Ғазваи Банӣ Қайнуқоъ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷанги Қайнуқоъ)
Ғазваи Банӣ Қайнуқоъ
Ин навиштор дар бораи ғазваи Банӣ Қайнуқоъ аст. Барои огоҳӣ аз қабилае бо ин ном, Банӣ Қайнуқоъро бибинед.

Ғазваи Банӣ Қайнуқоъ (форсӣ:غَزوه بنی‌قَینُقاع) нахустин ҷанги Пайғамбар (с) бо яҳудиёни Мадина буд. Қабилаи Банӣ Қайнуқоъ яке аз машҳуртарин бозори арабро дар ихтиёр доштанд ва қудрати иқтисодии Мадина дар ихтиёри онон қарор дошт.

Бо қудрат ёфтани Пайғамбар (с) дар Мадина, Банӣ Қайнуқоъ мавқеияти худро дар хатар диданд ва ба муқобила бо мусулмонон пардохтанд. Онон бо шикастани паймони Мадина ба зани мусулмоне ҳамла карданд. Паёмбар пас аз итмоми ҳуҷҷат бо онон, дар 15-и шавволи соли дувуми ҳиҷрии қамарӣ, алайҳи онҳо ҷанг эълом кард ва қалъаи ононро муҳосира намуд. Пас аз гузашти понздаҳ рӯз аз муҳосира, яҳудиёни Банӣ Қайнуқоъ ба Пайғамбар таслим ва бо дастури Пайғамбар ба Шом табъид шуданд.

Бархе таърихпажӯҳашон, ҷанги Банӣ Қайнуқоъро имтиҳоне барои хазраҷиён донистаанд; зеро дар ин ҷанг бархе хазраҷиён, монанди Ибода ибни Сомит, паймони худ бо Пайғамбарро бар паймонаш бо Банӣ Қайнуқоъ муқаддам кард, вале баъзеи дигар, монанди Абдуллоҳ ибни Убай, дар муқобили дастурҳои ҷангии Пайғамбар истодагӣ карданд.

Бо шикасти Банӣ Қайнуқоъ, ғаниматҳои бисёре ба дасти мусулмонҳо афтод. Гуфта шудааст, ҳукми хумс барои аввалин бор дар ин ҷанг иҷро шуд. Пас аз табъиди Банӣ Қайнуқоъ, ваҳдати сиёсӣ-мазҳабӣ дар Мадина ҳоким шуд ва аксарияти мутлақи Мадина ба дасти мусулмонҳо афтод.

Аҳамияти ғазваи Банӣ Қайнуқоъ дар таърихи Ислом

Ғазваи Банӣ Қайнуқоъ, ҳафтумин ғазваи Пайғамбар[1] ва нахустин ҷанги ӯ бо яҳудиён буд.[2] Бо шикасти Банӣ Қайнуқоъ, ки аз шуҷоътарин яҳудиёни Мадина буданд, дигар яҳудиҳо аз қудрати Пайғамбар (с) тарсиданд ва то муддате аз таарруз ба мусулмонҳо дурӣ карданд.[3] Мусулмонон низ бо шикасти ин гуруҳи пурқудрати яҳудӣ, эътимод ба нафси бештарӣ пайдо карданд ва тарсу тардидро канор гузоштанд.[4]

Бо ихроҷи яҳудиёни Банӣ Қайнуқоъ аз Мадина, ваҳдати сиёсӣ- мазҳабӣ дар Мадина ҳоким шуд ва аксарияти мутлақи Мадина ба дасти мусулмонон афтод.[5] Бо ҷанги Банӣ Қайнуқоъ, Пайғамбар (с) қотеияти худро дар амри ҳукумат нишон дод ва бар пиндори яҳудиён, ки тасомуҳи Пайғамбарро ношӣ аз тарси ӯ медонистанд, хати бутлон кашид.[6] Бархе муҳаққиқон бар ин боваранд, ки ғазваи Банӣ Қайнуқоъ имтиҳоне барои мардуми Мадина ва хусусан хазраҷиён буд, ки пойбандии онон ба Пайғамбару Ислом дар баробари паймонҳои қабилаӣ санҷида шуд ва дар ин имтиҳон бештари мардум (магар андаке аз онон монанди Абдуллоҳ ибни Убай), пойбандии худ ба Исломро нишон доданд.[7]

