Сарийяи Имом Алӣ дар Яман

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҷанги Имом Алӣ дар Яман)

Сарийяи Имом Алӣ (а) дар Яман, маъмурияте аз сӯи Пайғамбар (с) ба Имом Алӣ (а) барои густариши Ислом дар ин минтақа буд.

Бархе гузоришҳо аз ду ё се сафар ба Яман барои Имом Алӣ (а) сухан гуфтаанд. Имом дар ин сафарҳо муваффақ шуд то назари қабилаҳои Ҳамдон ва Мазҳиҷро барои қабул кардани Ислом ҷалб кунад, ки заминаи мусулмон шудани бисёре аз қабилаҳои Яманро фароҳам кард. Баъдҳо ҳамдониён ва мазҳиҷиён дар зумраи ёрони Имом Алӣ (а), Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) қарор гирифтанд.

Дар тақсими ғаниматҳои ин сарийя, бархе аз лашкариёни Имом Алӣ (а) аз амалкарди ӯ дар назди Пайғамбар (с) шикоят карданд, ки бо аъксулъамали Пайғамбар ва баёни фазоили Имом Алӣ (а) ҳамроҳ шуд.

Бархе аз таърихнигорони аҳли суннат бар ин боваранд, ки хутбаи Ғадир дар ҷавоб ба ин шикоятҳо хонда шудааст. Дар ҷавоб, бархе аз муҳаққиқон аз фарқиятҳои замонӣ, маконӣ, муҳтавоӣ ва сабабии байни суханони Пайғамбар дар дифоъ аз Имом Алӣ (а) ва хутбаи Ғадир сухан гуфтаанд.

Пайғамбар (с), дар яке аз ин сафарҳо ва ё дар маъмурияти дигаре, аз Имом Алӣ (а) хост то байни мардуми Яман ба қазоват бипардозад.

Даъвати қабилаҳои яманӣ ба Ислом

Сарийяи Имом Алӣ (а) дар Яман, маъмурияте аз ҷониби Пайғамбар (с) барои даъвати аҳолии Яман ба Ислом дониста шудааст.[1] Ибни Ҳишом ва Ибни Саъд - таърихнигорони аҳли суннат, аз ду маъмурияти ҷудогона барои Имом дар Яман сухан ба миён овардаанд.[2]Бархе низ теъдоди ин сафарҳоро се мартаба медонанд.[3] Дар мавриди сафари Имом Алӣ (а) ба Яман ва даъвати яманиҳо ба Ислом, гузоришҳои мутафовите вуҷуд дорад. ки бархе аз онҳо дар мувоҷиҳа бо қабилаи Ҳамдон[4] ва теъдоди дигаре бо қабилаи Мазҳиҷ[5] аст.

Даъвати қабилаи Ҳамдон

Ба гузориши Таърихи Табарӣ, Пайғамбар (с) аввал Холид ибни Валидро ба Яман фиристод, аммо пас аз шаш моҳ нокомӣ, дар рамазони соли 10ҳ.қ., Имом Алӣ (а)-ро бо номае ба ин сарзамин фиристод.[6] Замоне, ки Имом Алӣ (а) ба Яман расид, номаи Пайғамбарро барои мардум хонд ва тамомии қабилаи Ҳамдон дар ҳамон рӯз мусулмон шуданд.[7] Баъзе аз муҳаққиқон, таърихи ин сафарро дар соли 8 қамарӣ донистаанд.[8]

Даъвати қабилаи Мазҳиҷ

Воқидӣ,[9] Ибни Саъд[10] ва таърихнигорони дигаре[11] ба сарийяе ишора кардаанд, ки Пайғамбар (с), Имом Алӣ (а)-ро бо сесад савора ба Яман фиристод, ки Имом дар аввал бо қабилаи Мазҳиҷ рӯбарӯ шуд ва онҳоро ба Ислом даъват кард. Ин мавзӯъ бо мухолифати онҳо мувоҷеҳ шуд, аммо баъд аз даргирие ки мунҷар ба кушта шудани ҳудуди бист нафари онон шуд, даъвати муҷаддади Имом Алӣ (а)-ро қабул карда, мусулмон шуданд. Ин сарийя дар рамазони соли даҳум гузориш шудааст.[12]

