Ҷаъда духтари Ашъас

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷаъда ҳамсари Имом Ҳасан)

Ҷаъда (зинда дар 50ҳ.қ.) духтари Ашъас ибни Қайси Киндӣ ва ҳамсари Имом Ҳасани Муҷтабо (а) аст, ки бо иғвогарии Муъовия ибни Абусуфён, Имом Ҳасан (а)-ро заҳролуд карда, ба шаҳодат расонд. Ӯ аз Имом Ҳасан (а) фарзанде надошт.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Ҷаъда бо ҳилаю найранги падараш бо Имом Ҳасан (а) издивоҷ кард.

Ӯ дар ивази ҳадяи пулӣ ва ваъдаи издивоҷ бо Язид ибни Муъовия аз ҷониби Муъовия, Имом Ҳасан (а)-ро заҳролуд кард, аммо Муъовия ба ваъдаи худ вафо накард ва ӯ пас аз шаҳодати Имом Ҳасан (а) зани Яъқуб ибни Талҳа ибни Убайдуллоҳ шуд.

Ному насаб

Ҷаъда аз хонадони Ашъас ва қабилаи Кинда буд: падараш Ашъас ибни Қайси Киндӣ аз чеҳраҳои машҳури садри Ислом ва модараш Уммуфарва, хоҳари Абубакр будааст.[1] Аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки Ашъас ибни Қайс дар қатли Амиралмуъминин Алӣ (а) шарик аст ва духтараш Ҷаъда, Ҳасан ибни Алӣ (а)-ро заҳролуд кард ва Муҳаммад писари Ашъас низ дар шаҳодати Ҳусайн ибни Алӣ (а) ширкат дошт.[2]

Дар манобеъ, аз таваллуди Ҷаъда сухане ба миён наёмадааст. Ба гуфтаи Абулфараҷи Исфаҳонӣ, номҳои Сакина, Шаъсо ва Оишаро низ барои ӯ нақл кардаанд, вале номи ростиаш Ҷаъда аст.[3]

Издивоҷ бо Имом Ҳасан (а)

Ҷаъда - ҳамсари Ҳасан ибни Алӣ, имоми дувуми шиаён буд, ба гузориши Аҳмад ибни Яҳё Балозурӣ - таърихнигори қарни дувуми қамарӣ, ӯ бо найранги Ашъас ба никоҳи Имом Ҳасан даромад; чароки Имом Алӣ (а), аз Ашъас хоста буд, ки духтари Саид ибни Қайсро барои Имом Ҳасан (а) хостгорӣ кунад, аммо Ашъас ӯро барои писари худ хостгорӣ кард ва духтари худ Ҷаъдаро барои издивоҷ бо Имом Ҳасан пешниҳод дод.[4] Ҳарчанд дар бархе манобеъ омадааст, ки Имом Алӣ худ аз Уммиумрон духтари Саид ибни Қайс барои Имом Ҳасан хостгорӣ карда буд, Саид бо Ашъас машварат кард, Ашъас ӯро мунсариф кард ва духтарашро ба никоҳи писари худ даровард.[5]

Аз ривоёти таърихӣ бармеояд, ки издивоҷи Имом Ҳасани Муҷтабо (а) бо Ҷаъда дар замони ҳукумати Имом Алӣ (а) ва байни солҳои 36 то 40ҳ.қ., дар Кӯфа будааст; чароки Ашъас ҳангоми суҳбат бо Имом Алӣ (а) дар бораи ин издивоҷ, эшонро «амиралмуъминин» хитоб кардааст.[6] Илова бар он, Ашъас дар замони Усмон, ҳокими Озарбойҷон буд ва пас аз ҷанги Ҷамал ба Кӯфа омад.[7] Дар манобеи таърихӣ, фарзанде барои Ҷаъда аз Имом Ҳасани зикр нашудааст. Шайх Муфид 15 фарзанд барои Имом Ҳасан (а) ном мебарад, ки номи модари ҳеҷ кадом аз онҳо Ҷаъда нест.[8]

Заҳролуд кардани Имом Ҳасан (а)

Бино бар манобеи таърихӣ, Ҷаъда Имом Ҳасан (а)-ро заҳролуд кард ва бар асари ҳамин заҳр ба шаҳодат расид.[9] Ба гуфтаи Шайхи Муфид, Муъовия пас аз онки тасмим гирифт барои вилоятъаҳдии писараш - Язид байъат бигирад, сад ҳазор дирҳам барои Ҷаъда фиристод ва ба ӯ ваъда дод, ки дар ивази заҳролуд кардани шавҳараш, ӯро ба никоҳи Язид медарорад.[10] Ҳарчанд аз бархе манобеъ нақл шудааст, ки Ҷаъда ба сабаби кинае, ки аз Имом Ҳасан (а) дошт, ӯро заҳролуд кард.[11] Аммо Маделунг - исломшиноси олмонӣ (зодаи 1309ҳ.ш.) муътақид аст, талоши Муъовия барои вилоятъаҳдии Язид, ривоёти заҳролуд шудани Имом Ҳасан ба таҳрики Муъовия ва ба дасти Ҷаъдаро таъйид мекунад.[12]

