Ҷаъфар ибни Имом Ҳодӣ (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷаъфари каззоб)
Ин навиштор дар бораи Ҷаъфар ибни Алӣ маъруф ба Ҷаъфари каззоб аст. Барои дигар корбурдҳо, Ҷаъфар ибни Алиро бибинед.

Ҷаъфар ибни Алӣ (ваф.271ҳ.қ.), маъруф ба Ҷаъфари каззоб, фарзанди Имом Ҳодӣ (а) буд ва яке аз даъвогарон ва муддаиёни имомати баъд аз шаҳодати бародараш - Имом Ҳасани Аскарӣ (а) буд; аз ин рӯ, шиаёни дувоздаҳимомӣ, ӯро каззоб (дурӯғгӯ) лақаб доданд.

Ҷаъфар барои тасбити имомати худ, таваллуди Имоми Замон (аҷ)-ро инкор кард ва муддаии мероси Имом Аскарӣ шуд. Ҳамчунин мехост ҷанозаи имоми ёздаҳумро бихонад, аммо Имоми Замон монеъи ӯ шуд.

Пайравони Ҷаъфарро ҳам Ҷаъфария мегуфтанд. Онон дар бораи инки ӯ баъд аз кадом имом, ба имомат расидааст, ихтилоф доштанд. Бархе ӯро ҷонишини Имом Ҳодӣ (а), бархе ҷонишини Сайид Муҳаммад ва бархеи дигар ҷонишини Имом Аскарӣ (а) медонистанд.

Насаб ва лақабҳо

Ҷаъфар, фарзанди Имом Ҳодӣ (а), имоми даҳум ва бародари Имом Ҳасани Аскарӣ (а) - имоми ёздаҳум аст.[1] Таърихи вилодати ӯ дар манобеъ зикр нашудааст, аммо бархе бо истидлол ба инки Имом Ҳасани Аскарӣ (а) аз ӯ калонтар будааст, гуфтаанд, пас аз соли 232ҳ.қ., ба дунё омадааст.[2] Ӯ дар соли 271ҳ.қ., дар Сомирро вафот кард ва дар хонаи падараш дафн шуд.[3] Макони дафни ӯ дар Ҳарами Аскарияйн воқеъ шудааст.[4]

Шиаён ӯро ба хотири иддаои имомат, каззоб (бисёр дурӯғгӯ) лақаб додаанд.[5] Бино бар ривояте, Пайғамбар ӯро ба хотири иддаои дурӯғинаш дар имомат ба каззоб мулаққаб кард ва аз таваллуд ва аъмоле, ки аз ӯ сар хоҳад зад, хабар дод ва имоми шашумро Содиқ лақаб дод то аз ӯ фарқ карда шавад.[6]

Ҳамчунин гуфтаанд, мулаққаб шудани ӯ ба каззоб, ба хотири иддаои ворис будан барои имоми ёздаҳум ва низ инкори вуҷуди фарзанде барои ӯ будааст.[7] Бо ин ҳама, пайравонаш ӯро закӣ (поку покиза) мехонданд.[8]

Куняи Ҷаъфар, Абуабдуллоҳ буд,[9] вале ба хотири онки аз наслаш 120 фарзанд ба дунё омад, ба Абукаррин низ мулаққаб буд.[10]

Ҷаъфарро ба зуққул-хамр (зарф ва машки шароб) мулаққаб кардаанд; зеро ӯ ба шаробхорӣ муттаҳам буд.[11] Бархе эҳтимол додаанд, ки ин нисбат аз душмании байни шиаёни дувоздаҳимомӣ ва пайравони Ҷаъфар нашъат гирифта бошад;[12] чунонки пайравони Ҷаъфар низ ба Имом Аскарӣ (а) ва ёронаш нисбатҳои нораво медоданд.[13]

