Куштори Спайкер

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷинояти Спайкер)
Як наққошӣ аз куштори Спайкер

Куштори Спайкер, куштории ҷамъии шиаён дар Ироқ, ки дар июни 2014 ба дасти ДИИШ рух дод. Дар пайи ин куштор, неруҳои ДИИШ, 1700 то 4000 сарбози ироқиро асир гирифта шиаёнашонро куштанд.

Арабҳои вафодор ба Ҳизби Баъси Ироқ ва бозмондагони оилаи Саддом Ҳусейн - раиси ҷумҳури пешини Ироқ, ба ҳамкорӣ бо ДИИШ дар ин куштор айбдор шудаанд.

Нерӯҳои ДИИШ пас аз қатли оми қурбониён, ҷасади онҳоро дар гӯрҳои дастаҷамъӣ гӯронида, ва ё ба дарёи Диҷла партофтанд ва бино ба гузоришҳо, гурӯҳе аз асиронро зинда ба гӯр карданд.

ДИИШ ин қатли омҳоро ба навор гирифта нашр карданд. Аз ин фоҷеъаи инсонӣ, ба унвони яке аз ангезаҳои ироқиён барои ташкили Ҳашдуш-шаъбӣ зикр шудааст.

Пас аз ин ҳодиса, ҳукумати Ироқ гӯрҳои зиёди дастаҷамъии қурбониёнро пайдо кард. Бархе аз айбдоршавандагони ин ҳодиса низ боздошт ва ба эъдом ва зиндон маҳкум шуданд.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Аз куштори Спайкер ба унвони калонтарин куштори ДИИШ дар тӯли ҳаёти худ ёд кардаанд. Бархе манобеъ ин ҳодисаро бузургтарин воқеаи террористии баъд аз ҳамалоти ёздаҳи сентябр медонанд.[1] Гуруҳе низ ба дунболи сабти ин куштор ба унвони наслкушии шиаён ҳастанд.[2] Маҷмӯи кушташудагон дар ин куштор чанд баробари кушташудагон дар маҷмӯи амалиётҳои террористии ДИИШ дар Аврупо аст.[3] Бештарин омор дар хусуси кушташудагони ин фоҷеъа, 2500 нафар[4] аз миёни 4000 асир аст.[5]

Рӯйдод

Тасвирҳои мунташиршудаи ДИИШ аз эъдомҳои қасри раёсатҷумҳурӣ ва пойгоҳи Спайкер, машҳур ба куштори Спайкер

Ба гуфтаи яке аз сарбозони наҷотёфта аз куштор, дар соати 10-и шаби 11-уми июни 2014, бо вуҷуди ишғоли ду вилояти Мавсил ва Салоҳиддин ба дасти ДИИШ, ҳудуди се ҳазор нафар ба пойгоҳи Спайкер - калонтарин пойгоҳи ҳавоии кишвари Ироқ воқеъ дар вилояти Салоҳиддин, интиқол дода шуданд. Ба дастури фармондеҳии пойгоҳ фардои он рӯз ҳамаи афрод ба мурраххасии 15 рӯза рафтанд.

Пас аз рафтани сарбозон аз пойгоҳ, каме баъд тавассути неруҳои мусаллаҳи ДИИШ, асир ва ба қасри раёсатҷумҳурии Такрит мунтақил шуданд. Дар кох, пас аз тафтишот бозпурсиҳои тӯлонӣ, неруҳои шиаро аз ғайришиа ҷудо карданд ва шиаён кушта шуданд. Мардуми боқимонда дар интизори ҳукми додгоҳи шаръии ДИИШ монданд то ҳукмашон эълом шавад.[6]

