Адий ибни Ҳорис, коргузори Имом Алӣ (а) дар минтақаи Баҳурасир дар наздикии Мадоин ва ноҳияи ғарбии Диҷла будааст.

Дар бораи шахсият ва насаби Адий ибни Ҳорис иттилооти дақиқе вуҷуд надорад.[1] Тибқи нақли Наср ибни Музоҳим, Имом Алӣ (а) пас аз поёни ҷанги Ҷамал ва вурудаш ба Кӯфа, ӯро коргузори худ дар минтақаи Баҳурасир қарор дод.[2]

Баҳурасир аз навоҳии Бағдод дар наздикии Мадоин ва дар ғарби Диҷла воқеъ шуда буд.[3] Бар асоси ривояте, ки дар Биҳор-ул-анвор нақл шудааст, Адий ибни Ҳотам коргузори Имом Алӣ (а) дар ин минтақа будааст.[4]

Эзоҳ

  1. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Мавсуъат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а) 1425ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.219.
  2. Минқарӣ, Вақъату Сиффайн, 1404ҳ.қ., саҳ.11.
  3. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, ҷ.1, саҳ.515.
  4. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.32, саҳ.357.

Сарчашма

  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, таҳқиқ: Сайид Иброҳим Миёнаҷӣ, Муҳаммадбоқири Беҳбудӣ, Бейрут, чопи сеюм, 1403ҳ.қ.
  • Минқарӣ, Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффайн, таҳқиқи Абдусалом Муҳаммадҳорун, Қум, Мактабату Оятуллоҳил Маръашӣ ан-Наҷафӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Мавсуъат-ул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а) фи-л-китоби ва-л-суннати ва-т-таърих, таҳқиқи Марказу буҳуси Дорул-ҳадис, Қум, Дорул-ҳадис лил-табоъати ван-нашр, чопи дувум, 1425ҳ.қ.
  • Ҳамавӣ, Ёқут ибн Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, бено, бе то.