Ғадири Хум маконе дар масири Макка ба Мадина аст, ки Пайғамбар (с) дар 18 зилҳиҷҷаи соли даҳуми ҳиҷрии қамарӣ дар онҷо хутбаи Ғадирро хонд ва Имом Алӣ (а)-ро ба унвони ҷонишини худ ба мусулмонон муаррифӣ кард. Ин ҳодиса ба воқеаи Ғадир маъруф аст.[1] Дар маконе, ки Пайғамбар намоз хонд ва Алӣ (а)-ро ба унвони ҷонишини худ муаррифӣ кард, масҷиде сохта шуд, ки ба масҷиди Ғадири Хум машҳур шуд.[2] Дар китобҳои дуо, барои ин масҷид аъмоле зикр шудааст.[3]

Намое аз макони Ғадири Хум
Мавқеияти ҷуғрофиёии минтақаи Ғадири Хум (нақшаи атласи таърихи шиа)

Ғадири Хум, номи куле[4] дар чаҳоркилометрии Ҷуҳфа буд. Ҷуҳфа ҳудудан дар фосилаи 200-километрии шимоли ғарбии Макка қарор дорад ва яке аз миқотҳои панҷгонаи ҳаҷ аст.[5] Ин макон ба далели вуҷуди миқдоре об ва чандин дарахт, макони таваққуф ва истироҳати корвониён будааст.[6]

Эзоҳ

  1. Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.179; Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.332.
  2. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.170 - 171.
  3. Барои намуна нигоҳ кунед ба Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.709.
  4. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зайли калимаи ал-Ғадир.
  5. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.2, саҳ.111.
  6. Ибни Халликон, Вафаёт-ул-аъён, 1364ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.231.

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, тасҳеҳи Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, мактабатул-илмийятил-исломийя, 1380ҳ.қ.
  • Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, ал-табъатул-сония, 1995м.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Ибни Халликон, Аҳмад ибни Муҳаммад, Вафаёт-ул-аъён, таҳқиқи Эҳсон Аббос, Қум, ал-Шариф ал-Разӣ, 1364ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, Қум, Дорул-китоб, 1404ҳ.қ.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Абдуллоҳ, Вафо-ул-вафоъ би ахбори дор-ил-Мустафо, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, ал-табъатул-уло, 1419ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, муассисаи Фиқҳ-уш-шиъа, ал-табъатул-уло, 1411ҳ.қ./1991м.