Як нафари дигар аз бозмондагони ҳодиса, далели хуруҷи сарбозонро фирори 3000 сарбоз аз пойгоҳ донистааст, ки дар ниҳоят тавассути 50 нафар аз неруҳои ДИИШ асир шуданд.[7] Ба гузориши бархе манобеъ, неруҳои мусаллаҳе, ки сарбозонро ба қасри раёсатҷумҳурӣ интиқол доданд, кучманчиёни мусаллаҳи минтақа буданд ва асирон дар қасри раёсатҷумҳурӣ ба неруҳои ДИИШ супорида шуданд.[8] ДИИШ дар 12 июни 2014, пойгоҳи Спайкерро ишғол кард.[9] Пас аз он, неруҳои ироқӣ бо ДИИШ-иҳо даргир шуданд.[10]

Қабилаҳои араб дар бораи сарнавишти сарбозони асиршуда дар қасри раёсатҷумҳурӣ нишасте баргузор карданд ва ба истидлол ба инки ҳукумати Баъсӣ ба зудӣ дубора бар Ироқ ҳоким мешавад, тасмим гирифтанд, ки шиаҳоро қатли ом кунанд, то ҷамъияти шиаёни Ироқ камтар шавад.

Бино бар ин тасмим, дар 12-уи июн, куштори шиаёни асиршуда оғоз мешавад. Дар 13-уми июн, ДИИШ-иҳо ба қасри раёсатҷумҳурӣ ворид мешаванд ва асирон ба онҳо супорида мешаванд. Фармондеҳони ДИИШ, додгоҳи шаръӣ баргузор карда, шиаёнро ба эъдом маҳкум мекунанд ва суннимазҳабоне, ки тавба мекардандро озод карданд.[11]

ДИИШ аз мароҳили иҷрои куштори дастаҷамъии сарбозон, навор таҳия мекарда дар интернет паҳн мекард. Сарбозон дар канори рӯди Диҷла аз сар парронда шуда, ҷасадашонро дар рӯдхонаи Диҷла мепартофтанд. Дар дигар ҷойҳо ба дастони сарбозон завлона баста, онҳоро тирборон мекарданд.[12] Гуруҳе аз сарбозоне ки имкони фирор аз асорати ДИИШ-ро доштанд, дар ниҳоят бо хушунати мазҳабии тоифаҳои араб рӯбарӯ шуданду кушта мешуданд.[13]

ДИИШ-иҳо, ҷасадҳои қурбониёнро дар гӯрҳои дастаҷамъӣ дафн карданд.[14] Ва дар баъзе мавридҳо ононро зинда ба зинда гӯр карданд.[15] Бино ба иттилои манобеи хабарӣ, дар Ироқ, то 21-уми марти 2018, 1150 ҷасади кушташудагони куштори Спайкер пайдо карда шуд.[16]

Талафот

Теъдоди сарбозони асиршуда ба дасти ДИИШ аз пойгоҳи Спайкерро мухталиф гузориш кардаанд. Оморҳо аз 1700 то ҳудуди 4000 донишҷӯи низомии ғайримусаллаҳ ёд кардаанд, ки ба ҳангоми суқути Спайкер, дар ин пойгоҳ ҳозир буданд.[17] Аммо иттилоияи расмии ДИИШ аз кушта шудани 1700 нафар шиа дар ин куштор хабар медиҳад.[18] Дидабони ҳуқуқи башар, теъдоди маҷмӯи куштагони ин ҳамларо 2134 нафар зикр карда аст.[19]

Паёмадҳо

Ёфтан ҷасадҳои қурбониёни куштори Спайкер, солҳо баъд аз куштор дар манотиқи мухталифи Тикрит

Ҷасади қурбониён

Пас аз озодсозии Тикрит аз дасти ДИИШ дар феврали 2015, даҳҳо гӯри дастаҷамъии кушташудагони қатли оми Спайкер кашф шуд.[20] То 10-уми июни 2015 боқимондаҳои 597 ҷасади кушташудагони Спайкер дар гӯрҳо[21] ва 80 ҷасади қурбониёни ин хушунат дар лаби дарёи Диҷла ёфта шуд.[22] Калонтарин гӯри дастаҷамъии ёфташуда то кунун, шомили 400 ҷасади кушташудагони ин куштор буда аст.[23]