Иддаои имомат

Ҷаъфар баъд аз шаҳодати Имом Ҳасани Аскарӣ (а) иддаои имомат кард.[14] Дар бораи инки ӯ ҷонишини кадом имом аст, байни тарафдоронаш, ихтилофоте вуҷуд дошт.[15] Иддае Ҷаъфарро ҷонишини Имом Ҳодӣ[16] ва бархе ӯро ҷонишини бародараш Сайид Муҳаммад медонистанд, ки дар замони ҳаёти падараш аз дунё рафта буд. Онон муътақид буданд, ки Сайид Муҳаммад баъд аз Имом Ҳодӣ имом будааст.[17] Гуруҳи дигаре ҳам ӯро ҷонишини Имом Аскарӣ донистаанд.[18]

Ҷаъфар барои тасбити иддаои имомати худ иқдомоте анҷом дод, аммо ба гуфтаи Шайхи Муфид ҳеҷ як аз талошҳои ӯ натиҷа надод.[19] Бархе аз иқдомоти ӯ иборат аст аз:

  1. Мехост бар ҷасади Имом Аскарӣ намози ҷаноза бихонад, аммо Имоми Замон (аҷ), ки тифли хурдсоле буд, ӯро канор зада худ бар ҷинозаи падар намоз хонд.[20] Бархе аз нависандагон ин иқдоми Ҷаъфарро барои тасбити иддаои имомати худ донистаанд.[21]
  2. Муътамиди Аббосиро таҳрик кард, ки хонаи Имом Аскариро барои ёфтани фарзандаш ҷустуҷӯ кунад ва бо ҳамкории ӯ буд, ки яке аз канизони Имом Аскарӣ (а) зиндонӣ шуд.[22] Ин иқдоми Ҷаъфар, баъд аз он анҷом гирифт, ки гуруҳе аз қумиҳо барои дидор бо Имом Аскарӣ ба Сомирро рафта буданд ва бо хабари шаҳодати Имом Аскарӣ мувоҷеҳ шуданд[23] ва Ҷаъфарро ба унвони имоми баъд аз ӯ ба онон муаррифӣ карданд. Шайх Садуқ мегӯяд: онон бо пурсишҳое аз Ҷаъфар ӯро шоистаи имомат надонистанд ва ҷавобҳои худро аз Имом Маҳдӣ дарёфт карданд.[24]
  3. Ҷаъфар баъд аз дафни Имом Ҳасани Аскарӣ (а), бо инки модари Имом зинда буд, муддаии мероси имоми ёздаҳум шуд,[25] дар ҳоле ки бар асоси фиқҳи шиа дар сурате ки як нафар аз табақаи аввал дар ирс мисли волидайн зинда бошад, ирс ба табақаи дувуми мисли бародар намерасад.[26]
  4. Ҳозир шуд солиёна маблағе ба ҳукумати вақт бидиҳад, то имомати ӯро таъйид ва тасдиқ кунад.[27]

Мавзеи шиаён

Ба гуфтаи Шайхи Садуқ, шиаён, Ҷаъфарро ба шеваҳои мухталифе имтиҳон карданд.[28] Онҳо иддаои имомати Ҷаъфарро рад карданд ва ӯро шоистаи ин мансаб надиданд.[29] Онон ҳамчунин дар ради иддаои Ҷаъфар, ба аҳодисе, ки дар ради Фатаҳия буд низ истинод мекарданд.[30] Бар асоси ин ривоёт, имомат, ҷуз дар мавриди Ҳасанайн, дар ду бародар ҷоиз нест.[31]

Хусусиёт

Дар манобеъ, Ҷаъфар як шахси хатокору фосиқ муаррифӣ шудааст.[32] Ба гузориши Шайхи Тусӣ дар китоби ал-Ғайбат, Имом Ҳодӣ (а) ҳангоми таваллуди Ҷаъфар аз гумроҳии афроде ба василаи ӯ хабар дода буд.[33]

Дар ривояте аз Имоми Замон (аҷ), дар ҷавоб ба номаи яке аз шиаён, Ҷаъфар як шахси беитилоъ аз аҳкоми дин ва касе муаррифӣ шудааст, ки наметавонад ҳалолро аз ҳаром фарқ кунад. Бар асоси ин ривоят, Ҷаъфар барои ёдгирии сеҳр, 40 шабонарӯз намози худро тарк кардааст.[34]

