи фи Маърифат-ус-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Асири Ҷазрӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дору содир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳусайн, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1402ҳ.қ.,
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳусайн, Таъриху мадинати Димишқ, Дор-ул-фикр, 1415ҳ.қ./1995.
  • Ибни Саъд Котиби Воқидӣ, Муҳаммад Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи дувум, 1418ҳ.қ.
  • Ибни Ҳабиб, Муҳаммад, ал-Муҳаббар, Бейрут, Дор-ул-офоқ-ил-ҷадида, бе то.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исобату фи тамйиз-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавия, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе то.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодир Ато ва Мустафо Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1412ҳ.қ.
  • Мақризӣ, Тақиюддин, Имтоъ-ул-асмоъи бимо ли-н-набийи мина-л-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1420ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Минқарӣ, Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффин, таҳқиқи Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, Қум, Мактабату Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Сибт ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Қазовуғлӣ, Миръот-уз-замони фи таворих-ил-аъён, Димишқ, Дор-ур-рисолат-ил-оламия, 1434ҳ.қ.
  • Солеҳии Димишқӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудо ва алршоди фи сирати хайр-ил-ибод, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1414ҳ.қ.
  • Тбронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, ал-Қоҳира, Мактабату Ибни Таймия, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад, ал-Иршоди фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шаҳота, Муҳаммадсқр, Муовия ибни Абисуфён: кашфи шубаҳот ва радди муфтараёт:, ал-Искандария, Дор-ул-хулафо-ир-рошидин, бе то.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ямут, Башир, Шоирот-ул-араби фи-л-ҷоҳилияти ва-л-Ислом, Бейрут, ал-Мактабат-ул-аҳлия, 1352ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дор-ул-китоб, 1404ҳ.қ.