Қабилаи Банӣ Қайнуқоъ

Мақолаи аслӣ: Банӣ Қайнуқоъ

Қабилаи Банӣ Қайнуқоъ, қабилае аз яҳудиён буданд, ки дар садри Ислом дар Мадина сукунат доштанд.[8] Дар бархе гузоришҳо, қабилаи Банӣ Қайнуқоъ, нахустин сокинони Мадина муаррифӣ шудаанд.[9] Бо ин ҳол, бархе таърихнигорон, амолақаро нахустин сокинони Мадина дониста ва Банӣ Қайнуқоъро қабилаи дувуми сокиншуда дар Мадина муаррифӣ кардаанд.[10] Банӣ Қайнуқоъ бо қабилаи Хазраҷ ҳампаймон буданд.[11] Бозори Банӣ Қайнуқоъ аз машҳуртарин бозорҳои араб буд,[12] ки чандин бор дар тӯли сол бапо мешуду мардум ба он тафохур мекарданд.[13] Онон дар Мадина замини кишоварзӣ ва нахлистон надоштанд ва шуғлашон заргарӣ[14] ва оҳангарӣ буд.[15] Ҷаъфари Субҳонӣ - муаллифи китоби Фурӯғи абадийят, бар ин бовар аст, ки қудрати иқтисодии Мадина дар ихтиёри қабилаи Банӣ Қайнуқоъ будааст.[16] Гуфта шудааст, қабилаи Банӣ Қайнуқоъ баъд аз шикаст аз мусулмонҳо ва табъид шудан ба Шом, баъд аз муддати кӯтоҳе (як сол[17]) аз байн рафт.[18]

Далелҳои вуқуъи ҷанг

Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, бо қудрат ёфтани Пайғамбар дар Мадина, Банӣ Қайнуқоъ мавқеияти худро дар хатар диданд ва ба ҳамин далел бо паҳн кардани шеърҳои тавҳиномез, дар садади тазъифи Пайғамбар ва мусулмонон баромаданд.[19] Ба гузориши Воқидӣ - таърихнигори қарни сеюм, Пайғамбар (с) бо бастани паймони Мадина бо яҳудиён сулҳ кард, ба шарти онки касеро алайҳи мусулмонон ёрӣ накунанд.[20] Банӣ Қайнуқоъ нахустин қабила аз яҳудиён буд, ки ин паймонро шикаст ва ба ситеза рӯй овард.[21] Бархе таърихпажӯҳон бар ин боваранд, ки бархе афроди қабилаи Банӣ Қайнуқоъ, ба дунболи эҷоди фитнаю ихтилоф дар байни мусулмонҳо буданд ва талош мекарданд байни Авс ва Хазраҷ ихтилоф эҷод кунанд.[22]

Пас аз пирӯзии мусулмонон дар ҷанги Бадр, Банӣ Қайнуқоъ ба муваффақияти мусулмонон ҳасодат карданд ва паймони худ бо Пайғамбарро нақз намуданд.[23] Пайғамбар барои итмоми ҳуҷҷат, дар бозори бузурги Банӣ Қайнуқоъ ҳозир шуд[24] ва пойбандии онҳо ба паймони басташударо гӯшзад кард, аммо онҳо бо беэътиноӣ кардан ба суханони Пайғамбар, ба таҳдиди он ҳазрат пардохтанд.[25] Тибқи сухани Ибни Халдун - муаррихи қарни ҳаштум, дар пайи ин рафтори онҳо, Худованд бо нозил кардани ояти 58-и сураи Анфол дастури ҷиҳодро ба Пайғамбар иблоғ кард.[26] Албатта дар гузориши дигаре, нузули ин оят марбут ба рафтори тавҳиномези яҳудиён бо зани мусулмон дониста шудааст.[27] Гуфта шудааст, як зани мусулмон ба мағозаи заргарие ба бозори яҳудиёни Банӣ Қайнуқоъ рафт.[28] Заргари яҳӯдӣ бахше аз либоси занро канор заду вайро ҳатки ҳурмат кард.[29] Мусулмоне ба ёрии зан рафта он яҳудиро ба қатл расонд.[30] Дигар яҳудиён низ ба он мусулмон ҳамла карда ӯро куштанд. Дар пайи ин моҷаро даргирии мусулмонон бо яҳудиён боло гирифт.[31]