Гуфта шудааст, дар ин сафар, Каъбул-Аҳбор - донишманди яҳудӣ, бо Имом Алӣ (а) рӯбарӯ шуд ва зимни суолоте аз Имом дар бораи Ислому Пайғамбар мусулмон шуд ва талош кард, то уламои яҳудии минтақаи худро ҳам ба Ислом даъват кунад.[13]

Тақсими ғаноим

Имом Алӣ (а) дар ҷанги бо мазҳиҷиён, ғаниматҳое ба даст овард ва баъд аз ҷудо кардани хумси ғаноим, мобақиро байни лашкариён тақсим намуд.[14] Тибқи суннати фармондеҳони қаблӣ, иддае аз лашкариён аз Имом хостанд то бахше аз хумсро ба онон бидиҳад, аммо Имом қабул накарду гуфт, тамоми хумсро назди Пайғамбар (с) ки қасди ҳаҷ дорад, мебарад то ӯ ҳартавр салоҳ донист, амал кунад.[15] Бар асоси гузорише, Имом Алӣ (а), дар номае аз амалкарди худ барои Пайғамбар навишт ва Расули Худо (с) дар ҷавоб аз Имом хост то худро ба ӯ расонда ва дар маросими ҳаҷ ширкат кунад.[16]

Имом Алӣ (а) пас аз расидан ба Тоиф, фармондеҳии лашкар ва мувозибат аз хумсро ба Абурофеъ супурд ва ба Пайғамбар (с) дар Макка мулҳақ шуд. Бархе афрод аз Абурофеъ хостанд то миқдоре аз хумсро ба онҳо бидиҳад ва ӯ низ мувофиқат кард. Имом дар мулоқоти муҷаддад бо лашкариён, Абурофеъро сарзаниш кард ва амволро аз ёронаш пас гирифт, ки ин амр сабаби нороҳатии онҳо ва гилоя ба Пайғамбар шуд.[17] Гуфта шудааст, ки Пайғамбар (с) ба мазаммати ин афрод пардохт ва зимни баёни фазоили Имом Алӣ (а), корашро мавриди таъйид қарор дод.[18][Ёддошт 1]

Гузорише аз гилояи атрофиёни Имом Алӣ (а) ба Пайғамбар (с), баъд аз эъзом ба ҷои Холид ибни Валид ҳам гузориш шудааст, ки дар онҷо ҳам, Пайғамбар ба дифоъ аз Имом Алӣ (а) ва баёни фазоили ӯ пардохт.[19] Ибни Ҳишом ҷараёни шикоят аз Имом Алӣ (а)-ро дар пайи маъмурияти Имом барои ҷамъоварии закоти минтақаи Наҷрон овардааст.[20]

Иртиботи хутбаи Ғадир бо шикоят аз Имом Алӣ (а)

Аҳмад ибни Ҳусайн Байҳақӣ,[21] Ибни Касир[22] ва дигарон,[23] ҳадафи Пайғамбар (с) аз хутбаи Ғадирро, посух ба шикоятҳои бархе мусулмонон аз Имом Алӣ (а) дар ҷанги Яман дониста ва ба ҳамин хотир баъзе муътақиданд, ки ин хутба, иртиботе бо хилофати билофасли Алӣ (а) надорад.[24] Бархе аз муҳаққиқон дар посух ба ин шубҳа гуфтаанд, ки ин ду қазия комилан ҷудо буда ҳеҷ гуна иртиботе ба лиҳози замонӣ, маконӣ, муҳтавоӣ ва сабабӣ надоранд.[25]