Айбдоршавандагон

Бар асоси бархе далелҳову гуфтаҳо, одамоне аз кучманчиҳои минтақа ва масъулони низомии бо гароишҳои баъсӣ, дар ин куштор бо ДИИШ ҳамкорӣ карданд.[24] Баъзе аз кучманчиҳо ва гуруҳе мансуб ба ал-Қоъида,[25] ва чанд нафар аз бозмондагони хонадони Саддом Ҳусайн, ба ширкат дар ин ҷиноят айбдор шудаанд.[26]

Давлати Ироқ дар 27-уми августи 2015 аз ташкили неруи амниятии вижае бо номи «маҷмуъат-ус-саър лишуҳадои Сбойкер» хабар дод то омилини ин кушторро муайян намояд.[27] Дар январи 2015, аввалин гуруҳи айбдоршавандагони воқеа, ки теъдодашон 30 нафар унвон шуда буд, дастгир шуданд.[28] Чанд моҳ баъд нахустин аҳкоми додгоҳ барои муттаҳамони парванда содир шуд ва дар 9-уми июни 2015, 24 нафар аз айбдоршавандагон ба эъдом маҳкум шуданд.[29] Дар моҳҳо ва солҳои баъд то соли 2020 чандин мартаба хабар аз дастгирӣ ва баргузории додгоҳи муттаҳамон дар манобеи хабарӣ мунташир шуд.[30]

Иқдомҳо

Ба гузориши Савтул-Ироқ, Сайид Муқтадо Садр - раҳбари ҷараёни Садр, пас аз куштори Спайкер, дар моҳи июни 2015, артише бо номи «Сароёс-салом»-ро аз якҷоя кардани чанд гуруҳи ситезаҷӯи низомии дигар ташкил дод.[31] Аз ин воқеа дар канори фатвои ҷиҳод алайҳи ДИИШ, аз сӯи Оятуллоҳ Систонӣ - марҷаъи тақлиди шиа, ба унвони ангезаҳои аслии мардуми Ироқ барои ташкили сафарбаркунии мардумии Ироқ алайҳи ДИИШ ёд кардаанд.[32] Созмони ҷаҳонии дидабони ҳуқуқи ҷаҳонии шиа, рӯзи куштори Спайкерро ба унвони «Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи шиа» номгузорӣ кард.[33]

Дар ҳунару расона

Мустанадҳое аз ин рӯйдод сохта шудааст, монанди хотироти хабарнигори ҷанг аз фаъолиятҳои як зани ироқӣ ба номи Уммуқусай,[34] «ДИИШ, аз Порис то Спайкер»[35] ва филми ҳуҷҷатии баланди «Инҷо замон истода» аз тавлидоти Футрус медиё.[36]