Замони вуқуъи ҷанг

Ба гуфтаи бештари таърихнигорон, ғазваи Банӣ Қайнуқоъ баъд аз ҷанги Бадр,[32] дар 15-уми шаволи соли дувуми ҳиҷрии қамарӣ оғоз шуд ва дар 1-уми зилқаъда поён ёфт.[33] Дар гузориши дигаре, ин воқеа дар моҳи сафари соли сеюми ҳиҷрӣ рӯй додааст.[34] Дар ривояти дигаре омадааст, вақте Пайғамбар (с) бар Банӣ Қайнуқоъ пирӯз шуд ва ба Мадина бозгашт, иди Қурбон (10 зиилҳаҷҷа) буд ва барои нахустин бор бо мардум намози ид хонд.[35] Ҳамчунин гуфта шудааст, табъиди Банӣ Қайнуқоъ ва Банӣ Назир дар як замон сурат гирифтааст.[36] Ба гуфтаи бархе таърихпажӯҳон, ихтилофи гузоришҳо дар таъйини замони ин рӯйдод, таъйини таърихи дақиқи онро душвор кардааст.[37]

Пирӯзии мусулмонон

Бо оғози ҷанги Банӣ Қайнуқоъ, яҳудиён ба қалъаҳои худ рафтанд ва Пайғамбар онҳоро ба муддати понздаҳ рӯз дар қалъаҳояшон муҳосира кард.[38] Масъудӣ - таърихнигори қарни чаҳорум теъдоди яҳудиёни муҳосирашударо чаҳорсад нафар донистааст.[39] Пайғамбар Абулбоба ибни Абдулманзарро ҷонишини худ дар Мадина кард.[40] Гуфта шудааст, парчами сипоҳи Пайғамбар дар ин ҷанг сафед ва дар дастони Ҳамза ибни Абдулмуталлиб – амаки Пайғамбар буд.[41] Вале ба бовари Сайидҷаъфари Омилӣ - муаллифи китоби ас-Саҳиҳ мин сират-ин-наби-ил-аъзам, парчами Пайғамбар дар ин ҷанг сиёҳ ва парчамдори Пайғамбар дар тамоми ҷангҳо аз ҷумлаи ин ғазва, Имом Алӣ (а) будааст.[42] Пас аз гузашти понздаҳ рӯз яҳудиёни Банӣ Қайнуқоъ дар баробари Пайғамбар таслим шуданд.[43] Банӣ Қайнуқоъ ҳам ба Шом табъид шуданд ва дар минтақаи Израъот сокин шуданд.[44]

Нақши ҳампаймонони Банӣ Қайнуқоъ

Ба гуфтаи Табарӣ - таърихнависи қарни чаҳорум, Пайғамбар тасмим дошт, Банӣ Қайнуқоъро гардан бизанад, аммо Абдуллоҳ ибни Убай (аз ҳампаймонон Банӣ Қайнуқоъ ва аз мунофиқони Мадина) вайро аз ин кор боздошт.[45] Пайғамбар дар ибтидо аз дархости Абдуллоҳ ибни Абай сар боз зад, аммо ҳангоме ки бо исрори фаровони ӯ мувоҷеҳ шуд, дархосташро пазируфт, аммо ӯ ва яҳудиёнро лаънат кард ва дастур дод, яҳудиёни Банӣ Қайнуқоъ табъид шаванд.[46] Сайидҷаъфар Муртазо бар ин бовар аст, ки пазируфтани ин дархости Абдуллоҳ ибни Убай аз сӯи Пайғамбар ба ин далел буд, ки аз сӯе қалби пайравони Абдуллоҳ ибни Убай ба Пайғамбар наздик шавад ва заминаи ҳамроҳии онон бо ҷомеъаи исломӣ фароҳам ояд ва аз сӯи дигар тавони ҷомеъаи исломӣ, танҳо сарфи душманони аслӣ шавад.[47] Пас аз дастури Пайғамбар ба табъиди Банӣ Қайнуқоъ аз Мадина, Абдуллоҳ ибни Убай бори дигар мехост Пайғамбарро водор кунад, ки аз ин ҳукм низ даргузарад, вале ин бор мусулмонон иҷоза надоданд ӯ назди Пайғамбар биравад.[48]