Мутафовит будани замон ва макони ду воқеа

Бино ба гуфтаи баъзе муҳаққиқон, дар гузоришҳои шикояти сипоҳи Яман чунин омадааст, ки Пайғамбар (с) билофосила ба шикояткунандагон дар ҳамон замон ва бо сароҳат ҷавоб дод ва ҳеҷ мавриди мубҳамеро боқӣ нагузошт, то дар воқеаи баъдӣ барои ҷуброн, хутбаеро ба он ихтисос диҳад;[26] чунонки гуфта шудааст, макони вуқуъи воқеаи Ғадири Хум ва шикояти сипоҳи Яман, бо якдигар мутобиқ нест. Воқеаи Ғадир ба нақли таърихнигорон, дар минтақае байни Маккаю Мадина воқеъ шудааст,[27] аммо бархе ривоёт, макони шикоятро Мадина ва бархеи дигар, Макка эълом кардаанд.[28]

Мутафовит будани муҳтавои ду воқеа

Гуфта шудааст, ки воқеаи Ғадир ба лиҳози муҳтавоӣ низ, иртиботе бо шикояти сипоҳи Яман надорад; зеро дар ҳадиси Ғадир, ҳеҷ ишорае ба шикоят нашудааст, аммо дар гузоришҳои сафари Имом Алӣ (а) ба Яман, иборатҳое аз Пайғамбар (с) ки ҳовии калимаи шикоят аст, монанди «ло ташку Алийян/ аз Алӣ шикоят накунед!.. » омадааст.[29] Чунонки иқрор гирифтани Пайғамбар аз мардум, мабнӣ бар соҳиби ихтиёр будани хеш нисбат ба муъминон, бо эълони шикоят накардан аз Имом Алӣ (а) ва дӯст доштани ӯ таносуб надорад. Дар зимн, гузоришҳои табрики ҳозирон ба Имом ва салом ба ӯ бо иборати «амиралмуъминин» ва байъат бо вай, гуёи ин масъала дониста шудааст, ки фаҳми мухотабон аз суханони Пайғамбар, масъалаи ҷонишинӣ будааст.[30]

Аз тағоюри сабабӣ низ дар мавриди ҳар ду воқеа сухан гуфта шудааст. Аз онҷо ки ҷумалоти Пайғамбар (с) дар мадҳи Имом Алӣ (а) ба сабаби шикоят аз ӯ буд, аммо бино бар назари шиа ва ҳатто бисёре аз муҳаддисони аҳли суннат, хутбаи Ғадир баъд аз нузули ояти Таблиғ эрод шуд ва баъд аз он ҳам ояти Икмол нозил гардид.[31]

Қазовати Имом Алӣ дар Яман

Дар манобеъе ҳамчун Муснади Ибни Ҳанбал[32] ва ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн[33] асари Ҳокими Нишобурӣ ба маъмурияте ишора кардаанд, ки Пайғамбар (с) аз Имом Алӣ (а) хост то ба Яман рафта, дар байни мардум ба қазоват бипардозад. Имом дар ин бора изҳори нигаронӣ кард, ки онон ба хотири ҷавонии ӯ, қазоватҳояшро қабул накунанд, ки Пайғамбар зимни тавсияҳое ба Имом Алӣ (а), барои устувории ӯ дар ин кор дуо кард. Бархе ин маъмуриятро дар қолаби яке аз сафарҳо барои даъвати қабилаи Ҳамдону Мазҳиҷ донистаанд[34] ва баъзе эҳтимол додаанд, ки ин маъмурият ба ҳадафи ҷанг набуда ва дар байни солҳои ҳаштуму нуҳум иттифоқ афтодааст ва бо тавваҷуҳ ба қазоватҳои мутааддиди нақлшуда аз Имом Алӣ (а) дар Яман, вай муддати зиёдеро дар Яман ба сар бурдааст.[35]