Ҳамчунин гуфтаанд, Ҷаъфар аз Форис ибни Ҳотами (фосид ва муътақид ба ғулув) ҷонибдорӣ кард, дар ҳоле ки Имом Ҳодӣ (а) Форисро лаън ва фармони қатлашро содир карда буд.[35]

Тавба

Гуфтаанд, ки Ҷаъфар пеш аз марг тавба кардааст.[36] Дар ин замина ба тавқиъе аз Имоми Замон (аҷ) ки дар он кори Ҷаъфарро ба амали бародарони Юсуф монанд кардааст,[37] истинод кардаанд.[38] Албатта бархе бо истинод ба суханони Шайхи Муфид дар хусуси иддаои имомати Ҷаъфар,[39] манзури Имоми Замон (аҷ)-ро дар ин тавқиъ, танҳо собиқа доштани гумроҳӣ дар фарзандони анбиё донистаанд.[40]

Фирқаи Ҷаъфария

Пайравони Ҷаъфар дар таърих ба Ҷаъфария маъруфанд.[41] Албатта пеш аз ин, унвони Ҷаъфария бештар барои ишора ба пайравони Имом Ҷаъфари Содиқ ба кор мерафт.[42] Бар фарзандони Ҷаъфари Тайёр ва низ пайравони Ҷаъфар ибни Ҳарби Ҳамдонӣ (- яке аз сарони муътазила, ваф.236ҳ.қ.) ва Ҷаъфар ибни Мубашшири Сақафӣ (- яке аз раисони муътазилаи Бағдод, ваф.234ҳ.қ.) ҳам гуфта мешуд.[43]

Фатаҳия, ки имомати ду бародарро қабул доштанд, ба Ҷаъфар руҷуъ карданд.[44] Ба ҳамин хотир, Шайхи Садуқи Ҷаъфарро имоми Фатаҳияи дувум лақаб додааст.[45]

Баъд аз марги Ҷаъфар, бархе аз пайравонаш ба фарзанди ӯ - Абулҳасани Алӣ, ки нақиби аршади содоти Бағдод буд,[46] руҷуъ карданд.[47] Бархеи дигар муътақид буданд, ки имомат байни Абулҳасан ва хоҳараш Фотима тақсим шудааст ва пас аз он ду, ба дигар бозмондагони Ҷаъфар расидааст.[48] Саъд ибни Абдуллоҳи Ашъарӣ, китоби ал-Зиёъ фи-р-радди ала-л-Муҳаммадийя ва-л-Ҷаъфарийяҳро дар радди орои фирқаи Ҷаъфария навиштааст.[49] Алӣ ат-Тоҳин - яке аз сардамдорони фирқаи Ҷаъфария дониста шудааст.[50]

Фарзандони Ҷаъфарро, ба сабаби интисобашон ба Имом Ризо (а), Бану-р-Разӣ[51] ё Ризавийюн[52] мегуфтанд. Шайхи Муфид гуфтааст, ки дар замони таълифи осораш ҳеҷ як аз фарзандони Ҷаъфарро наёфтааст, ки ба мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ напайваста бошад.[53] Бурайҳа - ҳамсари Муҳаммад ибни Мусо Мубарқаъ, ки мазори ӯ дар имомзодаи чиҳилахтарони Қум қарор дорад, духтари ӯст.[54]

Такнигорӣ

Китоби «Туҳри мутаҳҳар» дар татҳири Ҷаъфар ва радди инҳирофи ӯ навишта шудааст. Нависандаи китоб бисёре аз ривоёти мазаммати Ҷаъфарро сохтагӣ медонад. Дар ин китоб бархе аз иддаоҳои Ҷаъфар, аз боби тақия ва барои ҳифзи ҷони Имоми Замони арзёбӣ шудааст.[55]

Ҷусторҳои вобаста

Муҳаммад ибни Алӣ ал-Ҳодӣ (а) (Сайид Муҳаммад)

