Ҳафс ибни Сулаймони Асадӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳафс ибни Сулаймон)
Саҳифаи аввали тавзеҳоти Қуръони чопи Арабистони Саудӣ дар соли 1441ҳ.қ., ки баён мекунад, аз қироати Ҳафс аз Осим гирифта шудааст.

Ҳафс ибни Сулаймон ибни Муғайраи Асадӣ (90-180ҳ.қ.), "муқрӣ" (қироатдон) ва машҳуртарин ровии қироати Осим ибни Абуннуҷуд, яке аз ҳафт қориёни Қуръон буд. Ӯ илми қироатро аз Осим омухт.

Бархе ӯро донотарин шахсияти замони худ дар илми қироат медонанд. Ҳафс қироатҳоеро, ки ба Имом Алӣ (а) нисбат додаанд, дар Куфа, Бағдод ва Макка нашр кард. Ҳоло дар аксари кишварҳои исломӣ Қуръонро аз рӯи қироати Ҳафси Осим чоп ва тиловат мекунанд.

Шайх Тусӣ Ҳафсро дар шумори асҳоби Имом Содиқ (а) овардааст. Шарҳиҳолнигорон бо вуҷуди пазириши ҷойгоҳаш дар илми қироат, ӯро матрукулҳадис ва заъиф медонанд. Тибқи бархе пажӯҳишҳо, тазъифи Ҳафс дар ривоят, ба хотири иштирок ва монанд будани номи ӯ бо дигар ровиён аст.

Ҷойгоҳи Ҳафс дар илми қироат

Ҳафс ибни Сулаймон ибни Муғайраи Асадӣ, аҳли Куфа ва фарзанди ҳамсари Осим ибни Абиннуҷуд аз қориёни ҳафтгонаи Қуръон буд.[1] Ӯро донотарин шахси рӯзгораш ба илми қироат донистаанд.[2]

Вай қироати мансуб ба Имом Алӣ (а)-ро дар сарзаминҳои исломӣ аз ҷумла Куфа, Бағдод ва Макка нашр дод.[3] Қироати ӯ аз Осимро мутавотир ва пазируфтаи ҳамаи мусулмонон медонанд.[4] Дар бештари сарзаминҳои исломӣ, Қуръон мутобиқ бо ҳамин қироат чоп ва тиловат мешавад.[5] Бино ба гузориши бисёре аз риҷолшиносон, Ҳафс дар қироат, сиқа ва дар ҳифз ва забти қироати Осим, дақиқу мутқан буд.[6]

Ҳафс дар соли 90-и ҳиҷрии қамарӣ ба дунё омад.[7] Шарҳиҳолнигорон мегӯянд, лақаби ӯ Ҳафс ва куняаш Абуумар будааст.[8] Гуфтаанд, шуғлаш порчафурӯшӣ буд.[9] Дар бораи замони вафоташ назароти мутафовите вуҷуд дорад,[10] вале бархе пажӯҳишгарон мегӯянд, бино бар назари саҳеҳ ва гузориши бисёре аз таърихнигорон, дар соли 180-и қамарӣ дар Макка аз дунё рафтааст.[11]

Таълим ва тарвиҷи қироати Ҳафс аз Осим

Мақолаи аслӣ: қироати Ҳафс аз Осим

Ҳафс яке аз ду ровии машҳури Осим аст. Бархе донишмандони улуми қуръонӣ, ӯро дар илми қироат бар Абубакр ибни Айёш - дигар ровии қироати Осим тарҷеҳ дода[12] ва дар миёни шогирдони Осим, донотарин шахс донистаанд.[13]

Ибни Ҷазарӣ - муҳаддиси шофеӣ, аз Ҳафс нақл кардааст, ки устодаш - Осим ба вай гуфтааст, ҳамон қироатеро ба ӯ омухтааст, ки аз Абуабдурраҳмони Сулламӣ гирифта ва Сулламӣ айнан аз Имом Алӣ (а) фарогирифтааст.[14]

Тибқи гузорише, ӯ аз кӯдакӣ оёти Қуръонро панҷ оят панҷ оят аз Осим омухт.[15] Бархе ингуна ёдгириро далел бар итқони бештари қироати ӯ нисбат ба соирин донистаанд.[16] Вай қироатро дар Куфа, ба мардум омухт, сипас ба Бағдод рафту муддате онҷо ба ин кор машғул шуд.[17] Дар даврони Ҳорунар-Рашид ҳам ба Макка рафт ва то поёни умр ба таълими Қуръон ва омӯзиши қироат пардохт.[18]

Шогирдон

Ҳафс шогирдонеро дар илми қироат тарбият кард. Бархе, аз шаҳрҳои дигар ба Макка меомаданд то аз ӯ қироат биомузанд, ки аз ҷумлаи онҳо Фазл ибни Яҳёи Анборӣ аст.[19] Аз дигар шогирдонаш Амр ибни Сабоҳ аст, ки қироат ӯро дар китобе гирдоварӣ кард.[20] Бархеи дигар аз шогирдони Ҳафс иборатанд аз: Усмон ибни Ямон, Убайд ибни Сабоҳ, Абушуъафф Қавос, Ҳусайн ибни Муҳаммади Марвазӣ ва Ҳубайра ибни Ҳафс.[21]

