Ҷувайн ибни Молики Таймӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷувайн ибни Молики Зубаъӣ)
Оромгоҳи шаҳидони Карбало дар Ҳарами Имом Ҳусайн(а)

Ҷувайн ибни Молик ибни Қайси Таймӣ (шаҳодат:61ҳ.қ.) шаҳиди Карбало, ки ҳамроҳи лашкари Умар ибни Саъд барои ҷанг бо Имом Ҳусайн (а) аз Кӯфа ба Карбало омад, аммо вақте ки пешниҳоди Имом Ҳусайн (а) аз сӯи Ибни Зиёд қабул нашуд ва кор ба ҷанг кашид, ҳамроҳи иддае аз афроди қабилаи худ, ки теъдоди ононро ҳафт нафар гуфтаанд,[1] шабона ба Имом Ҳусайн (а) пайваст.[2]

Дар Ибсор-ул-айн аз Ибни Шаҳрошуб нақл шудааст, ки ӯ дар рӯзи Ошуро ва дар ҳамлаи нахусти лашкари Ибни Саъд шаҳид шуд.[3] Албатта Ибни Шаҳрошуб аз Сайф ибни Молики Нумайрӣ ёд кардааст,[4] ки ба гуфтаи Самовӣ дар Ибсор-ул-айн тасҳифи Ҷувайн ибни Молик аст.[5]

Шайх Тусӣ ӯро дар шумори асҳоби Имом Ҳусайн (а) овардааст.[6] Баъзе номашро Ҷувайр ибни Молик ё Ҳува ибни Молик нақл кардаанд.[7] Бархе ҳам ӯро бо Ҷавн ғуломи Абузар иштибоҳ гирифтаанд.[8]

Дар Зиёрат-уш-шуҳадо бо иборати «ас-Салому ала Ҷувайн ибни Молик аз-Зубаъӣ/اَلسَّلَامُ عَلَی جُوَینِ بْنِ مَالِک الضُّبَعِی» аз ӯ ёд шудааст.[9]

Ҷусторҳои вобаста

Ҳурр ибни Язид

Абулҳутуф

Саъд ибни Ҳарс

Абушшаъсоъ Киндӣ

Эзоҳ

  1. Шерозӣ, Захират-уд-дорайн, Замзами ҳидоят, саҳ.400.
  2. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.194.
  3. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.194.
  4. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.113.
  5. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1419ҳ.қ., саҳ.194.
  6. Тусӣ, Риҷол, 1415ҳ.қ., саҳ.99.
  7. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1417ҳ.қ., саҳ.133.
  8. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1417ҳ.қ., саҳ.133.
  9. Сайид ибни Товус, Иқбол, 1367ҳ.қ., саҳ.576.

Сарчашма

  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ошуро, Қум, нашри Маъруф, чопи дувум, 1417ҳ.қ.
  • Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1367ҳ.қ.
  • Самовӣ, Муҳаммад, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн, Қум, донишгоҳи Шаҳид Маҳаллотӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол, Қум, интишороти исломии Ҷомеъаи мударрисин, 1415ҳ.қ.
  • Ҳусайнӣ Ҳоирии Шерозӣ, Сайид Абдулмаҷид, Захират-уд-дорайн фимо ятаъаллақу би масоиб, Қум, Замзами ҳидоят, бе то.