Ибода ибни Сомит низ, ки аз ҳампаймонони Банӣ Қайнуқоъ буд, бар хилофи Абдуллоҳ ибни Убай, аз онон безорӣ ҷуст ва ба набард бо онон пардохт.[49] Ӯ аз тарафи Пайғамбар маъмур шуд, то ононро аз шаҳр берун кунад.[50]

Ғаноими ба даст омада ва ташреъи ҳукми хумс

Аз қалъаҳои Банӣ Қайнуқоъ силоҳҳои бисёр ва абзори заргарӣ насиби мусулмонон шуд.[51] Ба гуфтаи Табарӣ ва Масъудӣ - таърихнигори қарни чаҳорум, Пайғамбар (с) ғаноими ба даст омада дар ғазваи Банӣ Қайнуқоъро байни асҳоб тақсим кард ва барои нахустин бор хумси онро гирифт.[52] Сайидҷаъфар Муртазо дар инки ҳукми хумс барои нахустин бор дар ин ҷанг иблоғ шуда бошад, тардид кардааст.[53] Ҳамчунин ӯ муътақид аст, амволи ба даст омада дар ин ҷанг файъ буд ва ҳамагӣ ба Пайғамбар тааллуқ дошт, вале Пайғамбар азхудгузаштагӣ кард ва амволро байни мусулмонон тақсим намуд.[54] Пайғамбар ба унвони сафвул-ғаноим (яъне бахше аз ғаноим, ки фармондеҳ барои худ бармедорад[55]) се камон, ду зиреҳ, се шамшер ва се найзаро интихоб кард ва ду зиреҳро низ ба Муҳаммад ибни Маслама ва Саъд ибни Маоз бахшид.[56] Гуфта шудааст, яке аз он ду зиреҳ, зиреҳе буд, ки Довуди набӣ, ҳангоми куштани Ҷолут, бар тан дошт.[57]