Ҷойгоҳи ҳадисӣ

Шайх Тусӣ номи Ҳафсро бо унвони «Ҳафс ибни Сулаймон Абуумар Асадӣ», дар шумори асҳоби Имом Содиқ (а) зикр кардааст.[22] Ҳамчунин дар риҷоли Тусӣ, шахсе бо унвони «Ҳафс ибни Сулаймон», дар асҳоби Имом Козим (а) зикр шудааст.[23] Сайид Абулқосими Хуӣ бо тавваҷуҳ ба инки дар риҷоли Барқӣ, Ҳафс ибни Сулаймон ибни Садақа аз асҳоби Имом Козим (а) шуморида шудааст, ин ду нафарро бо ҳам яке надонистааст.[24]

Тибқи гузориши Шоҳписанд, дар силсилаи санади аҳодис, номи ӯ гоҳ ба сурати Ҳафс ибни Абидовуд ва гоҳ ба сурати Абуумари Баззоз омадааст.[25]

Бо вуҷуди диққати бисёр ва сиқа будани Ҳафс дар ҳифз ва забти қироати Осим,[26] ӯро дар нақли ҳадис, заъиф ва матрукул-ҳадис муаррифӣ карда[27] ва сиқа надонистаанд.[28] Ибни Ҳиббон ӯро касе муаррифӣ кардааст, ки дар санади аҳодис даст мебурда ва Ибни Харош ӯро дуруғгӯ ва ҷаълкунандаи ҳадис шиносондааст.[29]

Дар муқобил, бархе аз пажӯҳишгарон иллати тазъифи Ҳафсро як будани номи ӯ бо чанд тани дигар, аз ҷумла Ҳафс ибни Сулаймон ибни Садақа баён карданд.[30]

Эзоҳ

  1. Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254; Ибни Ҷазарӣ, ан-Нашру фи-л-қироъот-ил-ашр, Дорул-кутубил-илмийя, ҷ.1, саҳ.156; Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248.
  2. Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254; Ибни Ҷазарӣ, ан-Нашру фи-л-қироъот-ил-ашр, Дорул-кутубил-илмийя, ҷ.1, саҳ.156; Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248.
  3. Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254; Маърифат, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248.
  4. Маърифат, ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.246; Боз, Мабоҳис фи илм-ил-қироъот маъа баёни усули ривояти Ҳафс, 1425ҳ.қ., саҳ.81.
  5. Ҳабаш, ал-Қироъот-ул-мутавотира ва асаруҳо фи-р-расм-ил-қуръонӣ ва-л-аҳком-иш-шаръийя, 1419ҳ.қ., саҳ.66; Исмоил Муҳаммад ал-Машҳадонӣ, ал-Қимат-уд-далолийя ли қироъати Осим би ривояти Ҳафс, 1430ҳ.қ., саҳ.26.
  6. Маърифат, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248; Заҳабӣ, Мизон-ул-эътидол, 1382ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.558; Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.64.
  7. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-удабо, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1180; Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.385; Ибни Ҷазарӣ, ан-Нашру фи-л-қироъот-ил-ашр, Миср, ҷ.1, саҳ.156.
  8. Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.385; ад-Донӣ, Китоб-ут-тайсир фи-л-қироъот-ис-сабъ, 1930м, саҳ.6.
  9. Ад-Донӣ, Китоб-ут-тайсир фи-л-қироъот-ис-сабъ, 1930м, саҳ.6; Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, китоби Таҳзиб-ут-таҳзиб, 1325ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.364.
  10. Шоҳписанд, “Пажӯҳише дар бораи вазъияти Ҳафс ибни Сулаймони қорӣ”, саҳ.124.
  11. Шоҳписанд, “Пажӯҳише дар бораи вазъияти Ҳафс ибни Сулаймони қорӣ”, саҳ.124; Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.386; Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-удабо, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1180.
  12. Ад-Донӣ, Китоб-ут-тайсир фи-л-қироъот-ис-сабъ, 1930м, саҳ.6; Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.386.
  13. Ибни Ҷазарӣ, ан-Нашру фи-л-қироъот-ил-ашр, Миср, ҷ.1, саҳ.156.
  14. Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.348.
  15. Шоҳписанд, “Пажӯҳише дар бораи вазъияти Ҳафс ибни Сулаймони қорӣ”, саҳ.127.
  16. Шоҳписанд, “Пажӯҳише дар бораи вазъияти Ҳафс ибни Сулаймони қорӣ”, саҳ.127.
  17. Шоҳписанд, “Пажӯҳише дар бораи вазъияти Ҳафс ибни Сулаймони қорӣ”, саҳ.128.
  18. Шоҳписанд, “Пажӯҳише дар бораи вазъияти Ҳафс ибни Сулаймони қорӣ”, саҳ.128.
  19. Шоҳписанд, “Пажӯҳише дар бораи вазъияти Ҳафс ибни Сулаймони қорӣ”, саҳ.128.
  20. Шоҳписанд, “Пажӯҳише дар бораи вазъияти Ҳафс ибни Сулаймони қорӣ”, саҳ.128.
  21. Шоҳписанд, “Пажӯҳише дар бораи вазъияти Ҳафс ибни Сулаймони қорӣ”, саҳ.128.
  22. Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1427ҳ.қ., саҳ.189.
  23. Тусӣ, Риҷоли Тусӣ, 1427ҳ.қ., саҳ.335.
  24. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.149.
  25. Шоҳписанд, “Пажӯҳише дар бораи вазъияти Ҳафс ибни Сулаймони қорӣ”, саҳ.123.
  26. Барои намуна ниг.: Маърифат, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248; Заҳабӣ, Мизон-ул-эътидол, 1382ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.558; Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.64.
  27. Барои намуна ниг.: Заҳабӣ, Мизон-ул-эътидол, 1382ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.558; Заҳабӣ, Маърифат-ул-қурро-ил-кибор, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.84; Ибни Ҷазарӣ, Ғоят-ун-ниҳоя фи-т-табақот-ил-қурроъ, 1351ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254; ад-Донӣ, ат-Тайсиру фи-л-қироъот-ис-сабъ, 1404ҳ.қ., саҳ.6; Ибни-л-Бозиш, ал-Иқноъу фи-л-қироъот-ис-сабъ, Дорул-саҳоба лил-турос, саҳ.34.
  28. Барои намуна ниг.: Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.64; Хуӣ, ал-Баён фи тафсир-ил-Қуръон, Дорул-Заҳро, саҳ.131.
  29. Ҳалабӣ, ал-Кашф-ул-ҳасис амман румия би вазъ-ил-ҳадис, 1984м, саҳ.154.
  30. Шоҳписанд, “Пажӯҳише дар бораи вазъияти Ҳафс ибни Сулаймони қорӣ”, саҳ.122.