Эзоҳ

  1. Умрӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.134 - 135.
  2. Ҳушангӣ, «Ҷаъфар ибни Алӣ», саҳ.169.
  3. Умрӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.134 - 135.
  4. Қоидон, Атаботи олиёти Ироқ, 1387ҳ.ш., саҳ.206.
  5. Ибни Инаба, Умдат-ут-толиб, 1417ҳ.қ., саҳ.180; Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.95, понависи 1.
  6. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.319 - 320.
  7. Баҳронӣ, Ҳилят-ул-аброр, 1411ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.90, понависи 3.
  8. Ниг.: Аршӣ, Булуғ-ул-маром, 1939м., саҳ.51.
  9. Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.95, понависи 1.
  10. Ибни Инаба, Умдат-ут-толиб, 1417ҳ.қ., саҳ.180; Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.95, понависи 1.
  11. Умрӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.131.
  12. Саидӣ, “Ҷаъфар ибни Алӣ”, ҷ.1, саҳ.4700.
  13. Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.113; Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.199 - 200.
  14. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.319.
  15. Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.102-116.
  16. Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.101.
  17. Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.112.
  18. Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.101.
  19. Ниг.: Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.337.
  20. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.475.
  21. Абулҳусайнӣ, “Маҳдӣ аз нигоҳи аҳли суннат”, саҳ.84.
  22. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.475.
  23. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.475.
  24. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.475.
  25. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.43.
  26. Носируддини Тусӣ, Ҷавоҳир-ул-фароиз, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.19.
  27. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.43 - 44.
  28. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.476.
  29. Ниг.: Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.84 - 85.
  30. Ниг.: Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.84.
  31. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.285 - 286; Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.414-417.
  32. Умрӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.131, 136.
  33. Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.226-227.
  34. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.50, саҳ.228-231.
  35. Ибни Қуббаи Розӣ, ан-Нақз, 1375ҳ.ш., саҳ.200 ба нақл аз Саидӣ, “Ҷаъфар ибни Алӣ”, ҷ.1, саҳ.4700.
  36. Ниг.: Умрӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.130
  37. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.484 (أما سبیل عمی جعفر فسبيل إخوة يوسف).
  38. Ибни Инаба, Умдат-ут-толиб, 1417ҳ.қ., саҳ.180, понавис; Баҳронӣ, Ҳилят-ул-аброр, 1411ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.90, понависи 3; Навбахтӣ, Фирақ-уш-шиъа, 1404ҳ.қ., саҳ.95, понависи 1.
  39. Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-ашара, 1413ҳ.қ., саҳ.61 - 62.
  40. Саидӣ, “Ҷаъфар ибни Алӣ”, ҷ.1, саҳ.4700.
  41. Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.101; Фахри Розӣ, Эътиқодоту фирақ-ил-муслимин ва-л-мушрикин, 1413ҳ.қ., саҳ.43.
  42. Мударрисии Таботабоӣ, Мактаб дар фроянди такомул, 1375ҳ.ш., саҳ.115 ба нақл аз Саидӣ, “Ҷаъфар ибни Алӣ”, ҷ.1, саҳ.4700.
  43. Самъонӣ, ал-Ансоб, 1382ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.290
  44. Ашъарӣ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, 1360ҳ.ш., саҳ.110.
  45. Шайхи Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.65
  46. Фахри Розӣ, аш-Шаҷарат-ул-муборака, 1419ҳ.қ., саҳ.93.
  47. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.200.
  48. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.200.
  49. Наҷҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.177.
  50. Шаҳристонӣ, ал-Милал ва-н-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.199 - 200.
  51. Умрӣ, ал-Маҷдӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.134.
  52. Ибни Инаба, Умдат-ут-толиб, 1417ҳ.қ., саҳ.180.
  53. Шайхи Муфид, ал-Фусул-ул-ашара, 1413ҳ.қ., саҳ.65.
  54. Фақҳ Ҷалолӣ Баҳрулъулуми Гелонӣ, Муҳаммад Маҳдӣ, Анвори пароканда дар зикри аҳволи имомзодагон ва биқоъи мутабаррикаи Эрон, ҷ.1, саҳ.437.
  55. “Туҳри мутаҳҳар дар дифоъ аз амуи Имоми Замон (аҷ)”, хабаргузории Икно.