Эзоҳ

  1. Rubin. "Massacre Claim Shakes Iraq". The New York Times.
  2. “Куштори подгони Спайкер, наслкушӣ алайҳи шиаён”, пойгоҳи хабарии Дидабони шиа.
  3. “Филми ДИИШ, аз Порис то Спайкер”, хабаргузории байналмилалии Қуръон.
  4. “Ҳақиқату муҷзирати Сбойкер”, Савтул-Ироқ.
  5. Карамзода ва Муродиён, “Баррасии мабонии риояти қавоиди башардӯстона тавассути гуруҳҳои ғайридавлатӣ”, Пажӯҳиши татбиқии ҳуқуқи Ислом ва ғарб, 1395ҳ.ш.
  6. “Шоҳидун аён ярвӣ мо ҳадаса лайлата суқути Сбойкер”, ал-Мадопресс.
  7. Escaping Death in Northern Iraq". the new york times.
  8. “Ҳақиқату муҷзирати Сбойкер”, Савтул-Ироқ.
  9. IS-led Militants Storm Iraqi Air Base near Tikrit". naharnet.
  10. «IS-led Militants Storm Iraqi Air Base near Tikrit". naharnet; "The Iraqi Army’s Alamo: Standoff in Tikrit". thedailybeast.
  11. “Ҳақиқату муҷзирати Сбойкер”, Савтул-Ироқ.
  12. “Набши қабри гӯрҳои дастаҷамъӣ”, хабаргузории Дойчавела.
  13. “Ҳақиқату муҷзирати Сбойкер”, Савтул-Ироқ.
  14. “Набши қабри бақоёи аҷсоди 600 қурбонии Спайкер”, хабаргузории Садои Амрико.
  15. “Сбойкер, меҳнату ватан”, Савтул-Ироқ; “Аммор Ҳаким хостори гунҷондани куштори Спайкер дар кутуби дарсӣ”, хабаргузории Шафақно.
  16. IS-led Militants Storm Iraqi Air Base near Tikrit". naharnet.
  17. Карамзода ва Муродиён, “Баррасии мабонии риояти қавоиди башардӯстона тавассути гуруҳҳои ғайридавлатӣ”, Пажӯҳиши татбиқии ҳуқуқи Ислом ва ғарб, 1395ҳ.ш.; Шаҳбозӣ, “Шавоҳиди кинатузии ДИИШ”, Мутолиъоти минтақаӣ, 1395ҳ.ш., саҳ.37; “Ривояти рӯзе, ки Диҷла ба хун нишаст”, Хабаронлайн.
  18. Iraqi teams exhume mass graves of soldiers in Tikrit". BBC news; "Escaping Death in Northern Iraq". the new york times.
  19. “Чаҳорумин солрӯзи фоҷеаи Спайкер”, хабаргузории АБНО.
  20. “Дархост барои бозкушоии парвандаи куштори Спайкер дар Ироқ”, хабаргузории Машриқ.
  21. “Набши қабри бақоёи аҷсоди 600 қурбонии Спайкер”, хабаргузории Садои Амрико.
  22. “Кашфи 80 ҷасади қурбониёни куштори Спайкер”, Форснюз.
  23. “Кашфи 470 ҷасад дар гӯрҳои ҷамъӣ дар Тикрит”, хабаргузории Дойчавела.
  24. “Зикро хиёнату фулулул-баъс ва ҳозинатуҳум би таслимил-Мавсил”, Савтул-Ироқ; “Боздошти омили куштори Спайкер бо ороиши занона”, хабаргузории Ово.
  25. “Ирсоли парвандаи куштори Спайкер ба ҳуқуқи башари созмони милал”, Созмони дифоъ аз қурбониёни хушунат.
  26. “Муҷзирату Сбойкер”, ал-Васит.
  27. “Эътиқолу арбаъата минал-муштабаҳ би мушорикатиҳим фи ҷаримати Сбойкер ҷануби Каркук”, ас-Сумарийя.
  28. “30 муттаҳами куштори “Спайкер”-и Ироқ дастгир шуданд”, баргузории Интихоб.
  29. Iraqi court sentences 24 to death over Speicher massacre". middleeastmonitor.
  30. “Ал-Қабз ала ахтарил-мушорикин бимуҷзирати Сбойкер”, Савтул-Ироқ; “Дархост барои бозкушоии парвандаи куштори Спайкер дар Ироқ”, хабаргузории Машриқ.
  31. “Ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ ва мустақбал-ул-Ироқ”, Савтул-Ироқ.
  32. «ISIS releases footage of Tikrit massacre". alarabiya; "Iraq hangs 36 men convicted over Speicher massacre". The guardian.
  33. “Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи шиаён”, Созмони ҷаҳонии дидабони ҳуқуқи башар.
  34. “Хотироти хабарнигори ҷанг “аз муқобилаи ҷасурона бо ДИИШ-иҳо”, бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон; “Мустанади хотироти хабарнигори ҷанг дар бораи воқеаи куштори Спайкер”, Басиҷнюз.
  35. “Филми ДИИШ, аз Порис то Спайкер”, хабаргузории байналмилалии Қуръон.
  36. “Тавлиди 32 унвон филми мустанад”, Шафақно.