Дастовардҳои ҳузури Имом Алӣ дар Яман

Тибқи порае аз гузоришҳо, сафари Имом Алӣ (а) ба Яман ва Ислом овардани ҳамдониён ё мазҳиҷиён сабаб шуд то қабоили дигари Яман низ ба табаъият аз онҳо, Исломро бипазиранд.[36] Гуфта шудааст, мардуми Яман ба вижаи қабилаи Ҳамдону Мазҳиҷ аз ҳамон замон ба Имом алоқаманд шуданд ва дар шумори наздиктарин ёрони ӯ дар Куфа қарор гирифтанд[37] ва Имомро дар ҷангҳои Сиффайн[38] ва Наҳравон[39] ҳамроҳӣ карданд. Онҳо баъдҳо низ Имом Ҳасан (а)[40] ва Имом Ҳусайн (а)[41]-ро ёрӣ карданд. Баъзе бар ин боваранд, ки фидокорӣ ва пайравии холисонаи онҳо натиҷаи шинохти амиқ аз Ислом ва ҷойгоҳи маънавии Имом Алӣ (а) аз ҷумла вилоят ва висояти ӯ буд.[42]

Эзоҳ

  1. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.131 - 132.
  2. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, бе то, ҷ.2, 641; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.128.
  3. Ризонажод ва Родфард, “Ҳадиси Ғадир ва шубҳаи шикоят аз Амиралмуъминин Алӣ (а) назди Паёмбари Акрам (с)”, саҳ.85 - 89.
  4. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.131 - 132.
  5. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1079.
  6. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.131 - 132.
  7. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.131 - 132; Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, саҳ.238.
  8. Даҳлон, ас-Сират-ун-набавийя, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.371.
  9. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1079.
  10. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.128 - 129.
  11. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.95 - 96; Солеҳӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.238.
  12. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.5.
  13. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1083; Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.482.
  14. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.128 - 129.
  15. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1079.
  16. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1081 - 1082.
  17. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1079; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.96.
  18. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, бе то, ҷ.2, саҳ.603; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.631.
  19. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.44; Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.235.
  20. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, бе то, ҷ.2, саҳ.602 - 603.
  21. Байҳақӣ, ал-Эътиқод, 1423ҳ.қ., саҳ.477 - 478.
  22. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.208.
  23. Ҳалабии Шофеӣ, ас-Сират-ул-ҳалабийя, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.384.
  24. Байҳақӣ, ал-Эътиқод, 1423ҳ.қ., саҳ.477 - 478.
  25. Ризонажод ва Родфард, “Ҳадиси Ғадир ва шубҳаи шикоят аз Амиралмуъминин Алӣ (а) назди Паёмбари Акрам (с)”, саҳ.89 - 90.
  26. Ризонажод ва Родфард, “Ҳадиси Ғадир ва шубҳаи шикоят аз Амиралмуъминин Алӣ (а) назди Паёмбари Акрам (с)”, саҳ.92.
  27. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, бе то, ҷ.2, саҳ.112
  28. Ризонажод ва Родфард, “Ҳадиси Ғадир ва шубҳаи шикоят аз Амиралмуъминин Алӣ (а) назди Паёмбари Акрам (с)”, саҳ.93.
  29. Ризонажод ва Родфард, “Ҳадиси Ғадир ва шубҳаи шикоят аз Амиралмуъминин Алӣ (а) назди Паёмбари Акрам (с)”, саҳ.94 - 95.
  30. Ризонажод ва Родфард, “Ҳадиси Ғадир ва шубҳаи шикоят аз Амиралмуъминин Алӣ (а) назди Паёмбари Акрам (с)” саҳ.95.
  31. Ризонажод ва Родфард, “Ҳадиси Ғадир ва шубҳаи шикоят аз Амиралмуъминин Алӣ (а) назди Паёмбари Акрам (с)” саҳ.95 - 97.
  32. Ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.225.
  33. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.145.
  34. Ҷаъфариён, Сираи Расули Худо (с), 1383ҳ.ш., саҳ.667.
  35. Амин, Фи риҳоби аиммати Аҳли-л-Байт (а), 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.256 - 257.
  36. Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, саҳ.238; Ҳаҷарии Ямонӣ, Маҷмуъу булдон-ил-Яман, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.753.
  37. Ҷаъфариён, Сираи Расули Худо (с), 1383ҳ.ш., саҳ.666 – 667.
  38. Минқарӣ, Вақъат-ус-Сиффайн, 1382ҳ.қ., саҳ.252, 436; Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.20; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.389.
  39. Табарӣ, Таърихи Табарӣ, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.79.
  40. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, Бейрут, саҳ.72.
  41. Мунтазирул-Қоим, Нақши қабилаи Ҳамдон дар таърихи Ислом ва ташайюъ, 1385ҳ.ш., саҳ.19 - 20.
  42. Мунтазирул-Қоим, Нақши қабилаи Ҳамдон дар таърихи Ислом ва ташайюъ, 1385ҳ.ш., саҳ.13 - 14.