Ҷусторҳои вобаста

Ғазваи Банӣ Қарайза

Ғазваи Банӣ Назир

Ғазваи Хайбар

Эзоҳ

  1. Нувайрӣ, Ниҳоят-ул-араб, 1374ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.1.
  2. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  3. Салобӣ, Ғазавот-ур-Расул (с), 1428ҳ.қ., саҳ.91.
  4. Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Набӣ-ил-Аъзам (с), 1426ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.40.
  5. Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.516.
  6. Ҳасанӣ, Сират-ул-Мустафо, 1416ҳ.қ., саҳ.375.
  7. Салҳаб, Ғазавот-ур-Расул (с) ва сароёҳ, 1426ҳ.қ., саҳ.124.
  8. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.424.
  9. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафоъ, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.126.
  10. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафоъ, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.126.
  11. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.1, саҳ.540.
  12. Ҷавод Алӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб, 1422ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.59.
  13. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафоъ, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.95.
  14. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.481.
  15. Балъамӣ, Таърихномаи Табарӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.151.
  16. Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.512.
  17. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабийя, 1427ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.487.
  18. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.309; Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.138.
  19. Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.512.
  20. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176.
  21. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  22. Ёқут, Ғазавот-ур-Расул (с), 1428ҳ.қ., саҳ.85 - 86.
  23. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.137.
  24. Субҳонӣ, Фурӯғи абадият, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.513.
  25. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.137.
  26. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.432.
  27. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.432.
  28. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.48.
  29. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176.
  30. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  31. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорул-маърифат, ҷ.2, саҳ.48.
  32. Салобӣ, Ғазавот-ур-Расул (с), 1428ҳ.қ., саҳ.88.
  33. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176; Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, саҳ.206.
  34. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.481; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.347.
  35. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.482; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.347.
  36. Асқалонӣ, Фатҳ-ул-борӣ, 1379ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.332.
  37. Фарҳонии Мунфарид, “Банӣ Қайнуқоъ”, саҳ.471.
  38. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  39. Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Дорул-Совӣ, саҳ.206.
  40. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.481.
  41. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.481.
  42. Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Набӣ-ил-Аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.37 - 38.
  43. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.480.
  44. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.309.
  45. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.480.
  46. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.481.
  47. Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Набӣ-ил-Аъзам (с), 1426ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.42.
  48. Ҳасанӣ, Сират-ул-Мустафо, 1416ҳ.қ., саҳ.376.
  49. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.179.
  50. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.179.
  51. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.179.
  52. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.481; Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Дорул-Совӣ, саҳ.207.
  53. Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Набӣ-ил-Аъзам (с), 1426ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.39.
  54. Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Набӣ-ил-Аъзам (с), 1426ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.38.
  55. Абдулмунъим, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳийя, Дорул-фазилат, ҷ.2, саҳ.374.
  56. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.178 - 179.
  57. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафоъ, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.215.

Сарчашма

  • Абдулмунъим, Маҳмуд Абдураҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳийя, Қоҳира, Дорул-фазилат, бе то.
  • Асқалонӣ, Ибни Ҳаҷар, Фатҳ-ул-борӣ фи шарҳи Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Бейрут, Дорул-маърифат, 1379ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Қоҳира, Дорул-маъориф, 1959м.
  • Балъамӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Таърихномаи Табарӣ, Теҳрон, интишороти Албурз, 1373ҳ.ш.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1409ҳ.қ.
  • Ёқут, Муҳаммад Масъуд, Ғазавот-ур-Расул (с), Қоҳира, Дорул-нашр лил-ҷомеъот, 1428ҳ.қ.
  • Ёқути Ҳамавӣ, ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, 1416ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, Абдураҳмон ибни Муҳаммад, Таърихи Ибни Халдун, Бейрут, Дорул-фикр, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-Набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1420ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, Дорул-Совӣ, бе то, чоп офсети Қум, муассисаи Нашрул-манобеъил-сақофатил-исломийя.
  • Нувайрӣ, Аҳмад ибни Абдулваҳҳоб, Ниҳоят-ул-араб фи фунун-ил-араб, Қоҳира, Дорул-кутубил-мисрийя, 1374ҳ.қ.
  • Омилӣ, Ҷаъфар Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-Набӣ-ил-Аъзам, Қум, Дорул-ҳадис, 1426ҳ.қ.
  • Салобӣ, Алӣ Муҳаммад, Ғазавот-ур-Расул (с), Қоҳира, муассисаи Иқроъ, 1428ҳ.қ.
  • Салҳаб, Ҳасан, Ғазавот-ур-Расул (с) ва сароёҳ, Бейрут, Дорул-Ҳодӣ, 1426ҳ.қ.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Абдуллоҳ, Вафо-ул-вафо би ахбори дор-ил-Муустафо, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1419ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фурӯғи абадият, Қум, Бустони китоб, 1385ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, Дорл-турос, 1387ҳ.қ.
  • Фарҳонии Мунфарид, Маҳдӣ, “Банӣ Қайнуқоъ”, дар ҷилди 4 донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1375ҳ.ш.
  • Ҳалабӣ, Алӣ ибни Иброҳим, ас-Сират-ул-ҳалабийя, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1427ҳ.қ.
  • Ҳасанӣ, Ҳошим Маъруф, Сират-ул-Мустафо, Бейрут, Дорул-таъоруф, 1416ҳ.қ.
  • Ҷавод Алӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб қабл-ал-Ислом, Бейрут, Дорул-соқӣ, 1422ҳ.қ.