Сарчашма

  • Абулҳасанӣ, Раҳим, «Маҳдӣ (алайҳиас-салом) аз нигоҳи аҳли суннат», Равоқи андеша, № 18, хурдоди 1382ҳ.ш.
  • Аршӣ, Ҳусайн ибни Аҳмад, Булуғ-ул-маром фи шарҳи миск-ил-хитом фи ман тавалла мулк-ал-Яман мин малик ва имом, чопи Энестос Марии Кармалӣ, Қоҳира, 1939м.
  • Ашъарӣ, Саъд ибни Абдуллоҳ, ал-Мақолот ва-л-фирақ, маркази интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1360ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Сайидҳошим ибни Сулаймон, Ҳилят-ул-аброр фи аҳволи Муҳаммад ва Олиҳ-ил-атҳор алайҳимус-салом, Қум, муассисаи ал-Маъорифул-исломийя, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Инаба Ҳасанӣ, Умдат-ут-толиб фи ансоби Оли Абитолиб, Қум, Ансориён, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Қибаи Розӣ, ан-Нақз ала Абилҳасан Алӣ ибни Аҳмад ибни Башшор фи-л-ғайбат, докторр Ҳусайни Мударрисии Таботабоӣ, Мактаб дар фароянди такомул: назаре бар татаввури мабонии фикрии ташайюъ дар се қарни нахустин, тарҷума: Ҳошим Эзадпаноҳ, Ню-Ҷерсӣ 1375ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қоидон, Асғар, Атаботи олиёти Ироқ, Теҳрон, Машъар, 1387ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Мударрисии Таботабоӣ, Ҳусайн, Мактаб дар фароянди такомул: назаре бар татаввури мабонии фикрии ташайюъ дар се қарни нахустин, тарҷума: Ҳошим Эзадпаноҳ, Ню-Ҷерсӣ 1375ҳ.ш.
  • Навбахтӣ, Ҳасан ибни Мусо, Фирақ-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, Бейрут, 1404ҳ.қ.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ ал-тобеъа лиҷамоъатил-мударрисин би Қумил-мушаррафа, 1365ҳ.ш.
  • Саидӣ, Фарида, Ҷаъфар ибни Алӣ дар донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.1.
  • Самъонӣ, Абдукарим ибни Муҳаммад, таҳқиқ: Абдурраҳмон ибни Яҳё ал-Муъаллимӣ ал-Ямонӣ, Ҳайдаробод, маҷлиси доиратулмаорифил-усмония, 1382ҳ.қ./1962м.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайбат, тасҳеҳ: Ибодуллоҳ Теҳронӣ ва Алӣ Аҳмад Носеҳ, Қум, Дорул-маорифил-исломия, 1411ҳ.қ.
  • Тусӣ, Насриддини Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ҷавоҳир-ул-фароиз, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт алайҳимус-салом, Қум, 1426ҳ.қ.
  • «Туҳри мутаҳҳар дар дифоъ аз амуи Имоми Замон (аҷ)”, хабаргузории Икно, интишор: 22 хурдоди 1396ҳ.ш., бозбинии 14 озари 1397ҳ.ш.
  • Умрӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Маҷдо фи ансоб-ит-толибиин, чопи Аҳмад Маҳдавии Домғонӣ, Қум, 1409ҳ.қ.
  • Фақиҳ Муҳаммадӣ Ҷалолии Баҳрулъулуми Гелонӣ, Муҳаммад Маҳдӣ, Анвори пароканда дар зикри аҳволи имомзодагон ва биқоъи мутабаррикаи Эрон, Қум, интишороти масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, аш-Шаҷарат-ул-муборака фи ансоб-ит-толибия, Қум, мактабаи Оятуллоҳил-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1419ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Эътиқодоту фирақ-ил-муслимин ва-л-мушрикин, Муҳаммад Зайнаҳум, мактабат Мадбулӣ, Қоҳира, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, тасҳеҳ: муассисаи Олулбайт, Қум, конгресси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-ашара фи-л-ғайбат, Қум, конгресси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Исломия, 1395ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1403ҳ.қ.
  • Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милал ва-н-ниҳал, таҳқиқ: Муҳаммад Бадрон, Қум, ал-Шариф ал-Разӣ, 1364ҳ.ш.