Сарчашма

  • "30 муттаҳами куштори “Спайкер”-и Ироқ дастгир шуданд”, хабаргузории Интихоб, таърихи дарҷи матлаб: 22 баҳмани 1393, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • Alarabiya. " ISIS releases footage of Tikrit massacre ". english. alarabiya. net, data: 12 January 2015м, Visited in 23 june 2023.
  • BBC news. " Iraqi teams exhume mass graves of soldiers in Tikrit ". BBC. com, data: 7 April 2015, Visited in 23 june 2023.
  • middleeastmonitor. " Iraqi court sentences 24 to death over Speicher massacre ". middleeastmonitor. com, data: 9 January 2015, Visited in 23 june 2023.
  • naharnet. " IS - led Militants Storm Iraqi Air Base near Tikrit ". naharnet, data: 18 june 2014, Visited in 23 june 2023.
  • National Iraqi News Agency. " Parliamentary National Bloc: The Trial Of The Corrupt Is The Most Difficult File Facing Al - Kadhimi Govt ". ninanews. com, data: 14 june 2020, Visited in 23 june 2023.
  • National Iraqi News Agency. " The Most Dangerous Terrorist Who Participated In Speicher Massacre Arrested In Salah Al - Din ". ninanews. com, data: 16 August 2020, Visited in 23 june 2023.
  • New york times. " Escaping Death in Northern Iraq ". nytimes. com, data: 3 September 2014, Visited in 23 june 2023.
  • New york times. " Massacre Claim Shakes Iraq ". nytimes. com, data: 15 june 2014, Visited in 23 june 2023.
  • Nordland, Rod ва Alissa J. Rubin. " Massacre Claim Shakes Iraq ». The New York Times. Visited in 23 june 2023.
  • Russia Today. " 'ISISи commits mass murder, advertises it': Iraq executions detailed ". rt. com data: 27 june 2014, Visited in 23 june 2023.
  • The Guardian. " Iraq hangs 36 men convicted over Speicher massacre ". theguardian. com, data: 21 August 2016, Visited in 23 june 2023.
  • thedailybeast. " The Iraqi Army'sи Alamo: Standoff in Tikrit ". thedailybeast. com, data: 16 October 2014, Visited in 23 june 2023.
  • "Ал-Ҳашд-уш-шаъбӣ ва мустақбал-ул-Ироқ”, Савтул-Ироқ, таърихи дарҷи матлаб: 12 майи 2021, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Аммор Ҳаким хостори гунҷондани куштори Спайкер дар кутуби дарсӣ”, хабаргузории Шафақно, таърихи дарҷи матлаб: 24 хурдоди 1399ҳ.ш., таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Бақоёи аҷсоди 600 қурбонии куштори ҷамъии ДИИШ дар Тирит набши қабр шуд", хабаргузории Садои Амрико, таърихи дарҷи матлаб: 20 хурдоди 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Баъда 6 санавот минал-ҳодиса, ал-Қабзу ала ахтарил-мушорикина бимуҷзирати Сбойкер", Савтул-Ироқ, таърихи дарҷи матлаб: 17 августи 2020, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Боздошти омили куштори Спайкер бо ороиши занона”, хабаргузории Садои Афғонистон (ово), таърихи дарҷи матлаб: 21 исфанди 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Дархост барои бозкушоии парвандаи куштори Спайкер дар Ироқ”, хабаргузории Машриқ, таърихи дарҷи матлаб: 21 обони 1397ҳ.ш., таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Зикро хиёнату фулулил-баъс ва ҳозинатуҳум би таслимил-Мавсил", Савтул-Ироқ, 11 июни 2021, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Ирсоли парвандаи куштори Спайкер ба ҳуқуқи башари созмони милал”, fa. odvv. org, таърихи дарҷи матлаб: 29 фарвардини 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • Карамзода, Сиёмак ва Баҳром Муродиён, «Баррасии мабонии риояти қавоиди башардӯстона тавассути гуруҳҳои ғайридавлатӣ, аз манзари Ислом ва ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ; мутолиаи мавридии вазъияти Ироқу Сурия», Пажӯҳиши татбиқии ҳуқуқи Ислом ва ғарб, шумораи сеюм, 1395ҳ.ш.