Бино бар ривояте, ки Қутби Ровандӣ нақл кардааст, Имом Ҳасан (а) пас аз нӯшидани шарбати заҳролуд, Ҷаъдаро лаъну нафрин кард.[13] Ҳамчунин Қайс ибни Амр ибни Молик, маъруф ба Наҷошӣ - шоири шиъӣ дар мазаммати Ҷаъда қасидаеро сурудааст.[14] Фарзандонашро «Банӣ мусамматул-азвоҷ; фарзандони зане, ки шавҳаронашро заҳролуд мекунад», меномиданд.[15] Бар асоси гузориши Шайхи Муфид дар Иршод, замоне, ки лаҳзаи шаҳодати Имом Ҳасан (а) наздик шуд, он ҳазрат бародараш - Ҳусайн ибни Алӣ (а)-ро талаб карда ба ӯ гуфт: эй бародар! Ба зудӣ аз ту ҷудо мешавам ва ба дидори Парвардигори худ ноил мегардам. Маро заҳролуд кардаанд ва имрӯз пораи ҷигарам дар мобайни тағора афтод; медонам кӣ ба ман заҳр додааст... ман дар пешгоҳи Худо бо вай душманӣ хоҳам кард, вале савганд ба ҳаққе, ки бар ту дорам аз ту мехоҳам сухане дар ин бора нагӯӣ (ин пешомад ва муртакиби онро дар паяш нагард) ва мунтазири қазои Илоҳӣ дар бораи ман бош.[16]

Издивоҷҳои дигар

Ба гуфтаи Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Муъовия ба ваъдаи худ амал накард ва ба издивоҷи Ҷаъда бо Язид ризоят надод.[17] Ӯ мегуфт:

Метарсам ончиро дар заҳролуд кардани фарзанди Расули Худо (с) раво доштӣ, дар бораи фарзандам анҷом диҳӣ!.[18] Ба гузориши манобеи таърихӣ, Ҷаъда баъд аз шаҳодати Имоми Муҷтабо (а) бо Яъқуб ибни Талҳа ибни Убайдуллоҳ издивоҷ кард.[19] Ва барои ӯ се писар ба номҳои Исмоил, Исҳоқ ва Абубакр ба дунё овард, ки Исмоилу Исҳоқ ба ҳангоми ҳаёти падар аз дунё рафтанд.[20] Яъқуб ибни Талҳа дар воқеаи Ҳарра дар соли 63-и қамарӣ кушта шуд.[21] Ҷаъда баъд аз ӯ бо Аббос фарзанди калонии Абдуллоҳ ибни Аббос издивоҷ кард ва барои ӯ писаре ба номи Муҳаммад ва духтаре ба номи Қариба ба дунё овард, ки аз ин ду нафар, насле боқӣ намонд.[22]

Ҷусторҳои вобаста

Муҳаммад ибни Ашъаси Киндӣ

Қайс ибни Ашъаси Киндӣ

Уммуфазл ҳамсари Имом Ҷавод (а)

Эзоҳ

  1. Ибни Аъсам, Китоб-ул-футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68.
  2. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.167.
  3. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1385ҳ.қ., саҳ.32.
  4. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.14 - 15.
  5. Қаршӣ, Мавсуъату сирати Аҳли-л-Байт (а), 1433ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.462 - 463; Ибни Ҷавзӣ, Азкиё, Мактабат-ул-Ғаззолӣ, саҳ.34.
  6. Ибни Ҷавзӣ, Азкиё, Мактабат-ул-Ғаззолӣ, саҳ.34.
  7. Ибни Аъсам, Китоб-ул-футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.502 - 504.
  8. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.20.
  9. Барои намуна ниг.: Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.389; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.492.
  10. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.15.
  11. Саховӣ, ат-Туҳфат-ул-латифа, Дорул-кутубил-илмийя, ҷ.1, саҳ.283.
  12. Маделунг, Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.453. (манбаи аслӣ: Madelung, The Succession T0 Muhamad, p. 331)
  13. Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.242.
  14. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.284; Маззӣ, Таҳзиб-ул-камол, 1406ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.253.
  15. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.16; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1378ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.49.
  16. Шайхи Муфид, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.17.
  17. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, 1385ҳ.қ., саҳ.48.
  18. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1378ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.11.
  19. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.15.
  20. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.126.
  21. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.126.
  22. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.241.

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибиин, Наҷаф, Мактабатул-Ҳайдарийя, 1385ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.3), таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1397ҳ.қ./1977м.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад Албаҷовӣ, Бейрут, Дорул-ҷил, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Бейрут, Дору эҳёил-кутубил-арабия, 1378ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, Дорул-фикр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Аъсам, Аҳмад, Китоб-ул-футуҳ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Азкиё, Мактабат-ул-Ғаззолӣ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1363ҳ.ш.
  • Қаршӣ, Боқир Шариф, Мавсуъату сирати Аҳли-л-Байт (а), таҳқиқи Маҳдии Боқир Қаршӣ, Наҷаф, мактабат Имом Ҳасан (а), 1433ҳ.қ./2012м.
  • Маделунг, Вилферд, тарҷумаи Аҳмад Намоӣ ва дигарон, Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ: Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Маззӣ, Юсуф, Таҳзиб-ул-камол фи асмо-ир-риҷол, Бейрут, муассисатур-рисолат, 1406ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, тасҳеҳи муассисаи Олулбайт, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Ровандӣ, Қутбиддин, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, Қум, муассисатул-Имом ал-Маҳдӣ, 1409ҳ.қ.
  • Саховӣ, Муҳаммад ибни Абдурраҳмон, ат-Туҳфат-ул-латифа фи таърих-ил-мадинат-ил-шарифа, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, бе то.