Сарчашма

  • Ад-Донӣ, Усмон ибни Саид, ат-Тайсиру фи-л-қироъот-ис-сабъ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Боз, Муҳаммад ибни Аббос, Мабоҳис фи илм-ил-қироъот маъа баёни усули ривояти Ҳафс, Миср, Дорул-калима, 1425ҳ.қ.
  • Доруқутнӣ, Алӣ ибни Умар, Китоб-уз-зуъафои ва-л-матрукин, Бейрут, 1406ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин Абуабдулло, Маърифат-ул-қурро-ил-кибор ала-т-табақоти ва-л-аъсор, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1417ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Шамсиддин Абуабдулло, Мизон-ул-эътидол, Бейрут, Дорул-маърифат лил-табоъати ван-нашр, 1382ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, китоби Таҳзиб-ут-таҳзиб, Бейрут, Дорусодир, 1325ҳ.қ.
  • Ибни Ҷазарӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ан-Нашру фи-л-қироъот-ил-ашр, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, бе то.
  • Ибни Ҷазарӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ғоят-ун-ниҳоя фи табақот-ил-қурроъ, беҷо, мактабаи Ибни Таймия, 1351ҳ.қ.
  • Ибни-л-Бозиш, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Иқноъу фи-л-қироъот-ис-сабъ, беҷо, Дорул-саҳоба лил-турос, бе то.
  • Исмоил Муҳаммад ал-Машҳадонӣ, Муҳаммад, ал-Қимат-уд-далолийя ли қироъати Осим би ривояти Ҳафс, Ироқ, Марказул-буҳус вал-диросотил-исломия, 1430ҳ.қ.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, Қум, муассисаи фарҳангии интишоротии ат-Тамҳид, 1428ҳ.қ.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Таърихи Бағдод, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1417ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, ал-Баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-Заҳро, бе то.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Қум, муассисатул-Хуӣ ал-исломия, 1372ҳ.ш.
  • Ҳабаш, Муҳаммад, ал-Қироъот-ул-мутавотира ва асаруҳо фи-р-расм-ил-қуръонӣ ва-л-аҳком-иш-шаръийя, Бейрут, 1419ҳ.қ.
  • Ҳалабӣ, Бурҳониддин, ал-Кашф-ул-ҳасис амман румия би вазъ-ил-ҳадис, муҳаққиқ: Субҳӣ Сомирроӣ, Бағдод, 1984м.
  • Ҳамавӣ, Шаҳобиддин Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-удабо, муҳаққиқ: Эҳсон Аббос, Бейрут, Дорул-ғарбил-исломӣ, 1414ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1427ҳ.қ.
  • Шоҳписанд, Илоҳа, “Пажӯҳише дар бораи вазъияти Ҳафс ибни Сулаймони қорӣ”, фаслномаи Улуми ҳадис, давраи 21, № 1, 1395ҳ.ш.