  • "Кашфи 470 ҷасад дар гӯрҳои ҷамъӣ дар Тикрит”, хабаргузории Дойчавела, таърихи дарҷи матлаб: 28 майи 2015, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Кашфи 80 ҷасади дигари қурбониёни куштори ҳавлноки Спайкер", бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон, таърихи дарҷи матлаб: 16 дейи 1395, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Куштори ДИИШ дар пойгоҳи Спайкер; гӯри дастаҷамъии дигаре кашф шуд", хабаргузории Евронюз, таърихи дарҷи матлаб: 6 августи 2017, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Куштори подгони Спайкер бояд наслкушии алайҳи шиаён маҳсуб шавад", пойгоҳи хабарии Дидабони шиа, таърихи дарҷи матлаб: 13 июни 2017, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Ликай ло нанса ҷароимал-баъси ва ДИИШ, ҳақиқату муҷзирати Сбойкер", Савтул-Ироқ, таърихи дарҷи матлаб: 5 майи 2018, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Мустанади «хотироти хабарнигори ҷанг» дар бораи воқеаи куштори ДИИШ дар пойгоҳи Спайкери Ироқ рӯнамоӣ мешавад", Басиҷнюз, таърихи дарҷи матлаб: 31 тири 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Муҷзирату Сбойкер”, ақорибу Саддом бил-ғадри бадауҳо… ва " ДИИШ " акмалаҳо», хабаргузории ал-Васит, таърихи дарҷи матлаб: 7 сентябри 2014, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Набши қабри гӯрҳои дастаҷамъии кашфшуда дар Тикрит", хабаргузории Дойчавела, таърихи дарҷи матлаб: 8 апрели 2015, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Ривояти рӯзе, ки Диҷла ба хун нишаст”, Хабаронлайн, таърихи дарҷи матлаб: 24 хурдоди 1399ҳ.ш., таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Сбойкер …меҳнату ватан!!", Савтул-Ироқ, таърихи дарҷи матлаб: 16 июни 2020, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Солрӯзи куштори донишҷӯёни пойгоҳи ҳавоии Спайкери Ироқ “Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи шиаён” эълом шавад", Созмони ҷаҳонии дидбони ҳуқуқи шиа, таърихи дарҷи матлаб: 23 июни 2015, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Тавлиди 32 унвон филми мустанади баланд ба чаҳор забони дунё тавассути Футрусмедиё", хабаргузории Шафақно, таърихи дарҷи матлаб: 12 меҳри 1399ҳ.ш., таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Филми ДИИШ, аз Порис то Спайкер”, хабаргузории Икно, таърихи дарҷи матлаб: 25 хурдоди 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Хотироти хабарнигори ҷанг “аз муқобилаи ҷасурона бо ДИИШ-иҳо”, бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон, таърихи дарҷи матлаб: 6 обони 1398ҳ.ш., таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Чаҳорумин солрӯзи фоҷеаи Спайкер дар Тикрити Ироқи баргузор шуд, хабаргузории АБНО, таърихи дарҷи матлаб: 22 хурдоди 1397ҳ.ш., таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Шаҳбозӣ, Алӣ, «Баррасии шавоҳиди кинатузӣ дар кунишҳои хушунатбори ДИИШ", Мутолиъоти минтақаӣ, Теҳрон (17), 1395ҳ.ш.
  • "Шоҳидун аён ярвӣ мо ҳадаса лайлата суқути Сбойкер”, ал-Мадапресс, таърихи дарҷи матлаб: 17 августи 2014, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.
  • "Эътиқолу арбаъата минал-муштабаҳ би мушорикатиҳим фи ҷаримати Сбойкер ҷануби Каркук”, ас-Сумарийя, таърихи дарҷи матлаб: 16 сентябри 2014, таърихи боздид: 31 хурдоди 1402ҳ.ш.