Ёддошт


Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибиин, таҳқиқи Сайид Аҳмад Сақр, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Амин, Сайид Муҳсин, Фи риҳоби аиммати Аҳли-л-Байт (а), Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1412ҳ.қ.
  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ал-Эътиқод ва-л-ҳидоя ило сабил-ир-рашод ала мазҳаби-с-салаф аҳли-с-суннати ва-л-ҷамоъат, таҳқиқи Абдуллоҳ Муҳаммад Дарвеш, Бейрут, Дорул-имомат, 1423ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Қоҳира, Вазоратул-авқоф, чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, китоби ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морсиден Ҷонс, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, чопи сеюм, 1409ҳ.қ.
  • Даҳлон, Аҳмад ибни Зайнӣ, ас-Сират-ун-набавийя, Бейрут, Дорул-фикр, чопи дувум, 1421ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-имийя, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳанбал, Муснади Аҳмад, таҳқиқи Шуайб ал-Арнаъут ва дигарон, Бейрут, муассисаи ар-Рисола, 1421ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷар, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-имийя, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқи Мустафо ас-Саққо ва дигарон, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато ва Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-имийя, 1412ҳ.қ.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ би мо ли-н-набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид ан-Намисӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-имийя, 1420ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, тасҳеҳи Абдуллоҳ Исмоил ас-Совӣ, Қоҳира, Дорул-Совӣ, бе то
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Минқарӣ, Наср ибни Музоҳим, Вақъату Сиффайн, таҳқиқи Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, ал-Қоҳира, ал-Муассисатул-арабийятул-ҳадиса, чопи дувум, 1382ҳ.қ.
  • Мунтазирул-Қоим, Асғар, Нақши қабилаи Ҳамдон дар таърихи Ислом ва ташайюъ, Қум, пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ, 1385ҳ.ш.
  • Ризонажод, Иззуддин ва Маҳдии Родфард, “Ҳадиси Ғадир ва шубҳаи шикоят аз Амиралмуъминин Алӣ (а) назди Паёмбари Акрам (с)”, дар маҷаллаи Каломи исломӣ, давраи 21, № 83, поизи 1391ҳ.ш.
  • Солеҳӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашод фи сирати хайри-л-ибод, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-имийя, 1414ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фурӯғи абадийят, Қум, Бустони китоб, 1385ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърихи Табарӣ, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ.
  • Ҳалабии Шофеӣ, Абулфараҷ, ас-Сират-ул-ҳалабийя, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи дувум, 1427ҳ.қ.
  • Ҳаҷарии Ямонӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Маҷмуъ-ул-булдон-ил-Яман ва қабоилуҳо, Санъо, Дорул-ҳикматил-ямонийя, чопи дувум, 1416ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳиҳайн, таҳқиқи Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-имийя, 1411ҳ.қ.
  • Ҷаъфариён, Расул, Сираи Расули Худо (с), Қум, Далели мо, чопи сеюм, 1383ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found